Аз ҷарақаи ҷанг дар Украина кӣ манфиат мебарад?

Сиёсат 12.05.2014 16:21

Kiev UkrainАз назарсанҷиҳои қаблӣ маълум шуд, ки мавқеи Путин дар қиболи Украинаро бархе аз соҳибназарон иштибоҳ ва бархеи дигар дуруст арзёбӣ карданд. Ҳоло ки дар қаламрави ин кишвар оташ афтодааст ва аллакай қурбонӣ ҳам гирифтааст, аланга гирифтани ин оташро бархе баъид намедонанд. Аммо аз ин ҷанг кӣ манфиат мебарад. Бо ин суол ба суроғи чанде аз ҳамватанон рафтем: «Ба назари Шумо кадом кишвар бештар манфиатдор аст, ки ҷанги дохилӣ дар Украина аланга бигирад ва ҳамин тавр Аврупо вориди низоъ шавад: Русия ё Амрико?»

Firdavs NiyziФирдавс Ниёзӣ, рӯзноманигор:

- Ба назари шахсии ман, ки аз таҳлили чанд рӯзи охири вазъи сиёсии дар Украина ба амал омада, пайдо шуд, ин аст, ки албатта ин ҷо Амрико ҷонибдори он аст, ки дар Украина ҷанг аланга гирад. Ба он далел, ки Амрико баъди пошхурии Иттифоқи Советӣ ба тамоми мамлакатҳои қафомонда  "демократия"-ро туҳфа меорад  ва аз соддагии мардумони ин давлатҳо истифода карда, низоъҳои дохилиро ташкил медиҳад. Барои мисол баъди "мубориза " бо терроризм "дар Афғонистон ҳар рӯз ҷангу ҷидол, дар Ироқ, дар Миср, ... Ин ошубҳо сохтаи сиёсатмадорони  ИМА аст. Нақшаҳои худро дар кишварҳои пасошуравӣ амалӣ месозанд. Украинҳо ва русҳо халқҳои славянианд ва дар гузаштаи начандон дур низ бо ҳам дар як давлат зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи рӯзи 2-май дар Одесса ба вуқуъ омада бозгӯи сохта ва тарҳрезигардида будани ин ошубҳо дар Украина мебошад. Воқеан ҳам, иқтисоди Украина аз бозори Русия вобаста аст, ки ин мустақилии комили Украинаро зери суол мебарад.

Lola olimovaЛола Олимова, таҳлилгари умури байналмилал:

- Мутаассифона, таърих шоҳиди он аст,  ки  агар қувваҳои сеюм ба низоъи дохилии ягон мамлакат дахолат мекунанд, он низоъ авҷ мегирад. Инро мо дар кишвари худ ҳам дидем, дар дигар ҷойҳои дунё ҳам, ва ҳоло ин воқеъа дар Украина такрор ёфта истодааст. Дар ин минтақаи ҷаҳон қувваҳои сеюм ва чорум ҳам дасти худашонро заданд, ки боиси авҷ гирифтани задухурдҳо байни гуруҳҳои мухолиф шуд.

Ба назари ман, аз ҳама сенарияи бадтарине, ки метавонист вусъат меёфт, ҳоло дар Украина иҷро шуда истодааст. Сад афсус мехурем, ки ин хел кишвари обод, ки Тоҷикистон бо он хеле робитаҳои устувори иқтисодӣ дорад, имрӯз дар гирифтааст.

Кӣ гунаҳкор аст? Воқеъбинона ҳоло ин савол беҷавоб аст. Русия дар ин минтақа манфиатҳои худро дорад, ва аз як ҷиҳат инро фаҳмидан мумкин аст.  Мо шоҳиди он мешавем, ки ҷаҳони дуқутба дар ҳоли барқарор шудан аст. Ва ҷанге, ки ҳоло дар Украина рафта истодааст, аз он гувоҳӣ медиҳад.

Афсус, ки Русия тарафдори халқи Украина нашуд, балки тарафи президент Януковичро гирифт, ки ӯро мардумаш қабул накард. Аз дасти мо ҳоло фақат он меояд, ки интизор шавем, ки маҷрои ҳаводис то куҷо рафта метавонад.

Rahmatulloi RajabРаҳматуллои Раҷаб, иқтисодшинос:

- Имрӯз абарқудратон бори дигар мехоҳанд ҷаҳонро тақсим намоянд ва мехоҳанд тухми низоъро дар ҷумҳуриҳои пасошуравӣ, ки соҳибистиқлолиро пеша кардаанд, бори дигар зери тасаруфи худ қарор бидиҳанд. Вале гап сари давлатҳои собиқ Шуравӣ нест. Ҳар давлати зафъ дошта, бахусус сарваронашон худкома ҳастанд ва барои қудрат тайёр ҳастанд қисман  кишварашонро барои манфиъат дар ихтиёри абарқудратон бигузоранд, ҳатто бидуни ягон созиши пуливу молӣ. Ҷангҳои дохилии Украина сохтаанд, амрикоиҳо намехоҳанд, ки Русия дар ин кишвар нуфуз дошта бошад. Баъди тасаруфи Қрим аз тарафи Русия аввалан каме хомушӣ ҳукмфармо буд, акнун Русия мехост зиёдтар шаҳрҳои дигари Украина, мисли Одесса ва ғайраро зери нишон бигирад. Аз ин иқдоми русҳо Амрико нороҳат шуда ба ҳукумати кунунии Украина забон як карда ҷангҳои чирикиро шуруъ намуданд. Ин ҳоло саршавии низоъ аст. Амрико мехоҳад бо кумаки Аврупо ҳатто шаҳрҳое, мисли Қриму Одессаро бозпас бигиранд, барои ҳамин ҷангҳои дохилии Украина бастагӣ ба Амрикову Русия дорад, мешавад гуфт, ин ҷанги Амрикою Русия аст.

Олег Сандро Панфилов, коршиноси расонаӣ:

- Русия. Зеро ки Русия мехоҳад СССР (ИҶШС)-ро барқарор кунад, аммо аксарияти мардуми украин инро намехоҳад.

Хуршеди Атовулло, сардабири "Фараж":

 - Амрико. Чунки маҳз омили оташ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ метавонад Амрикоро ба сарҳадҳои Русия наздик кунад.

Бек Раҳмонӣ, хабарнигор:

- Ё ҳар ду!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97