Афғонистон дар сероҳаи интихоб миёни неонатсизм, мазҳабгароӣ, демократия

Сиёсат 08.04.2014 12:12

aghan election debateТо як ҳафтаи дигар, яъне 5 апрел мардуми Афғонистон ба сари сандуқҳои раъй хоҳанд рафт, то аз миёни 9 номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ якеро барои панҷ сол президент интихоб кунанд. Таҳаввулоти Афғонистон ба сурати хубу бад ҳамеша дар умури Тоҷикистон асаргузор воқеъ шудааст, аз ин хотир мо бояд ҳамеша ин таҳаввулотро зери назар дошта бршем. Агарчанд Тоҷикистон ҳамеша сиёсати муносиб ва дурусте дар қазияи Афғонистон дошта, (агарчи гоҳо ҳамроҳ бо заъф), ва мудохилае надошта, вале барои муҳосиботи худ ва посух гуфтан ба чолишҳои оянда, хоса баъди 2014, бояд ба сурати ҷиддӣ дар ҷараёни таҳаввулоти ин кишвари ҳамсоя қарор дошта бошем.

Ин кишвар, ки Тоҷикистон тӯлонитарин марзи худро бо он дорад, аз 13 сол ба ин сӯ, аз баъди конфронси Бон, дар соли 2001 тавассути Ҳомиди Карзай раҳбарӣ мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки Ҳомиди Карзай дар маҷлиси Бон, ки миёни чор ҷараёни аслии афғонӣ ва бо мусоидати ҷомеъаи байналмилалӣ сурат гирифта буд, бар асари тавофуқ ба раҳбарии ҳукумати муваққат нишаст. Вагарна дар интихобе, ки сурат гирифта буд дар ин конфронс, Карзай ҳамагӣ 2 овоз гирифт ва 17 овозро Абдусаттори Сират, намояндаи ҷараёни Рум соҳиб шуда буд. (ниг. Қ. Искандаров, «Афғонистон дар ибтидои асри ХХI», Душанбе, «Ирфон».) Вале чун Карзай мавриди назари Амрико буд, ӯро ба ҷои Сират ба унвони раҳбари нави Афғонистон ба ҳамаи гуруҳҳо қабулонид. Дар ду интихоботи баъдӣ, (2002 ва 2004) Карзай бо истифода аз имконоти идорӣ пирӯз шуд. Аммо дар интихоботи соли 2009 раъйи кофӣ ба даст наовард ва тарафдоронаш даст ба тақаллуб заданд. Қарор буд, ки даври дигари интихобот баргузор шавад, аммо доктор Абдулло Абдулло, бо мулоҳизоте, ки то кунун ҷузъиёташ эълон нашудааст, аз идомаи сабқат канор рафт ва ба ин тартиб, Карзай бидуни он ки бештар аз 50 дарсади овозҳоро касб кунад, бо ҳамон бештар аз 40 дарсади раъйи гӯё ба даст овардааш, раиси ҷумҳури Афғонистон эълон шуд. Мухолифонаш баъди ин иқдом мегуфтанд, ки акнун бояд ба ӯ «султон Карзай» хитоб кард, зеро интихоб нашудааст, интисоб шудааст.

Аммо ҳоло вазъият ба эътиқоди таҳлилгарони умури Афғонистон комилан дигар аст. Аввал ин ки Карзай бо вуҷуди талошҳо то кунун, ки як ҳафта ба интихобот монда, натавонистааст, онро ба таъвиқ биандозад ва ба умри ҳукумати худ биафзояд. Дигар ин ки ӯ ба ин ҳам муваффақ нашуда, ки Амрикоро, ки ӯро ба арки Кобул шинонд, қаноъат бидиҳад, ки аз номзади мавриди назараш ҳимоят кунад. Карзай то кунун бисёр талош кард, ки аввал итминони Амрикоро дар мавриди ҳимоят аз номзади мавриди назараш (ба бовари огоҳони умур Зулмай Расул) бигирад ва ба созиши мондани пойгоҳҳои Амрико дар Афғонистон имзо гузорад. Зоҳиран Карзай дар ин росто ноком монда. Зеро ду рӯзи қабл эълон кард, ки Афғонистон ниёзе ба аскари амрикоӣ надорад. Агар ин баёния бо садоқат ба кишвараш изҳор шуда бошад ва бозии дигаре миёни Карзай ва Амрико дар ҷараён набошад, пас метавон ҳадс зад, ки умри сиёсии Карзай ва онҳое, ки 13 сол сиёсатҳои ӯро тарҳрезӣ мекарданд, поён омадааст.

Бояд гуфт, ки воқеъан дар ин 13 сол, хоса дар даҳ соли охир, ин фаъолони ҳизби натсионалистии Афғонмиллат буданд, ки хоса дар сиёсатгузориҳои дохилии Карзай даст доштанд. Неру ва муҳаррики фикрии Карзай дар ин солҳо, умдатан ақлҳои Афғонмиллатӣ буданд, мисли Ашрафғанӣ Аҳмадзай, Анварулҳақ Аҳадӣ, Карими Хуррам, Форуқи Вардак ва ғайра. Аммо ин афрод аз пойгоҳи иҷтимоӣ ва ҳимояти мардумии доманадоре баҳраманд нестанд. Агарчанд воситаҳои молӣ ва ҳимояти ҳалақоти ғарбиро дар бархе маврид бо худ доранд. Далели он ки то кунун Ҳомид Карзай Толибонро «бародарои мо» хитоб мекунад, маҳз ҳамин заъифии тими ҳамроҳи ӯ надоштани ҳимояти мардумист. Карзай Толибонро дар муқобили ақвоми дигар, мисли тоҷику ҳазораву узбак ба унвони пуштивонаи тавонманди худ мехоҳад дошта бошад. Тамоми талоши Карзай барои мусолиҳа бо Толибон ба мақсади нигаҳ доштани тавозуни сафороиҳои сиёсӣ, заъиф намудани рақибони сиёсии худ, хосатан аз шумори ақвоми дигар аст. Тамоми ҳикмати нигаронӣ ва бозии Карзай бо Толибон ин аст, ки фикр мекунад, агар Толибон, ки мошини нисбатан қавии низомӣ доранд ва ҳамтаборонаш мебошанд, аз саҳна ҳазф шаванд, неруҳои Эътилофи пешин қудратро қавза хоҳанд намуд. Зеро дигар неруе, ки битавонад дар муқобили муҷоҳиддини собиқ, Ҷамъияти исломӣ, Эътилофи собиқи шимол қарор бигирад, ба ҷуз Толибон вуҷуд надорад.

Агарчанд бояд гуфт, ки ҷамъе аз Толибони пешин, қанотҳое аз Ҳизби исломии Ҳикматёр, раҳбарони дигаре назири хонаводаи Гелонӣ ва Муҷаддадиро Карзай бо худ дорад, аммо ба истилоҳи худи Ҳикматёр «мо дар Афғонистон аскари Муҷаддадӣ ва қабри яҳудиро надидаем», яъне ин гуруҳҳо то ҳадди зиёде заъиф шудаанд.

Аммо ҳоло се гузина мавҷуд аст. Аз 9 номзади мавҷуд 6 нафари онҳо ба сурати мусаллам ва қатъан ҳеч кадоме дар интихобот пирӯз нахоҳанд шуд. Ва мемонад се нафар.

Интихоби на хуб, на бад

Акнун фарзро ба ин мегирем, ки агар ба гунаи мисол, Зулмай Расул, бо муовини аввалаш Аҳмадзиё Масъуд пирӯз шудааст. Зулмай аз пайравони Зоҳир-шоҳи собиқи Афғонистон аст, ки ҳамчунон аз ҳимояти Карзай бархурдор мебошад. Ба унвони як шахсияти муътадил ва берун аз интригаҳои дохили Арк шинохта шудааст. Дар масоили қавмӣ низ мутаасиб нест ва ҳасосият надорад. Агарчанд аз қавми паштун аст, аммо фарҳанг ва забонаш аслан форсӣ аст. Ӯ метавонад мавриди қабули хеле аз ақвоми ин кишвар қарор бигирад. Агар ӯ ба қудрат бирасад, вазъияти мавҷуд дар кутоҳмуддат ҳифз мешавад. Нуфузи Карзай низ, ки дар дохили раёсати ҷумҳурӣ барои худаш қаср сохтааст, то муддате боқӣ хоҳад монд. Аммо дар миёнамуддат, тӯфони ҳаводис ба ҳаракат меояд ва вазъият бӯҳронитар аз имрӯз хоҳад шуд. Зеро вақте ҳукумат мехоҳад қудрати худро нигаҳ дорад, мардум чизи нав ва пешрафтеро эҳсос намекунад ва фасоди идорӣ ҳамчунон бештар қувват мегирад ва мардум ба ҳамон андоза хашин хоҳанд шуд. Бо шинохте, ки аз шахсияти Зулмай Расул ва Аҳмадзиё Масъуд мавҷуд аст, ҳеч кадоме ба бовари таҳлилгарони афғонӣ тавони идораи умур дар вазъи буҳрониро надоранд.

Интихоби пурчолиш ва ҷанҷолбарангез

Чунин вазъият дар сурате меояд, ки фарз гузоштем, Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо муовинатии Абдурашиди Дӯстум пирӯз шудааст. Аҳмадзай аз раҳбарони ҳизби миллатгарои Афғонмиллат аст. Дар ҳукумати Карзай раиси Бонки миллӣ, вазир ва баъдан раиси Донишгоҳи Кобул буд. Аз ҷонибдорони сарсахти додани имтиёзи бештар ба қавми паштун аст ва даъвогари ин ки ин қавм аксарияти кул дар Афғонистон аст. Ин тим бо худ ҳимояти доираҳои молии дохилӣ ва бархе аз ҳалақоти молии байналмилалиро ҳам дорад. Аммо аз пойгоҳи иҷтимоии зиёде бархурдор нест. Дар интихоботи соли 2009 Ашраф Ғанӣ ҳамагӣ бештар аз як дарсади овоз гирифта буд. Ин навбат метавонад фақат ба овози ҷонибдорони Дустум такя кунад. Интихоби ӯ ҳасоссияти қавмиро дар ин кишвар ангеза хоҳад дод. Зеро аксари миллатгароҳои бартариталаб дар атрофи тими ӯ ҷамъ шудаанд ва ҷавонони зиёде дар як моҳи пеш дар Кобул муқобили ин афрод роҳпаймоӣ карда буданд.

Дигар ин ки барои аввалин бор, анъанаи роҳбари аввал паштун, роҳбари дуввум тоҷик дар Афғонистони баъди Толибонро Аҳмадзай шикаст ва аз ду муовини ӯ яке ҳам намояндаи ин қавм нест. Дар ҳоле ки таърихи Афғонистон ҳокӣ аз ин аст, ки кори ҷангу сулҳу интихобот дар ин кишвар замоне ба ниҳоят мерасад, ки қавми тоҷики ин кишвар тасмим бигирад.

Гуфтанист, ҳам шикасти Инглис, ҳам хуруҷи Шӯравӣ ва ҳам Толибон ҳамагӣ дар шимоли Кобул итифоқ уфтода ва замоне ки ин мардум вориди амал шуданд. Ҳоло ҳам Амрико барои он аз Афғонистон берун намеравад, ки шикаст хурда бошад. Балки фикр мекунад, ки то ҷое ба аҳдофи худ даст ёфт. Ва ё ба бовари худашон ба таадуд амал карда ва онро ба иҷро расонидаанд. Амрико қодир аст, ки 13 сол ва бештар аз ин боз ҳам дар Афғонистон биҷангад. Аксари раҳбарони муҷоҳиддин, ки муқобили Шӯравӣ ҷангиданд, аз ҷумла Ҳикматёр, Мулло Умар, ҳаракатҳои Мавлавӣ Холис ва Ҳаққонӣ ва ғайра ҳамчунон дар муқобили Амрико низ қарор гирифтанд. Аммо то кунун як танки амрикоӣ ҳам мунҳаддин нашудааст. Вале тассавур кунед, ки агар Устод Раббонӣ, Масъуд, Фаҳимхон, Устод Ато, Халилӣ ва Муҳаққиқ дар муқобили Амрико меистоданд, чӣ воқеъияте медоштем. Мусалламан имрӯз як Амрикои сару бинишикаста мисли Шӯравӣ ва Инглис дар Афғонистон медоштем. 

Аз ин ҳам ки бигзарем, таҳлилгарон мегӯянд, ки эҳтимоли аз ҳам пошидани эътилоф миёни Дустум ва Ғанӣ вуҷуд дорад. Ва дар сурати пирӯзии ин тим ва идомаи музокира бо Толибон ҷараёни музокирот ба нафъи Толибон хоҳад чархид.

Интихоби нисбатан хуб

Чунин интихоб дар ҳолест, ки фарз кардем, тими доктор Абдулло баранда шуда бошад.

Албатта ин тим қобилияти хориқулодаи раҳбарӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуд дар Афғонистонро ба гуфтаи таҳлилгарон надорад, аммо аз соир гузинаҳо имкон ва шароити беҳтаре дорад. Аммо ҳадди ақал дар талоши ҳифзи дастовардҳои низоми мавҷуд ва ислоҳот ва пешрафт хоҳад буд. Аз ҷумла ин тим дар ҷиҳати ба мардум додани ҳаққи иштироки бештар дар идораи умур хоҳад дод ва инчунин қувваи сегонаи иҷроия, додгоҳ ва қонунгузорро такфиф, ҷудо хоҳад кард. Ҳоло ҳарсеи қувва дар қабзаи як нафар ва он ҳам худи Карзай аст. Ин тим ҳимояти қобили мулоҳизае дар дохили кишвар дорад ва ҳамчунин дар сатҳи байналмилалӣ низ метавонад ҳимоят касб кунад. Ин тим дар музокирот ба Толибон низ аз мавзеъи усулии худ ҳимоят хоҳад кард.

Доктор Абдулло, вазири пешини умури хориҷаи Афғонистон аз падаре паштун ва аз модаре тоҷик ба дунё омада ва аз раҳравони ҷабҳаи Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддини Рабонӣ мебошад. Ӯ аз пуштибонии аксари раҳбарони Эътилофи пешин мисли Устод Ато, бонуфузтарин шахсияти саҳафоти шимоли Афғонистон ва писари Бурҳониддини Раббонӣ, Салоҳиддин ва инчунин аз пуштибонии Муҳаммади Муҳаққиқ раҳбари пешини ҷиҳодӣ ва ҳамин тавр ҷамеъи бузурге аз ҳазораҳо бархурдор мебошад.

Гуфтанист, пирӯзии шаш номзади дигар мусалламан имкон надорад. Вале шояд дар сурати рафтан ба даври дуввум се номзади дигар, аз ҷумла Амин Арсало, Нодир Наъим, набераи шоҳи собиқ ва Гулоғо Шерзай ба нафъи Зулмай Расул таблиғ кунанд.

Гуфта мешавад, ду нафари дигар, Расули Сайёф ва Довуди Султонзуй имкон дорад дар даври дуввум ба нафъи доктор Абдулло канор биоянд.

Фақат як нафар ва он ҳам Қутбиддин Ҳилол, ки бо ҳимояти пинҳону ошкори Гулбиддин Ҳикматёр ба сабқати интихоботӣ ҳамроҳ шудааст, баранда ҳам намешавад, ба даври дуввум ҳам роҳ намеёбад, вале аз ҳеч номзаде ҳам ҳимоят нахоҳад кард. Ӯ ба гуфтаи таҳлилгарони умури Афғонистон бо маслиҳати Ҳикматёр барои ояндаи баъдтаре сарвати сиёсӣ меандӯзанд.

Боз ҳам интихоби ду нафар, Зулмай Расул ва Доктор Абдулло бештар маълум аст. Ва ҳар кадоме ҳам аз ин ду ба рӯи кор биоянд, бо таваҷҷуҳ ба собиқаи худ муносиботи хубе бо Тоҷикистон хоҳанд дошт. 

"МИЛЛАТ"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97