Баҳси номусӣ: Ҷанобон ва хонумҳо!

Сиёсат 18.11.2014 16:49

Ҷони (зани) тоҷик чӣ қадар арзиш дорад?

Маъзур ҷаноби вазир!

zan va vazЧанд вақти пеш, пас аз фишорҳои фаровон бар сари матбуот бо вазири муҳтарами яке аз соҳаҳои марбут ба расонаҳо суҳбате доштам, ки гуфт: "Охир, матбуоти мустақил танҳо танқид мекунад, ҳар рӯз танқид, аз ин ҳама оқибат давлат (манзураш ҳатман ҳукумат буда) мисли як дев-бадӣ дар назари мардум ҷилва мекунад…" Чанд муддат сари ин ҷумлаи вазири муҳтарам фикр дорам, ки то куҷо ин фикр дуруст аст, оё воқеан ин интиқоди дучандони матбуот аст, ки ҳукумат (бале, боз ҳам маҳз ҳукумат на давлат, зеро давлат мафҳуми муқаддас аст ва бузургтарин таҳдид барои як давлат номуваффақӣ ва корношоямии ҳукуматаш аст) камкор ҷилва мекунад ва ё баръакс камкорӣ ё корношоямӣ боиси интиқоди беш дар матбуоти мустақил аст. То посух ёфтан ба ин суол тасмим гирифтам, ки ба ҳар мавзуъи хурду реза эрод нагирам ва ба ҳукумат(-ҳо) барои фаъолияти босамар халал эҷод накунам. Аммо маъзур, ҷаноби вазир (воқеан Шуморо эҳтиром мекунам!- А.М.), наметавонам дар ин маврид хомӯш бошам! Хоса замоне, ки баҳси номусӣ дар миён аст. Ва ҷавонзане аз табори тоҷик дар асорати гуруҳе аҷнабии номаълум ва то дандон мусаллаҳ афтода- оҷиз, бепуштибон, комилан бесоҳиби бесоҳиб!

Ягона соҳибдаракаш- бародараш Шоҳрух аст, ки аз Панҷакент истода аз расонае хориҷӣ имдод меҷӯяд. Чӣ қадар ҳақирона не, ҷаноби вазир?!

Барои иттилоъ гирифтан дар ин боб субҳи 5 ноябр ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ тамос мегирам, бонуе дар посух мегӯяд, ки дар Кумита 15 нафар кор мекунад, ва ҳамагӣ тариқи даъватнома ба ҷаласае дар Кохи Борбад даъват шудаву ҳоло он ҷо ҳузур доранд. Раиси Кумита дар хидмати давлатӣ дар шаҳри Париж қарор дорад.

Агар раиси муҳтарамаи Кумита дар ин замон дар шаҳри зебои Париж қарор намедоштанду лоақал дар шаҳри азизи мо Душанбе қарор медоштанд, ба яқин дар фикри ин ҷавонзани асируфтода мешуданд. Ҳоло Париж куҷову Яман бо даҳшатафканонаш куҷо, раиса куҷову табиби корҷӯву ғарибаву асиру бепуштупаноҳ куҷо. Намедонам чанд сол зарур аст, ки Гулбаҳори табиб дар Яман дар шароити сахту даҳшатафкан кор кунаду сармоя ҷамъ кунаду мушкили худу хонаводаашро рафъ созаду онгаҳ фурсат ва имкон даст бидиҳаду битавонад ба Париж сафар кунад. Аммо танҳо дар ин ҳолат вазъияти раҳбари Кумитаи кор бо оила ва занони Тоҷикистонро дарк хоҳад кард, ки чӣ қадар масъулияти азимест раҳбарӣ!!! Вале худо накунад, ки раисаи муҳтарамаи мо таъми асирӣ ва бепуштупаноҳиро барои лаҳзае ҳам бошад, бичашад. Воқеан сахт аст, хеле сахт ва аламовар!

Таассуроти сафари Париж ва суди ин сафари раисаро барои занон ва оилаҳои тоҷик барои баҳсе дигар вомегузорем ва думболи соҳибдаракони дигари ин ҷавонзани тоҷик мегардем.

Саре ба интернет мезанам, то думбол кунам, ки аз ин табиби тоҷик хабари тозае дар дастрас аст ё на. Фейсбукро дарбаста меёбам. Беҳтарин! Ба ҳар ҳол Фейсбукистон ҳам унвонаш карданду бархе табли шодӣ ҳам заданд, ки аз суфикси "истон"-и тоҷикӣ ин кишвари маҷозиро ном ниҳодаанд, аз қулф задани дари он дар фазои маҷозии Тоҷикистон ба он андозае озурда намешавам, ки ба сарнавишти як ҷавонзани тоҷики асир дар асри ХХ1 хафаи зорам.

Ба Худо! Шояд яке ин дарбандиҳо сабаб шаванду тоҷик аз бардагӣ, ғуломӣ, канизӣ наҷот пайдо кунад. Лоақал, ин беҳтарин вариант аст, на интернет асту на Фейсбукистону на хабаре аз Яману кору бор дар дуриву ғарибӣ ва на мушкили асирӣ. Нимтаи нону роҳати ҷон! Гулбаҳор ҳам менишаст пеши фарзандонашу на барои худаш дарди сар эҷод мекард, на барои раисону вазирони масъул ва на боиси навиштани ин мақола мешуд, ки шояд боис шавад, вазире муҳтарам аз ин биранҷад ва боз бигӯяд: "Матбуоти мустақил танҳо танқидро медонад…"

Худо ва Шумо низ шоҳид ҳастед, ҳеч чизе дар ин маврид пайдо наметавонам бикунам, ки лоақал бигӯям, фалон ниҳоди ватанӣ аз асир уфтодани табиби тоҷик, изҳори нигаронӣ чи, ки изҳори таассуф кардааст.

Ба сомонаи интернетии ВКХ ( http://mfa.tj/tj/) сар мезанам, ба ин ниҳод ба такрор занг мезанам,  гуд… гуд… Паёмгир (автоответчик) бо лутф шумораи телефонамро мепурсад, шумораи дигареро бармечинам, гӯширо касе барнамедорад. Шояд ҳама машғули кофтукови хоҳари гумшудаи мо дар Ямананд!? 

Аз ҳеч ниҳоде дар Тоҷикистон асаре аз ин воқеъаи нангин пайдо намекунам. Боварам намешавад, ки Гулрухсор Рофиева воқеан шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад! Шояд "Озодӣ" ва ҳам чанд расонаи дигари … мустақилу номустақил иштибоҳӣ, ғайрикасбӣ хабарро нашр кардаанд…??? Воқеан мехоҳам, ки дар нашри ин хабар ва ин қазия иштибоҳе шуда бошад… ҳеч ҷавонзане аз Тоҷикистон барои корҷӯйӣ на Яман рафта бошаду на асир уфтода бошад ва на ман ангушти интиқод сӯйи ниҳодҳои ҳукуматии кишвари азизам Тоҷикистон баланд кунам ва бигӯям: Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери чатри ҳимояти давлат бояд бошад!

Ин сатрҳоро, ки менависам, яке ҳодисаи ишғоли Панама тавассути Амрико ба баҳонаи ҳимоят аз ҳуқуқҳои як шаҳрвандаш ба ёдам мерасад ва яке дигар суханони шоири инқилобии рус Владимир Маяковский дар мавриди шиносномаи Шӯравӣ; "Читайте, завидуйте, я гражданин Советского Союза". Ба умеди рӯзе, ки бо садои расо дубора ин сатрҳоро бихонем ва бо намудани шиносномаи Тоҷикистон ҳар куҷое роҳамон сабз бошад. 

Аммо афсӯс…

"Озодӣ" хабар медиҳад: "Ноиби консули Русия дар Яман мегӯяд, дар қазияи рабудани ҳамшираи тиббӣ аз Тоҷикистон гумонбарон пайдо шудаанд ва пулиси маҳаллӣ умедвор аст, ки аз тариқи музокирот бо қабилаҳои маҳаллӣ ба озодии ӯ ноил шавад.

Сафорати Русия дар Яман, ки қазияи рабудани ҳамшираи тиббӣ аз Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар вилояти Маъриби ин кишвари арабиро пайгирӣ мекунад, бо такя ба манобеъаш дар нирӯҳои амниятӣ ва пулиси Маъриб мегӯяд, нахустин афроди гумонбар дар ин одамрабоӣ мушаххас шудаанд.

Кирилл Гончаров, ноиби консули Русия дар Санъо, пойтахти Яман  рӯзи 4 ноябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, пулиси Яман ҳаддалимкон аз додани маълумот дар бораи ин қазия аз ҷумла ба сафорати Русия худдорӣ мекунад, вале манобеи наздик ба ҷараёни тафтишот гуфтаанд, ки нахустин нафарони гумонбар дар рабудани табиби тоҷик мушаххас шудаанд ва пулис умедвор аст, ки тавассути ҷалби намояндагони қабилаҳо ба раҳоии Гулрухсор Рофиева ноил шавад.

Ба далели набуди ягон ниҳоди дипломатии Тоҷикистон дар Яман ва тавассути ширкати русии "Здравэкспорт" истихдом шудани Гулрухсор Рофиева дар ҳоли ҳозир талошҳо барои раҳоии ӯ асосан тавассути сафорати Русия дар Санъо ҳамоҳанг мешаванд.

Кирилл Гончаров, ки масъули бевоситаи пайгирии қазияи табиби тоҷик дар сафорат будааст, ба Озодӣ гуфт, даст ба коршиканӣ задани табибони дигари бемористони низомии Маъриб волии ин вилояти воқеъ дар 200-километрии шарқи пойтахти Яманро маҷбур кард, то ду рӯз пеш барои барраси қазияи Гулрухсор Рофиева ҷаласаи изтирории Шӯрои вилоятиро даъват кунад.

Кирилл Гончаров мегӯяд, бисёре аз паҳлуҳои қазия то ҳол норӯшан боқӣ мемонанд: "Аз ҷумла инки чаро Гулрухсор Рофиева дар рӯзи рабуда шуданаш, яъне 29 октябр, аз автобуси хидматӣ даст кашида, худаш ба ҷои кор раҳсипор шудааст? Маълум аст, ки ӯро аз хеле қабл мепоиданд ва нақшаи рабуданашро дар сар доштанд. Аммо кӣ ва барои чӣ?, то ҳол маълум нест."

Ҳамагӣ 2 моҳ пеш як табиби дигари ҳамин бемористони низомии Маъриб низ рабуда шуда буд, вале ба гуфтаи ноиби консули Русия, ӯро баъди ҳамагӣ 3 рӯз бо ҷалби намояндагони қабилаҳои маҳаллӣ озод карданд: "Кори Гулрухсор Рофиева, тавре мебинед, тӯл кашида истодааст. Аҷиб ин аст, ки то ҳол ягон гурӯҳ ё қабила масъулияти ин одамрабоиро бар ӯҳда нагирифта ва дари ивази раҳоии ӯ талабе матраҳ накардааст. Бо ин вуҷуд, хабарҳои ахири расида аз манобеи мо дар пулиси Маъриб моро умедвор кардаанд, ки бо ҷалби намояндагони қабилаҳо Гулрухсор Рофиеваро ҳам озод хоҳанд кард. Аммо ин кор метавонад хеле тӯл бикашад."

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки 4 сол боз дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯзи 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне ғайб зад, ки автобуси хидматии бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, мунтазир нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд.

Ин бори аввал нест, ки як шаҳрванди хориҷӣ ба гаравгон гирифта мешавад. Тайи ду соли ахир мавориди рабуда шудани як табиби ӯзбак, ҳамчунин шаҳрвандони Бритониё, Олмон, Булғористон, Лаҳистон низ иттифоқ афтода буд. Бино ба ахбори расонаҳо, одамрабоён соли гузашта ҳатто талош кардаанд, то сафири Олмон дар Яманро бирабоянд.

Дар соли 2011 табиби тоҷик - Ҳомидҷон Овчибоев 43 рӯз дар дасти одамрабоён буд. Дар ивази раҳоии Ҳомидҷон Овчибоев аз давлати Яман барои қурбониёни як ҳамлаи хунини ҳавоии ду соли пеш, ки болои он қабила шуда буд, ибтидо 200 миллион доллар талаб доштанд, вале дар ниҳоят дар баҳои раҳоии ӯ чанд нафар аз аҳли он қабилаи гаравгонгирро аз маҳбас озод кардаанд.

Яман як кишвари воқеъ дар нимҷазираи Арабистон аст, ки дар чанд соли охир дучори беназмиҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоист. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1990 бар Яман бо панҷаҳои оҳанинаш раҳбарӣ мекард, баъди 22 соли раёсат дар соли 2012 таҳти фишори эътирозҳову ошӯбҳо маҷбур шуд, истеъфо диҳад. Аммо бо ин вуҷуд ихтилофот дар ин кишвари фақрзада то ҳол идома дошта, ҳар сари чанд вақт ба низоъҳои мусаллаҳона ҳам мепечанд. Нирӯҳои артиши Яман таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои низомии Амрико алайҳи ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида, ки чандин минтақаро дар ин кишвар забт кардаанд, низ меҷанганд.»

P.S: Аммо боз ҳам ин танҳо ҳукумат нест, ки ба сарнавишти як шаҳрвандаш беэътиборӣ мекунад, ҷомеъаи маданӣ ё шаҳрвандӣ, созмонҳои грантхӯр, ки бо номи занони тоҷик грант дарёфт мекунанд, ҳамчун ҳомӣ ифтихорномаву табрикномаву дигар мукофотҳоро дарёфт мекунанд, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки раъйи мардумро дар интихоботҳо вом мегиранд, рӯҳониёни кишвар ва расонаҳои хабарии кишвар низ дар ин баҳси номусӣ гунаҳкоранд. Охир, мушкил сари дуздида шудани як духтар, хоҳар ва модари мо -тоҷикон аст, агар воқеан шишаи номус дар бағал дорем мо! Не!!!?

Адолати Мирзо  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97