ОЁ ЗӮРИ НАТО БА РУСИЯ МЕРАСАД?

Сиёсат 18.04.2014 15:30

obama NATO"Бигзоред аввал аз ҳама як нуктаро комилан рӯшан бигӯям. Ҷанги сард бознагаштааст. Русия бо тамоми тавони низомӣ ва худнамоиҳояш Иттиҳоди Шӯравии собиқ нест ва шароити феълӣ ҳам бозгашти даврони набарди идеологӣ, ки ҷаҳонро дар қарни бистум ба ду урдугоҳ тақсим карда буд, нест."

Ин ҳарфҳои як дипломати аршади созмони НАТО аст, ки ахиран бо ӯ гуфтугӯ кардам.

Вале пас аз пайвастани Қрим ба хоки Русия ва идомаи таҳдиди низомии Маскав алайҳи бахши шарқии Украина тағироти муҳимме рӯй додааст.

Давлати Русия улгуи рафтори дипломатиро, ки пас аз поёни ҷанги сард дар Аврупо тасбит шуда ва дар ҳақиқат шеваи матлуби ҳаллу фасли буҳронҳои минтақаӣ пас аз суқути Олмони нозӣ дар Аврупо талаққӣ мешавад, канор гузоштааст.

Шеваи матлуби Аврупо ин буда, ки ихтилофотро ба ҷои қудрати низомӣ метавон бо дипломатия ҳал кард ва меъёри санҷиши қудрати ҳар кишвар ва ё ҳар блок дар тавони иқтисодӣ аст ва на қудрати низомии он.

Бадтар аз ҳама ин ки суханронии даҳ рӯзи пеши Владимир Путин дар кохи Кремлин нишон дод, ки он чӣ ки Маскав дар мавриди Қрим ва Украина анҷом дода, поёни моҷаро нест. Сухангӯёни давлати Русия мумкин аст ин нуктаро такрор кунанд, ки қасди эъзоми неру ба хоки Украинаро надоранд, вале нақшаи истиқрори неруҳои Русия ҳовии паёми мутафовуте аст ва нишон медиҳад, ки барномаи воқеии онҳо вуруд ба хоки Украина аст.

Владимир Путин то куҷо пеш хоҳад рафт?

Putin UkrainaСуханронии даҳ рӯзи пеши Владимир Путин аҳамияти вижае дошт. На фақат чун дар тавзеҳи идаҳои худ комилан ҷиддӣ ва қотеъ буд, балки ба ин хотир ки суханони ӯ баёнгари ошкори як навъи эҳсоси сархӯрдагӣ аз тазъифи Русия дар солҳои пас аз суқути иттиҳоди Шуравӣ ва гароиш ба талофӣ кардани он давронро мунъакис мекард.

Фаронсавиҳо барои баёни ин ҳолат калимаи гӯёе доранд. "Рунчисм" дар ҳақиқат баёнкунандаи таркибе аз эҳсоси интиқом пас аз як шикасти таҳқиромез аст. Ин мафҳум пас аз шикасти сангини Фаронса аз Прус дар соли 1870 дар равоншиносии фаронсавиҳо ҳак шуд ва бисёре аз русҳо ба хусус ҳалқаи наздикони Владимир Путин, дар мавриди солҳои пас аз суқути Иттиҳоди Шуравӣ ва он чи, ки Русия аз Ғарб дидааст, эҳсоси мушобеҳе доранд.

Владимир Путин эълом кард, ки Русия мехоҳад қудрати худро боз ёбад ва қасд дорад ин қудратро дар манотиқе, ки ҳавзаи нуфузи он кишвар талаққӣ мешавад, эъмол кунад. Украина бузургтарин бахш аз минтақае аст, ки Маскав онро ҳавзаи нуфуз ва ё ҳаёти хилвати худ талаққӣ мекунад.

Албатта мушаххас нест, ки Владимир Путин ҳозир аст то куҷо пеш биравад. Аммо хатари ношӣ аз чунин тағйире дар роҳкори Маскави комилан аён аст. Ин хатар дар мавриди Украина ва ноҳияи Тронсднестриё дар Малдавия комилан ҷиддӣ аст ва пас аз он маълум нест, ки чӣ манотиқи дигареро ҳадафи худ қарор диҳад.

Ба ҳамин хотир кишварҳое назири се ҷумҳурии Балтик, ки даҳ соли пеш ба паймони НАТО пайвастанд, то ҳадде эҳсоси амният мекунанд. Ва боз ба ҳамин хотир аст, ки ҳифозат ва додани тазмин ба кишварҳои узви ин паймон якбора ба авлавияти аслии НАТО бадал шудааст.

Паймони низомии Атлантики Шимолӣ наметавонад аҳдофи воқеъии Кремлинро пешбинӣ ва ташхис диҳад. Фақат бо таҳлили иқдомоти амалии Русия метавонад тавоноиҳои онро бисанҷад.

Аммо НАТО чӣ метавонад бикунад? Аввалин иқдоми он додани тазмин ба аъзои ин паймон дар шимоли Аврупо аст.

Ҳимоят аз Украина

tanku tubiПаймони НАТО дар аввалин иқдомаш мумкин аст ҳузури низомии худро дар ҷумҳуриҳои Балтик ва Лаҳистон тақвият кунад. Анҷоми размоишҳои кучак ба сурати давомдор метавонад ҳузури низомии НАТО дар ин кишварҳоро дар ояндаи кӯтоҳмуддат доимӣ кунад.

Дар айни ҳол ин паймон ба ҳимояти худ аз Украина хоҳад афзуд. Албата баъид аст ки феълан Украина ба паймони НАТО бипайвандад, чун раҳбарони феълии он кишвар чунин тамоюле надоранд. Вале набояд фаромӯш кард, ки Украина расман ҷузъи ҳамкорони НАТО аст. Паймони НАТО барои беҳбуди контроли давлати мунтахаб бар неруҳои мусаллаҳ барномарезиҳои дифоъӣ ва умури дигар ба Украина кумак кардааст.

Ба эҳтимоли зиёд чунин кумакҳое ва илова бар он кумакҳои низомии ғайритаслиҳотии дигар барои тақвияти тавоноиҳои артиши рӯ ба измиҳлоли Украина идома хоҳанд ёфт.

Паймони НАТО дар айни ҳол нишон дода, ки ҷиҳатгирӣ дар густариши марзҳои ин паймон тағйир нахоҳад кард. Бархе аз мунтақидон мегӯянд, ки густариши марзҳои паймони НАТО пас аз поёни ҷанги сард ба наҳве боъис шуд, ки Русия ба ин шакл дар Украина дахолат кунад. Ба эътиқоди ин гурӯҳ густариши марзҳои паймони НАТО боъис шуда, ки Русия эҳсос кунад дар ҳолати муҳосира қарор гирифтааст.

Мақомоти НАТО чунин таҳлилеро аз бунён рад мекунанд. Андрес фу Росмусен, дабири кулли НАТО дар мақолае, ки чанд рӯз пеш дар матбуъоти тамомии 12 кишваре, ки пас аз поёни ҷанги сард ба НАТО пайвастаанд, мунташир шуд, таъкид кард, ки густариши марзҳои НАТО барои кулли Аврупо барои ин паймон ва аъзои ҷадиди он мусбат будааст. Ӯ афзуд, ки раванди густариши НАТО идома хоҳад ёфт ва ҳар кишваре ба таври мустақил бояд дар мавриди интихоби иттиҳоди минтақаии худ тасмим бигирад.

Бар ҳасби тасодуф мулоқоти ин ҳафтаи НАТО бо се солгард ҳамзамон шудааст. Понздаҳумин соли пайвастани Лаҳистон, Маҷористон ва ҷумҳурии Чек, даҳумин соли пайвастани Булғористон, Эстония, Латвия, Литва, Руминия, Словени ва Словакия ва панҷумин соли пайвастани Албания ва Косово ба ин паймон. Вазирони ширкаткунанда дар ҷаласа ин муносибатҳоро ҷашн хоҳанд гирифт ва мусалламан ин барнома аз диди раҳбарони Русия дур нахоҳад монд.

Вале аз ҳама муҳимтар раҳбарони НАТО бояд барои оянда барномарезӣ кунанд. Муҳимтарин нукта ин аст ки ин паймон дар баробари бодҳои шадиде, ки аз суи Маскав мевазанд, чӣ вокунише бояд нишон диҳад? Тарҳҳое, ки дар ҷаласоти ин ҳафта матраҳ мешаванд дар иҷлоси баъдии сарони кишварҳои узви НАТО, ки қарор аст дар Уейлс баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Қонуни бозӣ

artishi ukrainaМабоҳиси ҷаласаи ояндаи НАТО ба мутолеъоти роҳбурдии ахири ин паймон ҷиҳати дақиқтаре хоҳад дод. Ба унвони намуна ояндаи муносиботи НАТО ва Русия чӣ гуна хоҳад буд? Оё ин таниш ва сардии муносибот муваққат аст? Ва ё он тавр, ки як мақоми НАТО ба ман гуфт тамоми талошҳои солҳои ахир барои банои навъе ҳамкорӣ бо Русия ба хатар афтодааст?

Агар қавоъиди амнияти Аврупо тағйир карда бошанд, паёмҳои низомии он чӣ хоҳад буд? Кишварҳои аврупоӣ, ки ҳама аз назари иқтисодӣ таҳти фишор ҳастанд, мумкин аст маҷбур шаванд буҷаҳои дифоъии худро афзоиш диҳанд ва ё ҳадди ақал тавоноии низомии худро ҷиддитар бигиранд.

Давлати Амрико ба шакли маҳсус ва ошкортаре бояд таъаҳҳуди худ ба амнияти Аврупоро мавриди таъкид қарор диҳад. Шояд барномарезӣ ва улгуи размоишҳо ва ҳамкориҳои низомӣ бояд тағйир кунад. Шояд сохтор ва созмондиҳии неруҳои муштараки НАТО низ бояд мавриди бозбинӣ қарор бигирад.

Мусалламан вазъият ба шакли қабл нахоҳад монд. На ба ин хотир ки даврони ҷанги сард бозгашта, балки ба ин далел ки нафаси вуҷудии паймони НАТО, яъне дифоъ ва ҳифозат аз аъзои ин паймон, ба нисбати чанд ҳафтаи пеш якбора аҳамияти бисёр бештаре пайдо карда аст .

Ҷонатан Маркос таҳлилгари масъалаҳои дипломатӣ дар Би-би-сӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97