"Худошиносон" "Худо"-ро нашносанд

Сиёсат 16.04.2014 19:36

Ҷавоб ба мақолаи ҳафтаномаи "Миллат" аз 26.03.2014, №12 таҳти унвони "Худои мо мудири маориф аст, аз ӯ иҷоза бигиред"

javob ba Maktabi n.PANJ01Ба сармуҳаррири нашрияи мустақили ҷамъиятӣ-сиёсии "Миллат"

"Мешудаст ку"

Аз идора: Ба унвони нашрия вокуниши Ш. Асомиддинзода, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ расид. Аз ин вокуниш маълум мешавад, ки камбудҳои ошкоркардаи хабарнигор бартараф шудаанд. Ин матлаб бидуни кадом ҳангомае, он чуноне ки номанигор пешгуфтори идораи нашрияро чунин мешуморад, танҳо ба хотири рафъи камбуд нигошта шуда буд. Ва ин ки як таълимгоҳ тармим шудаву хатар рафъ шуда бошад, боиси хушҳолист. Воқеан, мешудаст ку!!! Агар ин кор қабл аз "ҳангома" кардани хабарнигор мешуд, чи беҳтар буд, ки ҳич гилае дар миён намебуд. Ва муаллима низ аз ҳузури меҳмони "нохонда" ба ҳаяҷон намеомад ва шакке барои шиносоии Худо ҳам намешуд. Худи муаллима хабарнигорро гунаҳкор намедонад ва ҳарфе дигар мегӯяд, аммо номанигор хабарнигорро дар худонашносӣ муттаҳам мекунад. Мантиқ куҷост?!

Хуб, аз зери нохун чирк намекобем. Муҳимтар аз ҳама ҳалли мушкил буд. Умедворем воқеан мушкилот бартараф шуда бошад ва на танҳо ин мактаб, балки мактабҳои дигари ноҳия низ орӣ аз мушкил бошанду ташрифи бемавриди хабарнигорон низ боиси озурдагии масъуле нагардад.

Дар ҳафтаномаи "Миллат" аз 26-уми марти соли 2013 мақолае бо сарлавҳаи "Худои мо мудири маориф аст, аз ӯ иҷоза бигиред" бо пешгуфтори ҳушдорсоз интишор ёфт, ки бо ҳангома таъкид шудааст:

"Як расона ба ҳеҷ ваҷҳе наметавонад ба масъалаҳое ҳамчун омӯзишу парвариш бетаваҷҷуҳ бошад, вале навиштаҳои ахири "Миллат" боиси ранҷиш ва сӯи тафоҳум миёни масъулони Вазорати маориф шудааст. Инак, боз як масъалаи дигар аз ин қабил ба суроғаи идораи нашрияи "Миллат" омадааст, ки наметавон онро нодида гирифт…

… Ва ҳадафи мо аз гуфтану ифшои ин камбудиҳо ва суҳбат аз мушкилоти мавҷуд фақат ва фақат мусоидат барои рафъи онҳост ва халос. Бо нашри ин матлаб фикр мекунем, ки ҳам барои рафъи мушкили хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон кумак ва ҳам ба Вазорати маориф дар роҳи шиносоии мушкилоти мавҷуд ва ҷалби мақомоти дигар барои ҳалли масъалаҳои маориф мусоидат карда бошем."

Maktabi n.PANJБа диққати хонандаи закӣ мерасонем асли воқеаро ёдовар шуданием. Якчанд рӯз пеш ду ҷавон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 омада, худро мухбир вонамуд карда, бо мақсади санҷидани ҳолати муассиса бо дӯғу дағдаға хостанд вориди он шаванд. Вақте аз онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият талаб карданд, аз нияти худ баргаштанд. Рӯзи дигараш онҳо бо нафари дигаре, ки худро хабарнигор муаррифӣ намудаасту дар ин бобат ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод накарда, худсарона зада ба муассисаи таълимӣ даромада, ба пурсишу аксбардорӣ машғул шуданд. Баъд аз чанд рӯз аз мақолаи зери сарлавҳаи фавқ дар ҳафтаномаи "Миллат" интишорёфта маълум гашт, ки хабарнигори худсарро ному насаб Ясриби Карим будааст… 

Хабарнигор афзудааст, ки мактаб бесоҳиб аст (яъне муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 н. Панҷ), чун як тарафаш вайрон шудааст, вале касе назорат намебарад. Аз ҳукумати маҳал ва шуъбаи маориф касе аз аҳволи мактаб хабар нагирифтааст. Боми мактаб мечакад… Синфхонаҳоро хонандагон тамиз мекунанд ва… Сарлавҳаи мақола "Худои мо мудири маориф аст….." - ро ки аз номи муаллима Г.Нурова хабарнигор ба андозаи фаҳму идроки худ баён кардааст.  

Ҳақиқати ҳол он аст, ки хабарнигор ба ҷойи худро шиносонидану ҳуҷҷати расмиашро пешниҳод кардан, аз доираи одоб баромада, "Мудири маориф Худо аст, ки аз ӯ иҷозат гирем" гуфта, шӯридааст. Ба ҳар ҳол қоидаи одоб - хоҳ одоби инсонӣ бошаду хоҳ одоби рӯзноманигорӣ,  бояд аз ҷониби мухбир риоя мешуд. Аз тарафи дигар, шояд хабарнигор аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои  ахбори омма" огаҳӣ надошта бошад?

Дар моддаи 28-и ҳамин қонун - "Ҳуқуқҳои журналист" омадааст, ки журналист ҳуқуқ дорад: вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсуҳбат шавад.

Maktabi n.PANJ01Дар моддаи 29, сархати 7 чунин сабт шудааст: ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодатнома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти ӯро ба воситаи ахбори омма тасдиқ менамояд, пешниҳод кунад.

Бояд гуфт, ки дар ин ва дигар муассисаҳои таълимии ноҳия ба рӯбучину шустани фарши  синфхонаҳо, чи хеле хабарнигор афзудааст, ягон хонанда сафарбар карда намешавад ва нашудааст. Мувофиқи шумораи синфхонаҳо бастҳои корӣ барои фаррошҳо мавҷуданду ин корҳоро онҳо ба ҷо меоранд, на хонандагон. Дигар ин ки боми мактаб намечакад, чунки он ду сол пеш аз нав сохта пӯшонда шудааст. Дар хусуси аз ҳоли мактаб хабар нагирифтани роҳбарон бошад, сухани мухбир асос надорад. Чунки дар натиҷаи рехтани хиштҳои як қисми девори хонаи муаллимон ҳамон лаҳза директори мактаб З.Абдураҳимова моро аз воқеа огоҳ кард. Ҳамроҳи раиси ноҳия ва сармеъмор зуд ба мактаб ҳозир шудем. Хонаи муаллимон ва роҳрави назди он, ки дар муқобилаш ду синфхона воқеъ гардидааст, фавран баста шуданд.

Мактаб дорои 20 синфхона буда, хонандагон дар ду баст, яъне дар 17 синф фаъолият менамоянд, ки ин барои 712 нафар хонанда (на 800 нафари гуфтаи хабарнигор) пурра мусоидат менамояд ва 2 синфхонае, ки аз сабаби хатари девори муаллимхона баста шудаанд, ҳеҷ монеаеро барои таҳсил ба вуҷуд наоварданд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 соли 1962 ба истифода дода, баъдтар дар назди он боз 10 синфхонаи иловагӣ сохта шудааст. Соли 2012 10 синфхона ва боми муассиса ба маблағи 56 ҳазор доллари амрикоӣ тармиму таъмир карда, дар назди мактаб ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ҳоҷатхонаи замонавӣ сохта шуд. Ба замми ин баъди таъмири мактаб соли гузашта аз ҳисоби буҷаи маҳал 2500 сомонӣ ва падару модарон 5080 сомонӣ маблағ масраф гардидааст.

Дар ҳамин радиф ногуфта намонад, ки дар ноҳия кам набуданд мактабҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта. Вале ин монеаҳо бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳия, инчунин созмонҳои байналмиллалӣ бартараф шудаанд. Дур нарафта 5 соли охирро мегирем. Дар ин давра биноҳои нави мактабҳои №№5,43, 44,46,11,25, ҷамъ ба маблағи 11 млн. 203 ҳазор сомонӣ сохта шуданд. Инчунин дар назди мактабҳои №7,13,22,32,23,42, ҷамъ ба маблағи 1 млн. 936 ҳазор сомонӣ синфхонаҳои иловагӣ дар шакли биноҳои нави замонавӣ сохтаю мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон бунёди биноҳои мактабҳои сохтмонашон нотамом вусъатнок идома дорад.

Maktabi n.PANJ02Ҳангоме ки бо ҷонишини директори мактаб Гулҷаҳон Нурова суҳбат доштем, ӯ чунин иброз дошт: "Вақте ман гуфтам, ба роҳбарияти маориф барои ба мактаб сари кор гирифтанатон муроҷиат намоед, кӣ будани худро маълум кунед, ин муассисаи давлатист, иҷозати аксбардориро гиред" аз нафарони ҳамроҳи хабарнигор гуфтанд, ки "Мудири маориф худост, ки мо аз ӯ иҷоза гирем". Дар ҷавоб гуфтам: "Бале, худои мо, омӯзгорон, мудири маориф аст". Хабарнигори "донишманд" намедонистааст, ки вожаи "худо" ба маънои "соҳиб, молик роҳбар" низ меояд.

Дар ҳикояте аз Убайди Зоконӣ омадааст:

Деҳқоне дар Исфаҳон ба дари Хоҷа Баҳоуддини соҳибдевон рафт. Бо хоҷасаро гуфт, ки "Бо Хоҷа  бигӯй, ки Худо берун нишастааст, бо ту коре дорад". Бо Хоҷа бигуфт. Ба эҳзори (ҳозир кардан) ӯ ишорат кард. Чун даромад, пурсид, ки:

- Ту худоӣ?

Гуфт: - Оре.

Гуфт: - Чӣ гуна?

Гуфт: - Ҳол он ки ман пеш деҳхудою боғхудою хонахудо будам. Наввоби ту деҳу боғу хона аз ман ба зулм бистаданд, Худо монд.

Изҳори нигаронии Мақсуд Нуруллоев, як сокини дигари деҳа, ки дар асл на дар ақди никоҳ оила дораду на фарзанд, аз он аст, ки болои сари "фарзандонаш" гӯё об мечакидааст.

 Ҳол он ки боми мактаб соли гузашта пурра аз нав сохтаю иваз карда шуда буд.

Хуб мешуд, ҳангоме ки хабарнигор аз забони боз як "ғамхор"-и мактаб Ҷӯрабек Носиров дар бораи "вазъияти мактаб" маълумот гирифтанаш, бевосита хаттӣ ё шифоҳӣ ба ҳукумати маҳаллӣ ва шуъбаи маориф муроҷиат мекард. Хабарнигори гапдаро аз куҷо медонад, ки танҳо дар нимаи дуюми моҳи декабри соли 2013 дар ҷамоати деҳоти "Озодагон", ки гӯё "касе парвои муассисаҳои таълимӣ надорад", дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11 ва 25 ба маблағи 3 млн. 200 ҳазор сомонӣ синфхонаҳои иловагӣ дар шакли бинои дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Аз хонандаи синфи 5-ум Нозанин Раҳмонова, ки расмаш дар рӯзномаи "Миллат" акс ёфтааст, пурсон шудем, ки шуморо ба шустани фарши синфхона, кӣ маҷбур сохт, чунин ҷавоб дод: "Ман дар синф навбатдор будам, хонандагон дар ҷамъомади нисфирӯзӣ. Ду нафар вориди синфхона гардида, гуфтанд, ки "швабрро гирифта фаршро тоза кардан гир, мо туро аксбардорӣ мекунем". Аҷабо, ин гуна найрангро бани одам ёд надошт.

Сармуҳаррири муҳтарам!

Хабарнигори шуморо надидаам, бо ӯ вонахӯрдаам. Аммо дар доираи фаъолияти худ бо журналистони зиёде шишту хез кардаем, камоли ҳамнишинӣ бо эшон беасар намонд, бисёр чизҳоро омӯхтем. Ва бо амри тақдир, ки имрӯз ба мактабу маориф сари кор дорем, дари коргоҳу мактабхонаеро ба рӯи касе набастаем.

Дар ниҳоят девори кафидаи бинои хонаи муаллимон бо дастони нозуки омӯзгорон, ки умри хешро сарфи таълиму тарбияи волидайни бошандагони деҳаҳое, ки имрӯз бархе бо овардани рӯзноманигор худро "дилсӯз" мегиранд ва фарзандони онҳоро низ тарбия карда истодаанд, таъмир ёфт. "Дилсӯзон" ду даст дар ҷайб тамошо карданд ва боз ба устодони хеш гуфтанд: "мешудаст, ку!" …

Хеле аҷиб аст номи муқаддаси Парвардигорро дар ин миён овардану касеро ба "даъвои худоӣ" туҳмат задан? Ин чӣ маъное дорад ва магар ин аз рӯи одоб аст? Ба ҳар ҳол, одоби гуфтору ахлоқи инсонӣ ҳам бояд андозае дошта бошаду сухани хабарнигор эътимоде!

Ба гуфти бузургон:

Адаб тоҷест, аз нури Илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Бо эҳтиром: Ш.АСОМИДДИНЗОДА

мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ        

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97