Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Чӣ бояд кард то интихоботҳо шаффоф баргузор шаванд?

Сиёсат 26.12.2013 14:47

Int-ikhobotИнтихоботи раёсати ҷумҳурӣ пушти сар шуд. Аммо интихоботи парлумонӣ ва боз интихоботҳои дигар дар пеш мебошанд. Оё мумкин аст, ки норозиён аз интихоботҳои гузаштаро дар интихоботҳои оянда сари сандуқҳои раъй овард? Ва ба назари шумо барои шаффоф баргузор шудани интихоботҳо қонунҳои Тоҷикистон ва кишвари мо ба чӣ тағйироте ниёз дорад?

Bobojon SHafiБобо Шафеъ, рӯзноманигор:

- Ростӣ аз ҳама гуна интихоботҳо хаста шудем. Ҳоло касе  намегӯяд, ки интихоби парлумонӣ  ба шеваи нав  мегузарад. Қонуни интихобот ҳамонест,ки буд аз ин рӯ тағйирот дар шеваи баргузории интихобот амалан номумкин аст. Шояд президент дар оянда ба назардошти эроди созмонҳои байналмиллалӣ ибтикори тағйирот ворид сохтан кунад. Вале инро вақт нишон медиҳад.

Abdufattoh01Абдуфаттоҳ Воҳидов, рӯзноманигор:

-Масъалаи интихобот дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ қариб якранг аст, зеро онро ҳамон одамоне барпо мекунанд, ки тафаккури шӯравӣ доранд. Шӯравӣ як навъи давлати шоҳӣ буд. Коммунистон дар сиёсати давлатдорӣ аз шоҳ Николай як қадам пеш нарафтанд. Онҳо фақат исми унвони олиии роҳбари давлатро тағйир доданд. Масалан, ба ҷойи шоҳ котиби генералӣ сохтанд. Дар замони баъди шӯравӣ бошад ба ҷойи котиби генералӣ аз кишварҳои Урупо исми президентро гирифтанд. Яъне бо иваз кардани исм мазмун тағйир наёфт. Мазмунро тавре дар кишварҳои соҳили Балтик ва Гурҷистон карданд, тағйир додан зарур аст. Тафаккури инсонро тағйир додан зарур аст. Мо аз замони шӯравӣ медонем, ки овозамон ба дарде намехӯрад, аз ду сар ҳамон нафаре интихоб мешавад, ки ӯро ҳукумат пешбарӣ намудааст. Агар Раҷаби Мирзо сад заводу фабрика ҳам дошта бошаду маҳбуби тамоми мардуми ноҳияи Восеъ бошад ҳам, агар ҳукумат нахоҳад, вай ҳаргиз депутат интихоб намешавад. Зеро фишанги асосӣ - маркази раъйпурсӣ дар дасти ҳукумат аст ва онро нафари дигар назорат карда наметавонад. Қонунҳои интихоботро тағйир додан зарур аст, то барои нақзи ҳуқуқи интихоботии ягон нафар ягон сабабе боқӣ намонад. ДарТоҷикистон, агар қонунҳои интихобот тавре ҳаст боқӣ монанд, дар масъалаи интихобот ягон тағйироти ҷиддиро интизор шудан маъно надорад. Эҳтимол, насли нав, фарзандони мардикорон, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба камол мерасанд, минбаъд дар системаи интихоботи кишвари мо тағйироте ворид созад.

Marat MamadshoevМарат Мамадшоев,таҳлилгар:

- Ҷомеъа бояд дарк бикунад,ки танҳо бо роҳи интихобот худи он  қодир аст бидуни ва шикасту завол ҳаёту зиндагиро беҳтар кунад.Худи ҳукумат чунин интихоботҳоро ҳеч гоҳ баргузор намекунанд, то он даме ки ҷомеъа эътибор, нуфуз ва таъсири худро бар он расонида натавонад ва аз он гузаронидани  чунин интихоботро талаб накунад.

Rajab MirzoРаҷаби Мирзо, рӯзноманигор:

- Барои шаффоф гузаронидани интихобот бояд як чанд корҳо, аз он ҷумла ба қитъаҳои инихоботӣ ҳамчун узви комиссия шомил намудани намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, пешниҳоди фаврии маълумоти натиҷаи интихобот ба намояндагони номзадҳо дар қитъаҳои интихоботӣ ва барҳам дододани гаравпулии интихоботӣ ба анҷом расонида шавад.

ShokirjonШокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос:

- Баъзе коршиносони ватанӣ таъкид мекунанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ навобаста аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба интихоботҳои миёнадаврӣ то анҷоми ваколати Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ҷамоъати деҳот мутаваҷҷеҳ нашуда, аниқтараш аз ширкат дар онҳо худдорӣ мекунанд. Ба интихоботи мақомоти намояндагии давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо, ки соли 2015 дар назар аст, бояд ҷиддитар омодагӣ гирифт. Таҳлили воқеъияти сиёсӣ ва равандҳои муносибати ҷамъиятӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки  набудани иродаи сиёсӣ номукамалии қонунгузорӣ ва ҷудо кардани  ҳизбҳои сиёсӣ ба худию бегона, инчунин фасод ва нобаробарӣ ва набудани кафолати амнияти шахсҳои алоҳида дар робита бо мавқеи  фаъолияти шаҳрвандии онҳо, минбаъд низ боиси таҳти назорати қатъии маъмурияти раёсати ҷумҳур баргузор кардани интихобот мешавад. Бояд ба инобат гирифт, ки будани парлумони мустақил шарти асосии рушди  устувори давлат ва беҳтар шудани эътибори байналмиллалии кишвар аст. Аммо ҳамзамон маҳз дар назорати парламентӣ ва самара бахшии ҳокимияти давлатӣ доираҳои муайян таҳдид ва хатарро ба манфиатҳои гурӯҳии худ мебинанд. Инчунин нияти ин гурӯҳ дар доираи стратегияи худ ба хусус дар он зоҳир мешавад, ки бо истифода аз имконияти парламенти идорашаванда бо як ду баҳонаи ҷузъӣ заминаҳои ҳуқуқиро  ба воситаи референдум оид ба тамдиди ваколат ба вуҷуд оранд, ё ширкати минбаъдаи онро дар интихоботи навбатӣ таъмин намоянд. Чунин шароит аз ақлу фаросат ва фарҳанги сиёсии созмонҳои иҷтимоӣ бисёр вобастагӣ дорад. Бинобар ин маҳз созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ба хусус нашрияҳои ғайридавлатӣ, бояд барои пиёда намудани ормонҳои миллат дар мавриди таҳкими низоми сиёсӣ, огоҳона ширкат намудани шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва идораи давлатӣ ва муташаккилии онҳо саҳми назаррасе дошта бошанд.Дар акс бетафовутӣ  боиси боз ҳам беҷуръаттар гардидани мардум шуда, минбаъд низ дар қолаби ҷаҳонбинии авлод ва маҳали мушаххас танзими идораи давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ идома меёбад. Бидуни шубҳа ин сабабу омили боз ҳам  қашшоқ гардидани мардуми кишвар на танҳо аз назари иҷтимоӣ, иқтисодӣ ба хусус ахлоқию маънавӣ мегардад, балки боиси ба марзи ҷомеъ ворид гардидани падидаву зуҳуроти номатлуби зиёде мешавад.

Abdullo AshurovАбдулло Ашӯров, хабарнигор:

- Барои ин вақт зарур аст як 20 соли дигар ба назарам. То ин ки мардуми тоҷик воқеан ба ҳамин нукта бовар ҳосил кунанд, ки ҳокмият меросӣ нест ва президентро мешавад бо роҳи сулҳомези интихобот иваз кард. То ҳол мардуми тоҷик ба ин нукта бовар надорад. Чунки дар таърих ҳоло ягон маротиба воқеан худаш мустқилона раҳбар интихоб накардааст.

Abdufattoh SHafirevАбдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигор:

-Боре ба суоле мушобеҳ посух гуфта будам, ки дар Тоҷикистон мағзҳо бештар ба тағйирот ниёз доранд, то ки қонунҳо. Ҳанӯзам ба ҳамин фикрам пойбандам. Интихобот замоне каме шаффофтар баргузор мешавад, ки ақаллан масъулони сатҳи поинии баргузории интихобот ба дарки вобастагии ояндаи худу фарзандонаш аз шаффофият дар интихоботҳо бирасанд. Интихобот замоне шаффофтар мешавад, ки ин масъулон бифаҳманд, ки агар фардо маблағе барои беморхона наёфтанд, бо табибе  камдониш сарукор доштанд, дар мақомоти интизомӣ шиканҷа диданд, макта бе барои дониши беҳтар наёфтанд, дар хонаи сарду торик хоб рафтанд, ғизояшон камтар буд ва рӯи гӯштро чанд моҳе надиданд, дар Русия таҳқир диданду ба дигар кишварҳо умуман роҳ наёфтанд, ва ғайраву ва ҳоказо, пас тақсири худашон аст, натиҷаи тақаллубу тамаллуқи худашон аст, гиребони худ бидоранд, на аз касе дигар ва на аз мақомдорони болоиро.

Ҷурабой Юсуфӣ, коршинос:

-Ҳоло барои шаффофу бетақаллуб гузаронидани интихоботи парлумонии соли 2015  фурсат аст. Ҳизбҳои оппозитсионӣ ва созмонҳои ғайридавлатию шаҳрвандӣ  метавонанд, корҳои зиёдеро анҷом диҳанд. Пеш аз ҳама қонуни интихоботи мо ислоҳ мехоҳад. Имрӯз қариб дар аксари кишварҳо барои бетақаллуб гузаронидани интихоботҳо аз овоздиҳии электронӣ истифода мекунанд. Бояд Тоҷикистон низ барои бо ин тарз гузаронидани интихобот аз ҳоло омодагӣ  бинад. Дар сурати ба  тарзи электронӣ  баргузор кардани интихобот ҳуқуқи интихоботии муҳоҷирони корӣ низ нақз намегардад. Аз тарафи дигар тавассути интихобот  ба майдони сиёсат ворид шудани нируҳҳои тоза низ ба манфиати ҳукумат аст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97