"Г...о" кисту "дерьмо" кист"? Андар талоши фаҳми мантиқи Шабдолов

Сиёсат 05.03.2014 16:26

Bozor S-Olga- Shabdolov«Ленин разделял интеллигенцию на три группы; первую, которая защищала монархию, он назвал «говном», вторую, которая защищала интересы западных капиталистов, вождь называл дерьмом, а третью, которая защищала чаяния народа, его интересы, он просто обожал», - Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ.

Шодӣ Шабдолов, вакили МН аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вокуниш ба ҳалномаи додгоҳ нисбат ба нашрияи «Азия плюс» гуфтааст, ки ин ҳалнома баёнгари адами қонунмандӣ аст. Ӯ зиёиёни даъвогарро ба надонистану огоҳ набудан аз осори доҳии пролетариати ҷаҳон В. Ленин муттаҳам карда ва ба онҳо тавсия кардааст, ки як бори дигар ба ин осор муроҷиъат кунанд ва хуб дарёбанд, ки Владимир Ленин кадом қишре аз зиёиёнро «говно» хитоб кардааст. Ва кадом қисме аз онҳоро «дермо» ва ба кадоме ҳам адои эҳтиром кардааст. Албатта оқои Шабдолов нагуфтааст, ки зиёиён бояд хуб бихонанд ва пай баранд, ки ба кадоме аз ин қишрҳои зиёии тавсифнамудаи Ленин шомил шуда метавонанд. Вале аз лаҳни суханоне, ки аз ӯ («АП» нақли қавл кардааст), рӯшан аст, ки пешвои бебадали коммунистони Тоҷикистон аз ин қарор норозӣ аст ва аз ин нашрия ҳимоят мекунад. Иттифоқан бояд гуфт, ки оқои Шабдолов нохоста мавзӯъи хуберо барои баҳс матраҳ кардааст.

Аввалан, аз сари инсоф бояд гуфт, ки ин қарор ё ҳалнома баҳсбарангез аст. Додгоҳ бояд ба чунин хулосае намерасид. Албатта таҳқир дар ин мақола ҷой дорад, аммо шахсияти таҳқиршаванда мушаххас нест ва ҷуброни молӣ талаб кардани шахси номаълум ғайри мантиқист. Зеро дар ҳеч санад, диплом, шаҳодатнома ва қонун навишта нашудааст, ки раис ё узви Иттифоқи нависандагон ва ё узви АУ ва ё доктори улуми санъатшиносӣ ва филологӣ зиёӣ мебошад. Онҳое, ки ҷуброн талаб намудаанд, номашон зикр нашудааст, пас комилан собит аст, ки таҳқир ҳам нашудаанд. Дар ин мақолаи Олга Тутубалина фақат як нафар аз нигоҳи қонунмандӣ таҳқир шудааст ва ҳақ дорад, ки ба додгоҳ муроҷиъат кунад. Он ҳам исми Бозор Собир аст, ки дар воқеъ «г…» унвон шудааст. Ин даъво ҳаққи Бозор Собир буд, аммо ӯ чунин даъво накардааст. Пас, дигарон ҳаққи даъворо надоштанд, чунки шахси каси дигаре дар он мақола зикр нашудааст.

Аммо баргардем ба суханони Шодӣ Давлатович, ки гуфтааст; «Я с полной уверенностью могу заявить, что те, которые сегодня кроме себя и своего благополучия не думают ни о чем, те, которые хотят переписывать историю, готовы послужить новоявленным хозяевам жизни, являются говном и дерьмом»,  заключил Шабдолов. (http://news.tj/ru/node/184373). (Тарҷума: «Ман бо тамоми боварӣ метавонам бигӯям: касоне, ки имрӯз ғайр аз худ ва манфиати шахсиашон дар бораи чизи дигаре фикр намекунанд, касоне, ки мехоҳанд таърихро аз нав бинависанд  омодаанд ба хоҷагони навпайдои зиндагӣ хидмат кунанд, г.. ва ахлот ҳастанд», -изҳор доштааст Шабдолов. -«Миллат»)

Аммо боз ҳам оқои Шабдолов дар худ шаҳомати инро наёфтааст, ки бигӯяд ин суханон ба кӣ ва ё ҳадди ақал кадом қишре марбут аст. Вале мусаллам аст, ки рӯи сухани пешвои коммунистон метавонанд ба ҷамъе аз зиёиён бошад.

Боз ҳам, ҳоло намешавад гуфт, ки аз чӣ ангезае коммунисти аввали Тоҷикистон аз ин ҳалнома норозист ва аз ин нашрия эъломи ҳимоят мекунад. Зеро дар гузашта чандин рӯзномаи тоҷикӣ баста ва ҷарима шуд, аммо садое аз ин коммунистон баланд нашуд. Ё шояд ҳам коммунистон ва ҳам нависандаи «АП» бо рӯъёи гузаштаи коммунистӣ ҳанӯз ба сар мебаранд? Ва ё шояд ҳам умумияти дигари инҳо таваққӯъоти яксонашон аз Кремлин аст?

Ба ҳар ҳисоб, ҳар чи ҳам бошад, ин ҳошиянавиштаро бо мантиқи ҷаноби Шодӣ Давлатович мехоҳем нуқта гузорем. Бигузор фарз бар ин бошад, ки «г…» унвон кардани зиёии тоҷик ва умуман ҳар нафари дигари ин ҷомеъа таҳқир нест ва ин тоифа сазовори ин унвон ҳаст. Намояндагони сафорати Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ва Русия низ дар ҷаласаҳои додгоҳ ҳузур доштанд, аммо суде ҳосил нашуд. Ҳатто Рамзия Мирзобекова, хабарнигори боэҳтироми ин нашрия нохоста сари як гапи дигарро кушод ва дар саҳифаи худ навишт, «Раньше, когда в отношении "АП" подавали иски, то истцы тянули время, а потом тихонько забирали иски. На этот раз дело форсировали и иск удовлетворили.» Бале, қаблан даъвогарон ба суд медоданд, вале номабозии пуштибонони расонаҳо шурӯъ мешуд ва маслиҳати сиёсӣ ин мешуд, ки ба хотири наранҷидани шарикони бузург даъвогар таҳти супориш даъвои худро «тихонько» пас мегирифт. Вале «на этот раз» чунин нашуд. Ҳатто ҳузури фиристодаи Амрикову ҳамроҳонаш низ коргар воқеъ нашуд. Ин мавридест, ки гапи бародарони бузурги наздик мегузарад, на аз он сӯи уқёнус. Ҳоло нигарон бояд буд, балки тардид надошта бошед, ки баъди он ки «АП» сели вокунишро рӯи интернет коштааст, матбуоти Русия ба баҳонаи фишор болои матбуоти русизабон ва ҷарима кардани як хабарнигор дубора фоҷиъаҳоеро ба сари муҳоҷирони тоҷик хоҳад рехт. На қарори додгоҳ, балки сару садои атрофи он боиси ин ҳол метавонад бишавад.

Акнун сари сухан ин ҷо банд мемонад, ки ба истилоҳи ҷаноби Шабдолов, «вторую, которая защищала интересы западных капиталистов, вождь называл дерьмом», яъне дар воқеъ онҳое, (нависанда ё журналист, соҳиби расона ё зиёиву коммунисту демократе), ки рӯ ба Кремлу Қасри Сафед намоз мегузоранд, низ «г…» неву «д…» мебошанд?

Адолати Мирзо

P.S.: Ҳич ҷои нигаронӣ вуҷуд надорад, 95 дарсади бозори ахбори тиҷоратӣ дар Тоҷикистон монополияи «АП» аст ва ба осонӣ метавонад ин мушкилро пушти сар кунад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97