Саволи ин ҳафтаи «Миллат»:
- Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода ахиран эълон кардааст, ки аз сиёсати Русия дар муноқишаи Украина ҳимоят мекунад ва давлати Тоҷикистон низ бояд аз сиёсати Русия дар масъалаи Украина дифоъ кунад. Фикр мекунед, ки ҷаноби Тураҷонзодаро чи водор кард, ки аз тавсеъаталабии Русия дифоъ кунад? Ва ба назари шумо давлат ба ин маслиҳат бояд амал кунад ва ё сиёсати боздорандаро ҳамчунон идома бидиҳад?
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ:
- Тураҷонзода зимни суҳбаташон ба журналистон гуфта буданд, ки пайвандону фарзандонашон ва онҳое, ки бо он кас робитаи хуб доранд, имконияту шароити корро дар Тоҷикистон надоранд ва бинобар ин водор шудаанд, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба хориҷи кишвар бираванд. Шояд дар Русия низ бизнес ё дигар манфиатҳои фарҳангию динӣ дошта бошанд.
Гумон намекунам, ки бидуни ягон далелу асос ва таҳлил Тураҷонзода ҳамчун сиёсатмадор ва зиёӣ чунин ақидаашонро дастраси ҷомеа намоянд.
Аммо ман бо мавқеи давлати Тоҷикистон дар масъалаи Украина комилан мувофиқ ҳастам. Бояд зикр намуд, ки миёни Тоҷикистону ду кишвари дигари ишора гардида умумиятҳои бисёр вуҷуд доранд ва ба хусус муносибати дуҷониба ва бисёрҷонибаи моро низ бояд ба инобат бигирем. Масалан маълум аст, ки дар чанд созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар асоси умумияти манфиатҳо ҳамкорӣ мекунем. Ба истифода додани НБО-и Роғун бидуни амалӣ намудани шартномаҳои дуҷониба бо Украина имконият надорад, дар муқоиса бо Русия муҳоҷирони тоҷик дар Украина ягон мушкилот надоранд. Донишҷӯну шаҳрвандоне, ки бо сабабҳои гуногун мувақатан дар Украина мебошанд, эҳтирому эътиқод ва самимияти мардуми Украинаро эҳсос менамоянд ва ғайра. Омилу сабабҳо ва шарту шароити муташанниҷ гардидани вазъ дар Украина номукамалии низоми ҳокимият, коррупсия ва кушиши маҳдуд намудани авлавиятҳо дар сиёсати хориҷӣ будааст. Бо вуҷуди он ки тазоҳурот чанд моҳ идома дошт, вобаста ба нажод, миллат, дин ягон кас мавриди шиканҷа аз ҷониби гуруҳҳои мушаххас нашудаанд ва бинобар ин ҷинояти байналмилалӣ низ набуд. Аммо нобаробарии давлатҳои ИДМ ва бархурдҳои қудратҳо вобаста ба аҳамияти геостратегӣ доштани мавқеи ҷуғрофии Украина бар хилофи оинномаи ИДМ ва дигар санадҳои байналмилалӣ боиси халалдор шудани якпорчагӣ ва тамомияти арзии ин давлат шудааст. Ҷанги иттилоотӣ идома дорад, аммо бо дар назардошти дастрасӣ надоштан ба шабакаҳои Украина эҳсос мешавад, ки дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ садою симои русҳо таъсири зиёд доранд. Албатта Би-би-сӣ ва «Озодӣ»-ю Садои Хуросон низ ҳастанд, вале на ҳама дастрасӣ ба ононро доранд.
Ҳамин тавр оид ба масъалаи Украина давлати Тоҷикистон бояд минбаъд низ сиёсати боздорандаро идома диҳад, он мувофиқи мақсад аст.
Ойниҳол Бобоназарова, раиси бунёди "Перспектива+":
- Албатта ин ҳаққи ҳар кас аст, ки чи гуна мавзеъ мегирад. Ман ба ин фикрронии ҷаноби Тураҷонзода розӣ нестам. Чунки сиёсати Русия сиёсати тавсеъаталабист ва ба хоки як кишвар ворид шудан кори дурусте нест. Ва инро ниме аз ҷаҳон маҳкум мекунад. Ҷаноби Тураҷонзода қаблан ҳам дар мавриди Абхазистон чунин як мавзеъгирӣ доштанд, бо ин иддаъо, ки мо бо Русия шарики стратегӣ ҳастем, муҳоҷирони тоҷик он ҷо зиёд ҳастанд ва вобастагиҳои зиёде аз он дорем. Аммо набояд фаромуш кард, ки Тоҷикистон аз кишварҳои дигари дунё, ба хусус Аврупо низ вобастагиҳое, дар заминаи қарзу сармоягузорӣ дорад. Ва аз ин рӯ дар чунин як шароите ки Тоҷикистон қарор дорад, фикр мекунам, ҳамин мавзеъгирии муносибе аст. Яъне сукут кардан. Як назареро ҳам дар интернет дидам, ки хуб гуфта мешуд, ки кишварҳои қудратманд ва бузургтар ҳатто дар ин боб сукут ихтиёр кардаанд ва хомӯширо авлотар аз ҳар гуна мавзеъгирӣ донистаанд. Ҳамин мавқеъе, ки Тоҷикистон дар чунин як ҳолати замонӣ ва маконӣ гирифтааст, мавқеъи муносиб ва дурусте аст.
Ҳоҷи Муҳаммад Умаров, профессор, номзади илмҳои иқтисодӣ:
- Ман дар ин маврид фикри Ҳоҷи Акбар Тураҷонзодаро дастгирӣ мекунам. Ва агар нируҳои миллигарои Украина сиёсати некро пиёда месохтанд, он вақт мавқеъи мо дигар мебуд. Ин милигароҳои Украина бадтар аз фашистони Гитлер ҳастанд, бовар кунед. Вақте ки мебинед, ин миллигароҳои Украина ба корҳои гӯшношунид даст мезананд, ба ҳич ваҷҳ аз амалҳои онҳо дастгирӣ намекунед, ба хусус вақте ки дар Донетск одамонро зинда ба зинда сӯзониданд. Ин сиёсати бисёр бад аст. Ва бо он воқеиятҳое, ки мо дар ҳамкорӣ бо Русия дорем, бояд давлат аз сиёсати Русия дар баробари Украина ҷонибдорӣ кунад.
Акмали Қадам, рӯзноманигори муҳоҷир:
- Тураҷонзода аз ҷумлаи он чеҳраҳои сиёсиест, ки то ин дам мақоми ӯ номаълум боқӣ мемонад. Замоне ӯро агенти Амрико шуморидам, пасон одами шайхони араб ва мухолифи сарсахти ҳукумати Раҳмон.
Ҳар гуна ҳимоя аз режими фашистона ва забткоронаи ҳукумати Путинро ғайри қобили қабул мешуморам ва гумон дорам танҳо ду тоифа метавонанд аз ин режими диктаторӣ ҳимоят кунанд; ашхосе, ки аз ин ҳукумат ҳимояи молӣ мебинанд ва он одаме, ки ба ғайр аз расонаҳои русӣ, ки бо мошини пропагандаи ҳукумати Кремлин табдил ёфтаанд, аз дигар расонаҳои озод бехабаранд.
Тураҷонзода аз он чеҳраҳое буд, ки зидди режими коммунистӣ баромад кард ва яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷанги шаҳрвандӣ ҳисоб меёбад. Чаро имрӯз боз аз он режиме сухан меронад, ки он Тоҷикистонро ба як кишвари дар наздаш гадо табдил ва миллати тоҷикро таҳқиру ғулом намуд, ҳимоят мекунад? Чаро аз он шахсе ҳимоят мекунад, ки беш аз 14 сол тоҷиконро ба Ҷамшуду Равшан табдил дода, бо омадани ӯ ба саҳнаи сиёсии Русия аз соли 2000 ба ин сӯ миллати мо ба як миллати ҳақиру масхара дар ин кишвар табдил ёфтаанд?
Дар сурате, агар Душанбе аз мудохилаи низомии Русия ба хоки Украина ва ё истиқлолияти вилоятҳои ҷудогонаи ин кишвар, ки худро давлати мустақил эълон кардаанд, ҳимоят кунад, ба "рӯйхати сиёҳ"-и Амрикою Аврупо дохил шуда, метавонад зидди Тоҷикистон ҳам қатъномаҳо қабул шавад. Гумон мекунам, ки дар ҳукумати Тоҷикистон кам ҳам бошанд, дипломатҳои беҳтар аз Тураҷонзода ҳастанд, ки сиёсати хориҷии кишварро хуб ба роҳ монанд.