Масъалаи №1, ки зиёиён дар мулоқоти имсол бо Президент бояд матраҳ кунанд, ба назари Шумо кадом аст?

Сиёсат 20.03.2014 16:38

Бо назардошти мулоқоти Пезидент бо зиёиёни кишвар дар рӯзҳои Наврӯз, ки ҳамасола аз ҷониби коршиносон ва расонаҳо мавриди танқид қарор мегирад, бо ин суол ба суроғи онҳое рафтем, ки дари ин мулоқот ба рӯйи онҳо бастааст: - Масъалаи №1, ки зиёиён дар мулоқоти имсол бо Президент бояд матраҳ кунанд, ба назари Шумо кадом аст?

Marat MamadshoevМарат Мамадшоев, журналист:

- Масъалаи фишор ба ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсиятҳои сиёсӣ, афзоиши фасод, ноадолатӣ дар сатҳи ҳукумат, масъалаи шиканҷа дар маҳбасхонаҳо, ва куҷо шудани 1 млрд. доллар дар гумруки Тоҷикистон бояд дар гуфтугӯ бо раиси ҷумҳур ба миён гузошта шавад.

 

BobojonБобоҷонҚаюмов, раиси созмони ҷавонони ҲНИТ:

- Росташ ман дигар аз ин мулоқотҳеч интизоре надорам.Зеро ин мулоқот боз мислиҳамеша бо суханрониҳои президенту ташаккуру қадрдонии зиёиён мегузарад. Ёднадорам, ки дар ин мулоқотҳо масъалаи ҷиддие матраҳ шуда бошаду ҳалли худашро ёфта бошад.

Вале агар ҳамчуняк орзуву хиёл ё як фарзи маҳолчизеро гуфтани бошам, фикр мекунам зиёиён бояд дар ин мулоқот масъалаи муколамаи неруҳои сиёсӣ ва оғозиислоҳоти асосӣ дар кишварро бо президентматраҳ намоянд. Мушкили аслииҷомеаи мо имрӯз ҳамин мутлақгароӣ дар сиёсат аст. Яъне як гуруҳ худро комилан соҳиби ҳамаи кишвару миллат медонаду гуруҳи дигарро аслан қабул надорад ва ҳар як андешаи мухолифро душманӣ талаққӣ мекунад. Дар муқобиляк гуруҳи дигар ҳамаи корҳои ҳукуматро нодурусту ғалатмепиндоранд. Ҳеч як азмавқеи худаш ақибнишинӣ намекунад ва ин масъала сабаби аслии мушкилоти ҷомеъаи мо аст.

Бинобарин зиёиёни мо агар ҳаминмасъаларо битавонанд матраҳкунанду ҳарду гуруҳро барои инъитофпазирӣ ташвиқ кунанд, ин худ хеле муҳим аст.

Gulnora AmirshoevaГулнора Амиршоева, сардабири "Вечёрка":

- Ба назари ман то кунун идеяи ягона ва ё фикри воҳиди миллӣ, ки битавонад барои тараққиёти ҷомеъа мусоидат кунад, дар Тоҷикистон шакл нагирифтааст. Чунин идеяе метавонад ҷомеъаро муттаҳид кунад, зеҳни мардумро аз андешаҳои нозарур ва ба ақиббарандаи ҷомеъа (тафаккури мазҳабӣ) дур нигаҳ дорад. Ва барои рушди кишвар дар ҳамаи соҳаҳо қумак мекунад. Аммо чунин идеяе вуҷуд надорад. Ва зиёиён бояд ба давлат дар ин замина кумак кунанд. Ин аст масъалаи аслие, ки бояд дар ин мулоқот ба миён гузошта шавад.

Khurshedi AtХуршед Атовулло, сармуҳаррири "Фараж":

- Се масъалаи асосӣ ҳаст: а) Фирори мағзҳо аз Тоҷикистон бояд ба кадом роҳе бошад, ҷилавгирӣ карда шавад. б) Кумаки Ҳукумат ба матбуоти мустақили кишвар барои зинда мондан ва рақобат дар ҷанги иттилоотӣ чашмрас бошад, зеро тавре дидем, мо ҷанги иттилоотии электрониро дар баробари Қирғизистон бохтем. Сабабаш надоштани сайтҳои мустақили миллӣ ба забони русӣ ва англисӣ буд. в) Ба садо ва симои ҳукуматӣ тавсия дода шавад то дар ҷанги иттилоотии беруна фаъол бошанд ва ин бори сангинро ба дӯши ВАУ-и мустақили нимҷон нагузоранд.

Suhrobi ZiyСуҳроби Зиё, хабарнигор:

- Ба назари ман, муҳимтарин мавзуъ фароҳам кардани шароити кор барои мардум дар дохили кишвар аст. Ин як мавзуъи сирф иқтисодӣ ва ё иҷтимоъӣ нест. Муҳоҷирати мардону занони тоҷик ба Русия, сарфи назар аз манфиатҳои молии ин раванд ба хонаводаҳои муҳоҷирон ва дар маҷмуъ барои давлат, зарбаи ҷонкоҳе ба пайкари фарҳангии миллат мезанад. Бахусус, ба камол расидани насле, ки аз навозишу меҳрубонии волидайн ба қадри кофӣ бархурдор нест, барои ҷомеъа хатароти зиёдеро дар пай дорад. Чунин насл ба қадри забону фарҳангу ҳунари миллии хеш намерасад. Барои бештари ин афрод арзишҳои миллӣ ва инсонӣ эътиборе надоранд. Ҳарчанд падару модар ба хотири ояндаи фарзандон рӯ ба муҳоҷират меоранд, ин фарзандон бо суистифода аз набудани волидайн ба таҳсил дар мактаб аҳамияти кофӣ намедиҳанд ва аз меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеъа берун мемонанд.

Агар давлат ҳар сол барои 200 ҳазор шаҳрванд ҷойи кори муносибу пойдор ва бо маъоши муносиб дар дохили кишвар фароҳам кунад, шояд дар солҳои оянда раванди муҳоҷират коҳиш ёбад ва ба ин тартиб бунёди миллӣ ва фарҳангии ҷомеъа каме устувор шавад.       

Бовар надорам, ки дар дидори Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли адабу фарҳанг масъалаҳои доғи рӯз матраҳ шавад. Зеро бисёре аз фарҳангиёну зиёиён агар имкони сухан гуфтан пайдо кунанд, ҳатман масъалаҳои шахсиашонро дар миён хоҳанд гузошт. Бархеи дигар ба хотири он ки дар мулоқоти соли оянда низ ҳузур дошта бошанд, ё сукутро ихтиёр мекунанд, ё масъалаҳои беарзишу камаҳамиятро дар миён мегузоранд ва ё ба таърифу тавсифи раиси ҷумҳур мепардозанд.

Аз ин рӯ, ба назари ман беҳтар аст ин мулоқот дар оянда ғоибона сурат бигирад. Яъне намояндагони арсаҳои фарҳанг, ҳунар ва адабиёт масъалаҳои ба назари онҳо доғро тавассути интернет бо раиси ҷумҳур дар миён бигзоранд ва раиси ҷумҳур тавассути телевизион дар остонаи Наврӯз ба ин суолҳо ва пешниҳодҳо посух гӯянд. Дар ин сурат ин иқдом ҳам ба нафъи аҳли зиё хоҳад буд ва ҳам ба манфиати давлат, зеро аз харҷи беҳудаи садҳо ҳазор сомонӣ пешгирӣ хоҳад шуд.

Shahriyi AhtamzodШаҳрияи Аҳтамзод,шоира:

- Ман гилаҳоямр дар хусуси ба адибаҳо таваҷҷуҳ накардани Иттифоқи нависандаҳо қаблан дар расонаҳо матраҳ кардам, Яъне ҳарчанд имрӯз дар қиёси мардҳо бонувони эҷодкор камтару хушкортаранд, вале боз ҳар сол унвону ҷойизаҳо ба адибони мард дода мешавад. Хуб мешавад, ки ба бартарӣ додан ба мақоми зан дар тамоми соҳаҳо кӯшиш шавад.

 

Bahriddin pulodiБаҳриддин Пулодӣ, сокини Кӯлоб:

- Ба андешаи банда масъалае, ки аввалан бояд матраҳ шавад, ин мушкилии муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Раванди муҳоҷират ба ҳама маълум аст, ки миллати тоҷик берун аз хоки кишвар ба чӣ мушкилиҳое рӯ ба рӯ мешавад, аммо нафаре нест, ки сари ин масъала чизе  гуфта бошад. Зиёиёнро мебояд, ки дар ин мулоқот баҳри бартараф кардани ин мушкил андешаронӣ ва пешниҳод кунанд.

 

Mirzosaid SultonovМирзосаид Султонов, номзади илмҳои иқтисод, Ҷопон:

- Масъалаи аз ҳама муҳимме, ки зиёиён дар мулоқоти имсолаи худ бояд бо роҳбари давлат матраҳ намоянд, ин рушди соҳаи маориф бошад.

 

Abdufattoh SHafirevАбдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигор:

- Бозгашти кулли сиёсӣ ба сӯи мардум. Вагарна, ин роҳ, ки мебарад, на ба гулистон аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97