Зайд Саидов: Хоҳиш мекунам, ман гуноҳе надорам!

Сиёсат 19.11.2015 13:25

 «Душанбе-плаза» аз имтиҳони табиат гузашт, Зайд Саидовро чӣ имтиҳоне дар интизор аст?!

 

zaid

   Рӯзи 17 ноябр баррасии шикояти Зайд Саидов, соҳибкори овозадори тоҷик дар додгоҳи касатсионӣ оғоз ёфт.

   Ин соҳибкори зиндонӣ зимни суханронии хеш дар додгоҳ гуфта, ки ҳич гуноҳе надорад ва аз додрас хостааст, то қарори додгоҳро дар бораи ҳабси ӯ ва мусодираи молу мулкаш бекор кунад.

   Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов мегӯяд, ки зерҳимояаш “куллан бегуноҳ аст” ва ӯ аз коллегияи судӣ дархост кардааст, ки бинобар сабаби ғайриқонунӣ, беасос ва бе далелҳои кофӣ будан ҳукми судро аз 11-уми августи соли равон нисбат ба ин соҳибкор бекор кунанд.

   Додгоҳи касатсионӣ аз рӯи шикояти Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ идома дорад.

   Ба Зайд Саидов, ки қаблан ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар доираи парвандаҳои иқтисодиаш боз 3 соли дигар илова кардаанд ва дар маҷмӯъ ӯро барои 29 сол равонаи зиндон намуданд. Тибқи қарори ахири Суди олӣ, ки 11-уми августи соли равон содир шуда буд, ин соҳибкор бояд 34 миллион сомонӣ ҷарима ва моликияташ мусодира мешуд.

   Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов аз болои ин ҳукм ба додгоҳи касатсионӣ шикоят бурд.

   Зайд Саидов ҳамаи иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо дар суханроние дар мурофиа рад карда, парвандаҳои боз шударо давоми мантиқии парвандаҳои пешини худ донист ва аз додгоҳ хост  то ӯро сафед кунад.

   Гумонҳо ва таҳдиди боз шудани парванда аллайҳи Зайд Саидов, ин соҳибкори муваффақ аз 6-уми апрели сол 2013 сари забонҳо уфтод. Он замоне ки Зайд Саидов тасмим ба таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав”-ро гирифт. Аммо на ҳама ба ин бовар доштанд, ки ин ташаббуси худи соҳибкори наздик ба доираҳои ҳукуматист, ки мехоҳад як ҳизби мустақил ташкил бидиҳад. Хелеҳо гумонзанӣ мекарданд, ки ин як бозии худи ҳукумат аст, ки мехоҳад, як ҳизби қаноти худро ташкил бидиҳад.

   Ҳанӯз ин баҳсҳо идома доштанд, ки Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуд. 25-уми декабри соли 2013 Суди Олии Тоҷикистон Зайд Саидовро аз рӯи 4 моддаи ҷиноӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум кард. Додгоҳ ӯро ба бисёрзанӣ, суистифода аз мақом, қаллобӣ, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам кард. Вакилони дифоъи Зайд Саидов тафтиши парвандаро аз аввал то анҷом якҷониба хонда, онро сиёсӣ донистанд.

   Ҳоло ӯ пушти панҷараи зиндон дар интизор аст, ки кай бахт ба рӯяш механдад ва додгоҳ ӯро бегуноҳ хоҳад хонд.

   Додгоҳи касатсионӣ аз рӯи шикояти Зайд Саидов замоне ба баррасӣ гирифта шудааст, ки дар Узбакистон ҳамсоякишвари Тоҷикистон як зиндонии сиёсӣ пас аз 20 сол аз ҳабс раҳо шудааст ва дар Тоҷикистон низ чанд вакили дифоъ, аз ҷумла яке аз собиқ вакилони дифоъи Зайд Саидов Фахриддин Зокиров аз ҳабс озод шудаанд. Расонаҳои хабарии пешгоми дунё ин иқдомҳоро дастоварди сафари Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Амрико ба Осиёи Миёна талаққӣ кардаанд.  

   Ҳамчунин бархе аз умедворон ин нуктаро матраҳ мекунанд, ки заминларзаи ахир ба исбот расонид, ки «Душанбе-плаза» ин бинои муқтадир, ки гӯё фасодкорӣ дар бунёди он ҷой дошта ва ба гуфтаи додгоҳ Зайд Саидов чун мудири ғайримустақим дар он даст дошта ва маҳкум шудааст, аз имтиҳони ҷиддии табиат гузашт. Аз ин рӯ шояд ин иттиҳом аз сари ин соҳибкори замоне муваффақ бардошта шавад ва ҳукми ӯ сабук гардад.

   Аммо ин ки Зайд Саидовро чӣ интизор хоҳад буд, танҳо вақт нишон хоҳад дод. Зеро маҳз вақт довари ҳақгӯст.

«Миллат»

 

 

 

 

 

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97