Исфара: кӣ гунаҳкор ва кӣ манфиатдори низоъ аст?

Сиёсат 23.01.2014 09:29

Vorukh va marzБаъд аз зуҳри 15-уми январ раҳбарони баландпояи ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рафъи пайомади муноқизаи марзии рӯзи 11-уми январ пушти мизи гуфтушунид нишастанд.

Дар ин мулоқот дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҳамчун роҳбари ҳайати ҷониби Тоҷикистон ширкат дорад. Гуфта мешавад, дар ин мулоқот фармондеҳи нируҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳамтои кирғизаш Раимбердӣ Дуйшенбиев низ ширкат кардаанд.

Дар нишасти мазкур масъалаи танзими гуруҳи назорати патрулӣ миёни фармондеҳони нируҳои марзбонии ҳарду кишвар бори дигар мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Ҳамчунон ҷонибҳо роҷеъ ба коҳиши ҳайати марзбонии ҳарду кишвар дар минтақаи марзии Исфара ва Ботканд гуфтугӯ хоҳанд кард.

Оғози низоъ

Зӯҳри 11 январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 2 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон ба дунбол эълон кард, ки марзаш бо Тоҷикистонро то анҷоми таҳқиқи қазияи ахир мебандад. Ин муноқиша баъди он сар зад, ки тарафи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи муовинони сарвазир тавофуқ намуда буданд, ки то анҷоми ташхис ва аломатгузории марзи миёни ду кишвар ҳиҷ барномаи сохтмонӣ рӯи даст гирифта намешавад. Аммо ба гуфтаи марзбонони тоҷик, ҷониби Қирғизистон бо вуҷуди ин тавофуқ ба сохтмони роҳ дар ин минтақа идома додаанд. Ва рӯзи 11 январ, вақте ки техникаи роҳсозӣ ва коргарон машғули кор буданд, марзбонони тоҷик онҳоро огоҳ намуданд, ки ин амал мухолифи тавофуқи ҳосилшуда миёни ду ҷумҳурӣ мебошад. Муноқиша ба думболи ҳамин гуфтумон рух додааст.  

Бишкек: Муноқиша бо айби ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт

Вазорати хориҷаи Қирғизистон рӯзи 13 январ бо пахши як баёния изҳори умед кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба таҳқиқи низоъи марзии рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд "иродаи сиёсӣ нишон хоҳад дод."

Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар баёнияаш изҳороти ду рӯз пеши вазорати хориҷаи Тоҷикистонро "носаҳеҳ" хонда гуфтааст, Душанбе анҷоми таҳқиқотро мунтазир нашуда, назарашро дар бораи ин моҷарои марзӣ баён дошт. Ин изҳорот мегӯяд, "хулосаҳои бармаҳал ва арзёбиҳои спекулятивӣ дар тафсири ҷониби Тоҷикистон ҷавобгӯи фазои равобити ҳамсоягии Қирғизистону Тоҷикистон нест ва ба таъмини суботу амният дар марз мусоидат намекунад."

Қирғизистон бахусус далели "ҳамла"-и низомиёни тоҷикро шадидан маҳкум карда, гуфтааст, дар асл "сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой- Тамдиқ дар он рӯз дар қаламрави Қирғизистон анҷом мешуд, на дар қаламрави сабтношуда." Бишкек ҳамин тавр, аз истифодаи силоҳи тӯпхонаӣ алайҳи низомиёни қирғиз ва тиркушоӣ ба қаламрави Қирғизистон изҳори норозигии шадид карда, инро "поймол кардани тамоми меъёру усули ҳуқуқи байналмилалӣ" номидааст.

Ҳамзамон Бишкек бо таъкид ба сатҳи феълии равобит ва анъанаҳои қадими дӯстии мардумони ду кишвар изҳори умед кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз иқдомҳои ғайриқонунӣ ва аз иттиҳомоти шитобзадаву беасос дар қиболи Қирғизистон парҳез карда, "роҳҳои созандаи  ҳалли мусолиматомези вазъи пешомада ва таъмини амнияти мардумони ду кишвар"-ро хоҳад ҷуст.

Душанбе: Дар сар задани муноқиша марзбонони қирғиз муқассиранд

Шоми 11 январ вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, муноқиша дар марз бо Қирғизистон бо гуноҳи марзбонони кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастааст ва чунин рафтор мояи нигаронии ҷиддист. Дар баёнияи катбие, ки шоми шанбе дар торнамои вазорати умури хориҷӣ нашр шуд, омадааст, ки "намоиши зӯр ва истифода аз он роҳи ҳалли масоили умда нест" ва чунин амалкарди тарафи Қирғизистон "баръакс сабаби эҷоди халал дар равобити дӯстона ва бародаронаи ду миллату ду кишвар" мешавад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки бар хилофи тавофуқи Комиссиюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар аз рӯзи 7 январ, ки бояд корҳо барои бунёди роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдик қатъ шавад, рӯзи 11 январ мақомоти Қирғизистон бо ҳимояти сарбозон хостанд, бунёди роҳеро, ки қисме аз он аз хоки Тоҷикистон мегузарад, идома бидиҳанд. Марзбонони тоҷик баъди мушоҳидаи нақзи сарҳади Тоҷикистон аз коргарону нируҳои низомии ҳамсоякишвар хостаанд, то корҳоро қатъ кунанд, аммо ба гуфтаи вазорат, дар посух ба ин даъват, гурӯҳи 20 нафарии марзбонони қирғиз аввал ҳамтоёни тоҷики худро дашном дода, сипас бе ҳиҷ огаҳӣ ба сӯи онҳо тир андохта, ду нафарашонро маҷрӯҳ кардаанд. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷӣ, марзбонони тоҷик маҷбур шудаанд барои ҳифзи ҷони худ оташи ҷавобӣ кушоянд.

Дар идомаи баёния омадааст, ки соати 12:20 гурӯҳе аз марзбонии Қирғизистон дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ наздик омада, аз сарҳадбонони тоҷик хостаанд, ки посгоҳи марзиашонро бардоранд. Ҳадаф аз ин дархост, оғози сохтмони роҳи мошингарди Қулунду-Мақсад будааст, ки Қирғизистон мехоҳад бисозад.

Бишкек сафирашро аз Душанбе бозхонд

Ба думболи иттифоқи пеш омада дар марзи миёни ду кишвар, барои аввалин бор дар таърихи муносибатҳои дипломатии ду кишвар, Қирғизистон сафирашро барои машварат ба Бишкек хонд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Қирғизистон Турдиохун Сиддиқов гуфтааст, "ин як таҷрибаи дар дипломатия муқаррарист, вале ба маънои қатъи равобити дипломатӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон нест. Мо дар робита ба қазияи охир дар марз дар назди ҷониби Тоҷикистон суолҳои зиёде гузоштаем. Ҳоло мунтазири посух ҳастем. Мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нота фиристодаем. Онҳо метавонистанд тамоми чизро бидуни рӯпӯш кардан ба мо бигӯянд. Чунин рӯйдодҳо ба равобити дуҷониба таъсири манфӣ мерасонанд," - гуфтааст ӯ ба бахши қирғизии "Озодӣ".

Инчунин, Қирғизистон расман бо ирсоли нота вазорати нақлиёти Тоҷикистонро аз масдуд кардани роҳҳои мошингузари худ дар гузаргоҳҳои расмии  "Гулистон"-и Исфара ва "Қарамиқ"-и Ҷиргатол дар ҷараён гузоштааст.

Як мақоми Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки мақомоти Қирғизистон ду рӯз баъд аз муноқиша дар марзи Исфара то замони ҳалли ин қазия роҳҳои мошингузар бо Тоҷикистонро масдуд кардаанд.

Ахиран бо масдуд шудани ягона гузаргоҳи Чину Тоҷикистон дар роҳи Қулма-Қаросӯ мошинҳои борбар асосан аз тариқи Қирғизистон вориди Тоҷикистон мешуданд ва расонаҳои Қирғизистон мегӯянд, ки бо баста шудани гузаргоҳи Қарамиқ даҳҳо мошини ҳомили бору коло дар гузаргоҳ банд мондаанд.

Аммо вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин хабарро такзиб карда ва гуфтааст, ки дар гузаргоҳҳои Қирғизистон таҷаммӯъи зиёди мошинҳо ба қайд гирифта нашудааст. Аммо расонаҳои хабарии Қирғизистон гуфтаанд, ки  танҳо дар гузаргоҳи Қайрағач дар марзи шаҳри Сулуктаи Қирғизистон бо ноҳияи Ҷаббор Расулов чандин мошини ангишт дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон дармондаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ба хештандорӣ даъват кард

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон дар як изҳороти расмӣ аз мақомоти ин кишвар хост, коршарикии анъанавии ду кишвар ва суботи минтақаро халалдор накунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон рӯйдодҳои ахир дар марзи байни ду кишварро таҳдиде ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва суботи минтақа хонда, дар як изҳороти расмӣ, ки шоми 14-уми январ нашр намудааст, гуфт, "тарафи Тоҷикистон изҳори эътимод мекунад, ки моҷарои ахир дар маҷрои созандагӣ ва аз тариқи муколама ҳал хоҳад шуд". Барои ин, омадааст дар изҳорот, Тоҷикистон тарафи дигарро ба хештандорӣ даъват мекунад.

Дар ин санад, ки хабаргузории ИТАР-ТАСС аз он нақли қавл кардааст, гуфта мешавад, дар тамоми давраи истиқлолияти Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳифзи амният, сулҳ ва субот дар минтақа пояи устувори эътимоди баланд, ҳамсоягии нек ва дӯстии байни ду кишвар буда, ин усул дар Шартномаи муносибатҳои бунёдии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва ҳамчунин паймони байнидавлатии муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва коршарикӣ, ки соли 2004 имзо шуда буд, дарҷ гардидаанд."

Ҳизбҳои сиёсӣ роҷеъ ба таниши марзӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро таҳдид ба амнияти ҳар ду кишвар хонда ва ҳукумату парлумонро барои ҳалли ин масъала даъват кардааст. Ҳизби наҳзати исломӣ таъкид кардааст, ки набояд ҳодисаи нохуши рӯзи 11-уми январ василаи таблиғотӣ алайҳи якдигар бигардад, балки ҳушдоре бошад барои ҷиддан машғул шудан ба масъалаи нишонагузории одилонаи марзҳои ду кишвар.

ҲНИТ аз мавзеъгирии баъзе расонаҳо ва доираҳои сиёсӣ, ҳатто ҳизбҳои сиёсии кишвари ҳамсоя изҳори таассуф намудааст, ки бидуни таҳқиқ ва баррасии одилонаи қазия, онро яктарафа баҳо дода, дар умум ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор медонанд. Дар изҳороти ҲНИТ омадааст: "Ҳол он, ки баррасии аввалия ошкор кард, ки ҳодиса дар хоки Тоҷикистон рух дода, таҷовузи мусаллаҳона ба сарзамини мо сурат гирифтааст. Бо истифода аз хомӯшӣ ва ё камфаъолиятии масъулину ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, мақомоти кишвари ҳамсоя фазои иттилоотиро бо маълумотҳо ва тафсирҳои яктарафа пур кардаанд, ки ин боиси натиҷагириҳои ғалат аз моҳияти масъала хоҳад гашт."

То кунун аҳзоби сиёсии расмии дигар роҷеъ ба қазия изҳори назар накардаанд.

Додситони Суғд: Ҳодиса бидуни баҳс дар хоки Тоҷикистон рух додааст

Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд рӯзи 13 январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар қиболи тирандозии рӯзи 11 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Додситони Суғд дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи таҳқиқи ҳодисаи даргирӣ байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар Исфара гуфт, дар бораи ин муноқиша мутобиқи бандҳои 104 - "сӯъиқасд ба куштор"ва 335 -"убури ғайриқонии марзи Тоҷикистон"- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҷониби додситонии ҳарбӣ парванда боз шуда, мавриди таҳқиқи пешакӣ қарор дорад.

Шариф Қурбонов гуфт: "Ман ба ҷойи ҳодиса барои таҳқиқ рафтам. Дар ҳақиқат ҷойи ин ҳодисаи тирандозӣ бе ягон баҳс  ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Муноқиша аз он ба миён омад, ки сарҳадбонҳои Қирғизистон бо аслиҳа ва бе иҷозат аз болои пул аз ҳудуди баҳснок ба тарафи Тоҷикистон, деҳаи Хоҷаи Аъло мегузаранд. Вақте ки сарҳадбонҳои тоҷик хоҳиш мекунанд, ки онҳо ба мавқеъи худ баргарданд, дар посух марзбонҳои қирғиз дашномҳои қабеҳ дода, аввалин тирро ба сӯи сарҳадбонҳои тоҷик мезананд. Сарҳадбонҳои тоҷик низ ба хотири ҳимояти марзи худ муқобилат мекунанд."

Вай афзуд, дар ин даргирӣ 2 сарҳадбони тоҷик ва чанд марзбони қирғиз захм бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Шариф Қурбонов таъкид кард, аммо "мавқеъи мо ин муноқишаро авҷ гирондан нест. Чунки истифода аз аслиҳа ин роҳи ҳалли масъалаи сарҳадӣ нест. Ҳаллу фасли ин масъала танҳо бо роҳи гуфтушуниди комиссияи муштараки марзбандии Тоҷикистону Қирғизистон сурат бигирад."

Акнун Маскав "миёнҷигар" мешавад

Дабири кулли созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа вазъи пешомада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо раҳбарони ин ду ҷумҳурӣ баррасӣ кардааст. Владимир Зайниддинов, сухангӯи созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ(СПАД) гуфтааст, "Николай Бордюжа тавассути телефон вазъи пешомада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо раҳбарони ин ду ҷумҳурӣ баррасӣ кард."  Аммо ӯ нагуфт, ки ин сӯҳбатҳо бо президентҳои ин ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев сурат гирифтаанд ё бо кадом мақомҳои пойинтар.

Владимир Зайниддинов гуфтааст, баргузории кадом нишаст ё машварати вижае дар ин масъала дар Маскав дар назар дошта нашудааст. Ӯ афзуда, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба таниши ахири марзӣ барои кумак ба ин эътилофи амниятии кишварҳои пасошӯравӣ муроҷиат накардааст. Зайниддинов мегӯяд, "мо ба мониторинги вазъ дар ин марз минбаъд ҳам идома медиҳем."

Таҳаввулот идома дорад ва то замони таҳияи ин гузориш ва чопи нашрия иттилоъе роҷеъ ба натиҷаи мулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон эълон нашудааст.

Аммо ҳадсу гумону таҳлилу баррасӣ роҷеъ ба ин моҷарои марзӣ зиёд нашру паҳн шудааст. Аз ҷумла аксари таҳлилгарон ба ин боваранд, ки дасти қудратманде дар ин миён аст, ки мехоҳад тоҷикҳову қирғизҳоро дар ин минтақа ба ҷони ҳам биандозад ва обро гилолуд намуда, моҳӣ бидорад. Дар шароити феълӣ метавон гуфт, ки чунин дастеро метавон дар мисоли ҳар қудрате дид, ки метавонад манфиатдори ин низоъ бошад, аз Узбакистон гирифта, то Русия ва Ғарб.

Бархе, аз ҷумла нашрияҳои Маскав, ин иттифоқотро оғози муноқишаҳои обӣ дар минтақа унвон кардаанд. Ин нашрияҳо, аз ҷумла, А. Дубнов, аз "Московские новости" аз ин иттифоқи марзӣ ба унвони нахустин ҷанги соли 2014 барои об ёд кардааст. Аммо таҳлилгарони расонаҳои ғарбӣ, баръакс бештар ташаннуҷ пайдо кардани авзоъ дар Қирғизистонро ба танишҳои Бишкеку Маскав роҷеъ ба Иттиҳодияи гумрукӣ рабт медиҳад.

Бархе ҳам ин муноқишаҳоро ҷузъе аз кадом як барномаи ба истилоҳ "Евразийский Балкан" унвон кардаанд.

Ҳоло бояд интизор шуду дид, ки чӣ иттифоқе дигар дар роҳ аст, то бештар рӯшан шавад, ки чӣ асроре дар ин миён аст. 

 "Миллат"

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97