Вазорати молия бо ислоҳи қонуни "бухгалтерия" чи ҳадаф дорад?

Сиёсат 07.02.2014 14:58

Vazorati moliyҚарор аст порлумони кишвар қонун "Дар бораи муҳосибот ва ҳисоботҳои молӣ"-ро баррасӣ бикунад. Ин тарҳ аз сӯи Вазорати молияи кишвар ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Ва Вазорати молия зимни пешниҳоди ин тарҳ иддаъо кардааст, ки вазъи муҳосибот (бухгалтерия)-и ширкатҳои хусусӣ риққатбор мебошад ва гуфта мешавад, ки пас аз ворид кардани иловаҳо ба қонуни мазкур давлат муҳосиботи корхонаҳо ва ширкатҳои хусусиро зери назорат хоҳад гирифт.

Ба назари шумо тасвиб шудани ин тарҳ ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ суд ва чӣ зиёне ба бор хоҳад овард?

Rahim QalandarovРаҳим Қаландаров, муҳосиби корхонай хориҷии Devat-Col:

- Ин боз як ҷабри дигар ба корхонаҳову идораҳои хусусис. Инҳо бо ин роҳ мехоҳанд, ки монополияҳои корхонаҳои хурдро аз байн бубаранд. Ин дар ҳолест, ки аз ҳама андозситонии бештар дар Тоҷикистон аст. Агар мехоҳанд, ки ҳисоби бухгалтерӣ шаффоф бошад, бигузор оморро назорат кунанд. Мисол мегирем аз Хоҷагиҳои деҳқонӣ Хоҷагии қишлоқ ҳосили деҳқони бечораро муайян мекунад. Аз як гектар замини лалмӣ аз 40 то 50 сентнер ғаладона бояд супурд, ки деҳқони бечора ҳамагӣ 10 -15 сентнер ғаладона мегираду халос ва муҳосибаш маҷбур аст андозро аз рӯйи меъёри муайянкардаи Хоҷагии қишлоқ ҷудо кунад ва ҷабр ба Хоҷагии деҳқонӣ мешавад. Инҷо куҷо адолат аст, ҷойи он ки деҳқон андозро пинҳон кунад, аммо андозро зиёд месупорад. Хуласи калом, боз вой бар ҳоли корхонаҳои шахсиву хоҷагиҳои деҳқонӣ мешавад ва ҷабр ба халқ.

MuhayМуҳайё Нозимова, рӯзноманигор:

- Ин амал танҳо ба хотири қатъ намудани фаъолияти ширкатҳо хоҳад буд, чун бе ин ҳам андози ширкатҳои хусусӣ ҳоли табоҳе дорад, яъне қариб нисфи даромади ширкатҳо ба андозҳо сарф мешавад. Пас дар ин маврид ба андешаи ман ҳоло боз ҳам вазнинтар хоҳад буд ва боз як замина барои рушд кардани ришва дар кишвар мешавад.

Nuriddin QarshiboevНуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ:

- Ин иқдом кушиши таҳти назорат гирифтани созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, зеро дар айни ҳол муҳосиботи созмонҳои ҷамъиятӣ шояд аз муҳосиботи ниҳодҳои давлатӣ фарқияте надоранд, ва дар баъзе ҳолатҳо шаффофтар ҳам ҳастанд. Ба андешаи ман, бо қабул кардани қонуни нав суде ба нафъи давлат нахоҳад шуд, зеро мафкураи мансабдорони давлатӣ ниёз ба ислоҳот дорад, фақат дар сурати дарки масъулият ва фаҳмиши рисолати созмонҳои ҷамъиятӣ ё ба истилоҳ ғайриҳукуматӣ, метавон ба пешравӣ дар ҷомеа ноил шуд. Вагарна, дар заминаи фишори беасос аксари созмонҳои ҷамъиятӣ аз байн хоҳанд рафт, ки ин на ба нафъи давлат асту на ба фоидаи миллат.

Muhammadvafo RizozodaМуҳаммадвафо Ризозода, хабарнигор:

- Агар дар ростои ба низом даровардани низоми иқтисодии кишвар бошад, иқдоми дурустест. Вале аз таҷрибаҳои гузаштаи андозбандиҳо медонем, ки ин агар боз фишоре ба корхонаҳо ва ширкатҳои ғайридавлатӣ бошад, шояд дар кӯтоҳмуддат ба нафъи давлат бошад, аммо дар ниҳоят ба зиёни ҳам давлат ва ҳам корхонаҳои хусусӣ анҷом хоҳад шуд.

Abdullo AshurovАбдулло Ашӯров, шореҳи иқтисодӣ:

- Аз як сӯ кушиши давлат барои ба танзим даровадани муҳосиботи ширкатҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мантиқист. Давлат мехоҳад ҳисобу китоби онҳо шафофтар бошаду андоз ба будҷа бештар ворид шавад. Аммо таззод дар он аст, ки агар бахши хусусӣ бо ин мизони баланди андоз ва шароити пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон шафоф кор кунаду аз рӯи қонун андозашро пурра пардохт кунад, ним сол нагузашта касод мешавад. Худи як хадамоти муҳосиб барои як ширкати нимҷон чи қадар сарборӣ аст. Ин ки давлат мехоҳад бахши хусусӣ аз рӯи виждон покиза кор кунад бояд худаш ҳам дар қиболи тиҷорат бозии одилона пеш бубарад. Вагарна ба думболи шафофият давлат метавонад комилан бе манбаъи андозситонӣ бимонад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97