31-уми октябри соли равон бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа ба муносибати Раёсати даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Созмонҳоии ҳамгироӣ дар Осиёи Миёна: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар конфронс олимон, донишмандон ва коршиносони шинохта, аз ҷумла директори Институти иқтисод ва демографияи АИ ҶТ Саидмуродов Лутфулло, директори Институти Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, дошимандон ва коршиносони маъруф Абдуғанӣ Маҳмадазимов, Ҳоҷимаҳмад Умаров, Абдунабӣ Сатторзодава, Виктор Дубависткий ва дигарон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо баромад карда, қайд намуд, ки имрӯз мушкилоти ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ба бархурди манфиатҳои қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ рӯ ба рӯст. Бо он ки муносибатҳои ин давлатҳо рӯз то рӯз ба ҳам наздик мешавад, боз ҳам дар ин ҷараён ҳастанд созмонҳое, ки манфиатҳои онҳо ба ҳам намеояд.
Доктори илмҳои таърих Мирзоев Н. дар навбати худ дар мавзӯи «Нақши бозигарони асосии байналмилалӣ (Хитой, Русия) дар Осиёи Марказӣ» баромад намуда, зикр кард, ки барои он мо ба Хитой таваҷҷуҳ дорем, ки он кишвари абарқудрати тараққиёбанда аст; Хитой метавонад барои тараққиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ кумакҳои молӣ расонад; Хитой узви СММ аст ва дар лаҳзаҳои зарурӣ метавонад, ки кишварҳои Осиёи Миёнаро, аз ҷумла Тоҷикистонро дастгирӣ кунад. Ин кишвар яке аз аввалинҳо шуда ташаббуси Тоҷикистонро дар мавриди эълон кардани «Даҳсолаи байналмилалли амалиёти «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» дастгирӣ намуд. Ин омилҳо метавонад боиси он гардад, ки кишварҳои осиёи Марказӣ ба Хитой рӯ оваранд.
Номбурда қайд кард, ки имрӯз Хитой ва Русия дар Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ як назар доранд. Умумияти дигари Русия ва Хитой дар Осиёи Марказӣ он аст, ки онҳо мехоҳанд, ки пеши роҳи терроризм, радикализми исломӣ гирифта шавад ва то ҳадде ҳаракатҳои сепаратестӣ аз байн бардошта шавад.
Раҳматулло Абдуллоев, ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар навбати худ дар мавзӯи «Таҷрибаи ҷаҳонии лоиҳаҳои ҳамгироӣ: ҷанбаҳои сиёсӣ» суханронӣ карда зикр намуд, ки дар давоми 25 соли охир дар ҷаҳон ҳодисаҳое руй доданд, ки моҳияти равандҳои ҳамгироии ҷаҳониро муайян намуданд:
«Якчанд омилҳо вуҷуд дорад, ки кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро ба суръатбахшии равандҳои ҳамгироӣ маҷбур месозанд: ноком гардидани сиёсати мултикултуризм, рушди босуръати равандҳои демографӣ, афзоиши хатарҳои вобаста ба терроризм ва ифротгароӣ, буҳрони муҳоҷират ва пайомадҳои буҳрони Шарқи Наздик ба равандҳои сиёсӣ дар Аврупо ва ҷаҳон»,илова намуд Р. Абдуллоев.
Олимов Музаффар, доктори илҳои таърих, устоди ДМТ дар мавзуи “Танзими раванди муҳоҷират дар чаҳорчуби созмонҳои ҳамгироӣ” суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки зимни як назарпурсӣ дар бораи ворид шудани Тоҷикистон ба Евразес ҳудуди 90 дарсади пурсидашудагон хостори воридшавии бечунучарои Тоҷикистон ба ин созмон шудаанд.
Дар конфронс инчунин, директори Институти иқтисод ва демографияи АИ ҶТ Саидмуродов Лутфулло дар мавзӯи «Сатҳи муассирияти фаъолияти сохторҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ-СҲШ, ИДМ, СПАД», доктори илмҳои таърих В. Дубовитский дар мавзӯи «Равандҳои дохилӣ-сиёсӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба ҳамкориҳои низомӣ-сиёсӣ дар АвруОсиё», иқтисодшинос Х. Умаров дар мавзӯи «Манофеи Тоҷикистон дар сохторҳои ҳамгироӣ: суд ва зиён» ва олими тоҷик М. Олимов дар мавзӯи «Мушкили танзими равандҳои муҳоҷират дар чаҳочӯбаи созмонҳои ҳамгироӣ» суханронӣ намуданд.
Аммо дар мавриди зиддиятҳои байни созмонҳо камтар рӯшан гардид ва амалишавии он ва ҳамчун сипари амниятиву пуштибонии манфиатҳои миллӣ норушан боқӣ монд, ки минбаъд дар ин маврид аз ҷониби Институт семинару конфронсҳо ташкил карда мешавад.