Эмомалӣ Раҳмон дар Помир

Сиёсат 03.08.2015 12:35

shugnon

 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар бо ҳадафи ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум ва санҷиши  иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ дода шуда, ҳамчунин барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин вилоят роҳии сафар шуд. Боздиди кории президенти кишвар дар ин вилоят рӯзи 28 июл аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.

 

Аз Ванҷи поён то Ванҷи боло

    Дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ сокинон ва фаъолони ноҳия аз Эмомалӣ Раҳмон истиқбол карданд.

Дар ин мавзеъ бо ширкати раиси ҷумҳур пули нави мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ифтитоҳ ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти пули мошингузар асос гузошт.

Тибқи лоиҳа, ин пул иқтидори борбардории 100 тоннаро дошта, дарозии он 146 метр мебошад. Паҳноии пул 10 метру 50 сантиметр ва қисми мошингузар 8 метру 50 сантиметр аст.

Пули мазкур аз тарафи “Корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо” дар асоси шартнома бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 4 миллиону 306 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2014 оғоз ёфта, моҳи июни соли 2015-ум ба анҷом расид. Барои сохтмони пули номбаршуда дар маҷмуъ 27 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Пас аз он Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ғуҷовасти ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ ташриф оварда, сехи коркарди ангатро ифтитоҳ кард. Корхонаи коркарди ангат бо пешниҳоди як тан бонуи фаъол Ғафурова Васила, ки зимни як сафари Президенти кишвар ба ноҳияи Ванҷ дархост гардида буд, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи 167 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ барои занони соҳибкори Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бунёд шудааст. Дар ин коргоҳ 6 нафар ба таври доимӣ ва дар мавсими ҳосили ангат то 25 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Баъди ин  Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Вишхарваки ҷамоати Рованд рафта, Маҷмааи туристию истеҳсолии “Ванҷи боло”-ро ифтитоҳ кард. Дар ин Маҷмаа, ки аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Рухом” бо харҷи беш аз 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, ошхона, толори конфронс бо 30 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб ва 1 истироҳатгоҳ мавҷуд аст.

Пас аз ифтитоҳи ин Маҷмаъа Раиси ҷумҳур дар назди сокинону фаъолони ноҳияи Ванҷ суханронӣ карда, бо мардум дар пойи суҳбат нишаст.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи фоҷеабори рӯзи 20 июли соли ҷорӣ рухдода, ки боиси хисороти зиёди молӣ ва ҳалокати 6 нафар сокини ноҳия гардид, ёдовар шуда, бори дигар ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон таслияту ҳамдардии амиқ баён намуд. Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки масъалаи фароҳам овардани шароити зиндагии сокиноне, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, инчунин сари вақт барқарор кардани иншооти харобшуда дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор дорад.

Президент гуфт, ки Ҳукумат дар давоми солҳои 1992-2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 200 миллион сомонӣ равона кардааст.

 

darvoz 

Дарвоз

   Худи ҳамин рӯз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт, теъдоди зиёде аз мардум Президентро дар фурудгоҳи ноҳия пешвоз гирифтанд.

 Дар маркази ноҳия -Қалъаи хумб Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои чорошёнаи хонаҳои истиқоматӣ ва филиали бонки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷиксодиротбонк” ширкат кард.
 Филиали бонки «То
ҷиксодиротбонк» дар масоҳати умумии 347 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Бо кушодани бинои нави филиали «Тоҷиксодиротбонк» 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

 Пас аз он Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия оғоз бахшид.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф ва илм пешбинигардида бунёд мегардад. Фармоишгар - Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дарвоз-Сохтмон»-и ноҳияи Дарвоз мебошад. Бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз аз 3 ошёна иборат буда, дар ошёнаи 1-ум - 4 дафтари корӣ, дар ошёнаи 2-юм - 5 дафтари корӣ, 1 утоқи кори мудир бо қабулгоҳ ва дар ошёнаи 3 - юм толори маҷлисгоҳ барои 80 ҷой ва 3 ҳуҷра ҳамчун меҳмонхона ҷойгир карда мешавад.

Арзиши лоиҳавии иншоот 2 миллиону 481 ҳазор сомониро ташкил дода, он бояд соли 2017 бо сифати баланд ва ҷавобгу ба талаботи замон ба истифода дода шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ - сокинон аз худи ноҳияи Дарвоз ҷалб гардидаанд, ки ин ҳам як тадбири муҳим дар роҳи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор мебошад.

Баъдан Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Даштаки ин ноҳия ташриф оварда, аз корхонаи коркарди санги “Карона - мармар” боздид ба амал овард. Корхонаи саноатии Карона - мармар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ аз Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз сохта шудааст. Дар корхона зиёда аз 30 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Дар ҳудуди корхонаи Карона мармар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи коргоҳи замонавии Карона - Гавҳарнигор иштирок намуд. Зимни шиносоӣ аз фаъолияти коргоҳ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз 75 намуд сангҳои гуногуни қимматбаҳо маҳсулоти ҳархелаи ороишӣ тайёр карда мешавад. Айни ҳол 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, пас аз фаъол намудани хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи коргарон афзун мегардад.

Пас аз ин Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Умараки ин ноҳия омада, дар вазъияти тантанавӣ бинои Маркази омӯзиши ҳунарҳои кохи бонувон бо номи Меҳри модарро, ки барои 500 нафар пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ намуд. Кохи бонувон аз 3 ошёна иборат буда, ба таври замонавӣ сохта шудааст.  

 Дар Кохи бонувон имкон аст, ки аз кишвари дӯсту ҳамсояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон духтарон барои омӯзиш қабул карда шаванд. Тавре маълум гардид аллакай 1000 нафар духтарон аз давлати ҳамсояи Афғонистон барои омӯзиши касб дар ин кохи бузурги бонувон номнавис шудаанд. Хароҷоти умумии ин маркази 3,5 миллион сомонӣ мебошад. Тамоми таҷҳизоти дӯзандагии Кохи бонувон аз Олмону Ҷопон тариқи лизинг ворид гардида, беҳтарин дастгоҳ барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар ҷаҳон мебошад.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба 5 ҷуфти хуштолеъи навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳро супорида, ба онҳо хушбахтӣ ва хонаи обод таманно кард.

Аз номи Президент ба Кохи бонувон, ки гуфта мешавад, бо ташаббуси ӯ бунёд шудааст, ба ин маркази касбомӯзӣ як адад автобуси нав тақдим карда шуд.

Дар ноҳияи Дарвоз Эмомалӣ Раҳмон инчунин ошхонаи навбунёди қисми ҳарбии рақами 2711-и Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Ҳамчунин бо иштироки Президенти кишвар бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Дарвоз ифтитоҳ ёфт.

Дар маркази ноҳияи Дарвоз деҳаи Қалъаи хумб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонхонаи шашошёнаи замонавиро ифтитоҳ кард. Меҳмонхонаи «Карон Палас» дар маркази ноҳия бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд шудааст.

Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар ноҳияи Дарвоз дар маркази ноҳия Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолон суҳбати самимӣ доир кард.

 

RUSHON

Рӯшон

       Субҳи рӯзи 29 июл Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз  ба ноҳияи Рӯшон сафар кард.

Боздиди Президент дар ноҳияи Рӯшон аз маросими истиқболи ӯдар фурудгоҳи ноҳия оғоз гардид. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон аз гузоштани санги асоси бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт.

Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар масоҳати 0,45 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст. Арзиши лоиҳавии сохтмон 8 миллион сомонӣ буда, дар корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб мегарданд.

Президент ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои иҷрои корҳои босифат дар рафти бунёди Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дастурҳои мушаххас дод.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия барои 460 ҷойи нишаст иштирок кард.

Корҳои сохтмонӣ соли 2012 оғоз гардида, пудратчии сохтмон Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Шарқ” мебошад. Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дар он 12 утоқи корӣ, толори бошукуҳи замонавӣ ва дигар биноҳои ёрирасон мавҷуд аст. Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия ва сохтмончиён барои дар оянда бо тарҳи меъмории миллӣ ороиш додани саҳна ва дохили толори Қасри фарҳанг супоришҳои иловагӣ дод.

Баъди ба истифода додани иншооти муҳими фарҳангӣ Президенти кишвар бо шумораи зиёди сокинону фаъолон ва ҷавонони ноҳия, ки барои истиқболи ӯ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимӣ доир кард.

 

 

Шуғнон

     Дар ҳамин рӯз Президенти кишвар аз ноҳияи Рӯшон ба ноҳияи Шуғнон рафт.

Маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сурат гирифт. Дар ин ҷо Президент дар маросими ба истифода додани Корхонаи коркарди ғалла дар деҳаи Боғев бо иқтидори коркарди 60 тн ғалла дар 1 шабонарӯз иштирок кард.

Президент бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти ин корхонаи муҳими саноатӣ асос гузошт.

Тавре маълум гардид, оид ба бунёди ин корхонаи пуриқтидор, ки дар вилоят ягона мебошад, зимни як сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатӣ супориш шуда буд. Корҳои сохтмонӣ дар корхона аз соли 2013 оғоз шуда, бо насби технологияи муосир сохта ба истифода дода шуд. Корхонаи коркарди ғалла дар деҳаи Боғев бо иқтидори коркарди 60 тонна ғалла дар 1 шабонарӯз фаъолият карда, то 30 нафарро ба кори доимӣ фаро мегирад. Дар корхона имкони нигоҳдории 6 ҳазор тонна ғалла мавҷуд аст. Корхона дар масоҳати қариб 1 гектар бунёд ёфта, маҳалли ҷойгиршавии он барои дар шароити хуб ва беталаф нигоҳ доштани ғалладонагӣ мусоид аст.

Ин иқдом, яъне бунёди Корхонаи коркарди ғалла дар деҳаи Боғев аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, захира ва таъмини ин маводи ниёзи аввал дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба роҳ монда шуд. Пас аз ифтитоҳи ин корхона  Президент дар ноҳияи Шуғнон ба маҳалли аз офати табиӣ зарардида омада, бо рафти корҳо аз наздик ошно шуд. Сипас Президенти кишвар ба маҳалли бунёди хонаҳои нав барои оилаҳои зарардидагони офати табиӣ омада, бо онҳо суҳбат намуд. Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат ва ҳарчи зудтар бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин кардани сокинон дастур дод. Дар маркази деҳаи Боғев Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон дидор ва суҳбат кард.

Ҷараёни сафари Раиси ҷумҳур ба Бадахшонро Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон гузориш кардааст.

 

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97