Арзиши барқ ба реҷаи барқ чӣ таъсир метавонад дошта бошад?

Сиёсат 20.12.2013 16:04

bonki jahoniБонки ҷаҳонӣ ба давлати Тоҷикистон машварат додааст, ки нархи барқро боз боло бубарад. Ширкати "Барқи тоҷик" низ боло бурдани қиммати барқро дуруст меҳисобад ва сухангӯи ин ширкат иддаъо дорад, ки сабаби камбуди барқ маҳз арзон будани он аст ва боло бурдани қиммати он ба ҳал шудани мушкили барқ мусоидат мекунад. Шумо чӣ мегӯед?

Lola olimovaЛола Олимова, таҳлилгари умури байналмилал:

- Мутаассифона вазъияти иқтисодии кишвари мо имконият намедиҳад, ки ба маслиҳати Бонки ҷаҳонӣ гӯш надиҳад. Чун онҳо маблағ медиҳанд, бояд мо ба онҳо итоат кунем. Аммо мо давлати соҳибистиқлол ҳастем, мехоҳем, бахусус соҳаи энержиро рушд бидиҳем, ва ба он ҳамчун ба соҳае, ки метавонад иқтисодиёти кишварро аз буҳрон берун бикашад, такя мекунем. Барои ҳамин ба ин маслиҳати Бонки ҷаҳонӣ эҳтиёткорона бояд рафтор кард. Аз як ҷиҳат боло бардоштани нархи барқ вазъи аҳолии кишварро вазнинтар мегардонад, ки метавонад як рӯз не, як рӯз бо ҷамъ шудани дигар мушкилиҳо, сабаби лабрез шудани сабру тоқати мардум бишавад. Аз дигар тараф, баробар кардани нархҳои барқи Тоҷикистон бо дигар кишварҳо имконияти ба сатҳи бозори ҷаҳонӣ баровардани кишвари мо метавонад шавад, чун Тоҷикистон мехоҳад содиркунадаи барқ бошад.

BobojonБобоҷон Қаюмов, фаъоли сиёсӣ:

- Шояд Бонки ҷаҳонӣ бо дар назар гирифтани қиммати барқ дар кишварҳои пешрафта чунин чизеро дархост карда бошад, аммо дар шароити феълии кишвари мо ин кор ғайри мантиқӣ мебошад. Шояд дар меъёри байналмилалӣ ва дар шароити пешрафта нархи барқ қимматтар бошад, вале дар кишваре, ки маоши миёнаи мардум аз меъёрҳои байналмилалӣ поинтар асту бекорӣ дар он аз ҳад зиёд аст, наметавон ҳамон қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалиро ҷорӣ кард. Чанд сол пеш ҳам ҳаминро мегуфтанду барқро чанд бор қиммат карданд. Аммо то ҳанӯз на барқ доимӣ шудаасту на беҳбуде ба вуҷуд омадааст. Мегӯянд, агар барқ қимат шавад, камбуди нируи барқ бартараф мешавад, вале барои пардохти пули барқ инсон аввал бояд даромаде дошта бошад, ки бо қимати барқ мувофиқ бошад. Шароити кишвари мо асри 17- и Аврупоро мемонад, вале қонунҳоямон аз асри 21 хам пеш гузаштаанд. Барои ин қонунҳо ва меъёрҳоро амалӣ кардан, аввал шароити мардумро бо меъёрҳои байналмилалӣ ва асри 21 мувофиқ кардан даркор онгоҳ имкони чунин кор ба вуҷуд меояд. Таҷрибаи солҳои пеш исбот кард, ки аз боло рафтани нархи барқ танҳо пулсупории мардум боло мераваду халос, дигар чизе тағйир намекунад. Чунин ваъдаҳо аллакай барои мардум шиносанд.

Barot YsufiБароталӣ Назаров, шореҳи иқтисодӣ:

- То он гоҳе, ки барқи мо аз барқи ҳамсояҳо арзонтар аст, "лимит" домани мардуми Тоҷикистонро сар нахоҳад дод. Мантиқан ҳам агар бигирем, барқ бояд дар Тоҷикистон аз нархи феълӣ баландтар бошад, аммо набояд фаромуш ҳам кард, ки маоши миёна ҳам бояд аз ҳоло тақрибан се баробар болотар бошад, ки он гоҳ қиммати барқро пардохта тавонанд. Бар изофа агар дуздиии барқ камтар нашавад, махсусан бо ҳаҷми калон, ки масъулон аз он хуб огаҳ ҳам ҳастанд, барои истифодаи беҳуда агар касе ҷарима нашавад, нархҳо қиммат мешаванд, вале мардум аз "лимит" халос намешавад. Дар сурати бартараф кардани ин ду мушкил барқ бе гуфтугӯ қиммат хоҳад шуд, аммо имкон ҳаст, ки "лимит" ба тамом лағв карда шавад.

Mustafo SurkhovМустафо Сурхов, соҳибназар:

- Ба фикри ман боло бурдани нархи барқ, гарчанде ки ба манфиати ширкати "Барқи тоҷик" аст, аммо тасмими нодуруст аст ва мардуми одӣ тавони пардохти нархи гарони барқро надоранд. Агар аз ин ҳам нархи барқ болотар бурда шавад, мушкилоти ин система ҳалношуда боқӣ хоҳад монд. Системаи шабакаи барқи Тоҷикистон ба як мудирият ё менеҷменти дуруст ва ҳисобӣ ниёз дорад. Тоҷикистон худ бояд истифодаи барқ, нархи барқ, камбуди барқ ва идоракунии шабакаи барқ ва таъмини аҳолӣ бо барқро ба таври амиқ ва густарда таҳлил ва баррасӣ намуда, тасмим бигирад. Беҳтар аст, ки қабл аз ҳама аз вомҳои Бонки ҷаҳонӣ души Тоҷикистонро озод намуд ва дигар аз он вом нагирифт, вагарна ин гуна маслиҳатҳои "судманду фоидаовар"- ро дар оянда бештару бештар хоҳем шунид ва барои қабули онҳо ночор тасмим хоҳем гирифт.

Rahmatullo Zoirov- Раҳматило Зойиров, раиси ҲСДТ:

- Ин гуна пешниҳод ва асоснок кардани ин масъала аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ нодуруст аст. Иллати асосии камбуди барқ ин беназорат будани истифодаи барқ мебошад, ва механизми ин назорат на дар дасти аҳолӣ, балки дар дасти ҳукумат буда, мақомоти коррупсионӣ будани худро бо ин тасдиқ мекунад. Имрӯз дар Тоҷикистон барқ барои пурра таъмин кардани аҳолӣ (бидуни роҳандозии ҳеч гуна «лимит») басанда мебошад. Назорат нест, дурусттараш истифодаи барқ; а) ба тиҷорат табдил ёфтааст, б) аз ин "теневая экономика" баҳра мегирад, аҳолӣ ҳамчунон гирифтори "лимит" менишинад.

Mirzoi salimpurМирзо Салимпур, иқтисодшинос:

- Аз боло бурдани нарх нируи барқ фаровон намешавад. Ин мисли халтаи себ аст, ки ҷаллоб килояшро чӣ 10 сомонӣ бифурӯшад, чӣ 100 сомонӣ, мардум маҷбур мехарад, чунки медонад, ки як халта себ ба ҳама намерасад. Аммо ба ин ки гӯё боло бурдани нархи себ аз тарафи фурӯшандаи монополист сабаби фаровонӣ мешавад, маъзарат, вале ягон иқтисоддон бовар нахоҳад кард. Барои он ки себ фаровон шавад, бояд дар бозор на як фурӯшандаву як халта себ, балки даҳҳо тоҷир бо даҳҳо халтаи себ қатор истода, барои харидор мубориза бубаранд. Барои он ки нируи барқ фаровон шавад,  танҳо як роҳ вуҷуд дорад: Бояд ниругоҳҳо сохт! Ин аксиома аст!

Sadi YsufiСаъди Юсуфӣ, коршиноси мустақил:

- Ман фикр мекунам, ки сабаби камбуди барқ дар кишвари мо ба итмом нарасидани сохтмони ниругоҳи Роғун аст. Ва интизори мо аз Бонки ҷаҳонӣ ин аст, ки ба ҷойи маслиҳати боло бурдани нарх, дар ин росто кумак кунад, яъне дар анҷоми ҳар чӣ зудтари сохтмони НБО Роғун.

Akmal QadamovАкмали Қадам, муҳоҷир аз Амрико:

- Комилан дуруст аст, он ки бо боло бурдани нархи барқ мардумро ба сарфакорӣ аз он водор мекунад, аммо ба ин ки ин роҳи ҳал шудани мушкили он дар Тоҷикистон хоҳад буд, шубҳа дорам.

Нархи маҳсулот замоне боло мешавад, ки агар он дастрас ба ҳамагон ва бемаҳдудият бошад, аммо комилан бемантиқ мешуморам суханони масъули «Барқи тоҷик»-ро, ки тутивор аз Бонки ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ карда, аз камбуди худ намегӯяд ва боз "гуноҳ"-ро ба мардум ҳавола сохтаанд, ки маҳз арзонии барқ, сабаби камбуди нируи барқ дар кишвар ҳаст.

Мақомот 2 сол пеш мардумро рӯйирост фиреб дод, ки мушкили барқро ҳал хоҳад кард ва аз донишҷӯю фаррош то нафақахӯр маблағ ҷамъ кардаву проблема номуайян боқӣ монд.

Ба касе, ки якбор аз ӯ фиреб хӯрдам, на танҳо боварӣ надорам, балки ҳатто хоҳиши шунидани ваъдаҳоро надорам.

Nurali DavlatНуралӣ Давлат, коршинос:

- Ман борҳо гуфта будам, ки Бонки ҷаҳонӣ нархи барқро дар Тоҷикистон баробари нархҳои ҷаҳонӣ мекунад. То замоне ки Бонки ҷаҳонӣ қарзҳои додаашро аз Тоҷикистон барнагардонад, аз ин талабаш як ваҷаб ақиб намегардад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97