Чаро дар Аврупо инқилоб намешавад?

Сиёсат 17.03.2014 15:13

Инқилоби норинҷӣ ҳанӯз аз зеҳнҳо зудуда нашуда, Украина бори дигар сарнагун кардани раҳбари худро таҷриба кард. Ҳамчунин лексикони забонро «инқилобҳои ранга», «баҳори араб» ғанӣ гардонидааст. Аммо суоле ки матраҳ мешавад, ин аст, ки «Чаро дар Аврупо инқилоб намешавад?» Барои посух ёфтан ба ин суол ин ҳафта низ ба суроғи чанде аз соҳибназарони ватан рафтем. Ку бубинем, ки чаро чунин аст?!

MehmonshohМеҳмоншоҳ Шарифзода, ҷомеъашинос:

-...Ҳамчу кузаи дулоб ҳар чи зери гардун аст,

Ё таррақи оҳанг аст ё таназзуле дорад...  (Бедил)

Албатта ин пурсиш бо як ҷавоби кутоҳ намесозад... Фикр мекунам барои Аврупо се инқилоб ҳалкунанда буд; инқилоби илмӣ, инқилоби саноатӣ ва инқилоби Бузурги Фаронса ва Аврупо давраи инқилобҳоеро, ки мо дар назар дорем, гузаштааст ва охирин бор,  ки дар бораи рӯйдодҳо ва ҳаракатҳои ба инқилоб монанд ҳарф заданд он воқеаҳои охири солҳои 60 - уми асри ХХ буд,  ки онро инқилоби фарҳангӣ мегуфтанд, ва он қисман дар бораи ҳимоя аз ҳуқуқҳои ҳамҷинсгароён буд. Дигар ин ки дар ҳамон солҳои 60 ва 70 - ум мардум дар Аврупо дар бораи «нобоварӣ ба «афсонаҳои бузург»» ҳарф мезаданд. Ва мардуми Аврупо бо онки таҷрибаи вазнинеро бо идеологияҳо ва роҳбарҳо, махсусан дар нимаи аввали асри ХХ аз сар гузаронида буданд, дигар ба идеологияе (афсонае) бовар намекарданд ва ба роҳбаре ҳам (ҳамчун Гитлер, Муссолинӣ, Сталин ва дигар «наҷотбахшҳои башарият») эҳтиёҷ надоштанд. Ва аз дигар тараф сатҳи зиндагии мардум баланд шуда буд ва дар фазои фарҳангӣ- сиёсии дигар зист доштанд ва доранд, ки онҷо байни худӣ (фардият), ҳақиқат (дониш ва таҷрибае, ки дар бораи худ доранд) ва қудрат ҳамоҳангӣ ба вуҷуд омадааст. Махсусан таърихи марксизм ва тағирёбии  тафаккури марксистӣ дар Аврупо ва муқоиса кардани он бо тақдир ва мавқеи коммунистҳои Тоҷик аҷиб аст. Ҳарчанд мушкилоти зиёд доранд, масалан дар Италия мушкили иқтисод, фасод ва бекорӣ ҳаст, вале дар бораи инқилоб ҳарф ҳам нест. Дигар ягон идеологияе мардумро барои инқилобе ҷамъ кардан наметавонад. Боварӣ надорам Брейвикҳои Аврупо ҷамъ шуда як инқилоб карда тавонанд...

...Таърихи инқилобҳо исбот кард, ки барои инқилоб се мафҳум калидист; яке «идеология», дигаре «роҳбар» ва сеюм «ояндаи дурахшон» ё «ояндае, ки мардум интизораш ҳастанд» ва ба ин ҳар се дар Аврупо кам боварӣ доранд ва ҳаёти ҳаррӯзаи худро инсонвор фаҳмида, сохта ва мегузаронанд. Албатта зиндагӣ, ки бе мушкилӣ нест, мардуми Аврупо ҳам мушкилӣ доранд, вале на аз он мушкилиҳое, ки дар ин қисмати дунё реша гирифта дар ҳоли сабзиш аст. Ва тавре ки шоҳидем, дар кишварҳои пасошӯравӣ чи гуна гуруҳҳои фасодкор бо ин афсонаҳо, яъне «идеология», «роҳбари бузург» ва «ояндаи дурахшон»  воқеияти аслро бо пардаи пиндор пушонидаанд... Фикр мекунам, барои мардуми мо таърихи Аврупо бояд сахт омӯзанда бошад ва аз ин афсонаҳо гузашта ба сиёсати амалии созанда машғул бошем. Мақсад баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини бехатарии иҷтимоӣ ва вуҷудӣ ва ташкили ҷомеаи маданӣ ё шаҳрвандист, ки метавонанд пеши роҳи инқилоб ва ё ба истилоҳи устод Қаноат, таркишро бигиранд. Ва боварӣ дорам, ки баъди барқарор шудани ин се маънӣ (сифати ҳаёт, бехатарӣ, ҷомеаи маданӣ) дар ҷомеа метавон идеология ва роҳбари воқеиро шинохт...

Vohidkhon KosimovВоҳидхон Қосиддинов, узви раёсати олии ҲНИТ:

- Аз нигоҳи банда дар Аврупо ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя мешавад, ҳама пойбанди қонунҳое, ки аз ҷониби намояндагони воқеан мардумӣ (чунки онҳоро мардум интихоб кардаанд, на ҳукумат таъйин кардааст) мебошанд, яъне интихоботҳои озод на тақаллубӣ, риоя шудани озодии сухан, таъминоти хуби иҷтимоӣ ва аз ҳама муҳим набудани режимҳои худкома. Ҳамаи инҳо кафолати гирифтани пеши роҳи ҳар гуна инқилоб аст.

Safarbek SСафарбеки Солеҳ, коргардон:

- Дар шароити имрӯз агар зарурат буд, сармоягузор пайдо шавад, он ҷо низ метавонанд инқилоб кунанд. Таври мисол созмондиҳии ҳаводиси ахири Украинаро бинед. Таҳияи либосу кулоҳу сипару ғизову ғайра дар сатҳи олӣ буд. Инқилобҳо ва ҷангҳои имрӯз барномарезиҳои сармояи бузург аст, ки аз мардуми одӣ мисли яке аз имконот ва васоил истифода мешавад. Шумо ба натоиҷ бингаред, як гуруҳи сармоядори бузургро, гуруҳи дигар ҷойгузин мешавад, ва бо як парлумони кисагӣ пеш аз ҳама Қонуни Асосиро ба манфиати худ иваз мекунад ва барои баргардондани хисороту харҷ ва ҳам манофеъи нав давом медиҳад ба ҷамъ кардани сармоя ва ҳар роҳе, ки бошад. Мардум боз бенаво дар кӯча мемонад. Мутмаинам, ки таърихро, ашхоси алоҳида месозанд, ки атрофашон гуруҳеро ҷамъ мекунанд ва аз номи тамоми мардум ва гӯё ба манфиати мардум амал мекунанд. Онҳо метавонанд қотилон бошанд, ва даъфатан ҳукумати қонунӣ шаванд.

zarin 0Заринаи Хушвақт,хабарнигор:

- Барои он ки зиндагии мардум дар он ҷо нисбатан муътадил аст. Зеро мардум барои баровардани ниёзмандиҳои рӯзгор маъоши кофӣ дарёфт мекунанд. Ҳамеша дар манзил нерӯи барқ, газ ва об доранд. Хадамоти беҳдоштӣ ва дигар маъишати зиндагии онҳо то шароити зарурӣ фароҳам аст. Демукросӣ вуҷуд дорад ва барои гуфтани ҳарфи ҳаққ ба зиндон намефиристанд. Ҳамчунин мақомоти кишварҳои аврупоӣ аз фаъолиятҳои худ дар назди мардум гузориш медиҳанд ва интихоботи парлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии онҳо бидуни тақаллуб мегузарад ва агар тақаллуб ҳам бошад, шояд 0,5 дарсад ва зимни ифшои он низ масъулон муҷоззот мешаванд.

Tolib SanginТолиби Сангин, рӯзноманигор:

- Инқилоб, ба маънии имрӯзааш (яъне ба истилоҳ "инқилоби ранга", аммо моҳиятан инқилоби таҳмилӣ) дар Аврупо намешавад, зеро давлатҳои Аврупо воқеан демократӣ ҳастанд (на ба монанди давлатҳое, ки дар Конститутсияашон худро демократӣ номида, дар асл аз демократия бӯе набурдаанд). Таҳмили инқилоб ба Аврупо имкон надорад, зеро ки мардумаш бедору ҳушёр ва соҳибҳуқуқ мебошанд. Онҳо роҳбарияти давлаташонро дар ҳақиқат худашон интихоб мекунанд ва дар ин сурат чаро бар зидди интихобкардаи худ инқилоб кунанд, чунки дар сурати зарурат бе инқилоб ҳам бо роҳҳои қонунӣ интихобкардаи худро бартараф карда метавонанд. Дар баробари ин интихобкардаи онҳо бар манфиати мардум фаъолият мекунад ва дар ин зимн манфиати ҳамаро баробар медонад ва ба гурӯҳе бо баҳонаи он, ки ин гурӯҳ ҳангоми овоздиҳӣ фаъол буд, афзалият намедиҳад. Ба таври мухтасар гӯем, дар Аврупо бинобар набудани замина инқилоби ранга ё таҳмилӣ намешавад.

Lola olimovaЛола Олимова, таҳлилгари умури байналмилал:

- Шояд, барои он, ки гузарондани минингу эътирозҳо озод мебошад. Аз дигар тараф, дар бисёре аз кишварҳои Аврупо системаҳои давлатдорӣ комилан дигар аст. Дар онҷо интихоботҳо шаффоф баргузор мешавад. Бо бар сари қудрат расидан дар Аврупо ба ин маъно нест, ки тамоми сарвату боигарии кишвар дар дасти як гурӯҳ ҷамъ шавад. Албатта дар он ҷо ҳам камбудиҳо ҳастанд, аммо ба қудрат расидани гуруҳе ҳеч гоҳе баҳона наметавонад бошад, то тамоми дороиҳо ба манфиати шахсӣ истифода шаванд.

Вақте ки Худованд умури давлатдорӣ ва тақдири мардумонеро дар дасти касоне бовар мекунад, ин ба он маъност, ки бояд ин фард дар хидмати мардуми худ қарор бигирад, на баръакси ин. Мутаассифона дар кишварҳои мо, ки нав ба демукросӣ роҳ ёфтаанд, кам касоне ба дарки ин воқеият расидаанд. Кишварҳои Аврупоӣ ин марҳиларо кайҳо пушти сар кардаанд. Дар ин кишварҳо муносибот бо арзишҳо собит аст. Ҳарчанд ки мо ба Ғарб бо диди интиқод менигарем, аммо қадри инсон, муносибот бо мардумонашон дар он ҷо ба маротиб аз мо дида беҳтар ва муносибтар аст. Шумо чӣ фикр мекунед, чаро инсонҳо бештар майл ба сӯи кишварҳои ғарбӣ доранд? Зеро ки дар он ҷо ба ақидаи мардум эҳтиром қоиланд. То замоне ки дар кишвари мо ба мардуми хеш ва ба фард фарди ҷомеъа арҷ гузошта нашавад, барои ҳамеша мо дар ин ҳолати ногувор қарор хоҳем дошт. 

Салам Муҳаббат, тоҷир:

- Чаро? Худи Юнунон намуна аст. Агар суол мегузоштед, ки чаро дар Амрико инқилоб намешавад, пас посух ин аст, ки дар Амрико Сафорати Амрико нест!!!

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97