Ислоҳот бояд аз чӣ шуруъ шавад

Сиёсат 04.12.2013 21:41

Ё пояҳои субот ва бесуботӣ

Muhammadruzi-Yqub-ZaydҚазияи гирудори Зайд Саидов - вазири пешини саноат ва соҳибкори маъруфи кишвар вазъи печидаи сиёсии моро бештар мушкилу норизоиятбахш ба намоиш даровардааст. Равиши туҳматбофию гуноҳҷӯӣ аз сӯи мақомоти додситониву судӣ дар муқобили собиқ вазири ҳамин ҳукумат, ки тариқи Радио ва ТВ ва матбуъоти давлатӣ ҳамчун шахсияти созандаву таҳаммулпазир солҳои дароз муаррифӣ мешуд, нобоварии қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба ҳукумат беш аз пеш афзоиш бахшидааст. Кор ба ҷое кашидааст, ки хеле аз мақомдорон, бузургсолон, рӯшанфикрон ва бештар ҷавонон дигар ҳар гуна баҳонаҷӯӣ, иттиҳомот ба Зайд Саидовро чун туҳмату сохтакориҳои ҷониби ҳукумат мешиносанд. Ҳар рӯз даҳҳо андешаи зидди сиёсати ҳукумат ва ҷонибдорӣ аз Зайд Сайдов дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад. Ба назар мерасад, ки ин мушкил дар ҷомеаи Тоҷикистон як гурӯҳи калони одамони норизо ё мухолиф ба сиёсати дохилиро ба бор овардааст.

Рӯиҳамрафта, ин масъала дардҳои пешини ба зиндон кашидани раиси собиқи ҲДТ Маҳмадрӯзӣ Искандаров, вазири пешини умури дохила Ёқуб Салимов ва фармондеҳи пешини Горди президентӣ Ғаффор Мирзоевро низ ба саҳнаи гуфтумони сиёсӣ овардааст. Дар навиштаҳои мухолифони ин раванд шахсиятҳои номбурда чун афроди кордон ва созандаву қудратманд унвон мешаванд, ки ба доираҳои бонуфузи сатҳи болои ҳукумат албатта маъқул нестанд.

Дар ҳамин ҳол, дигаргуниҳои ахири минтақа ва ҷаҳон равиши нобоварӣ ва беэътимодӣ ба сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар миёни ин гурӯҳҳои мардуми кишвар торафт афзоиш медиҳад.

Масъалаи дигаре, ки норизоиятӣ ва сару садоро дар миёни бахше аз мардуми кишвар ба бор овардааст, равобити ноҳамвори миёни Тоҷикистон ва Русияи абарқудрат аст. Мавзӯи созишномаи ҳузури Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки баҳси он чанд сол идома дошт, ба назари бештаринҳо барои Тоҷикистон бенатиҷа ва ба суди Русия анҷом шудааст. Хелеҳо чунин мешуморанд, ки президент Раҳмон барои ба даст овардани ризоияти Русия ба манзури интихоби навбатии ӯ ба мақоми Раёсати Ҷумҳур истифодаи ин қаламравро муфт ба Русия бахшидааст. Дар паҳлӯи ин масъалаи доғи муҳоҷирони корӣ, ки ҳукумати рус ҳамарӯза дар рӯбарӯи онҳо мушкилоти тоза ба тоза эҷод мекунад, низ далеле барои норозиён аз бебандуборӣ ва ноуҳдабароии ҳукумати кишвар дар баробари мушкилоти мардум унвон мешавад. Ба назар мерасад, ки сиёсати Русия барои ҳалли хеле аз масъалаҳои худ аз қартаи муҳоҷирони кории тоҷик дар кишвараш ба сурати фаровон истифода мекунад.

Аммо масъалаи садамаи нақлиётии писари Амонулло Ҳукуматулло - раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ки бо куштори одамон анҷом ёфтааст, чархиши дигаре дар раванди норизоиятии мардум будааст. Мавзӯи садамаи писари Ҳукуматулло, ки аз афроди бонуфузи ҳукумат аст, масъаларо доғтар кардааст. Ба ин мушкилот, рӯзгори ноҳамвори мардум, бесарусомониҳои нақлиёт дар кӯчаву бозор, худсариҳои маъмурони милиса ва нозирони роҳ ва худсариҳои фарзандони мансабдорон ва худи онҳо, бештар аз ин фасоди густурдаи идорӣ ё коррупсия ҳамроҳ бо камбуди барқ якҷо шуда мавҷи норизоиятро доман мезанад.

Табиист, ки мардум дар бораи мавҷудияти низоми давлатӣ, ки кафили пойдории амнияти кишвар ва мароми зиндагии аҳолӣ аст ва аз хатароти бузургтари дохиливу хориҷии амниятӣ ва гирудорҳои густурда ҷилавгирӣ мекунад, камтар сухан мегӯянд. Чаро? Чунки ин вазифаи аслии давлат аст ва ҳукумат барои амнияти худ ва ҷомеаи кишвар бояд ин корҳоро иҷро кунад. Ва асли мухолифати мардум бо ҳукумат низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Ҳукуматдорон мехоҳанд, ки мардум аз иҷрои уҳдадорӣ ва масъулияти онҳо қаноатманд бошанд ва чизҳои бештар аз инро талаб накунанд. Аммо хелеҳо ба ин назаранд, ки корҳои иҷрошуда каманд ва ҳукумат бояд кори бештаре барои пешрафт ва зиндагии шоистатари мардум анҷом бидиҳад.

Ин дар ҳолест, ки воқеаҳои Афғонистони ҳамсоя ва таъсиру хатароти ноамниҳои он ба кишвари мо дар чанд соли охир бештар ба мушоҳида мерасад. Ва дар пешорӯи интихоботи Раёсати Ҷумҳурии он, ки бидуни ширкати президент Ҳомид Карзай баргузор хоҳад шуд, ангушти ишораи мардуми норизои мо ба сӯи мавҷудияти низоми бартари демократӣ дар он кишвар бештар дароз шудааст.

Ҳамчунин музокираи ахири давлати Ирон бо Гурӯҳи 5+1, ки амалан ба нафъи ду тараф анҷом шуд, рӯйдоди тоза ва гардише муҳим дар сиёсати ҷаҳони имрӯз ба шумор меояд. Ин таҳаввулот ҳам ба навъе дар вазъи имрӯзи кишвари мо таъсир гузоштааст. Мунтақидони давлат аз лаҳзаи нахуст бар он ишора мекунанд, ки давлати Тоҷикистон бояд аз ҳукумати Ирон сабақ бигирад, ки чи тавр мушкилтарин масъалаи ҷаҳони имрӯзро то ҳадде ба нафъи худ ҳал кард.

Бояд самимона эътироф кард, ки ҳукумати кишвари мо ба тағироти ҷиддӣ дар бештарин соҳаҳо ниёз дорад. Таҳлилгарон ин таҳаввулотро пеш аз ҳама дар тағироти кадрӣ мебинанд. Хелеҳо хушбин буданд, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоботи давраи нав ба тағйироти кадрӣ ба сурати ҷиддӣ даст мезанад. Аммо таъйиноти нави кадрии ҳукумат умедворонро ба майдони боварҳои пешина овард. Яъне онҳо дигар аз ҳукумат пешрафту таҳаввулоти интизорро чашмдор нестанд.

Дар миёни одамони доираҳои гуногуни ҷомеа дар бораи қонуншиканӣ аз сӯи афроди нолоиқи атрофи Президент, мақомоти мухталифи ҳукумат гуфтугузори номатлубу ношоиста, ки гӯё онҳо ҳамагӣ саросар ба фасоду зӯргӯӣ олуда шудаанд, хеле зиёд аст. Бисёриҳо ба ин андешаанд, ки мушовирон ва ёварони Президент, вазирону амирон ба ӯ маълумоти бардурӯғ ва носолим мерасонанд. Таҳлилгарон ин нуктаҳоро дар паи нутқу гузоришҳои худи Президент баён мекунанд. Кор ба ҷое расидааст, ки бешарафӣ, беномӯсӣ, беадабӣ ва бадахлоқӣ ба сатҳи роҳбарони боломақоми ҳукумат расидааст. Мақомдорон ва атрофиёни онҳо дар бештарин шаҳру ноҳияҳо ғайр аз ғасби молу дороиҳои давлат, замину коргоҳ, дороиҳои мардумро бо роҳҳои гуногун моли худ мегардонанд. Ҳатто фарзандони ноболиғи онҳо бар сари мардум зӯргӯиву бадахлоқӣ карда, даст ба ҷиноят мезананд, ки садамаҳои нақлиётии охир аз намунаи ин воқеиятҳост. Чанде пеш раиси яке аз ноҳияҳои водии Рашт дар маҷлиси васеи ҳукуматаш бешармона гуфтааст, ки "Дар ин ноҳия дигар ҳеч кас буқагӣ накунад! Дар ин ҷо фақат ман буқа ҳастам!". Дигар аз ин гуна раиси ноҳия, ки хидматгузори мардум аст, чӣ ҳукуматдорие интизор шудан мумкин аст?!

Рисолати умдаи як ҳукумат, пас таъмини амният (сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ), барқарор кардани адолати иҷтимоист, ки аз рукнҳои аслии давлатдорӣ мебошад. Ҳоло бояд рушод иқрор шавем, ки президент Эмомалӣ Раҳмон воқеан соҳиби чунин ҳукумат ҳаст ё не? Оё дар тӯли чандин сол ӯ чунин ҳукумат эҷод кардааст? Оё бо тағироти ҷузъие, ки дар сохтор ва ҷойгузинии кадрҳо ба амал бароварда мешавад, ҳукумат метавонад вазъи кишварро беҳтар кунад?! Ба ин пурсишҳо посух гуфтан кори маҳол аст. Барои иҷрои ин корҳо даҳҳо донишманд, пажӯҳишгоҳ ва марказҳои илмию тадқиқотӣ сафарбар шудаанд. Аммо дар назари мардуми одии ҷомеа нахуст чизе ба чашм мехӯрад, афзоиши рӯзафзуни беадолатӣ, камбизоатӣ ва чандин мушкили иҷтимоӣ аст, ки ҳамарӯза домангири мардуманд. Хеле паст рафтани сатҳи донишу маърифати мардум дар қиёс ба солҳои пешин нигаронии ҷиддии мардуми рӯшанфикрро ба бор овардааст. Хелеҳо чунин ранг гирифтани вазъи кишварамонро ба камрангӣ ва ё сиёсати бебарори Президент марбут медонанд. Чунин ба назар мерасад, ки тарроҳони низоми давлатӣ раванди эҷодкориро дар сиёсати умумӣ ба душманҷӯиву душмансозии афрод ва қишрҳои гуногуни ҷомеа табдил додаанд. Намунаҳои чанд воқеаи солҳои охир аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳукумат ин гуна амалҳоро нисбат ба планҳои ободонӣ ва эҷодкорӣ бештар иҷро мекунад. Яъне ба гуфтаи таҳлилгарон, бебарории сиёсати дохилӣ дар кишвар дигар барои ҳама аён шудааст.

Дар арафаи интихоботи Президент ва пас аз он бештарин мардум ба дигаргуниҳои ҷиддӣ дар сохтор ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар ҷумҳурӣ умед баста буданд. Сару садои ин гуна орзӯву омол ҳамарӯза дар матбуот ба мушоҳида мерасид. Аксари мардум ҳоло ҳам ба ин боваранд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон барои беҳбуди вазъ хеле талош мекунад, аммо ба гуфтаи бештаринҳо, командаи ӯ аз шахсиятҳои нолоиқ ва фасодзада иборат аст, ки монеи пешрафт мешавад. Агарчи ба ин боварем, ки ҳатто ба паймонаи зиёд иваз кардани кадрҳо низ мушкилоти умдаи кишвари фасодзадаи моро ба осонӣ ҳал карда наметавонад. Ба диди инҷониб, дар баробари ин тағирот, бояд заминаҳои амалии рушди ҷомеа, аз қабили эҷоди низоми ҷиддии қонунмандӣ, коргоҳҳои тавлидӣ, воридоти сармояи хориҷӣ, беҳтар кардани сатҳи таҳсил ва хидматрасонӣ дар навбати аввал ба сурати комил беҳтар карда шавад.

Ҳангоме ки дубораву себора дар сари ҳалли мушкилот андеша мекунем, боз ҳам ба ин натиҷа мерасем, ки роҳи ҳалл барои беҳтар кардани вазъ вуҷуд дорад ва он дар дасти Президент аст. Ба назари ман, агар Президент бидуни маслиҳату машварати мушовирон, масъулон ва вазиру кабире, ки ҳамагӣ дар фасод ғутидаву ба ашхоси манфиатҷӯ табдил шудаанд, як раванди босуръати ислоҳи ҷомеаро пеш бигирад, мо ба зудӣ шоҳиди беҳтар шудани вазъ дар саросари кишварамон мешавем.

Боз ҳам ба такрор таъкид мекунем, ки дар навбати аввал эҷоди низоми воқеии қонунмандӣ, бунёди корхонаҳои тавлидӣ, воридоти сармояи хориҷӣ ва беҳтар кардани сатҳи таҳсил ва хидматрасонӣ меистад. Агар дар ин арсаҳо тағироти ҷиддӣ ба амал бароварда нашавад, вазъ беҳ намешавад ва норизоиву мушкилот афзоиш меёбад.

Аҳмадшоҳ Комилзода

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97