“Рӯзи ҷумҳурӣ ва 100 солагии хадамоти дипломатӣ“ - и Озарбойҷон дар Душанбе

Сиёсат 30.04.2019 23:46

Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи ҷумҳурӣ ва 100 солагии хадамоти дипломатӣ” –и ин кишвар бо ҳузури мақомоти тоҷик, намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, ҷамъи зиёде аз шахсиятҳои маъруф, адибон, намояндагони ВАУ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, озариҳои муқими Тоҷикистон зиёфат орост.

Ҳасан Маммадзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон дар оғози ин маҳфил бо забони шевои тоҷикӣ суханронӣ карда, аз дастовардҳои кишвараш ёддовар шуд. Ӯ ҳамчунин ба ҳамкориҳои судманди ҳарду кишвар таъкид дошта, аз  озариҳое, ки дар сохтани Тоҷикистони шӯравӣ нақши боризе доштанд, ном бурд.

Дар поёни суханронии хеш сафири Озарбойҷон бо як назокати дипломатӣ аз ҳозирин иҷозат хост, то бо забони модариашон озариҳоро ба ин рӯзи таърихӣ табрик бигӯяд. Ин поёни хуше аз  суханронии сафири Озарбойҷон буд, ки бо қарсакҳои бардавом аз суи ҳозирин истиқбол гардид.

Он чи нохушоянд омад, пас аз бо забони давлатии Тоҷикистон суханронии дипломати озарӣ, бо забони русӣ “доклад” кардани муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир Озод буд. Муовини Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон далели суханронии худро бо забони русӣ ба хотири меҳмонони хориҷӣ тавҷеҳ кард, аммо ин ҷо дигар пирӯзи майдони дипломатия дипломати озарӣ буд.

Дар ин зиёфат ҳама ҷузъиёт аз нуктаи назари дипломатӣ ҳисобшуда буд, барои нахустин бор як сарошпази маъруфи Озарбойҷон, махсусан барои муаррифии ғизоҳои озарӣ дар ин зиёфат аз Озарбойҷон даъват шуда буд, ки анвоъи гуногуни ғизоҳо, аз ҷумлаи кабобу хуришу биринҷу шириниҳои озариро бо чирадастӣ омода карда буд.

Ин зиёфат таҳти навои мусиқии озарӣ, бо иҷрои дастаи ҳунарии овозхони шинохта Рустам Исоев ҷараён гирифт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97