Сафири Русия дар Туркия дар ҳузури хабарнигорон кушта шуд

Сиёсат 20.12.2016 06:53

Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия шоми 19 декабр дар Анкара, пойтахти Туркия дар ҳузури ҷамъе аз хабарнигорон кушта шуд.

 Сафири Русия, ки дар Галереяи ҳунари муосири Анкара дар расми ифтитоҳи намоишгоҳи акси “Русия аз чашми сайёҳ” суханронӣ мекард, аз суи як марди ҷавоне бо либоси расмӣ бо таппонча мавриди ҳамла қарор гирифт.

Хабарнигорони ҳозир дар ин намоишгоҳи акс аксҳо ва видеоҳои ин қатли намоиширо нашр кардаанд, ки дар он ҷавоне, бо либоси расмӣ, шиму костюм ва тавқ бар гардан аз пушт ба сӯи сафири Русия тирандозӣ мекунад ва сафир калом дар лаб аз минбар сарозер мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарии дунё ҳамлагар аз суи пулисиТуркия, ки пас аз ин ҳодисаба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд, кушта шудааст. Гуфта мешавад, чанд тани дигар низ дар ин мавзеъ захмӣ шудаанд.

Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки сафири ин кишвар дар Туркия дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона кушта шудааст.

Аммо ин куштор ба ҳар нияте ва ҳар интиқомҷӯие, ки сурат пазируфтааст, аз давлати Раҷаб Эрдуғон баҳои сангини сиёсӣ ва ҳуқуқӣ металабад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97