Шимоли Афғонистон макони амне барои террористони Осиёи Марказӣ

Сиёсат 22.01.2015 12:43

Dois v afganeПас аз сарнагунии ҳукумати Толибон дар соли 2001, гузаштаи нуфуз ва густариши дубораи ҷангҷӯёни Толиб дар ҷуғрофиёи шимол бар мегардад ба солҳои 1387 б 1388: Аммо шиддати таҳаррукоти Толибон густариши ҳузури нируҳои Алқоъида ва дар тозатарин маврид ҳузури рузафзуни террористони кишварҳои Осиёи Миёна дар вилояти Форёб, Сари Пул ва Кундуз, иттифоқоти тозае аст, ки таҳаввулоти бузургро дар пай хоҳад дошт.

Манобеъи амниятӣ дар вилоёти Шимол як моҳ қабл аз ҳузури гуруҳҳое аз террористони узбакистонӣ хабар доданд, ки бо хонаводаҳояшон дар манотиқи таҳти контроли Толибон дар вулусволии куҳистони вилояти Сари Пул ҷо ба ҷо шудаанд. Ин террористон, ки шумори онон ба 20 хонавода мерасад, мардҳо вазифаи ҳузур дар ҷабҳаи ҷанг алайҳи давлати Афғонистон ва занҳо минсозӣ ва омӯзиши онро ба ҷангҷӯёни Толиб ба уҳда доранд.

Ба дунболи ин ҳузури бесобиқаи террористони узбакистонӣ акнун манобеъи амниятӣ дар вилояти Форёб мегӯянд, ки бештар аз 140 тан аз террористони кишварҳои Осиёи Марказӣ  ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон дар манотиқи таҳти контроли Толибон ҷобаҷо шуда ва дар суфуфи ҷанг алайҳи нируҳои амниятӣ ҳузур доранд.

Ба нақл аз манобеъи амниятӣ ин террористони муҷаҳҳаз ба силоҳҳои сабук ва сангинанд ва ҳанӯз аз ҳувияти онон иттилоъи дақиқе дар даст нест. Вулусволиҳои Алмор, Кисор ва Давлатобод аз ҷумлаи вулусволиҳои ноамни Форёб аст, ки ин 140 хонвода дар ҳамин манотиқ ҷобаҷо шудаанд.

Низомуддин Кисорӣ фармондеҳи нируҳои мардумӣ дар Кисор, ки алайҳи Толибон меҷанганд, мегӯяд, ки даҳҳо хонавода аз ин террористон дар вулусволии Кисор ҷобаҷо шудаанд. Кисорӣ мегӯяд, ки занон ва мардон бо чеҳраҳои ниқобпуш дар маҳалот гашту гузор мекунанд ва мардумони маҳал иҷоза надоранд чеҳраҳои ононро мушоҳада карда ва ба онон вориди суҳбат шаванд.

Ин фармондеҳи мардумӣ мегӯяд, ки ҳузури ин террористҳо қудрати тозае ба Толибон бахшидааст.

Дар ҳамин ҳол, Набӣ Илҳом, фармондеҳи амнияи вилояти Форёб зимни тайиди он чи гуфта шуд, бо ибрози нигаронӣ аз ҳузури террористҳои минтақавӣ дар Форёб ононро дарди сари тозае барои амнияти вилоёти Шимол медонад.

Манобеъи амниятӣ дар шимоли Афғонистон тайид мекунанд, ки Толибон заминаи ҳузури террористони минтақавиро фароҳам сохта ва амалиётҳои муштаракро алайҳи нируҳои амниятии афғон анҷом медиҳанд. Шавоҳиди ба дастомада аз майдони набард дар вилояти Кундуз, Бағлон, Сари Пул, Форёб ва Ҷузҷон нишон додаанд, ки террористоне аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Чеченистон, Арабистон ва Покистон дар қатори Толибон алайҳи давлати Афғонистон меҷанганд. Акнун дар воқеъ ба ин ки Шимол ба макони амне барои террористони минтақавӣ табдил шуда, ҳеч шаке нест, аммо ҳузури рузафзуни террористон вобаста ба Толибон, Алқоъида, гуруҳи Ҳақонӣ, таҳрики исломии Узбакистон ё Ҷундуллоҳ ва соири шабакаҳои террористӣ, ки дар Осиёи Миёна ва минтақа фаъолият доранд, ҷудо аз ноамнсозии Афғонистон чи иттифоқотеро дар пай хоҳад дошт?

Ҳуҷум ба марзҳои кишварҳои Осиёи Миёна

Як манбаъи иттилоотӣ мегӯяд, ки вуруди ситезаҷӯёни Осиёи Миёна дар шимоли Афғонистон барномае аст, ки аз муддате бад ин сӯ аз сӯи шабакаҳои истихборотии бархе аз кишварҳои қудратманди дахил дар умури Афғонистон мудирият мешавад. Ба нақл аз ин манбаъ, ситезаҷӯёне, ки то кунун ба шимоли Афғонистон эъзом шудаанд, аксаран аъзои таҳрики исломии Узбакистон ва бунёдгароёнеанд, ки алайҳи ҳукуматҳои Осиёи Миёна меҷанганд ва аз чандин сол бад ин сӯ таҳти омӯзишҳои низомӣ ва бунёдгароёна дар мадориси динии Покистон будаанд.

Кишварҳои Осиёи Миёна, ки баъди пошидани Иттиҳоди Шуравӣ яке аз марокизи рушд ва густариши бунёдгароии исломӣ будаанд, акнун пас аз солҳо оромӣ, ки ношӣ аз саркуби гуруҳҳои бунёдгаро таи ду даҳаи ахир будааст, шоҳиди бурузи таҳрикоте алайҳи амнияти ҷамъияшон мебошанд.

Бо ин ҳол густариши ҷуғрофиёи ҷанг дар шимоли Афғонистон ва ҳузури рузафзуни терррристҳои узбакистонӣ, тоҷикистонӣ ва чеченӣ ва афзоиши ноамнӣ дар марзҳои Осиёи Миёна бо вилоёти шимол, ҳикоят аз бозии ҷадиде ба мудирияти шабакаҳои истихборотӣ дар Афғонистон ва Осиёи Миёна дорад, ки маҳор нашудани онҳо ба фоҷеъае бузургтар барои кишварҳои Осиёи Миёна хоҳад анҷомид.

Он чиро низ баъзе аз манобеъ тайид мекунанд, нақши қудратҳои дахил дар ҷанги Афғонистон, дар созмондиҳии ситезаҷӯёни Осиёи Марказӣ дар шимоли Афғонистон аст. Ба бовари ин манобеъ нооромӣ дар марзҳои Осиёи Миёна ва нуфузи террористон дар кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон метавонад барои Русия низ ки акнун дар тақобул бо Амрико қарор дорад, саргармӣ ва дарди сар эҷод кунад.

Манобеъи амниятӣ дар вилоёти шимоли Афғонистон бо ибрози нигаронӣ аз раванди ҳузури афзуни террористони минтақавӣ ва афзоиши таҳаррукоти Толибон, маҳори ин ҷараёнро ниёзманди имконот, нируҳо ва таҷҳизоти бештаре медонанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, то кунун ҳеч иродае барои маҳори гуруҳҳои даҳшатафкан ва ҷилавгирӣ аз ҳузури террористони минтақавӣ ба вилоёти шимол вуҷуд надорад. Ин манобеъ муътақиданд, ки ҳимояти қудратманди дастгоҳи истихборотӣ ва басиҷи нируҳои мардумӣ тавассути раҳбарони қудратманди мардумӣ метавонад монеъе барои табдил шудани шимоли Афғонистон ба пойгоҳи террористони минтақавӣ бошад.

Талошҳои то кунун нокофии Дустум

Нооромиҳои ахир дар марзи кишварҳои Осиёи Миёна дар шимоли Афғонистон боъиси бурузи нигарониҳое дар миёни раҳбарони ҳукуматҳои Осиёи Миёна шудааст.

Манобеъи наздик ба ҷенерол Дустум муъовини аввали раёсати ҷумҳурӣ ва раҳбари қавмӣ дар шимол мегӯянд, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ҳар кадом ҷудогона хоҳони эҷоди иртиботи мустақим ва маҳкам бо Дустум ҳастанд. Ба нақл аз ин наздикони Дустум, раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ба вай ба унвони касе менигаранд, ки метавонад аз эҷоди ошӯб аз тариқи одреси Афғонистон дар он кишварҳо ҷилавгирӣ кунад.

Ин манобеъ меафзоянд, ки бархе раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна дар тамосҳояшон бо Афғонистон аз раҳбарони Ҳукумати ваҳдати миллӣ ва ба хусус аз шахси Дустум хостаанд, то бо таъмини амнияти марзҳои Осиёи Миёна ва саркуби террористоне, ки дар шимоли Афғонистон ҷобаҷо шудаанд, ононро аз дахил шудан дар як ҷанги нохоста наҷот диҳанд.

Ҳарчанд умед ба инки Дустум метавонад то ҳадде дар саркуби гуруҳҳои террористӣ дар шимол муассир воқеъ гардад, беҷо нест, аммо агар воқеъбинона ба он чи дар шимол дар ҳоли шаклгирӣ аст бубинем, бозӣ фаротар аз ҳадде аст, ки калиди маҳори он дар дасти Дустум бошад.

Дустум акнун муъовини аввали раёсати ҷумҳурӣ аст ва дар нуҳ вилояти Шимол танҳо ду ило се волии мавриди ҳимоят дорад. Дар сохторҳои амниятӣ ва истихборотӣ низ нуфузи ӯ таи як даҳаи гузашта ба шиддат заъиф шуда ва то кунун ба ҷуз аз чанд фармондеҳи маҳалӣ ва нируҳои вафодори мардумӣ имконоти дигаре дар ихтиёр надорад.

Ҳарчанд сафари ахири Дустум ба шимоли Афғонистон ҳамроҳ бо дастовардҳои зиёде аз ҷумла пайвастани садҳо ҷангҷӯйи Толиб ба суфуфи нируҳои давлатӣ буд, аммо барномае, ки барои но оромии марзҳои Осиёи Миёна ва эҷоди дарди сар барои он кишварҳо санҷида шуда, чизе мутафовит аз он чи аст тавоноии маҳори он дар Дустум дида шавад.

Бархе раҳбарони Осиёи Миёна аз Дустум хостаанд, то дар марзҳои он кишварҳо афроди вафодор ва мутаъаҳидашонро дар раҳбарии нируҳои сарҳадӣ бигморад ва ҳамчунон бо истифода аз фармондеҳони маҳаллиаш дар он манотиқ ҷилави нуфузи террористонро дар марзи он кишварҳо бигирад.

Бо ин ҳол Дустум агар битвонад саҳме, ки дар Ҳукумати ваҳдати миллӣ дорад хостаҳои кишварҳои Осиёи Миёнаро бароварда созад, то ҷое иштибоҳоти гузаштаи худро ҷуброн хоҳад кард ва осоише барои мардуми шимоли Афғонистонро ба даст хоҳад овард.

Гуфтанист, қабл аз интихоботи соли гузашта Дустум бо сафар ба Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба раҳбарони ин кишварҳо ваъдаи ҳамкорӣ дар ҷиҳати саркӯби террористон ва ифротгароёнро дода буд.

Агар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон битавонад дар саркуби террористони шимол муваффақ шуда ва аз нуфузи онон дар Осиёи Миёна ҷилавгирӣ кунад, Афғонистон ва Осиёи Миёнаро аз афтодан дар ошуби бузурге наҷот дода аст, аммо агар сиёсати толибпарварӣ дар ҳукумати Афғонистон боъис шавад ин ҷараён маҳор на, балки монанди гузашта тақвият гардад, замина барои афтодани Афғонистон ба дасти террористон ва эҷоди як буҳрони минтақаӣ фароҳам хоҳад шуд.

Нигаронии кишварҳои Осиёи Миёна аз афтодан дар доми як буҳрони амниятӣ, ки имрӯз ва ояндаи ононро таҳдид мекунад, дар ҳоле Mukhtor Vafoiаст, ки афзоиши таниш миёни Амрико ва Русия, хуручи нируҳои НАТО аз Афғонистон, қудратмандии рузафзуни Толибон ва Алқоъида,
алоқамандии гуруҳҳои террористӣ монанди ДОЪИШ ба ҳузур дар Афғонистон ва Осиёи Миёна ва густариши фаъолиятҳои бунёдгароёне, ки хоҳони барпоии хилофати исломӣ дар Осиёи Миёна ҳастанд, ба террористони минтақаӣ кумак мекунанд, то биҳишти гумшудаашонро дар набард бо ҳукуматҳои Осиёи Миёна ҷустуҷӯ кунанд.

Мухтор Вафоӣ,  сардабири рӯзномаи

«ҷомеъаи боз» Афғонистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97