Доктор Абулғафур Орзу: Мушкилоти қарни ХХ1-ро бо чашмандози қарни ХХ бояд дид

Сиёсат 02.06.2016 14:10

Доктор Абдулғафур Орзу, сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломиии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои Тавофуқномаи транзитии сеҷониба миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, ки ахиран мояи нигаронии сафири Покистон дар Душанбе шуд, вокуниш кардааст. Бино ба иттилои хабаргузории «Авесто», Иқбол Тариқ, сафири Покистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки монеъи аслӣ барои имзои Тавофуқномаи транзитӣ миёни ҳар се кишвари мазкур мавзеъи давлати Афғонистон аст, ки қасд дорад, Ҳиндро низ дар ин қарордод шарик бисозад.

Ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Афғонистон

Робитаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонбо Ҷумҳурии Тоҷикистон як робитаи густарда ва чанд ҷониба аст. Дин, забон, фарҳанг ва тамаддуни муштарак, ин робитаи рӯ ба густаришро таъриф ва табйин мекунад. Афғонистон бо ин ҳамдилиҳо ва ҳамзабониҳо ва манофеи муштарак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон менигарад.

Бо тавваҷуҳ ба панҷ доираи‌ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чаҳор доираи‌ муҳими он пайванди ногусастанӣ бо Афғонистон дорад. Ин чаҳор доира иборатанд аз:

Робита бо кишварҳои ҳамсоя;

Робита бо кишварҳои исломӣ;

Робита бо кишварҳои осиёӣ;

Таҳким ва густариши равобит бо созмонҳои байналмиллалӣ.

Яъне Тоҷикистон дар доираи‌ аввал, доираи‌ дувум, доираи‌ чаҳорум ва доираи‌ панҷуми сиёсати хориҷии Афғонистон нақши муҳим ва бо сазо дорад.

Афғонистон ба маъбар ва пули пайванди Осиёи Миёна бо ҷануб ва ҷануби шарқ ва Ховари Миёна:

Ҷеополитики Афғонистон ба гунае аст, ки ин сарзамини бостониро меҳвари тиҷорат ва транзити минтақа сохта аст. Ҳар гуна густариши тиҷорат ва транзит аз Осиёи Миёна ба ҷануб ва ҷануби шарқиОсиё, таъминкунандаи манофеи миллии Афғонистон аст. Мо бовар дорем, ки ҳамкории‌ минтақавӣ метавонад заминаи‌ эътимод ва таъомули манофеъро фароҳам намояд. Афғонистон ба унвони меҳвари тиҷорат ва тронзити минтақа, манофеъи худро дар таъомули манофеъи миллӣ бо кишварҳои минтақа мебинад. Аз ҳамини чашмандоз аст, ки баҳси ҳамкории‌ минтақавӣ, аз авлавиятҳоисиёсати хориҷӣ ва иқтисодии Афғонистон аст. Ин авлавият, бо барномаи инкишофи миллии Афғонистони ҳамоҳанг ва мутавозин мебошад.

Ончӣ ки халалдоркунандаи густариши ҳамкориҳои‌ минтақаӣ аст, фаъолиятитерроризм, экстремизим ва мафияи маводи мухаддир дар ин минтақаи‌бузург аст. Терроризм ва ҷараёнҳои ифротгароӣ, саъй мекунанд то султа ва сиёсати худро аз ҷануби Осиё ба Осиёи Марказӣ бигустаронад. Афғонистон ба иҷбор сипари амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Агар ҳамсоягони Афғонистон дар ростои мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир тавваҷуҳи ҷиддӣ накунанд, бидуни шак терроризм ва шабакаҳоиибайналмилалии мафияии маводи мухаддир, ҳамаи минтақаро дучори буҳрону фоҷеъа хоҳад кард. Бинобар ин воқеъияти инкорнопазир, субот ва амнияти Афғонистон бо субот ва амнияти кишварҳои воқеъ дар Осиёи марказӣ, ба вижа Тоҷикистон, пайванди ногусастанӣ дорад.

Ба баёни дигар, Афғонистон аз ду ҷиҳат сипари суботу амнияти Тоҷикистон аст:

1. Мубориза бо тероризм ва ҳалқаҳои вобаста ба Ал-қоида ва ДОИШ;

2. Мубориза бо мафияи маводи мухаддир.

Табиӣ аст, ки манофеъи миллии Тоҷикистон дар ҳимоят аз чунин сипаре наҳуфтааст.

Тоҷикистон бар мабнои манофеъи миллии худ ва таъомули манофеъи ду ҷониба, токунун дар тамоми арсаҳои‌ байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамроҳу ҳамгомбоАфғонистонбудааст. Эъломияҳовабаёнияҳоичанд ҷонибае, ки то кунун имзо шуда, на танҳо баёнгари сатҳи робитаи‌ Афғонистон ва Тоҷикистон аст, балки нишондиҳандаи дипломатияи фаоли Афғонистон дар арсаи‌ сиёсати хориҷӣ аст.

Ҳамкории минтақаӣ ба унвони беҳтарин чаҳорчӯб барои коҳиши таниш, ҳалли мунозеъа ва касби муваффақият дар бозорҳои рақобатӣ дар деҳкадаи ҷаҳонӣ, аз мавозини тағйирнопазире аст, ки сиёсати хориҷии Афғонистон дар пайи таҳаққуқи он аст. Афғонистон бар мабнои манофеъи миллии худ самимона аз тарҳи интиқоли энержии‍ CASA-1000 аз тариқи Афғонистон ба Покистон, Ҳинд ва Ирон ҳимоят мекунад.

Ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон ва Тоҷикистон дар қомуси ҳамкории минтақаӣ, метавонад нақши муҳим дар ростои сулҳу субот ва тавсеъа ифо намояд ва роҳбурди муҳими сиёсати хориҷии Афғонистон мубтанӣ бар шаклгирии минтақавии‌‌ муттаҳид аст.

Афғонистон меҳвари тиҷорат ва транзит дар минтақа аст. Мо хоҳони густариши тиҷорат ва транзити байни Осиёи Миёна ва Осиёи ҷанубӣ ва ҷануби шарқи Осиё ва Ховари Миёна ҳастем. Ин баробар бо манофеи миллии Афғонистон аст. Бояд корвонҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон ба Покистон, Ҳиндустон ва Ирон раҳсипор шавад, мушкил дар қадами аввал паноҳгоҳи террористҳо, экстремистҳо ва Толибон дар ҷануби Осиёст. То замоне ки ин паноҳгоҳ барчида нашавад, сулҳу субот ба минтақа бар намегардад.

Дигар, Ҷумҳурии Исломии Покистони мушкилоти қарни ХХ1-ро бо чашмандози қарни ХХ мебинад. Мо наметавонем мушкилоти қарни ХХ1-ро бо роҳкорҳои қарни ХХ ҳалнамоем. Ин як хатоии стротежикӣ аст. Мушкилоти Покистон бо Ҳиндустон бояд бо равишҳои қарни ХХ1 роҳи ҳалли худро пайдо намояд. Кишварҳои минтақа бояд ихтилофоти куҳнаи таърихиро аз тиҷорат ва транзит ҷудо намоянд. Ба ҳамин далел Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хоҳони имзои тавофуқномаи чаҳорҷониба аст; Тавофуқномаи транзитӣ миёни Ҳиндустон, Покистон, Афғонистонва Тоҷикистон.

Мутаассифона Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳозир ба имзои чунин мувофиқатнома нест. Намехоҳад тиҷорат ва транзити байни Афғонистон ва Ҳиндустон, байни Тоҷикистону Ҳиндустон густариш ёбад. Покистон намегузорад, ки мошинҳо ва колоҳои тиҷоратии Афғонистон аз тариқи Покистон ба Ҳиндустон раҳсипор шавад. Маънои ин чист? Посухи он равшан аст. Оне ки манофеъи миллии худро мехоҳад бояд ба манофеи миллии дигарон эҳтиром бигузорад.

Мо бар мабнои манофеъи миллии худ мехоҳем Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон ба бандари Гаводар, ба бандари Чобаҳор ва ба обҳои озоди Ҳиндустон ба осонӣ дастрасӣ дошта бошад. Мо мехоҳем Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон ба Туркманистон, баҳри Каспий, Озарбойҷон ва Туркия тиҷорат намояд. Мо мехоҳем тиҷорат ва транзит дар қораи Осиё беш аз пеш густариш ёбад. “Роҳи лоҷвардӣ”, бандари Чобаҳор мунтазири Тоҷикистони азиз аст. Афғонистон бо самимияти сиёсӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш омадед мегӯяд.

Мутаассифона Исломобод то кунун чунин ҳусни нияте аз худ нишон надодааст. Мо мунтазири тағйири дидгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳастем. Имзои мувофиқатномаи чаҳор ҷониба, роҳи ҳали ҳамаи мушкилоте аст, ки Покистон эҷод кардааст.

Бори дигар мегӯям: Ҳеч кишваре наметавонад мушкилоти қарни ХХ1-ро бо роҳкорҳои қарни ХХ ҳал намояд. Ҳар кишваре, ки чунин бовар ва равише дорад, муртакиби хатои стротежикӣ мешавад. Шовинизм ва сиёсатҳои миллитаристи мутазод бо равобити дӯстона ва маншури Созмони Милали Муттаҳид ва ҳуқуқ шинохташуда дар равобити байналмилалӣ аст.

Паёми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равшантар аз офтоб аст:

Биёед тиҷорат ва транзитро аз ихтилофоти музмини таърихӣ ҷудо намоем;

Биёед бо таъомули воқеъгароёнаи манофеъи миллӣ, аз ихтилофоти таърихӣ бикоҳонем;

Биёед бо мушорикати ҳамаи кишварҳо, қораи Осиёро қораи тиҷорат, транзит ва иқтисоди пӯё бисозем.

Ин дигоҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст.

 

Доктор Абдулғафур Орзу,

сафири фавқуллода ва мухтори

Ҷумҳурии Исломиии Афғонистон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97