Оқохон:Толибон ҳаргиз пирӯз нахоҳанд шуд

Сиёсат 19.03.2017 08:34

Шоҳзода Карим Оқохон-IV, имоми чиҳилу нуҳуми исмоилиён дар мусоҳибае бо нашрияи «Global and Mail» гуфтааст, ки бар асоси Қонуни асосии Афғонистон ҳукумати ин кишвар посдори арзишҳои маданӣ аст ва Толибон танҳо бо пазириши ин арзишҳо метавонанд, дар ҳукумат ҷойгоҳе дошта бошанд.

 Ин раҳбари мазҳабӣ-маданӣ гуфтааст: «Дар ҳоли ҳозир, Қонуни асосии Афғонистон ба ин кишвар иҷоза намедиҳад, ки як кишвари комилан рӯҳонӣ (мазҳабӣ) бошад. Ҳукумати феълии Афғонистон моҳияти маданӣ ва фазои боз барои дин дорад. Ин хати фосил аст».

Вай ҳамчунон талоши толибонро барои таҳмили як тафсири воҳид аз ислом дар як кишвари исломӣ, ки чандин тафсир аз дини ислом дорад як талоши беҳуда мехонад. Оқохон пофишорӣ дорад: «Бархе мардум ин масъаларо гиреҳ мезананд ба исломисозӣ. Ман наметавонам як кишвареро ба ёд биоварам, ки чунин масъалае дар онҷо пирӯз шуда бошад. Иллати он ҳам танаввӯъ дар дарунаи дини ислом аст; тафовутҳо дар бархурд бо мерос… Дар бархурд бо масъалаи закот. Талош барои аъмол як тафсири воҳид аз ислом дар як кишвари исломӣ, ки чандин тафсир аз ислом дорад ҳаргиз кор накарда ва пирӯз нашудааст. Толибон мумкин аст бикушанд ин корро бо тавассул бо зӯр анҷом диҳанд. Ин масъалаи мутафовит аст. Аммо ин масъала ҳаргиз пирӯз нахоҳад шуд».

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97