Ҳукумат: Кӣ монд ва кӣ рафт?!

Сиёсат 13.12.2013 15:21

Ба думболи истеъфои ҳукумати қаблӣ ва таъйиноти аъзои ҳукумати нав "Миллат" бо ин савол ба суроғи соҳибназарон рафт: Шумо аз тағйироти кадрии сурат гирифта чӣ интизор доред?

Mavjuda SМавҷуда Соҳибназарова, шореҳи иқтисодӣ:

- Аввалан аз ивазкунии ҷойи ҷамъашавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад, аз ҷугрофиё ҳам. Вақте ки таъинкунии кадрҳо ба ин тартиб сурат мегирад, маълум мешавад, ки то ҳанӯз ҳам касе дар ғами ин миллат нест. Масалан онҳое, ки дар вазифаҳои гуногун кор карданду имрӯз ҷояшонро тағйир доданд, оё дар вазифаи пешинаашон беҳбудие барои соҳае, ки дар он кор мекарданд, карданд? Мутаассифона роҳбарони мо аз утоқҳои кории худ намебароянд, як бору ним бор дар кӯчаҳо намегарданд, ки вазъ чи гуна аст. Ба ҳар куҷое, ки менигарем, фиреб аст, роҳбарро тобеъонаш фиреб медиҳанд, ӯ бошад, президентро. Ва аз ҳама зиёд дар ин ҷо президент дар доми фиреб меафтад. Ба ӯ ҳар рӯзу ҳар соату ҳар дақиқа дурӯғ мегӯянд. Шояд шумо гӯед, ки  ин ба мавзуъ чи дахл дорад. Масалан мо сарвазир ва чор муовин дорем. Фаъолияти кадоми онҳо чашмрас аст, кадоме аз онҳо бо ташаббуси худаш ба ин ё он ноҳия сафар кардааст ва аз мушкилоти он ба президент гуфтааст ё бевосита тавонистааст, ки худаш мушкилоташонро ҳал кунад?! Пас, инхҳ маошхӯри зиёдӣ мебошанд. Аз чор то будани муовин бигузор як нафари кор мекардагӣ бошад, кифоя аст. Умуман муовини сарвазир бояд нафаре интихоб шавад, ки дар бораи тамоми ниру, захоир ва имконоти маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон маълумот дошта бошад. Фақат бо омӯхтани пурраи маҳалҳо имрӯз имкони кушодани корхонаҳои гуногун дар маҳал аст. Мутаассифона, ин кадрҳое, ки таъин шудаанд, фикррониашон нав нест, ин вазифатақсимкунӣ онро ба хотир меорад, ки  як нафар дар киса қанд дорад ва он қандҳоро на ба касе медиҳад ва на ба болояшон зам мекунад, дар натиҷа он қандҳоро дар киса кирм мезанад, ҳукумати мо имрӯз ба ҳамин монанд аст, аммо набояд фаромуш кард, ки кирми пилла ҳам ба гирди хеш торе метанад. Дар маҷмуъ ҳаминро гуфтаниям, ки то ҳукумат пурра нав нашавад, нав ба маънои ҷойивазкунӣ не, беҳбудиеро интизор шудан ғайриимкон аст. Ин онро ба хотир меорад, ки дар утоқи корӣ нишаста барномаҳои иқтисодиро тарҳрезӣ мекунанд ва он натиҷа намедиҳад, барои он ки намедонанд Тавилдара дар шароити имрӯза чи имконият дорад ва Ҷиргатол чӣ...

 

Akmal QadamovАкмали Қадам, як тоҷики муҳоҷир аз Амрико:

 

- Ҳеч чиз! Система боқӣ монд, ҳукумат марказонкунонида агар бошад ва ҳама чизро марказ ҳал кунад, ман ҳеч сафҳаи тозаеро интизор нестам.

 

Фақат номҳо дигар шуд, касе ба нафақа баромад ва касе боз вазифаи тоза гирифт, аммо он системаи куҳна боқӣ монд. 21 сол пайи ҳам чунин тағйирот сурат мегирад, аммо пешравие дида намешуд, проблемаҳои ришвахӯрӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ва бекорию фақр ҳамоно боқист.

 

Навобаста аз ин ба шахсони нави таъингардида муваффақият хоҳонам ва ҳастанд воқеан шахсоне, ки ҳисси ватандӯстӣ дар дил доранд ва шояд онон дар тӯли роҳбарии худ кори хайреро анҷом бидиҳанд. Ва ба тамоми халқи Тоҷикистон, ки ононро на тағйироти кадрии ҳукумат, балки зимистони хунуку тӯлонӣ бештар нороҳат месозад, бигузор омодагии ҳаматарафа бинанд, ки бо ин хунукии вазнин то баҳори соли 14 сиҳатманду обод бирасанд. 

Abdulqodir TalbakovАбдуқодир Талбаков, раиси ТВ "Пойтахт":

- Нигоҳи хушбинона дорам. Гуруҳи қавӣ ва технократҳо сари қудрат меоянд ва дар муддати 3-4 сол вазъи иқтисодии кишвар ва шаҳрвандон хело хуб мешавад.

Искандар Алиев, хабарнигори тоҷик, муқими Прага:

- Эҳтимол баъзе мансабдорони бадном барканор шаванд. Аз он бештар, ба фикрам, чизеро набояд интизор буд.

Tolib OryfarТолиби Сангин, рӯзноманигор:

- Командае, ки раиси ҷумҳур интихоб мекунад, барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ бояд коршоям бошад. Дар ин маврид ӯ соҳибихтиёр аст, ки кадри пешинаро бори дигар дар ҳамон вазифааш нигоҳ дорад ва ё шахси дигареро таъйин кунад. Албатта, умед мебандем, ки Ҳукумати ҷадид бо сифати нав кор хоҳад кард, ҳадди ақалл мардум нагӯянд, ки "президент нағз асту атрофиёнаш бад ва агар президент аз ҳамин ҳолат бохабар шавад..." Дар ҳақиқат аксари мардум ба ҳамин боваранд, ки президент ҳолатҳои ногувор ва тоқатфарсоро намедонад, кормандони корношоям ва ғаразнокро намешиносад ва фикр мекунад, ки ҳамаи кадрҳо бо дасту дили пок кор мекунанд. Дар байни шахсоне, ки таъйин шуданд, чеҳраҳои барои мардум шинос ҳам ҳастанд, ношинос ҳам, аммо навобаста аз ин бояд тавре кор кунанд, ки ҳам обрӯи раиси ҷумҳур, ҳам обрӯи худашонро нарезонанд ва эътибори ниҳоди ба онҳо вогузор кардаро дар байни аҳолӣ боло баранд. Фикр мекунам, ки ҳоло барои танқиди онҳо ҳануз барвақт аст, зеро ки корро нав шуруъ менамояд, бинобар ин ба онҳо барори кор хостан мувофиқтар ба назар мерасад.

 

Nurali DavlatНуралӣ Давлат, таърихшинос:

 

- Интизороти ман ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар 7 соли оянда кишварро аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки беш аз ду даҳсола идома дорад, мебарорад.

 

 

OrzuxОрзуи Карим, хабарнигор:

- Ман дар ҳукумати кишвар то имрӯз (20.11.2013)  тағйироти ҷиддиеро намебинам, чун мансабдороне, ки аз вазифа барканор мешаванд, боз ба вазифаҳои калидии дигаре таъин мешванд ва ин аслан чандон тағйири кадр нест. Ҷавонони зиёдеро медонам, ки дар созмонҳои хориҷӣ кор мекунанд ва забондон ҳастанду ҳамадон. Бигузор афроде ба ҳукумати "нав" таъин карда шавад, ки як фикри тоза дошта бошад ва тавонад, ки коре анҷом бидиҳад.

Ман фикр мекунам бояд «пирон»-и кор ҳамагӣ бираванд ва аз пули нафақа зиндагӣ кунанд. Медонам, ки баъзе аз мансабдорон кори хубе доранд ва шоистаи мондан ба курсиҳои болоиро доранд. Бигузор курсиҳои ҳукуматро афроде ишғол кунанд, ки тавонанд масъулият эҳсос бикунанд.

Munavvari MunavarzodМунаввар Мунавварзод, рӯзноманигор:

- Тағйирот дар Ҳукумати Тоҷикистон - як навъ вонамуди кор (аслан, мултфилм барои калонсолон). Ман аз он чизи мусбатеро интизор надорам ва аҳаммийяташ низ намедиҳам...

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97