Тоҷикистон дар ҷанҷоли Занҷонӣ дармондааст

Сиёсат 21.01.2014 14:51

Сафорати Ирон: Мумкин аст пулҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон бошанд

"Сангтӯдаи 2"-и ирониҳо аз кор монд

Bobaki Zanjoni 1Тафтишоти гуруҳи махсус дар Kont Investment Bank

Як гурӯҳи вижаи Бонки миллии Тоҷикистон ба таҳқиқи фаъолиятҳои Kont Investment Bank шурӯъ кардааст.

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ рӯзи 7 январ эълом доштааст, ки як гурӯҳи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон барои кардани масъала дар Kont Investment Bank кор бурда истодааст.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин мегӯяд, аз моҳи августи соли 2013 то ба ҳол тавассути Kont Investment Bank ягон амалиёти интиқоли маблағ сурат нагирифтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Kont Investment Bank  таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад ва аз ин рӯ, аз 2 августи соли 2013 бо дастури махсуси Бонки миллӣ роҳандозии ҳар гуна амалиёти марбут ба интиқоли маблағ тавассути ин бонк боздошта шудааст. Ба ҳамин сабаб тавассути суратҳисобҳои бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз сӯи таҳримҳои байналмилалӣ манъ шудааст, гузаронда нашудааст.

Матбуоти Ирон: Тақаллубкории Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна фош шуд?

Ин дар ҳолест, ки торнамои хабарии http://tajik.irib.ir хабар додааст, ки моҷарои фаъолиятҳои иқтисодии Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва ҷаласае байни мақомоти бонкии иронӣ ва тоҷик, ки асрорашро фош кард, бозтоби густардае дар расонаҳои хабарии Ирон дошта аст.

Аз ҷумла хабаргузории Интихоб ба нақл аз як мақоми огоҳ навиштааст: Ҳудуди як моҳ қабл, пас аз тарҳи иддао дар бораи ворид кардани дувуним миллиард евро аз сӯи Бобаки Занҷонӣ ба ҳисоби Бонки Миллии Тоҷикистон, Меҳдии Гударзӣ - муовини байналмилалии Бонки Марказии Ирон ба ҳамроҳи муовинони яке аз бонкҳои хусусии иронӣ ба Тоҷикистон сафар карданд.

Ҳайати иронӣ дар сафари нахуст, бо муовини Бонки Миллии Тоҷикистон дидор кард ва мақомоти тоҷик ба баҳонаи ҳифзи асрори муштарӣ аз эъломи назари сареҳе дар бораи мавҷуд будан ё набудани ин пул худдорӣ карданд, аммо ба сурати ғайрирасмӣ вуҷуди ин пулро таъйид карданд ва изҳор доштанд, ки мавзӯъро ба бонки "Кант-Груп"-и Тоҷикистон, ки мутааллиқ ба Бобаки Занҷонӣ ва муддаии ворид шудани ин пул аст, иттилоъ медиҳад.

Ҳайати иронӣ бо дарёфти рӯнавишти номае, ки ба таври зимнӣ вуҷуди пулро таъйид мекард, ба Ирон бозмегардад ва пас аз чанд рӯз бо паёми расмии раиси кулли Бонки Марказии Ирон барои ворид кардани пул ба ҳисоби Бонки Марказии Ирон, ҳайати иронӣ дубора ба Тоҷикистон меравад.

Ин гузориш меафзояд: Бо вуҷуди ҳамоҳангии ба амаломада барои дидори ҳайати иронӣ бо раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, танҳо чанд дақиқа қабл аз дидор, дафтари раиси Бонки Миллии Тоҷикистон талош мекунад, ки ҷаласаро бекор кунад, аммо бо пофишории ҳайати иронии шомили муовини Бонки Марказии Ирон, муовини як бонки хусусии иронӣ, мудири бонки иронӣ дар Тоҷикистон ва намояндаи сафорати Ирон дар Тоҷикистон, дар ҷаласаи ниҳоӣ бо ҳайати сенафараи тоҷик, шомили раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, муовини вай ва масъули умури пулшӯии ин бонк мулоқот мекунанд.

Дар ин ҷаласа, ба маҳзи расондани паёми раиси кулли Бонки Марказии Ирон бинобар дархости воридсозии дувуним миллиард евро ба ҳисоби Бонки Марказии Ирон, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аз вуҷуди чунин маблағе дар кишвараш ибрози беиттилоӣ карда ва таъкид мекунад, ки дар сурати ворид шудани чунин маблағи зиёд ҳатман бояд бо имзои худи ӯ бошад ва дар ниҳоят изҳор медорад, пули мавриди назар ҳеч гоҳ ба Тоҷикистон наомадааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳайати иронӣ, ки бар хилофи изҳороти дупаҳлуи ҷаласаи қаблии мақомоти тоҷик ба беасос будани асли мавзӯъ пай мебарад, номаи қаблиро ба раиси Бонки Миллии Тоҷикистон нишон медиҳад ва вай изҳор мекунад ба ҳамин далел, ки имзое зери нома нест, ин нома беэътибор аст.

Раиси ҳайати иронӣ бори дигар бо сароҳат ва дар се суоли ҷудогона аз се узви тарафи тоҷик ин пурсишро матраҳ мекунад: "Оё шумо таъйид мекунед чунин пуле дар Бонки Миллии Тоҷикистон вуҷуд надорад", ки ҳар се нафар ба сурати ҷудогона ин мавзӯъро таъйид мекунанд.

Дар ниҳоят ҳайати иронӣ ба суръат ба ҷаласа хотима дода ва муовини Бонки Марказӣ билофосила мавзӯи сохта ва тақаллубӣ будани иддаои ворид шудани пул дар Тоҷикистонро ба итилои раиси кулли Бонки Марказии Ирон мерасонад.

Норозигии Бонки миллии Тоҷикистон аз шарҳи матбуоти Ирон

Дар ҳамин ҳол Бонки миллии Тоҷикистон ин хабари матбуоти Ирон дар бораи сафари як ҳайъати баландпояи Ирон ба Душанберо расман тасдиқ ва ба сурати ғайриаланӣ баррасии қазияи Занҷонӣ дар мулоқотҳои ин ҳайъат бо раҳбарони Бонки миллиро эътироф кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, як ҳайъат таҳти сарварии муовини раиси Бонки марказии Ирон ба Тоҷикистон омада, бо раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ин масъаларо бо риояти муқаррароти протоколӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф баррасӣ кардааст. Аммо ин манбаъ бо таассуф мегӯяд, ки "мутаассифона, аз сӯи расонаҳои иронӣ, кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои расмиёти протокол ҳамчун кашолкорӣ барои ташкили мулоқот маънидод шудааст."

Номаи Бобаки Занҷонӣ аз зиндон

Бобаки Занҷонӣ дар номае аз зиндон ин бор иддао кардааст, ки қариб дувуним миллиард евро пули давлати Иронро аз тариқи Русия пардохт кардааст, вале ҳам дар Теҳрону ҳам дар Маскав инро рад мекунанд. Носири Сироҷ, раҳбари бозрасии кулли Ирон гуфтааст, миллиардери зиндонӣ Бобаки Занҷонӣ ахиран дар номае ба номи ӯ даъво кардааст, ки 2 миллиарду 460 миллион евро пулеро, ки ба гумони мақомоти Ирон, дар роҳ ба Ҷумҳурии исломӣ ғайб задааст, дар асл ба ҳисоби Бонки марказии Ирон дар Русия интиқол додааст. Аммо Бонкҳои марказии ҳам Ирон ва ҳам Русия таҳвил шудании чунин маблағи бузургеро рад кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Бобаки Занҷонӣ қаблан дар сӯҳбат бо сомонаи "Хабар- онлайн" бо ироаи гувоҳиномае, ки ба гуфтаи вай, аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст, тамоми қарзаш аз давлати Иронро аз тариқи ин бонк пардохт кардааст.

Аммо Бонки миллии Тоҷикистон ба дунбол ин даъворо рад кард ва тавассути сухангӯяш Абдуғаффор Қурбонов гуфт, ҳеҷ санаде ба Занҷонӣ надодааст ва он зоҳиран сохтакорӣ шудааст.

Бобаки Занҷонӣ рӯзи 30 декабр боздошт ва ба зиндони Эвини Теҳрон андохта шуд. Додситони кулли Ирон Ғуломҳусейни Эжеӣ дар шарҳи боздошти ин миллиардер гуфт, ки ин корро ба хотири пешгирӣ аз фирори Бобаки Занҷонӣ аз Ирон анҷом додаанд.

Рӯзи 5 январ Муҳаммадалии Пурмухтор, раиси комиссиюни асли 90-и парлумони Ирон ба хабаргузории "Форс" гуфта, ки бо таваҷҷуҳ ба печидагии парвандаи Занҷонӣ кумитаи муштараке аз сӯи ин комиссиюн, вазорати нафт ва Бонки марказии Ирон ташкил шудааст, то дурустии асноди ироашуда аз сӯи Занҷониро дигарбора баррасӣ кунад.

Сафорати Ирон: Имкон дорад Занҷонӣ пулро ба Тоҷикистон интиқол дода бошад

Дар сафорати Ирон дар Тоҷикистон эҳтимоли дар Тоҷикистон мавҷуд будани 2,5 миллиардеро, ки Бобаки Занҷонӣ ба далели гум шуданашон боздошт шудааст, сарфи назар намекунанд. Бино ба гуфтаи Аҳмадризо Асғарӣ, мушовири сафорати Ирон ба расонаҳо, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Занҷонӣ ин пулҳоро интиқол додааст, аммо зимни интиқоли онҳо ба Ирон кадом мушкиле пеш омадааст;

 - Дар ин замина хеле чиз барои мо низ норӯшан аст. Дар воқеъ ӯ санадеро ба Бонки миллӣ пешниҳод намудааст, ки ин пулро ба Тоҷикистон интиқол додааст, вале Бонки миллии Тоҷикистон инро рад мекунад. Барои ҳамин ӯ боздошт шудааст. Агар ӯ ин пулҳоро бар гардонад, озод хоҳад шуд. Барои мо ҷолиб аст бидонем, ки чи гуна ӯ тавонистааст, ки санади Бонки миллии Тоҷикистонро сохтакорӣ кунад ва фикр мекунем қабл аз ҳама расонаҳо битавонанд ба ин масъала рӯшанӣ биандозанд. Вале комилан ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Занҷонӣ ин пулҳоро ба Тоҷикистон интиқол дода ва кадом мушкиле баъдан дар интиқоли онҳо ба Ирон пеш омадааст. Вале чун БМТ инро рад мекунад ва пул мавҷуд нест, пас масъулият ба дӯши Занҷонӣ бор мешавад ва ӯ бояд посухгӯ бошад. Агар ӯ ин маблағро барқарор кунад, озод мешавад, чун иттиҳоми дигаре алайҳи ӯ вуҷуд надорад.

Вале ҳамзамон дар сафорати Ирон дар Тоҷикистон аз расонаҳо хостаанд, ки то поёнии баррасӣ ва натиҷагирии мақомот аз ин қазия аз доман задан ба он худдорӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки Занҷонӣ як чеҳраи калидӣ дар қазияи дур задани таҳримоти зидди Ирон аз тариқи фурӯши нафт ва интиқоли пули он аз хориҷ ба дохили Ирон шинохта мешавад.

Қатъи фаъолияти Сангтӯда - 2

Дар ҳоле ки баҳси 2 миллиарду 460 миллион сомонии гумшудаи Бобаки Занҷонӣ доғ мешавад ва мақомоти Ирон зоҳиран бовар доранд, ки он дар Тоҷикистон бошад, хабари аз кор мондани неругоҳи Сангтӯда - 2 нашр мешавад. Масъули иронии ин неругоҳ ба раоснаҳо гуфтааст, ки далели қатъ шудани онро аз вазорати саноати Тоҷикистон бипурсед. Вазорати саноъат дар навбати худ далели онро фаннӣ унвон кардааст. Аммо бархе аз таҳлилгарон онро ба қазияи пешомада дар марвиди пулҳои гумшуда низ беробита наемдонанд. Вале мақомоти Тоҷикистон таври маълум, интиқол ва вуҷуди ҳар гуна пулро ба бонкҳои кишвар дар ин робита рад мекунанд. Ва мегӯянд, ки қазияи Сангтӯда-2 иртиботе ба пулҳои гумшуда надорад, агарчанд ширкати давлатии "Барқи тоҷик"аз ин ниругоҳ 25 миллион доллар қарздор аст.

Вале рӯиҳамрафта 2 ним миллиард евро пули андаке нест, ки гум бишавад. Ба зудии зуд ин қазия ошкор хоҳад шуд ва агар пул ба Тоҷикистон ворид шуда бошад, ҳатмани ҳатман ин низ ошкор хоҳад шуд, ки ворид шуда ё не. Ба ҳар ҳол умед бояд кард, ки Тоҷикистон дар интизори бузургтарин расвоии молӣ дар ҳамаи таърихи худ ба сар намебарад.  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97