Аксҳое, ки бар Кобул ҳукумат мекунанд

Сиёсат 21.12.2013 16:13

Нақши расонаҳо дар тафоҳуми минтақаӣ

Masud kon KOBULАкси бузурги Аҳмадшоҳи Масъуд бо нигоҳҳои солор, вале андешаманд аз мо истиқбол мекунад. Ин рӯҳи Масъуд аст, ки ҳанӯз бар ин шаҳр ва ин сарзамин ҳукм меронад. Мо ба конфронси "Нақши расонаҳо дар тафоҳуми минтақаӣ" меравем. Ман бояд роҷеъ ба "Таъсири расонаҳо дар тарвиҷи фарҳанги тафоҳум" ва устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Ҷӯра Латифов дар мавриди "Буҳрони тафоҳуми минтақаӣ" суҳбат кунем. Аз нахустин бархурди ба истилоҳи афғонҳо пулиси марзбон маълум мешавад, ки дар воқеъ навъе адами эътимод ҳоким аст. Дигар бо гуфтани ин ки тоҷикам ё дидани шиносномаи Тоҷикистон "буру ба хайр тоҷикӣ"-ро намешунавӣ. Албатта боз ҳам бо ҳифзи эҳтироми хос назар ба соири мусофирон ба тоҷикон бархурд мешуд. Бархурди низомиёну пулиси афғон бо шаҳрвандони он кишвар ва ҳатто бо меҳмонон муносибати "боевик"-у силоҳбадастони замони ҷанги дохилии Тоҷикистон бо мардумро ба ёдам меовард. (Ин шева қаблан дар гузаргоҳҳову фурудгоҳи мо низ ҳоким буд. Аммо иттифоқан бояд гуфт, ки марзбонон ва масъулини гумруки мо феълан ба андозаи қобили мулоҳиза дар ин замина пешрафт кардаанд. Хоса муносибати ин навбати ҳамаи масъулини фурудгоҳ ва ҳам як корманди сафорати Тоҷикистон, ки самимона пешниҳоди мусоидат ва кумак ба мо намуданд, бисёр ҷои тақдир дошт.) Вале акнун пулиси афғон ба ҳама бо назари нисбатан хашин ва шубҳа менигаранд. Шояд бо далели афзоиши интиҳорӣ, инфиҷорҳо, ҳузури ба гуфтаи мақомот бархе афрод ва гуруҳҳои тундрави мазҳабии кишварҳои Осиёи Миёна дар Афғонистон мақомоти афғон ин ҳақро ба худ додаанд, ки чунин бархурде дошта бошанд.

Аммо аз миёни гузаргоҳҳо ва анбуҳи сарбозони то дандон мусаллаҳ, ки рад мешавем ва ба беруни фурудгоҳ, ки мерасем, моро масъулини конфронси тафоҳуми минтақаӣ ба пешвоз омада ва пулиси "тарофик" ё ГАИ роҳбаладӣ мекунад. Ин пулис ба рағми пулиси гузаргоҳи марзӣ хеле ҳақир ва сода аст. Бинибандеро ҳам барои ҳимоят аз ғубору гази худравҳо ба сурати худ кашидаанд. Ба назар чунин менамояд, ки мазлумтарин шахс дар Афғонистон ҳамин пулиси раҳнамо ва ё ГАИ мебошад. Ронандаҳо мегӯянд, бале инҳо "мисли мо ғариб ҳастанд". Гуфтам, ки пул мегиранд? Яке гуфт, ки бале, давлат барояшон музд медиҳад. Гуфтам, не, Шумо токсивонҳо ҳам барошон пул медиҳед? Воқеъан таксирон ҳайрон буд, ки чаро бояд ба пулиси раҳнамо ё ГАИ пул бидиҳад. Барои тафоҳум? Зинда бод мазлумтарин марди ҷодаҳои ҳанӯз хокии ин шаҳр.

Ва акнун мерасем ба "Нақши расонаҳо дар тарвиҷи фарҳанги тафоҳум". Як толори пур аз хабарнигор ва масъулини расонаҳои минтақаӣ интизори шунидани гузоришҳои Тоҷикистонро дорад. Мо як рӯз ба далели набудани парвоз дертар ба ҳамоиш мепайвандем.

Гузориши мо ба думболи суханронии Парвизи Кова, сардабири рӯзномаи "8-субҳ", ки мегуфт, расонаҳои Афғонистон, хоса телевизионҳои он кишвар дар кишварҳои минтақа, хоса Тоҷикистон нуфуз доранд, сурат гирифт. Муҳтавои суханронии банда ба сурати хулоса аз ин қарор буд, аммо суҳбатҳои бархе аз ширкаткунандагон аз ҷумла сардабири "8-и субҳ" боис шуд, ки ба бархе даъвоҳо ва пурсишҳо посух дода шавад:

"Таъсири расонаҳо дар тарвиҷи фарҳанги тафоҳум"

Kobool konfrons11"Дар асри ҷадид, бо эҷоди ҳарчи бештари текноложии итилоотӣ ин имкон фароҳам шудааст, ки иттилоот ҳарчи сареътар дар ихтиёри мардум қарор бигирад. Дар асри пеш дониш ва иттилоот ба ин шева ва ба ин суръат таксир намешуд. Ба ин далел, бо ҳарчи пештар рафтани текноложии мухталиф ба нақши расонаҳо дар таъсиргузорӣ ба афкори ҷомеъа ва савқ додани афкори умумӣ, на ин ки кам мешавад, балки расонаҳо ҳарчи нақши бештар ва муасиртаре пайдо мекунанд.

Бидуни шак дар асри ҳозир расонаҳо метавонанд муҳимтарин ва асоситарин васила дар барқарории робита миёни кишварҳо ва мардумони кишварҳо бошанд, ба шарти он ки вазифаи асосӣ ва рисолаташонро ба таври аслӣ ва воқеъӣ иҷро кунанд. Дар ғайри сурат, ба ҳамон андозае, ки як расона метавонад дар тарвиҷи фарҳанги тафоҳум миёни миллатҳо ва кишварҳо муфид воқеъ гардад, дар айни замон имкон дорад, дар харобии равобити мардумон ва кишварҳо, ба вуҷуд овардани афкори ғалат нақш дошта бошад. Бинобар ин, эҳсоси масъулияти ахлоқӣ ва маъмурияти дуруст дар ифои вазифаи мудирияти расона ва хабарнигорӣ бисёр муҳим аст.

Доштани фарҳанги тафоҳум пешзамина ва як лозимаи ҳамгироии минтақаӣ ба хотири беҳбуди равобити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ рушди минтақаӣ мебошад.

Дар бархе аз маврид ва марҳилаҳои хоси замонӣ, расонаҳо, мутаасифона, ба бузургу барҷаста сохтани бархе ихтилофоти миёни кишварҳо ва ақвом мепардозанд, дар ҳоле ки ба ҷои бузургсозии нукоти мавриди ихтилоф, расонаҳо бо таъкид ба ваҷҳ ва нукоти муштарак метавонанд афкори умумиро ба ҷониби таҳаммулпазирӣ ва андешидан сари барномаҳои муштарак савқ диҳанд.

Ба ин тартиб, васоити ахбори умумӣ ва ё расонаҳо метавонанд нақши муҳимме дар рафъи суи тафоҳум миёни давлатҳо низ ифо кунанд ва ё ба ҳамин андоза ба ин сӯи тафоҳум биафзоянд. Мисли он ки ду ҳафтаи ахир мо шоҳиди нақши мустақими расона дар афкори умумӣ дар худи Афғонистон ба думболи баёнияи як генерал дар мавриди ақвом будем. (Феълан ин телевизион -"Жувандун" баста шуда ва Ҳомиди Карзай маҷбур шуда ба хотири ҷилавгирӣ аз эътирозоти умумӣ ба ҷои ин генерал узрхоҳӣ кунад - "Миллат").

Дар бештар аз даҳ соли гузашта робитаҳо миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар хеле арсаҳо рушди қобили мулоҳизае намуда. Аммо бо вуҷуди доштани имконоти фаровон дар даҳ соли гузашта ва рушд ёфтани ҳамкориҳо дар хеле аз соҳоти дигар, миёни Афғонистон ва кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, боз ҳам ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни расонаҳои ин кишварҳо ва хабарнигорон ва наздик сохтани дидгоҳҳо анҷом нашудааст. Бояд миёни расонаҳо ва ширкатҳои хабариву телевизионии кишварҳои минтақа, ҷиҳати ошносозии бештар ба зиндагии мардумони кишварҳои якдигар табодули бештари таҷриба ва ҳамкорӣ роҳандозӣ шавад.

Бояд гуфт, ки талошҳои пайвастаи давлати Тоҷикистон, хоса муроҷиъатҳои шахси раиси ҷумҳур аз 20 соли пеш, ба ин сӯ дар заминаи мусоидат барои овардани субот ва сулҳ дар Афғонистон ва бозтоби ин муносибатҳо дар расонаҳои дохилӣ, ҳамкории наздик ва ҳимояти давлати Тоҷикистон аз мубориза бо терроризм боиси он шуда, ки роҷеъ ба Афғонистон ва мардуми он зеҳнияти хубе дар афкори умумии ҷомеъаи Тоҷикистон шакл бигирад.

Як масъалаи дигар, ки рӯи он бояд кор шавад, ба вуҷуд овардани забони воҳиди расонаӣ ё хабарӣ аст. Бояд забони хабар ба гунае бошад, ки аз ҳар расонаи форсие, ки нашр мешавад, барои мухотаб дар ҳамаи кишварҳо мафҳум бошад. Мисли он ки забони хабари инглисӣ содаву стандарт ва барои ҳама ошност. Дар ҳоле ки гуишу лаҳну лаҳҷаи ин забон ҳам мухталиф аст. 

Ба манзури ба вуҷуд овардани шароити тарвиҷи фарҳанги тафоҳуми минтақаӣ ва байни миллатҳо ва ақвом ба як фазои воҳиди иттилоотӣ, ба шабакаҳои минтақаӣ ва муштараки телевизионӣ, нашрияҳои муштараки хабарӣ, сайтҳои муштарак ниёз вуҷуд дорад. Баҳси телевизиони муштараки "Наврӯз" миёни се кишвари Афғонистон, Тоҷикистон ва Ирон ҳамчунон идома дорад. Ба бовар метавон гуфт, ки агар ин шабака дар се соли пеш шуруъ ба кор мекард, ман шуморо ва шумо маро бештар мешинохтед, ки феълан якдигарро шинохтаем.

Яъне як шарт ва озимаи густариши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиву сиёсӣ вуҷуди фазои воҳиди иттилоотӣ мебошад, фазое, ки дар заминаи эътимоди мутақобил ба вуҷуд омада бошад".

Хушбинӣ нисбат ба Тоҷикистон

Ба сурати умумӣ бояд гуфт, ки зеҳният дар афкори умумии ҷомеъаи Афғонистон роҷеъ ба Тоҷикистон низ хуб аст. Албатта ба истиснои бархе мавридҳои ҷузъие, ки зимнан ишора хоҳад шуд.

Таҳлилгари "8-и субҳ" мегуфт, ки мардуми Афғонистон аз ин ки раҳбарии Тоҷикистон пайваста ба масоили мо таваҷҷуҳ мекунад ва дар таъмини субот дар Афғонистон бештар аз ҳар раҳбари дигари минтақа талош кардааст, бисёр хуш ҳастем. Бештар аз он хуш ҳастем, ки мусоидат ва кумаки Тоҷикистон бидуни ҳич манфиатхоҳӣ ва ғараз маълум шудааст. Аксари кишварҳои ҳамсоя, хоса кишварҳои қудратманди ҳамсоя ба умури Афғонистон мудохила мекунанд ва сиёсати боҷталабӣ доранд. Аммо Тоҷикистон бар ивази ҳама мусоидате, ки карда сиёсати мудохилагарона надорад.

Озодии баён зери ҳимояти  калашников

Kobool konfronsМасъулини расонаҳо ва хабарнигорони Афғонистон дар нисбат ба соир кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ирону Покистон ба далели озодии бештаре, ки дар расонаҳо доранд, меболанд. Воқеъан ин ҳақро доранд. Чун расонаҳо дар ин кишвар озодии комил доранд. Агарчанд бояд гуфт, ки танҳо ҳар расонае ва ҳар шабакаи телевизионие марбут ба як фарди қудратманд аст. Масалан, мегӯяд, оқои Абдулло Расулӣ, аз фаъолони ҷомеъаи маданӣ, "ТВ Нур" ба писари устоди шаҳид - Раббонӣ марбут аст, "ТВ Оина" ба ҷенерол Дустум, "ТВ Жувандун" ба ҳизби "Афғонмиллат", шабакаи расонаҳои "Мондагор" ба бародари Аҳмадшоҳи Масъуд - Аҳмадвалӣ ва мисли ин. Аммо матраҳтарин телевизиони Афғонистон "ТВ Тулӯъ" аст, ки аз дохили он дидем ва бо масъулини барномаҳо суҳбат намудем. "Тулуъ" - телевизионе ба дарозии як кӯча. Як артиш, ки не, ҳадди ақал як баталион ин кӯчаи телевизиониро муҳофизат мекунад. Як кӯча ҳарчи ҳаст, сохтмону биноҳои он марбути шабакаи "Тулӯъ" ва "Тулӯъ-нюс" аст. Аз ибтидои кӯча, ки бо шлагбаум баста аст, то он ки вориди студияи телевизион бишавӣ, панҷ пости сарбозони мусаллаҳ бо калашниковро убур мекунӣ ва он ҳам қаровулоне, мушавваш ва дар ҳоли интизори он ки шояд касе худро мунфаҷир кунад. Ба худ меандешидам, ки чӣ беҳтар аст, озодии баёни беҳудуде, ки тавассути калашников ҳимоят шавад ва ҳар лаҳза интизори интиҳориро дошта бошӣ ва ё таҳаммули бархе аз монеъаҳо дар фазои бо суботу амонӣ? 

Мудири масъули шабакаи "8-и субҳ" гуфт, ки расонаҳои Афғонистон ба хусус телевизионҳои он, аз ҷумла "Тулӯъ" дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон бинанда дорад ва таъсиргузор аст. Гуфтам, ки бале, дар воқеъ шабакаҳои телевизионии Афғонистон, аз ҷумла "Тулӯъ" бинанда доранд ва бинандаи онҳо умдатан ё муҳаққиқони умури минтақа ва Афғонистон мебошанд ва ё занони хонанишин, ки силсила филмҳои тарҷумашудаи қораи сурх ва ё туркиро мебинанд. Аммо руиҳамрафта афкори умумии минтақа аз ин шабака таъсирпазир нест, зеро роҷеъ ба зиндагӣ ва фарҳангу анъаноти ин мардум барнома нашр намекунад, то мардум худро дар оинаи он бубинад.

Ин ҷо буд, ки мудири шабакаи ТВ Ховар роҷеъ ба барномаҳои муштараки варзишии Тоҷикистон ва Афғонистон суҳбат кард ва гуфт, чанде қабл чанд барномаи муштараки варзишӣ ва фарҳангӣ дар Хатлон ва ноҳияи Турсунзода иҷро шуда буд. Ӯ шикоят намуд, ки телевизиони онҳо ҳамаи ин барномаҳоро пурра нашр кардааст, аммо шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон бо нашри ахбори кӯтоҳе роҷеъ ба ин барномаҳои варзишӣ иктифо намудаанд. Гуфтам, ин гилаатонро ба дӯстони худ, ки мудирони шабакаҳои телевизионӣ ҳастанд, мерасонам.

Шаҳбози Собирӣ, мегӯяд, матбуоти Тоҷикистон зери нуфузи Русия қарор дорад ва ҳар ҳарфе, ки Маскав бихоҳад, ҳамонро рӯи чоп хоҳад овард. Гуфтам, ин бардошти комилан нодуруст аст, матбуоти Тоҷикистон озод аст ва ҳич навъ вобастагие ба Русия надорад. Балки иттифоқан кишваре, ки бештар аз ҳама дар матбуоти Тоҷикистон мавриди интиқод қарор мегирад, шояд Русия аст. Албатта далели умдаи ин марбут ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар аст…

Баҳсу гуфтугӯ дар ин конфронс ҳамчунон идома дорад, бештари баҳсҳо миёни рӯзноманигорони афғон ва покистонӣ сурат мегирад. Масъулини расонаҳои Кобул идаъо мекарданд, ки чеҳраи Афғонистон дар расонаҳои Покистон мутафовит бо воқеъият аст. Аммо ин гуна шиквае аз матбуоти Тоҷикистон надоранд.

Бо истифода аз фурсат барои мусоҳибае бо устод Ҷӯра Латифов ба мулоқоти Аҳмадзиё Масъуд меравем, ки акнун муовини аввали номзад ба раёсати ҷумҳурӣ Зулмай Расул аст. Ӯ ба рағми рӯзноманигорон аз вазъи минтақа ва Тоҷикистон огоҳии хуб дорад. Ва сӯҳбаташро аз изҳори қадрдонӣ аз мардум ва давлати Тоҷикистон барои мусоидат ба субот ва амният дар Афғонистон оғоз мекунад. Мегӯяд, кумакҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба бародараш (Аҳмадшоҳи Масъуд)-ро ҳамеша дар ёд дорад...

Кобул шаҳри зери мӯзаҳои силоҳдорон, шаҳри ГАИ-шникҳои мазлумтарини олам, шаҳри аксҳои Масъуд, шаҳри зери анбӯҳи риш ба таносуби чанд соли охир хеле пеш рафта ва тозатар шудааст. Масъуд агарчи худаш  рафта, аксҳо ва нигоҳҳояш ба ин шаҳр ҳукумат мекунад. Ин аксҳо гоҳе ҳам нигоҳи андешаманд, гоҳе нигоҳи уқобӣ ва омирона доранд ва ҷое ҳам табассум бар лаб. Акси бузурги Масъуд ба болои дарвозаи бародараш ҳамин гуна табассум дорад. Аксе, ки аз марги соҳиби худ ҳаргиз хабар надорад ва бо табассум моро бадрақа ва ё гусел мекунад.

Сураташ бехабар аст аз маргаш,

Сураташ бин чӣ қадар механдад.

Раҳматкарими Давлат Кобул- Душанбе декабри соли 2013

Буҳрони тафоҳуми минтақаӣ

Kobool konfrons14Тӯли ҷангҳо дар Афғонистон ва дар Тоҷикистон насли наве дар мамлакатҳои мо ба воя расидаанд, ки ба онҳо ба ивази ақидаҳои  ҷангу ҷадал, "колашников", терроризм, экстремизми исломии бунёдгаро, қочоқи маводи мухаддир ва ғайра  мо бояд руҳияи таҳаммулпазироӣ, тафоҳуми ҳамдигариро таблиғу тарбият намоем. То ки иштибоҳоти сиёсии гузашта, ки моро тӯли 70 соли сипаригардида аз ҳам ҷудо сохта буданд, аз афкори онон барканор созем.

Ихтилофҳо, тавре ки мо дар мисоли Афғонистон мебинем, тариқи ҷангу силоҳ ҳалу фасл намеёбанд. Нақши фарҳанг баҳри ҳамдигарфаҳмӣ, тафоҳум имконияти муфиде фароҳам месозад.

Робитаҳои даҳсолаҳои охири Тоҷикистони мустақил бо  Афғонистону Ирон собит намуданд, ки ба ҷои иштибоҳоти давраҳои гузашта феълан ҳадафҳои шукуфоӣ, тафаҳуми минтақавӣ эҳё шуда истодааст.

Рӯзҳои ибтидои ба Ҷумҳурии Афғонистон ворид шавии нируҳои Шӯравӣ рӯзноманигори олмонии "Генерал Анцайгер",  ки ба Душанбе сафар дошт, оид ба бепарвоии мардуми мо аз мудохилаи низомии Шӯравӣ нисбати ҳамсоягони ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва ҳамдин  мутаҳайир мешуд.

Имрӯз хушбахтона тамоми мамониатҳои идеологӣ,  марзбонони хориҷӣ, душвориҳои иттилоотӣ, ки моро аз ҳам ҷудо месохтанд, дигар садди роҳи мову шумо  нестанд.

Тавре ки шумо медонед, то соли 1997, яъне то рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии мусолиҳаи миллӣ байни ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва мухолифин, ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои нанговари он ҳалли масъалаҳои мазкурро маҳдуд менамуданд.

Дар муддати 15 соли осоиштагии Ҷумҳурии мо гоми устувор ба сӯи барқарор намудани пайвастагиҳои таърихӣ ва фарҳангии ҳазорсолаҳо байни мову шумо  гузошта шуданд. Агар дар гузашта дарёҳои Аму Вахшу Панҷ моро аз ҳам ҷудо мекарданд, имрӯз панҷ пули байни Тоҷикистону Афғонистон, бунёди минтақаҳои тиҷоратии назди сарҳадӣ, кушода шудани намояндагиҳои дипломатӣ ва консулию тиҷоратӣ, эҳёи     шоҳроҳи Абрешим, хатҳои интиқоли нируи барқи байнидавлатӣ ба густариши робитаҳо ва тафоҳуми   минтақавӣ мусоидат менамоянд.

Мутаасифона барои мавҷуд будани иштибоҳот ва набудани тафоҳуми минтақавӣ сабабҳое низ мавҷуданд. Пас аз порашавии давлати Шӯравӣ талошҳои байни давлатҳо дар масоили қавмӣ ва ҳудудҳои марзӣ, истифодаи оби дарёҳо, сохтмони ниругоҳҳои барқӣ, ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд.

Дар баъзе сиёсатмадорон фаҳмиши истиқлоли миллат на чандон дуруст аст. Қавмҳои муқимиро аз муҳоҷирону фирориёни давлати худ бояд ба куллӣ фарқ намуд. Аз ҳавлӣ ба боғи ҳамсоя набояд нигоҳи бад кард. Қавмҳои ҳамзабонро, ки дар хориҷ муқимӣ мезиянд,  шаҳрвандони худ ҳисобидан нодуруст аст. Мо итминони комил дорем, ки баъзе ҷудоиандозии давлатҳои ҳамҷавор байни қавмҳои пашту, тоҷик ва ҳазораҳо, туркзабонҳои Афғонистон боиси иштибоҳ ва хилофи тафоҳуми минтақавӣ мегардад.

Вақте ки дар сиёсати худ баъзе давлатҳо бо мақсади зиёд нишон додани нуфузи қавми худ намояндагони дигар қавмҳоро иҷборӣ дар шиносномаҳо ба миллати асосии давлат номнавис месозанд, оқибат он метавонад сабаби нооромиҳои минтақавӣ гардад. Дигар талошҳо характери иқтисодӣ доранд.

Хушбахтона, бо иродаи аҳлонаи сарварони давлатҳо  дар сиёсати онҳо умумияти ақидаҳо дар ҳалли масъалаҳои амнияти дастаҷамъӣ, ҳамгироии иқтисодӣ  нисбати проблемаҳои номбаршудаи минтақавӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Дар тӯли давраҳои мустақилияти онҳо хушбахтона ягон ихтилофи низомии байнидавлатӣ  ба амал наомадааст.

Аммо гарчанде, ки давлатҳои Осиёи Миёна ба иттиҳодияҳои гуногуни минтақавӣ шомиланд, баъзеҳо манофеи миллиро аз манофеи муштарак афзалтар медонанд. Аз ин хотир дар масъалаи истифодаи роҳҳо,  сохтмони ниругоҳҳо рашк, рақобат, ҳасад, ва ҳатто амалиётҳои ғайридӯстона ба назар мерасанд.

Яке аз талошҳои дигар кӯшиши сарвари минтақа будан байни сарварони Узбакистон ва Қазоқистон мебошад. Дар ин замина баъзан наздик будани қавми туркзабонҳои муқими Қазоқистон бо Қирғизистон, аз як тараф, мардуми Тоҷикистон бо тоҷикони Узбакистону форсзабонони Ирону Афғонистон, аз ҷониби дигар, мушоҳида мешавад.

Дар сиёсати хориҷии худ Тоҷикистон сиёсати "Дарҳои боз", яъне прагматикиро пеш гирифтааст. Васоити ахбори умум дар ҷумҳурии мо нируи муассири иттилоотӣ ва таблиғгари афкори ҷадид гардидааст. Теъдоди воситаҳои ахбори умум тӯли солҳои истиқлолият ба таври назаррас афзудааст.

Барои қиёс дар соли 1991 танҳо як оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 139 адад рӯзномаву маҷалла вуҷуд дошт, ки фақат чортои он хусусӣ буд.

Имрӯз 404 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 230 тоаш ва ҳашт оҷонсии иттилоотӣ ҳафтоаш ғайридавлатӣ, мавҷуданд. Маҳз онҳо бевосита аз сиёсати расмӣ метавонанд ба ҳаводиси байналмилалии минтақа шарҳи мусбату манфӣ диҳанд, ки он барои тафоҳуми байнидавлатӣ ба таври гуногун таъсир мерасонад.

Феълан дар Тоҷикистон, оҷонсии "Ховар" мухбирони худро дар Аврупо, Туркия ва Русия  дорад, радиои  бурунмарзии Тоҷикистон "Овози тоҷик" ахбороти худро  бо ҳафт забони хориҷӣ-форсӣ, русӣ, арабӣ, инглисӣ, ҳиндӣ, олмонӣ ба манзури шунавандагони бурунмарзӣ пахш менамояд.

Марказҳои иттилоотии минтақавӣ оҷонсии "Сентрал Эйша Ньюс" (дафтари марказӣ дар Бишкек), хабарҳои ҷолибро пешкаши мухлисони минтақа менамоянд.

Дар Раёсати иттилоотӣ, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВУХ Ҷумҳурии Тоҷикистон 124 мухбиру кормандони ВАУ кишварҳои хориҷӣ дар қайданд.

Оид ба масъалаҳои мухталифи сиёсию фарҳангии Афғонистону, Ирону Тоҷикистон рӯзнома ва веб сайти "Рӯзгор", Дунё, Ньюс, Пайк ва ғайраҳо маводи ҷолиб чоп мекунанд.

Вале мутаасифона мухбирони ҳангоматалаби ВАУ-и минтақа оид ба Афғонистон хабарҳоро нисбатан ғаразнок, -чун манбаи терроризм, қочоқи маводи мухаддир, экстремизми исломии бунёдгаро паҳн мекунанд. Шояд ин аз надонистани комёбиҳои муҳимме, ки дар мамлакати шумо тӯли солҳои охир ба даст омадаанд, вобаста бошад. Онҳо ҳоло дарк накардаанд, ки дар Афғонистон нисбат ба дигар давлатҳои исломии минтақа як шакли нави давлатдории исломӣ, ки бо демократия пайваста аст, бунёд шуда истодааст, ки худ мароқовар аст. Шояд ин аз сабаби мавҷуд набудани нуқтаҳои мухбирони давлатҳои минтақа дар Афғонистон вобаста бошад.

Мухбирону воқеанигорони дохилӣ аз ин сабаб  ахбороти расонаҳои дигар давлатҳоро манзури хонандагон месозанд, ки ахбороти онҳо марбут ба ҳодисаҳои сиёсии ҷумҳуриҳои минтақа на ҳама вақт амиқ ва холисона мебошанд, шояд онҳо зери таъсири сиёсати давлатҳои дигар афтода бошанд.

Kobool konfrons13Дар шароити афзудани муколамаи фарҳангӣ, тасвири  саҳеҳи воқеаҳои баналмилалии имрӯза дар ВАУ аз мавқеи журналист вобаста аст. Ба ҳам пайвастан ё ҷудоиандозии мухбирон бо одоби касбӣ ва виждони онҳо вобаста аст. Онҳо бояд дарк намоянд, ки тасвири симои манфӣ дар афкори умум метавонад оқибатҳои нанговар биёварад.

Баъзан ақидаҳои бегонаро ба мардум бор кардан ба муҳорибаи ахборотӣ табдил ёфтааст. Ба ин мақсад ҳамаи воситаҳои ВАУ, алалхусус шабакаҳои иҷтимоии гуногун истифода мешаванд. Воқеанигорон бояд   мувозинаи байни ҳуқуқи ифодаи ақидаю ахбор ва эҳтирому эътибори инсон, ҳифзи обрӯи онро ҷустуҷӯ  созанд.

Таклиф пешниход менамоям, ки барои баррасии мавқеи ВАУ дар гузаронидани муколамаи байнифарҳангҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа як шабакаи касбӣ ифтитоҳ карда шавад, то он хавфи паҳншавии хушунати фарҳангӣ ва экстремизмро аз тарафи медиа Тwitter, Fasebook, YouTube пешгирӣ созад.

Медонем, ки дар ин ҷода, яъне демократигардонии ВАУ Афғонистон хело пешсаф гардидааст. Инҷо 40 шабакаи телевизионии хусусӣ амал мекунад, ки мо аз Тоҷикистон онҳоро бо мароқ мепазирем.

Кули минтақаҳои дунё Аврупо, Амрико, давлатҳои араб чун БИ БИСӣ, Садои Амрико, Алҷазира, Евронюс, Дойче Велле ва ғайраҳо расонаҳои минтақавӣ доранд. Дар минтақа мо метавонистем низ чунин шабакаҳои муштарак бо  унвонҳои Мовароуннаҳр ё Хуросон, ки ҳаёти мамлакатҳои минтақаро саҳеҳ дастраси мардумони мо гардонанд, ташкил созем.

Мутаасифона тавофуқномаи соли 1993, ки дар Тошканд байни давлатҳои Осиёи Марказӣ марбут ба ташкили шабакаи телевизионӣ ва рӯзномаи муштараки минтақавӣ буд, то алҳол аз сабаби мубоҳисаҳо дар бораи забони умумӣ ва сабабҳои техникӣ ҳалли худро наёфтааст.

Агар мо минбаъд масоили тақвияти забони форсӣ ва фазои фарҳангии муштаракро ҳифз насозем, ҷараёни глобализатсиён (ҳамгироии дунёшавӣ) забони моро хароб хоҳад кард.

Муколамаи фарҳангӣ дар шароити мавҷудияти мушкилоти молиявӣ, қонунҳои маҳдудкунанда, рақобат, назорати давлат, рағбатҳои идеоложӣ наметавонад пурра мавриди истифода гардад. Ин маҳдудиятҳо метавонанд дар афкори умум нисбати фарҳангҳои дигар тасаввуроти нодурустро ташаккул бидиҳад.

Тафоҳумномаи байни се давлати форсзабон марбут ба ташкили шабакаи телевизиони муштарак бо сабабҳои техникӣ инчунин ба иҷро нарасидааст.

Баъзан дар инъикоси мавзуҳои марбут ба муҳоҷирон  мавзуҳои мазҳабӣ, барномаи ҳастаии Ирон, таҳдидҳои ба ном терроризми байналмилалӣ, экстремизми исломӣ бунёдгароӣ, хабарҳои хусуматомез ва ба муҳобот ба назар мерасанд. Ғояҳои авомфиребонаи бархурди тамаддунҳо набояд чун омили ҷудоандозӣ истифода шаванд. Мутаасифона дар намоишу хабарҳои мухбирони давлатҳои Ғарб оиди муҳоҷирони меҳнатӣ аз давлатҳои мо падидаҳои беэтиноӣ нисбати  анъаноти фарҳангии минтақаи мо  ба назар мерасад.

Kobool konfrons12Мухбирони мазкур кушиш ба харҷ меоваранд, то  тарики таҳдиду хушунат мавқеи шахсии худро ба души дигарон бор созанд.

Ин падида дар хабарҳои мухбирони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад. Онҳо манобеи нооромии суботи минтақаро дар Афғонистону Покистон тасвир месозанд. Таҳлилгарон дар ақидаанд, ки ба муносибати дар соли 2014 бароварда шудани нируҳои зидди террористӣ аз Афғонистон, авзои ҳавза мутташаниҷ мегардад. Барои пешгирии таҳдидҳо худи давлатҳои минтақа бояд тадбирҳои муштаракона ба амал бароранд, нагузоранд, ки абарқудратҳои минтақа ва ғайриминтақа вазъияти навро барои мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

Иттиҳоди Ҳамкориҳои Иқтисодӣ  кабл аз пружаҳои  иқтисодӣ муассисаҳои фарҳангӣ низ дорад, ки ба он панҷ давлати минтақа - Тоҷикистон, Ирон, Афғонистон, Покистон ва Туркиё шомиланд. Он метавонад, дар ташкили намоишҳои байнидавлатии телевизионни даҳ давлатҳои узви он ташкилот,  минҷумла, се давлатҳои форсзабон саҳм гузорад.Зеро проблемаҳои минтақавии моро бояд худамон ҳаллу фасл наимоем. Зеро ҳеч кас моро кумаки беғаразона намерасонад. Охир мо ҳеч эҳсоси ҷудоӣ надорем. Баракс, халқҳои мо робитаҳои хонаводагӣ, муштаракоти нажодӣ ва фарҳангӣ доранд, ки моро мепайванданд.

Анъанаи хубест, ки вақтҳои охир созмонҳои байналмилалӣ ба семинарҳо бо журналистҳо оид ба масъалаҳои байналмилалӣ намояндагони давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна ва Афғонистонро даъват менамоянд. Зеро танҳо дар муколама ва мубоҳисаҳои ҳамдигарӣ ҳақиқат тавлид меёбад.

Бевосита аз мавқеи сарварони давлатҳо дипломосии мардумии мо нисбат ба дипломосии расмӣ барои таъмини ҳусни таҳофуми минтақавӣ имкониятҳои васеъ дорад.

Имрӯз дар донишкадаҳои Тоҷикистон донишҷӯёни афғон ва иронӣ, толибилмони ин давлатҳо барои таҳсил ва тадқиқотҳои илмӣ омадаанд, дар Академияи улуми Тоҷикистон рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда истодаанд.

Дар оянда онҳо метавонанд чун сафирони мо дар давлатҳои худ фаъолият намоянд. Онҳо якҷоя бо дипломҳои тахассусии  худ руҳияи дӯстӣ ва ҳамкории судмандро ба ҳамватанонашон расонанд. Аз ин хотир мо онҳоро ба осори таърихии худ, фарҳангу анъаноти миллӣ, урфу одоб, санъати тоӣҷикон беҳтар ошно хоҳем  кард.

Аммо барои ҳавасманд намудани таҳсили ҷавонон дар ин ё он давлатҳои минтақа бояд масъалаҳои осон намудани гирифтани раводид, шаҳрванди барои намояндагони давлатҳои минтақа, рафтуомади онҳо, ҳалли масъалаҳои оилаҳои муштари, баланд бардоштани  нуфузи дипломҳои маълумотии олӣ ва ба ҳам тавофуқ намудани онҳоро (нострификация) осон созем.

Мутаасифона сафоратҳои давлатҳои хориҷии минтақа то алҳол марказҳои фарҳангии худро ифтитоҳ накардаанд. Дар саҳифаҳо ва намоишҳои ахбори умум, сафарҳои эҷодии театру синематографистон, тарғиботи фарҳанги милии халкҳои минтақа бояду шояд танзим дода нашудааст.

Истифодаи дастхатҳои мероси адабии ниёкон, такмили омӯзиши забони форсӣ, тарҷумаи асарҳои бадеии нависандагони давлатҳои ҳамҷавор ба хати кирилӣ, намоиш ва савдои китобҳои адибони давлатҳои ҳамчавор буҳрони тафоҳумро метавонад барҳам занад.

Умедворем, ки  андешаҳо ва тавсиаҳои конфронси мазкур дар ҳалли  мушкилоти тафоҳуми  минтақавӣ саҳми арзандае хоҳад гузошт.

Ҷӯра Латифов, Профессор, Гузориш дар конфронси Кобул 11-12 декабри с 2013

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97