Путин дуруст мекунад, Путин иштибоҳ мекунад

Сиёсат 12.03.2014 18:57

«Миллат» ин ҳафта ба думболи посух гирифтан ба ин суол, ки «Мудохилаи низомии Русия ба Украинаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?» ба суроғи чанде аз соҳибназарон рафт:

Alavi-AАбдулқодири Алавӣ, шоири тоҷик, муқими Масков:

- Аввалан ман тарафдори ҳеч гуна ҷанг нестам. Дуввумин Русия акнун мафҳуми фашизмро дарёфтааст. Зеро чанд сол қабл аз ин, фашизми Русия (саркалҳоро дар назар дорам) чи гуна мардуми миллатҳои гуногунро дар Русия азият медоданд. Шояд акнун барои Русия ана ҳамин як дарси ибрат шуда бошад. Саввумин, офарин бар Путин, ки аз ҳамзабонони бурунмарзияш ин қадар ҳимоят мекунад. Ман тарафдори ана ҳамин гуна мавқеъгирӣ ҳастам, ки навобаста аз оне ки ҳамзабонони мо дар ҳар куҷое аз олам бошанд, бояд ҳимоят шаванд. Албатта на ба гунаи хушунатбор, ки онро ҷанг ном аст. Вале дар маҷмуъ ман аз сиёсати Путин истиқбол мекунам. Қрим хоки қадимии Русия аст, тавре ки аз Самарқанду Бухоро ба мо тааллуқ мегирад. Чаро бояд Лаҳистон (Полша), Олмон, умуман Аврупо ва ҳатто Амрико дар кори украинҳо дахолат мекунаду, Русия дар канор бошад?! Ҷавоби Путин ба Барак Обама ва дигар роҳбарони Аврупо ва Созмони Миллати Муттаҳид хеле олӣ буд, ки гуфт, Украина дигар Сурия ва Ироқ нест. Хулоса дар маҷмуъ ман тарафдори сиёсати Путин дар робита ба Қрим ҳастам ва шояд минбаъд дар дигар Ҷумҳуриҳо ин боиси ибрат бошад. Путин як ватанпараст ва дӯстдори миллати хеш аст.

Temuri varqiТемур Варқӣ, рӯзноманигор ва шоири русзабони Тоҷикистон:

- Вориди Қрим шудани ҷузву томҳои артиши Русия қобили тавҷеҳ намебошад. Марзбонони украинӣ шаҳодат медиҳанд, ки марзи ин кишварро аз суи Русия мардони мусаллаҳи савори КАМАЗ ва мошинҳои зиреҳӣ рахна мекунанд ва воҳидҳои артиши Украинаро дар муҳосира қарор медиҳанд ва ба ин тартиб ба низоъ ангеза медиҳанд. Худо нигаҳдор бошад ва хуни халқҳои дӯсти мо, аз ҷумла тоторҳо нарезад. Ҳоло вилояти Лвов омода шудааст, ки ҳудуди 100 ҳазор гурезаи тоторро бипазирад. Чанд хонаводаро аз Қрим дар ин вилоят кайҳо истиқбол гирифтанд. Ҳузури низомӣ пайдо намудан на аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ ва на аз назари ҳамсоядорӣ қобили қабул нест. Сӯхторнишонон барои пахш намудани алангаи оташ бо худ бензин намеоранд. Набояд бо қувваи зур қоидаи худро ба сари дигарон бор кард, ҳар давлат ҳақи мустақилона таъин намудани сарнавишти худро дорад. Агар мо амалкарди ИМА дар Афғонистон, Ироқ ва Ливияву Сурияро маҳкум мекунем, чаро таҷрибаи аҳмақонаи онҳоро худамон такрор мекунем? Ин ба чулу чаповул монанд аст, ки дигарон ғорат мекунанд, пас мо низ бояд чизе барои худамон бигирем. Аз нигоҳи дигар ин ҳол метавонад беэътимодӣ ба сиёсатҳои Кремлро дар миёни шариконаш дар ИДМ ба вуҷуд биорад, дар ҷойҳое, ки ҷомеъаҳои русӣ ба сар мебаранд. Инчунин ин зарбае хоҳад зад ба барномаҳои Русия дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди Авросиё. Ҳукуматҳои Осиёи Миёна ба фикр хоҳанд уфтод, ки оё фардо чунин рӯзе ба сарашон нахоҳад омад, агар рӯзе Кремл ба ин қаноъат бирасад, ки ин ва ё он режим ё ҳукумат Кремлро дигар хуш намеояд ва ё қаноъат намедиҳад, чӣ? Ин иқдом ба ҷуз зарба задан ба мавқеъият ва манфиатҳои Русия дар маҳдудаи ИДМ ва Осиёи Марказӣ суди дигаре нахоҳад дошт.

Rahmatullo ZoirovРаҳматило Зойиров, раиси ҲСДТ:

- Дар ҳоли ҳозир се намуди асосии мудохилаи Русия нисбат ба Украина мавҷуд мебошад: 1) идеологӣ ва ташкили қувваҳои бархурд - ин мудохилаи бевосита; 2) мудохилаи бавоситаи муташаниҷсозии вазъият дар Украина, аз ҷумла бо истифодаи афсарону аскарони русзабон ва ҷонибдорони Русия, ки дар ҳудуди Украина истиқомат доранд; 3) психологӣ ё равонӣ, яъне гирифтани иҷозат аз ФС барои ворид кардани қувваҳои мусаллаҳ ба ҳудуди Украина. Ду намуди аввал чанд рӯз, ки амал дорад. Намуди охир дар ҳоли ҳозир функсияи профилактикӣ ё огоҳиро иҷро мекунад. Дар ҳар ҳолат баҳогузорӣ аз шакли ташкили кор - манфист, моҳиятан - аз ҳадафҳои воқеӣ ё аслии Русия вобаста аст, ки натиҷаашро ҳамин рӯзҳо шоҳид хоҳем шуд. Ба фикри ман, Русия, хусусан В.В.Путин аз амалисозии намуди сеюми мудохила худдорӣ мекунанд, ва ба ин имконият ҳам намедиҳанд, хусусан ҳафт давлати пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, ИМА, Олмон, ва Иттиҳодияи Аврупо. Путин дуруст дарк мекунад, ки ворид кардани қуввахои мусаллаҳи ФР ба Украина ин оғози поён ёфтани қудрати ФР мебошад ва ба парокандашавии ФР мерасонад. Аз ҳама мудҳиштар ин оғози ҷанги сеюми ҷаҳонӣ шуда метавонад, ки дар ҷаҳон хоҳишмандони оғози ин ҷанг зиёд буда, онҳо мехоҳанд, ки сабабгори ҷанг Русия шавад. Дар ин ҳолат оқибати ҷанг ба фоидаи Русия нахоҳад буд, ҳатто, мумкин аст, ки ба Русияро ба мустамлика оварда расонад. Роҳи аслӣ ин диалоги сиёсист.

Mahmudjon RahimovМаҳмудҷон Раҳматов, хабарнигори ҳафтаномаи "Пайк":

- Аслан, кишвари Русия мехоҳад, ки давлати Украин равобиташро на ба Амрикову Аврупо ба роҳ монад, ин як тарзи тактики ба ҳисоб меравад. Ва аз фурсат истифода бурда, давлатро мехоҳад мутеъи худ гардонад, зеро давлати Амрико баъд аз фирори Янукович хост маблағи пули кумак номояд, то иқдисодӣ кишвари Украинро аз нав барқарор кунанд. Акнун, ки дар Қрим,  шахсони силоҳбадаст низомиёнро иҳода кардааст, ба фикри ман ин як наъи таҳрези шудаи Русия буд, ки то тавонад нерӯҳои низомиашро ба ин каишвар ворид намуда, ҳукуматдорони кунунии онро бовар кунонад, ки онҳо пуштибони онҳо мебошанд, на ин ки ҷангандози давлат.

BobojonБобоҷон Қаюмов,раиси созмони ҷавонониХНИТ:

- Агар ба таҳаввулоти солҳои охири минтақа ва ҷаҳон дуруст нигоҳ кунем, мебинем, ки баъд аз як вақфаи кутоҳ дубора вазъият дар ҳоли баргаштан ба ҳолати ҷанги сард аст. Яъне пас аз онкивазъияти Русия каме суботро ба худ дид, дубора ин кишвар ба фикри ба дастовардани мавқеъи чанд сол пеши худаш аст. Ба ҳамин хотир агар диққат карда бошем ҳаргиз таҳаввулотро дар кишварҳои собиқ Шуравӣ ба осонӣ ва роҳат қабул накардааст.Ворид шудани неруҳои ин кишвар ба шаҳри Қримро бархе таҳлилгарон ба ҳаводиси Гурҷистон монанд мекунанд. Яъне Русия ҳаргизнаметавонад тамоми Украинаро тасарруф кунад ва онро то абад мустаъмараи худсозад, вале метавонад вазъияти иқтисодии ин кишварро ба ҳам занад, мисли Осетияи шимолӣ Қримро ҳам якдавлати мустақил ба расмият бишносад ва бо истифода аз аксарияти рустабори Қрим онро таҳти нуфузихуд нигоҳ дорад. Аз тарафи дигар дар ин муддат неруҳоирусгароро ҳам дар Украина тақвият хоҳад кард ва дар оянда тамоми талошашро барои ба сари қудратовардани онҳо хоҳад кард. Таъсири қазияи Украина метавонад ба масъалаи Сурия ҳам таъсири худродошта бошад. Холо ба хотири фишор бар тарафи дигар ҳарду тарафшояд кумакҳояшонро бар тарафи дигар бештар намоянд ва ин қазия агарба зуди ҳал нашавад дар оянда шоҳиди таҳаввулотҳое дар қазияи Сурия ҳам хоҳем  буд.

Akmal QadamovАкмал Қадамов, таҳлилгар:

- Ҳар гуна намуди мудохилаи низомии як давлат ба давлати дигарро ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум мекунад. Таърих аз мудохилаҳои даҳҳаҳои ахири Шуравӣ ба Афғонистон ва ё Амрико ба Ироқу Афғонистонро чун саҳифаи сиёҳи роҳбарони вақти он медонанд. Фикр мекунам, ки мудохилаи низомии Русия ба Украина ин танҳо беш аз садои баланди Кремл ҳасту халос ва Путин дар ин самт низ аз зиракӣ ба кор бурд. Ӯ ҳеч гоҳе техникаи низомиро ба ғайр аз Қрим ба ҳеч як минтақаи Украина нахоҳад фиристонд ва ё ба ҳамин мисол сафири худро аз Вашингтон фаро нахоҳад хонд, балки аз як тарзи "зарбаи забонӣ" бо Аврупою Амрико истифода хоҳад намуд. Кремл тамоми фишорҳоро, сар карда аз фишанги газ ва ҳоказо бар зидди мақомоти нави Киев ба кор хоҳад бурд, аммо хуб медонад, ки мудохилаи низомӣ ба хоки Украина на танҳо латма ба обрӯи ҳукумати Путин, балки оқибати фишори сахти Ғарб зидди Маскав ва обрӯи Русия дар ҷомеаи байналмиллалӣ хоҳад буд. Баъдан Украина як кишвари кучаку заиф мисли Гурҷистон нест, ки Русия тавонад ҳавопаймоҳои низомии худро дар зарфи 10-15 дақиқа ба сарои ҳавоии Киев фиристонад.

Ato MirkhojaАто Мирхоҷа, шоир:

- Иқдомоти Русияро ҷонибдорӣ мекунам. Нест бод неофашизами аврупоӣ! Русия бояд ахиран қудрати худро намоиш бидиҳад, вагарна ҷони тамоми маскунони давлатҳои пасошуравӣ ва ҳамҷаворони он дар хатар аст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97