Номаи сипоси Равшанбек Собиров

Сиёсат 25.03.2014 19:48

Ravshanbek -Sobirov-ozodРавшанбек Собиров,

раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии

тоҷикони Қирғизистон ба номи

устод Рӯдакӣ

Худованди бузургро ҳазорон бор сипос мегӯям, ки ба назди фарзандонам, ба пеши модари бузургворам омадам. Ва он чиз бароям хурсандиовар аст, ки дуруст дар фарорасии Соли Нави аҷдодӣ, Наврӯзи аҷам ин озодӣ бароям насиб гашт. Ман ҳоло бинобар Қонуни афв, ки ба муносибати 65 солагии Эъломияи ҳуқуқи башар имзо гардид, пеш аз муҳлати майяншуда ба озодӣ баромадам. Аммо аз ҳамон лаҳзаи шуруъи ин қазия, ки 4 июли соли 2012 ба вуқуъ омад, садҳо бор изҳор доштам, ки аслан дар ин ҳодиса даст надорам ва қурбонии дасиса ва муборизаҳои сиёсӣ қарор гирифтаам. Ман ин лаҳзаву соат, ки пеши пайвандону наздикон ва ҳамандешонам мебошам қарзи худ медонам, то ба дӯстони дар Тоҷикистон будаам ибрози сипоси амиқ намоям. Аз ҳамон аввал дастгириву дилсӯзии ҳамзабонон бароям неруву тавон мебахшид. Хусусан, дастандаркорони нашрияи миллии "Миллат" бо нашри якчанд гузоришҳо аз сарнавишти ман ба унвони як тоҷик ва раиси созмони тоҷикони Қирғизистон бонги изтироб заданд, ки фикр мекунам, таъсиргузор буданд. Ҳамчунин дар саҳифаи нашрияи «Миллат» муроҷиати намояндагони фарҳангу адаби Тоҷикистон дар мавриди расидагии мунсифона ва бо адолатона ба қазияи бар сари ман омада, низ мунташир шуд , ки аз ин иқдоми хайрхоҳона сарфарозам. Ман қасд дорам, пас аз чанд рӯзи истироҳат кардан ва аз дидори модару фарзандонам сер шудан ба минтақаҳои тоҷикнишин сафар кунам ва бо ҳамзабонон ва фаъолони созмони Рӯдакӣ дидору гуфтугӯ намоям.

Бори дигар ба шумо қаламкашони тоҷик, ки ба сарнвишти ман таваҷҷуҳ доштед, аз номи хонаводаам изҳори сипос мекунам!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97