Ҳуҷуми дувуми арабҳо ба Осиёи Миёна

Сиёсат 21.07.2016 11:59

Ё тифли домангири Саудӣ акнун гиребонгир шуда

Ҳафтаи гузашта хабаре, ки бештар сару садо барпо кард ва таваҷҷуҳро ба худ ҷалб намуд, вуқуи чанд инфиҷор ё амали террористӣ дар Арабистони Саудӣ ва он ҳам дар масҷиди Паймбари ислом буд, ки бар асари он чандин кас кушта ва маҷруҳ шуданд.

Бино ба гузоришҳо дар наздикии Ҳарами Набавии Мадина ва Масҷиду-ун-Набӣ, яке аз муқаддастарин марказҳои мусулмонӣ як бомбгузори интиҳорӣ 4 маъмури амниятӣ ва 2 зойирро куштаву чанд нафари дигарро захмӣ кард.

Хабаргузориҳо аз қавли мақомоти расмии амниятии Саудӣ аз 6 кушта дар инфиҷорҳо хабар додаанд. Ба иттилои хабаргузориҳои арабӣ ҳамзамон бо ин инфиҷор боз ду инфиҷори дигар дар Алқатиф, шаҳри дигаре дар шарқи Арабистони Саудӣ низ рух додааст.

Ин албатта аввалин инфиҷор дар Арабистони Саудӣ нест. Вале аввалин ҳамлаи террористӣ бо истифода аз усули интиҳорӣ дар Мадина ва наздики оромгоҳи Паёмбари ислом мебошад. Ин ба он маъност, ки мавҷи террор, ифротгароӣ ва хушунати мазҳабӣ ва интиҳорӣ ба домани худи Саудӣ низ расидааст.

 Чоҳканро чоҳ дар пеш аст

 Чаҳор инфиҷор дар Арабистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ин кишвар ҳамеша ба унвони яке аз ҳомиёни фикрӣ ва молии гуруҳҳои террористӣ, такфирӣ, ҷиҳодӣ, андешаи салафӣ ва вахҳобӣ дар расонаҳо ва гузоришҳои сиррии хадамоти махсуси бисёре аз кишварҳо ва инчунин гузоришҳои гуруҳҳои ҳақиқатёби порлумонии бархе аз мамолик матраҳ будааст.

Аз сӯи дигар инфиҷор дар ҳоле рух медиҳад, ки чанд ҳафтаи дигар то баргузории айёми ҳаҷ боқӣ мондааст ва ин амали террористӣ тавоноии мақомоти Саудӣ барои таъмини амнияти зойирони мусулмонро зери савол қарор додааст.

Ҳамзамон бо ин, бар асоси гузоришҳои дигар, дар як ҳамлаи дигар ба консулгарии Амрико дар Ҷида террористи интиҳорӣ кушта ва чанд нируи амниятӣ захмӣ шудаанд.

Раҳбарони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳамлаҳои террористӣ дар Ҷида, Мадина ва Алқатифро ба шиддат маҳкум карданд.

Вазорати дохилаи Арабистон то кунун танҳо ДИИШ-ро омили инфиҷори террористии Мадина эълом кардааст.

Расонаҳои Саудӣ ба думболи инфиҷорҳо дасти иттиҳомро ба сӯи рақиби дерина ва таърихии аъроб Ирон дароз карданд ва муддаӣ шуданд, ки дар пушти инфиҷорҳои Арабистон ирониҳо истодаанд. Аз ҷумла рӯзномаи «Ал-Риёз» навиштааст, ки Ирон бо ДИИШ барои ҳадаф қарор додани подшоҳии Саудӣҳампаймон шудааст, ки дар се амалиёти ҳамзамон ва се минтақаи мухталиф ҳамзамон бо партоби мушаки баластикӣ сурат гирифт.

Расонаҳои Саудӣ ин гуна суол гузоштаанд, ки чаро ДИИШ Иронро ҳадаф қарор намедиҳад? Ва посухашро низ худашон додаанд ва он ин ки, Ирон бо ДИИШ дар зарба задан ба Саудӣ ҳамнаво мебошад.

Дар ҳамин ҳол, яке дигар аз расонаҳои Саудӣ бо номи «Ал ҳадис онлайн» менависад: «Касоне, ки даст ба иқдомоти террористӣ дар Арабистон мезананд, дар натиҷаи афкори роиҷ дар ҷомеаи ин кишвар (афкори ваҳҳобӣ) аст ва ҳич иртиботе бо хориҷ, он тавре ки бархе матраҳ мекунанд, надоранд ва ҳатто аксари ин қотилон аз шаҳр ё рустои худ дар Арабистон хориҷ нашудаанд».

Аммо воқеъият ин аст, ки дарёфти посухи ин суол, ки дар пушти инфиҷорҳои Саудӣ кӣ қарор дорад, салоҳият ва вазифаи мақомоти махсус ва комиссиюнҳои ҳақиқатёб аст. Агар ин комиссиюнҳо посухе пайдо накарданд, вақт посухи худро хоҳад гуфт. Масъалаи ҷиддӣ ин аст, ки ин амалҳои террористӣ рух дода ва ҷои нигаронӣ ин аст.

Як нуктаи муҳимми дигар замон ва макони вуқуъи инфиҷорҳо аз сӯи омилони ин таркишҳост. Ба назар мерасад, ки террористҳо тасмим ба густариши доманаи ҳамалоти худ дар Арабистон гирифтаанд ва ин тасмими худро иҷроӣ кардаанд. Қабл аз ин дар моҳи октябри соли гузашта ҳам дар шарқи Арабистон дар минтақаи шианишини ин кишвар, масҷиди мусулмонон ҳадафи бомбгузори интиҳории ДИИШ қарор гирифт ва 13 нафар ҷон бохтанд.

 Хайроти шайхони пулмаст бӯйи хун медиҳад

 Тавре ба ҳама маълум аст, саудиҳо дар тайи чанд даҳсолаи ахир яке аз таъмин, тамвил ва сармоягузорони гуруҳҳои исломӣ ҷиҳодӣ ва дар маҷмуъ ҷангҷӯ будааст. Намунаи барҷастаи ҳимояти Саудӣ аз гуруҳҳои исломии ҷангҷӯ таъмини нируҳои зидди ҳукуматии Афғонистон дар солҳои 1980 мебошад. Саудӣ на танҳо гуруҳҳои исломии дохили Афғонистонро таъмини молӣ мекард, то алайҳи ҳукумати Кобул ва артиши Шуравӣ, ки ба кумаки он рафта буд, биҷанганд, балки ҳазорон афроди хориҷӣ, аз ҷумла арабҳоро барои ҷиҳод дар Афғонистон ҷалб намуда буд ва таъмини молӣ менамуд. Аз ҷумла Усома Бен Лодан шаҳрванди Саудӣ ва аз наздикони хонаводаи Оли Сауд буд, ки баъдан бо ин хонавода ихтилоф пайдо кард.

Баъди ду соли суқути ҳукумати коммунистҳо дар Кобул ҳаракати Толибон ба саҳна омад, ки Арабистони Саудӣ боз ҳам дар сохтани он даст дошт.

Беназир Бутто, собиқ сарвазири Покистон дар соли 2001 эътироф намуда буд, ки Толибон тавассути Покистон, бо пули Саудӣ ва бо идеяи Инглистон сохта шуда буданд. Парвиз Мушарраф, савазир ва раиси ҷумҳури собиқи Покистон ҳам Толибонро сарбозони вафодори Покистон унвон карда буд. Ҳамон Толибоне, ки ҳар рӯз мактаб оташ мезананд, дар бозор ва масҷид бомб инфиҷор мекунанд ва ба рӯи занон кислота мепошанд. Ҳамон Толибоне, ки муҷассамаҳои поки Буддоро инфиҷор доданд ва ҳайвони одамсурат ҳастанд, агарчанд зиёд одамсурат ҳам нестанд.

Ҳоло як ҳайюлои дигаре бо номи ДИИШ дар Ховари Миёна ба вуҷуд омада ва дар Афғонистон низ ахиран ҷои по пайдо намудааст, яъне дар марзҳои кишварҳои Осиёи Миёна, яъне дар худи Осиёи Миёна, чун Афғонистон ҳам ҷузъи ин минтақа аст. Агарчанд дар худи Осиёи Миёна афроди бо тафаккури доишӣ фаровон мавҷуд аст. ДИИШ дар ваҳшоният ва хунхорӣ аз ҳамаи хунхорони таърих пешӣ гирифтааст.

Хабарнигори умури дипломатии Би-Би-Сӣ дар таҳлиле бо такя ба манобеи худ дар сафоратхонаҳои кишварҳои аврупоӣ кӯшидааст, манобеи молии ДИИШ-ро ошкор кунад. Дар ин таҳлил аз нафт, одамрабоӣ ва тамаъкорӣ, ғоратгарӣ, ғуломдорӣ ва молиёт ё андоз барои мазҳаб ба унвони манобеи даромади ин гуруҳи террористӣ ном бурда шудааст. Аммо дар садри аввалияи молии террористони ДИИШ хайрияҳои шайхони Саудӣ қарор дорад. Дар ин гузориш омадааст: «Аввалин хайрхоҳон ба гуруҳи ДИИШ шайхон ва афроди сарватманди Арабистони Саудӣ ва Қатар буданд. Ин хайрхоҳони саудӣ гуруҳи ДИИШ-ро дар муқобили режими Башор Асади алавӣ кумаки молӣ мекарданд. Бо вуҷуде, ки ин кумакҳои саудиҳо ҳамчунон идома дорад ва ҷалби ҷангиён аз кишварҳои мухталиф ҳам бо ҳимояи молии Саудӣ ба сафҳои ДИИШ сурат мегирад, вале ин гуруҳ акнун худро мустақилона низ таъмини молӣ мекунад».

Бале, ин гуруҳ на танҳо «акнун худро мустақилона низ таъмини молӣ мекунад», балки аз падархондаҳои худ ҳам даъвои бештар дорад. Ба таъбири маъмул, тифли домангир, акнун гиребонгир шуда.

 Таърих такрор мешавад

 Бидуни шак, дарсҳои таърих ба ҳар навъе такрор мешавад. Моҳи апрели соли 2001 Аҳмадшоҳи Масъуд баъди бозгашташ аз Аврупо дар толори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар ҷамъи зиёиёни тоҷик эълон кард, ки «Fарб мутаваҷеҳи амалҳое, ки гуруҳҳои террористӣ анҷом медиҳанд, нест. Он чи ки Покистон тарбия кардаву сохта ба унвони Толиб саранҷом ба худаш бар мегардад. Ва ин зуҳуроти шуми террористӣ домани Амрикоро низ хоҳад гирифт». Агар бо истифода аз луғатномаи дипломатӣ ин суханонро кушиш кунем, ки фаҳмида бошем, маънояш он аст, ки Амрико, ки Толибон ва ин гуруҳҳоро ҳимоят мекунад, думболи худашро ҳам хоҳад гирифт. Ва ҳамин тавр, баъди 4 моҳи ин суханон мудҳиштарин ҳамлаҳои террористӣ дар НюЙорк ва Вашингтон ба вуқуъ пайвастанд. Аммо ду рӯз пеш аз ин ҳамлаҳо, ки «домани Амрикоро гирифтанд», худи Аҳмадшоҳи Масъуд ба дасти ду араби террорист кушта шуд. (Ҳоло дигар рӯшан шудааст, ки куштани Масъуд ҳам дар ростои манофеъи Амрико будааст. Яъне мустақим ё ғайри мустақим куштани ӯ ба вуруди Амрико ба Афғонистон робита дорад. Зеро агар ӯ зинда мебуд, ишғоли Афғонистонро тавассути Амрико қабул намекард. Боз ҳам, яъне имкон надошт, ки Масъуд зинда мебуд ва Амрико вориди Афғонистон мешуд ва ҳукумат тайин мекард.)

 «Арабистон ба ислоҳот ниёз дорад, на ба тонкҳои Амрико»

 Ҳар чи ҳам ҳаст ва ҳар касе ва ё гуруҳе ё созмоне инфиҷорҳои Саудиро роҳандозӣ карда бошад, як хулоса ин аст, ки Саудӣ дар парвариши андешаи ифротӣ ва гуруҳҳои террористӣ ба гунаи мустақим ва ё ғайри мустақим саҳм дорад. Ва он чи рух дода, натиҷа ва маҳсули ҳамин тафаккури ифротӣ аст, ки шайхони Саудӣ дар парвардани он даст доранд. Сарфи назар аз он, ки террористе, ки масҷиди Набавиро метарконад, чи ҷавони саудӣ бошад ва ё ғайри он, бояд ба ин таваҷҷуҳ кард, ки парвардаи мактаби ифротият аст.

«Файннешал Таймс» як рӯзномаи чопи Лондон дар робита ба ҳодисаҳои ахири террористӣ дар Саудӣ менависад: «Арабистон муттаҳам ба доман задан ба ифротгароӣ, бо содироти идеологияҳои ваҳҳобӣ ва судури ҷавонон ва пул ба манотиқи ҷангӣ назири Сурия ва Ироқ аст. Риёз аз гуруҳҳои мусаллаҳ ва террористҳое, ки бо нируҳои Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд, ҳимоят мекунад. Арабистони Саудӣҳамчунин бо таҳдидоти амниятӣ дар марзи ҷанубии худ бо Яман мувоҷеҳ аст. Эътилоф ба раҳбарии Арабистон ҷангеро алайҳи Яман оғоз карда; ҷанге, ки ба далели талафот болои ғайринизомиён бо интиқодоти байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст».

Нашрияи арабии «Раъй -алаём» менависад: «Хатари бузург барои амният ва суботи Арабистон аз хориҷ нест, балки хатар дар дохили худи Арабистон аст. Ҷанг бо доишиҳои дохилӣ барои Арабистон «аз тариқи тонкҳои пешрафтаи Амрико мумкин нест, балки ҷанг дар дохил ҷанг бо фасод ва каҷравиҳо ва иқдом ба ислоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст. Арабистон, ки худаш ниёз ба ислоҳ дорад, далеле надорад, ки дар кишварҳои дигар монанди Яман, Сурия ва Баҳрайн дахолат кунад, балки дар дараҷаи аввал бояд худро ислоҳ кунад. Ҷангҳои хориҷ аз марзҳо, ки Арабистон роҳ андохтааст, ҳамагӣ шикаст хӯрдаанд ва натоиҷи баръакс дода ва гиребонгири Риёз шудаанд».

 Ҳамлаи дуввуми арабҳо ба Осиёи миёна

 Ҳазорон ҷавони бо тафаккури салафӣ ва ваҳҳобӣ, дар маҷмуъ андешаи салафӣ, ки табдил ба як тамоюли хатарнок ва дарди сари бузурге барои кишварҳои минтақа, хусусан Осиёи миёна шудааст, низ аз чашмаи Саудӣ ва Қатар об мехӯрад. Асли сиёсати тақвият ва парвариши ин гуруҳҳои ифротии мазҳабӣ густариши ислом нест, балки аз тариқи ин гуруҳҳо ва доман густурдани андешаи салафӣ ҳокимони арабӣ мехоҳанд барои худ ҷои пой боз кунанд. Ва аз сӯи дигар рақибони худро дар минтақаи Осиёи миёна тавассути ин гуруҳҳо таҳти фишор қарор бидиҳанд. Ҳоло чунин менамояд, ки ҳамон таърихчаи ташкили Толибонро Саудӣ ва Қатар мехоҳанд ба шеваи дигар такрор кунанд. Қаҳрамонони сенария ин навбат толибони мадрасаҳо нестанд, балки рӯи ҳадафи арабҳои маст аз «бӯи нафт» сиёсатмадорони фаъоли саҳнаҳо мебошанд. Ин тактика аз як сӯ фиристодани андешаҳои салафӣ ва бунёдгаро ба кишварҳои Осиёи миёна мебошад. Ин омилҳо кайҳо дар дохили ҷомеаҳои минтақа пойгоҳи иҷтимоӣ доранд. Худи фактори исломӣ ва тамоюли мазҳабӣ шудани ҷомеъаҳо дар Осиёи миёна саранҷом ба манфиъати ҳаракатҳои арабӣ (салафӣ, ваҳҳобӣ, таҳрирӣ) кор хоҳад кард, чӣ мехоҳем ё не. Омили муҳимтар аз ин ҳам пули нафтест, ки шайхҳои арабӣ ба бархе аз омилони худ дар минтақа ворез мекунанд. Яъне аз нигоҳи равонӣ ва ҷомеъашиносӣ кофист, ки ҳар чӣ бештар тафаккури ҷомеъа ва тудаҳо мазҳабӣ шавад. Ҳоло шарт нест, ки салафӣ ва ё ваҳҳобӣ бошад, худи ба шиддат мазҳабӣ будани тафаккур кофист, ки таҳти андаке таблиғот ва ё бар ивази дарёфти пул салафӣ ва ҳатто араб шавад одам ва миллатро инкор намояд.

 Ваъдаи биҳишт ва пули нафт ба ҷойи шамшер

 Буъди дигаре, ки ҳокимони араб рӯи он кор мекунанд, касби эътимоди нухбагони сиёсии Осиёи миёна аст. Вақте султону подшоҳону шайхони араб бо раҳбарони сиёсии Осиёи миёна суҳбат мекунанд, гӯё мусулмон бародари мусулмон ва мункири кумак ба тарвиҷи ақидаҳои ифротгароӣ ва фиристодани ифротиҳо ба минтақа ҳастанд. Балки аз кумак ба бародарони мусулмони худ суҳбат мекунанд ва ваъдаи кумак барои сохтани биҳишт ё нишон додани роҳи биҳишт ба бародарони мусулмони худ ҳам мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки боз ҳам ҳокимони арабӣ дар ин амр ҳалақоте дар Покистонро шарики худ интихоб кардаанд. Гумон меравад, генералҳои покистонӣ барои расидани дубораи пойи арабҳо ба сарзамини Осиёи миёна ваъдаи ҳамкорӣ супурдаанд. Балки покистониҳо мехоҳанд, бо пулҳои нафтӣ аробаи худашонро ба соҳили орзуҳои худ бирасонанд, ба лаби Ому ва Осиёи марказӣ. Ғарб ва Амрико низ ба ин пешравӣ мухолиф нестанд, балки бо гумони ғолиб ин тарҳ низ метавонад идеяи Инглистон ва Амрико бошад. Ин барнома як ҳадафи мушаххас дорад, ки бо равиш дар ду самт амалӣ мешавад. Равиши аввал, мазҳабӣ ва ифротӣ кардани ҷомеаҳои кишварҳои минтақа, тавассути густариши андешаҳои ифротӣ. Тактика ё равиши дуввум ҳам касби эътимоди ҳалқа ва нухбаҳои сиёсӣ. Фарқ фақат ин аст, ки шайхҳо ба сиёсиюн ваъдаи пули нафт мекунанд ва ба ифротиҳо роҳи расидан ба биҳиштро нишон медиҳанд.

Ҳадафи ниҳоии ин тарҳ хориҷ кардани минтақаи Осиёи миёна аз чархиш дар мадори Русия аст, аммо бо пули нафт ва бо дасти ифротиёни дохилӣ. Агар ин тарҳ иҷро шавад, дар воқеъ ба маънои дубора чира шудани аъроб бар минтақаи Осиёи миёна аст. Аммо ин навбат на ба зарби шамшер, балки бо ваъдаи биҳишт ва пули нафт.

 Роҳи биҳишт аз Арабистон намегузарад

 Инро ҳам бояд гуфт, ки худи шайхҳои масти бӯйи нафт низ нахоста ҷузъи пружа ё асбоби бозӣ дар ин тарҳи ғарбиҳо мебошанд. Барои ғарбиҳо дар ин барнома ду вежагии арабҳо, ки ҷозиб аст, аҳамият дорад, яке доларҳои нафтияшон, дигаре андешаҳои ифротгароёнаи динияшон.

Аммо агар пули нафт ва шайхҳои саудӣ дардеро дармон мекард, он дарди Ашраф Fанӣ ва Афғонистон буд. Саудӣ ба иттилои бархе расонаҳои Кобул ҳудуди 300 миллион доллар барои ба қудрат овардани Fанӣ дар соли 2014 пардохт кардааст. Вале ҳамарӯза террористоне, ки боз ҳам аз пули нафт баҳра мебаранд, дар Афғонистон ҳадди ақал 20 нафарро мекушанд. Яъне ҳам ба ҳукумати расмии Кобул ваъдаи кумак мекунад ва ҳам мухолифони мусаллаҳи онро таъмин месозанд.

Табиист, бӯи доллари нафтӣ сарҳоро метавонад гаранг кунад ё карда бошад, вале ҳақиқат ин аст ва бояд тан диҳем, ки на хушбахтии Осиёи миёна дар пули нафти араб аст ва на ҳам роҳи биҳишт аз Арабистон мегузарад.

 Раҳматкарими Давлат

Бознашр аз рӯзномаи "Миллат"

№26 аз 13.07.2016

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97