«Тафриқа андозу ҳукумат намо»

Сиёсат 14.07.2015 12:30

Ё ДОИШ - давлати дастнишонда ва зиддисиломӣ

doish 12Рӯзи ҷумъаи 3 июл Сардори воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода дар намози ҷумъа, дар масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби шаҳри Душанбе ба хотири эҳтиром гузоштан  ба мазҳаби ҳанафӣ гуфт, ҳар нафаре, ки вақти тоату ибодат намозро тарк мекунад, муҷозот хоҳад шуд.

Равшану возеҳ буд, ки ишораи ин мақомдори Вазорати корҳои дохилӣ ба намояндагони ҷараёнҳое буд, ки маъмулан ду ракъат фарзи намози ҷумъаро хонда, то он ки чор ракъати суннат хонда шавад, аз масҷид берун мешаванд. 


Полковник Ҳамидзода таъкид намуд, ки «дар То
ҷикистон бояд фақат як мазҳаб - мазҳаби Имоми Аъзам амал намояд. Фаъолияти дигар равия ва мазҳабҳо тибқи қонун манъ карда шудааст. Нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибу низомро риоя накарда, аз байни намоз хеста баромада мераванд, ҳамчун аъзои гуруҳҳои ғайр дониста шуда, нисбат ба онҳо чораандешӣ мешавад." Эшон ҳамчунин таъкид кардааст: «Таркиши рӯзҳои охир дар масҷидҳои давлатҳои исломӣ, аз ҷумла Тунису Яман моро водор мекунад, ки тартиботро ҷиддӣ назорат намоем». (манбаъ: «Озодӣ»)

Ин падида нахустин нест ва вазифаи давлат пеш аз ҳама таъмин намудани амнияти кишвар аст, ки бо истифода аз нируҳои қудратӣ, амниятӣ ва дифоӣ вазифадор аст аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ҷилавгирӣ намояд.

Имрӯз қудратмандон сиёсатҳои пуштипардаиеро ба бозӣ дароварда, ҷаҳонро ба хатарҳои мудҳише дучор менамоянд. Инқилобҳои рангаӣ ва мухталиферо эҷод карда, қораеро аз як давлати муҳташам ба як кишвари гадо табдил медиҳанд. Табаддулоту тағйири низоми сиёсӣ дар кишварҳои арабӣ худ ба худ эҷод нашуда, аз хориҷ, урупову амрико ворид шудаанд. Мустакбирин дигар намехоҳанд мисли пештара зиндагӣ кунанд, ҳирсу тамаъу сарват онҳоро водор намудааст, ки низоми дунёро тағйир бидиҳанд ва чун пештара мустамлик бошанд. Инқилобҳо дар қораи Африқо танҳо ба хотири дубора ба мутеият даровардани кишварҳои аз дастрафта мебошад. Ин аст, ки қудратмандҳо дигар намехоҳанд бо истифода аз ниру ва масрафи маблағи ҳангуфт кишварҳои аз даст додаашонро тасарруф намоянд. Ба ин хотир гуруҳҳоеро таъсис дода, низоми мавҷударо бо дасти худи онҳо сарнагун мекунанд.

 «Тафриқа андозу ҳукумат намо»

 Махсусан ташкили гуруҳҳои мазҳабӣ, ки аз солҳои дур яҳудиён ин вазифаро ба душ доштанд, имрӯз дар байни мусулмонон тафриқа эҷод карда, якдигарро душмани худ мехонанд. Бо баҳонаи шиъаву суннӣ ва ақидаҳои мазҳабӣ мусулмононро бар зидди якдигар шӯронида, ҷиноятҳои гӯшношунидеро содир менамоянд. Эҷоди давлате чун ДОИШ аз ҳамин ихтилофҳо сарчашма гирифта, дар асл ҳам ба шиъа ва ҳам ба сунниҳо эҳтироме надоранд.

Муфассирини дин мегӯянд; зуҳури гурӯҳеро, ки имрӯз аз он "Давлати исломӣ" ном мебаранд, ҳанӯз ҳазрати Алӣ пешгӯӣ карда буд ва ҳушдор дода буд, ки «вақте ин гурӯҳ зери парчамҳои сиёҳ пайдо мешавад, мусулмонон бояд хонашиниро интихоб кунанд. Дили инҳо монанди оҳан аст ва ҳарчанд инҳо мардумро ба ҳақ даъват хоҳанд кард, худашон дар роҳи ҳақ нестанд». Ин ҷо каме аз таъсиси чунин як «давлат» бояд ёдовар шуд.

Давлати исломӣ ё ба истилоҳи дигар ДОИШ гуруҳи мусаллаҳест, ки бо тафаккуроти салафии ифротӣ ва террористӣ Сурия ва Ироқро ноором кардааст.

Гуруҳи Давлати исломӣ дар Ироқ дар 15 октябри соли 2006 ва пас аз нишасти шуморе аз гуруҳҳои мусаллаҳ  ташкил шуд. Дар ин нишаст Абу Умар-ал-Бағдодӣ ба унвони саркардаи он таъйин шуд.

Ин гуруҳ аз замони ташкил дар соли 2006 амалиёт ва ҳамлаҳои террористии бисёреро дар Ироқ бар уҳда гирифт. Пас аз ҳалокати Абу Умар- ал- Бағдодӣ дар соли 2010 Абубакр-ал-Бағдодӣ ба унвон ҷойгузини вай муаррифӣ шуд. Бо рӯи кор омадани ӯ доманаи амалиёт ва ҳамлаҳои ин гуруҳи террористӣ вусъат гирифт ва ҳамзамон бо оғози буҳрон дар Сурия, аносири ин гуруҳ дар Сурия низ фаъол шуданд.

Гуруҳи «Ҷабҳаи-ан-Нусра дар охирҳои соли 2011 ва бо оғози буҳрон ва ҷанг дар Сурия ба унвони шохаи гуруҳи  «Давлати исломӣ дар Ироқ» ташкил шуд ва ба суръат ба яке аз гуруҳҳои матраҳ дар ин арса табдил гашт.

Саранҷом дар соли 2013 Абубакр-ал-Бағдодӣ саркардаи «Давлати исломӣ дар Ироқ» дар паёми савтӣ якҷошавии «Ҷабҳаи-ан-Нусра» ва «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом»-ро эълом кард. 

Аносири «ДОИШ» аз охирҳои декабри соли 2013 ва аввалҳои соли 2014 ва бо оғози амалиёти артиши нируҳои Ироқ барои поксозии Ал-Анбор вориди шаҳри Фалуҷа дар ин остон шуданд.

Пас аз ташкили гуруҳи «Тавҳид ва ҷиҳод» бо саркардагии Абумусаиб-ал-Зарқовӣ дар соли 2004 ва сарсупурдагии ӯ бо Уссома бинни Лодан саркардаи собиқи «Ал-қоида» ин гуруҳ ба шохаи созмони «Ал-қоида» дар Ироқ табдил шуд, то ин ки Ал-Зарқовӣ дар соли 2006 дар изҳороте аз ташкили «Шӯрои муҷоҳиддин» ба саркардагии Абдуллоҳ Рашид-ал-Бағдодӣ хабар дод.

Пас аз ҳалокати Зарқовӣ дар соли 2006 Абуҳамза-ал-Муҳоҷир ба унвони саркардаи ин гуруҳ таъйин шуд. Дар поёни он сол низ  гуруҳи «Давлати исломии Ироқ»  ба раёсати Абу Умар-ал -Бағдодӣ ташкил шуд.

Дар моҳи апрели соли 2010 нируҳои муштараки ироқӣ ва амрикоӣ дар амалиёте дар минтақаи Ал-Сарсор манзилеро, ки Абу Умар-ал -Бағдодӣ ва Абуҳамза -ал-Муҳоҷир дар он паноҳ гирифта буданд, мавриди ҳадаф қарор доданд. Бо шиддат гирифтани табодули оташ ҷангандаҳо он манзилро бомбаборон карданд, ки дар натиҷаи он ин ду террорист кушта шуданд. Ҷасади ин ду террорист дар маърази умум гузошта шуд. Як ҳафта баъд ин гуруҳ дар баёнияе дар интернет ҳалокати ин ду террористро эътироф карда, пас аз 10 рӯз Абубакр-ал-Бағдодӣ ба унвони ҷойнишин ва саркардаи ҷадид таъйин шуд.

Тибқи ахбори маркзҳои истихборотии кишварҳои Амрико, Русия теъдоди ҷангиёни «ДОИШ» дар июни соли 2014 30-35 ҳазор ва дар асоси маълумоти раҳбари Курдистони Ироқ шумораи ҷангиён дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор ҷангиро ташкил медиҳад. Силоҳҳои аслии онҳоро техника ва таҷҳизоте, ки дар натиҷаи ҷангҳо аз артиши Ироқ ба даст овардаанд, ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи коршиносон, манбаи маблағгузории ҷангиён асосан аз ҳисоби фаъолияти ҷиноии аъзои он (роҳзанӣ, бозхариди инсонҳо, гаравгонгирӣ ва ғайраҳо мебошанд. Пас аз ғорат намудан бонкҳои бузурги Ироқу Сурия нируи молиявии онҳо ба маротиб афзоиш ёфтааст. Тибқи гузоришҳои мутахассисон имрӯз буҷаи ин созмони террористӣ 7 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. ДОИШ ба ҷуз ғорати бонкҳо аз кишварҳои арабӣ монанди Арабистони Саудӣ ва Кувайт кумаки молиявӣ мегирад. Узви порлумони Ирон Солеҳ Ҷокар таъйид мекунад. ки ДОИШ аз Арабистони Саудӣ барои содир намудани ҷиноёт дар ҳаҷми 4 млрд. доллари амрикоӣ кумак гирифтааст. Барилова, халифати ин созмон нафти Ироқу Сурияро фурӯхта, барои ҳар як бушка аз 25 то 60 доллари амрикоӣ фоида ба даст меорад, ки дар як рӯз 3 млн доларро ташкил медиҳад.

Намояндаи Ироқ дар СММ Муҳаммад-ал-Ҳаким дар моҳи феврали соли 2015 изҳор намуд, ки террористон инсонҳоро ба он хотир мекӯшанд, ки узвҳои дарунии онҳоро бигиранд ва ба дигарон бифурӯшанд. Мавсуф таъйид менамояд, ки дар гӯрҳои дастаҷамъӣ мушоҳида шуда, ки ҷасадҳои инсонҳо бидуни гурда, дил ва ҷигар буданд. Дар шаҳри Мосул тарафдорони Давлати исломӣ духтурони ҷарроҳро барои он куштанд, ки онҳо аз гирифтани узвҳои инсонҳо саркашӣ карданд.

Дар даҳаҳои ахир исломро ба хати муқаддами раванди сиёсии байналмилалӣ ба унвони на танҳо як дин, балки як идеоложӣ муаррифӣ намудаанд ва ба ин тартиб ба таври ҷиддӣ имрӯз ба унвони яке аз муҳимтарин омилҳои сиёсати ҷаҳонӣ дарк шудааст.

Сиёсати тафриқа андозу ҳукумат намо, хати маши қудратмандон аст, ки бо роҳбарии арбобони яҳудӣ амалӣ мешавад ва ба ҳадаф мерасад. Пас аз марги Паёмбари акрам Муҳаммад (с) ихилофҳо эҷод шуд ва парокандагӣ дар суфуфи мусулмонон ба вуҷуд омад. Мухтасар бояд аз ихтилофи шиъаву суннӣ ёдовар шуд.

  Ихтилофи шиъа ва суннӣ

Ихтилофи вуҷуд дошта асосан ихтилофи ҷойнишинии Муҳаммад (с) дар миёни мусулмонон дар мавриди шиъа ва суннӣ бар сари ҳамин мавзуъ аст. Бино ба эътиқоди шиъиён Муҳаммад (с) Алиро ҷойнишини худ эълом карда, вале аҳли тасанун ба хилоф муътақиданд Муҳаммад (с) (ба далели мамониати Умар (р) аз паёмбар) барои худ ҷойнишин интихоб накард, балки баъд аз марги вай ҷамъе аз ёрони ӯ бо ташкили Шӯро Абубакрро ба унвони ҷойнишин интихоб карданд.

Мавзуи имомат ва мафҳуми он омили муҳими ихтилоф миёни шиъа ва аҳли суннат аст. Бад-ин маъно, ки аҳли суннат имоматро ба унвони раҳбарии иҷтимоъ қабул доранд, аммо имоматро ба маънои марҷаъияти динӣ (религиозная власть) ва мансабуллоҳ мавзуи имоматӣ қабул надоранд, дар ҳоле ки шиъиён имоматро марҷаъияти динӣ ва мансаб аз сӯи имомони маъсуми (бегуноҳи) илоҳӣ медонанд. Аз ин рӯ онон бовар доранд, ки Худованд бо раҳбарии мардум мансуб шудаанд ва Алӣ халифаи билофасли паёмбар мебошад. Бар ин асос яке аз масъалаҳои муҳими ихтилофи шиъа ва суннӣ ба масъалаи имомат бармегардад. Албатта аҳли суннат муътақиданд, ки ислом омода аст, то ҳукумати подшоҳиро аз миён бардорад, дар ҳоле ки имомон ҳамагӣ аз насли паёмбаранд ва ин боис мешавад, ки ислом ба навъи подшоҳӣ табдил шавад. Ба ҳамин далел аҳли суннат муътақид аст, ки имомон афроди бузург ва қобили эҳтиром ҳастанд, аммо маъсум (бегуноҳ) нестанд. Шиъиён мегӯянд: Паёмбар, Фотимаи Заҳро ва имомон аз муҳибати исмат (дар непогрешимости) баҳраманданд. Онон алгуҳои шоиста ва инсонҳои комиле ҳастанд, ки аз гуфтору кирдори онон бояд исломро шинохт ва тафсири саҳеҳ аз ислом ва аҳкому қавоид ва эътиқодоти ислом  танҳо аз тариқи онон дуруст аст. Ҳар тафсире, ки онон ироа намудаанд, бояд онро пазируфт, дар ҳоле ки аҳли суннат исмати имомонро қабул надоранд. Табиист, ки адами эътиқод ба исмати имомон ва адами ҳуҷият (власть) суханони онон тафовутҳои муҳим байни шиъа ва суннӣ ба вуҷуд оварда аст.

Тавре мебинем, ҷузъиёти кучаке боис шуда, ки аз авохири асри ҳафт то ин замон мусулмонон байни худ дар муборизаву низоъ қарор доранд. Дар асл ҳама ба як марҷаъ ибодат мекунанд ва як паёмбарро ҳамд мегӯянд. Ин ҳама зиддият аз камсаводию беақлии мусулмонҳост, ки бо таҳрики чанд манфиатҷӯ ва ашхосе, ки ба ақидаҳои яҳудӣ зеҳнашонро тира кардаанд, дини мубинеро дар арсаи дунё чун як дини ситезаҷӯ ва хуношом муаррифӣ кардааст. Ҷиноёти муҷоҳиддин дар давлатҳои арабӣ, Афғонистону Покистон ҷаҳонро такон дода, ба мардуми ин кишварҳо ҷуз фақру тангдастӣ чизеро ба бор наовардааст. Тифли афғон гоҳе ханда бар лаб накарда, занонашон меҳру муҳаббати самимиеро аз тарафи мардон надидаанд.

Ба ин хотир, сулҳу субот ва амниятро на танҳо нируҳои қудратӣ, балки пеш аз ҳама нируҳои ақлонию зеҳнӣ бояд таъмин намоянд. Шарт нест, ки ба як гуфтаи арабе, ки аз асри ҳафт то имрӯз ҷиноят содир мекунад,  пайравӣ кард. То инсон талхиву сардиро набинад, ба қадри шириниву гармӣ намерасад. Ин аст, ки дар шароити рӯз ин иқдоми Вазорати корҳои дохилӣ ба маврид аст ва ҳар инсоне, ки осуда зистан мехоҳад, бояд тарзи зиндагиро дар зеҳни худ ҷо бидиҳад ва ояндаашро худаш муайян намояд.

Ибодуллоҳ Оқилпур

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97