СССР-и нави Путин: Сабзӣ ва чормағзи русӣ барои Украина

Сиёсат 15.01.2014 21:15

putin yanovych moscow reutersДавлати Русия барои пайвастани Украина ба иттиҳодияи гумрукӣ ба раҳбарии Русия ва сарфи назар кардан аз имзои мувофиқатномаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо ин кишварро таҳти фишори зиёде қарор дод ва ба ҳамин манзур Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия чанд рӯз пеш бо Виктор Янукович ҳамтои Украинии худ мулоқот ва гуфтугӯ кард. Аз назари Путин рақобат муҳимтарин ангеза барои равобити байналмилалӣ аст ва сиёсати ӯ дар қиболи Украина низ бар асоси ҳамин масъала аст.

Ин мавзуъ меҳвари аслии суханронии ҳафтаи гузаштаи Путин дар порлумони Русия буд, ки хитоб ба миллати Русия эрод шуд. Путин муътақид буд, ки рақибони аслӣ "воҳидҳои бузурги геополитикӣ" ё ба иборате Амрико, Чин ва Урупо ҳастанд, агарчӣ Урупо ҳанӯз ба сурати як бозигари тамомайёри стратегӣ дар наёмадааст.

Дар ин қолаб Русия яке аз маъдуд бозигарони мустақили муҳим аст, ки бояд барои рақобати муваффақиятомез бо эҷоди як Иттиҳодияи сиёсӣ-низомии Осиёӣ-Урупоӣ пояи қудрати худро таҳким бахшад.

Ба ақидаи Путин Русия илова бар ин ки як воҳиди стратегии дорои тамаддуни ҷудогона аст, ки бо чандин кишвари дигар аз ҷумла Украина ва Белорус дар он саҳм дорад. Ин тамаддун, ки ҳам урупоӣ аст ва ҳам масеҳӣ сирфан густариши содаи Урупои Ғарбӣ ё Иттиҳодияи Урупо нест.

Буҳрони молии ҷаҳонӣ сабаб шуд, ки Путин пружаи ҳамгироии иқтисодии Осиёӣ-Урупоиро, ки иҷрояш муддатҳо ба таъхир афтода буд, дубора ба ҷараён биандозад.

Дар соли 2009 Русия бо иштиёқи фаровон фаъолият барои эҷоди як Иттиҳодияи гумрукӣ бо Белорус ва Қазоқистонро шуруъ кард. То соли 2012 ин Иттиҳодия назми бештаре ёфт ва ин се кишвар ба сурати як фазои иқтисодии воҳид даромаданд. Акнун ҳадафи эҷоди як Иттиҳодияи иқтисодии Уросиёӣ то соли 2015 аст.

Ду ҷумҳурии дигар аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ, яъне Арманистон ва Қирғизистон низ дархост кардаанд ба раванди ҳамгироӣ бипайванданд, вале таъсири воқеии ин Иттиҳодия ҳангоме аст, ки Украина бо 46 миллиюн нафар ҷамъият ва доштани дувумин иқтисоди бузурги минтақа (пас аз Русия) ба он пайваст шавад ва нируи инсонии қобили таваҷҷуҳеро, ки Путин ба дунболи он аст, дар як ҷо гирд оварад.

Бар хилофи тасаввури умумӣ ин Путин набуд, ки таҳримҳоро шуруъ кард. Ӯ ваъдаи имтиёзоти зиёдеро ба Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Украин дода буд, ки аз ҳама муҳимтар пешниҳоди коҳиши қимати газ, пружаҳои ҳамкориҳои саноатӣ дар миқёси бузург ва додани қарз бо шароити осон буд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардуми Русия ва Украина ҳар ду аз нажоди славянӣ ва умдатан аз масеҳиёни ортодокс ҳастанд ва украиниҳо дар давраи имперотурии тазории Русия ва сипас Иттиҳоди Шуравӣ нақши муҳиммеро ифо карда буданд, навъе ваҳдати маънавӣ байни ду миллат вуҷуд дошт ва пешниҳоди Путин дар ҳақиқат ба манзалаи даъват аз миллати украин буд, ки як бори дигар бо миллати Русия ҳамкоса шаванд.

Вале тамоми нухбагони Украина таваҷҷуҳи худро амалан бар як пружаи комилан миллӣ муттамаркиз кардаанд, ки муҳимтарин асли он истиқлоли Украина аз Русия аст.

Янукович ва Микола Азаров, нахуствазири Украина ва тамоми сармоядорони муҳими бахши шарқии Украин, ки аз ин ду шахсият ҳимоят мекунанд, бо ҳифзи равобити бозаргонӣ бо Русия мухолифате надоранд, бахусус аз ҳангоме ки бисёре аз колоҳои содиротии Украина бозори дигаре ҷуз Русия надорад. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ бо идғом дар Русия мувофиқ нестанд. Ин идғом сабаб мешавад, ки онҳо аз қудрат ва низ фаъолиятҳои бозаргонӣ канор гузошта шаванд.

Ҳизбҳои ҳоким дар ин минтақа низ вазъи мавҷудро тарҷеҳ медиҳанд. Вале аксарияти омма ва мухолифони давлати Украина хостори ҳаракат дар ҷиҳати пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо ҳастанд.

Шарти Путин: Русия ё Иттиҳодияи Урупо

Ба ҳамин ҷиҳат буд, ки Киев эълом кард бо вуҷуди ин ки мехоҳад равобити тиҷории худ бо Русия, ки дар он имтиёзоте ба Украина дода шударо ҳифз кунад, дар назар дорад мувофиқатномаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупоро имзо кунад.

Путин ин нуктаро барои Украина рӯшан кард, ки наметавонад дар айни ҳол ҳам аз имтиёзоти дӯстӣ бо Русия ва ҳам Иттиҳодияи Урупо баҳраманд шавад ва бояд яке аз ин дуро интихоб кунад. Ӯ ҳамчунин тасмим гирифт ба Украина нишон диҳад, ки рад кардани пешниҳоди ӯ ва рӯй овардан ба Ғарб чӣ ҳазинае барои Украина хоҳад дошт.

Бозрасони вазорати беҳдошти Русия эълом карданд, ки шоколотҳои воридотӣ аз Украина аз назари риояти усули беҳдоштӣ холӣ аз ишкол нест. Маъмурони гумрукии Русия ҳам суръати рафтуомади марзиро коҳиш доданд ва Газпром, ғули энержии Русия қарзҳои калони ширкати Украинии "Нафтогаз"- ро ба ин ширкат ёдовар кард.

Ин тадобир умдатан амалӣ кардани хатаре ба Украин буд, мабнӣ бар ин ки агар монеъаҳои тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупоро аз сари роҳ бардорад, Русия аз манофеъи иқтисодии худ дифоъ хоҳад кард. Вале ин тадобир дар асл ба ин далел рӯи даст гирифта шуда буд, ки ба раҳбарони Украина бифаҳмонад, ки дар сурате ки бихоҳанд ба ҷои Шарқ ба Ғарб рӯй биёваранд, то чӣ ҳад зарар ҳоҳад дид.

Тасмими моҳи гузаштаи Янукович барои қатъи музокира бо Иттиҳодияи Урупо нишондиҳандаи муассир будани тактикаи Русия буд. Агарчӣ тазоҳуроти густарда дар Киев сабаб шуд, ки авзоъ бар хости муроди Путин пеш наравад.

Кохи Кремлин, ки муътақид аст нисбат ба он чӣ дар Украина рух медиҳад хештандорӣ нишон медиҳад, аз Иттиҳодияи Урупо ба далели он чӣ ки онро мудохилаи ошкор дар Украина медонад хашмгин аст.

Тазоҳурот дар Киев нишон дод, ки сарфи назар аз ин ки имтиёзоте, ки Русия ба Украин медиҳад, то чӣ андоза бошад, Украиниҳо ҳамчунон ба дунболи роҳе барои хуруҷ аз мадори Русия хоҳанд буд.

Ҳамгироии Украина дар шакли кунунӣ, яъне на ба шакле, ки хости Путин аст, як муъомилаи бисёр бад барои Русия хоҳад буд. Дар ҳоле ки чунончӣ Иттиҳодияи Урупо ба модернтар шудани Украина, ки ҳам барои Иттиҳодияи Урупо ва ҳам Украина хароҷоти зиёде дар бар хоҳад дошт, кумак кунад, нафбардори аслӣ Русия хоҳад буд.

Дар сурати иҷро шудани ин амр барои Русия Украина ҳамсояе хоҳад буд, ки комилан қобили пешбинӣ аст ва Русия бидуни пардохтани ҳатто як рубл, фурсатҳои беҳтаре барои доду ситад бо ин кишвар хоҳад дошт. Зарари оқои Путин дар кӯтоҳмуддат барои Русия манофеъи дарозмуддат хоҳад дошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97