Кӣ рост мегӯяд: «Био-Папа»-и вакилони Зайд Саидов ё муфаттиши Ожонсӣ?!

Сиёсат 29.11.2013 14:26

tj saidovlawyersВакилони мудофеъи Зайд Саидов, соҳибкори дар гузашта муваффақ, ки дар боздошт аст, муфаттиши парвандаи ҷиноии муваккилашонро ба тақаллубкории асноди озмоиши "Ди-эн-эй"-и З. Саидов муттаҳам медонанд.

Ба иддаъои онҳо муфаттишон бахши натиҷаи санади озмоиши "Ди-эн-эй"-и зерҳимояи онҳоро тағйир дода ва ба додгоҳ пешниҳод кардааст. Вакилони мудофеъ мегӯянд, ки аз ин тақаллубкории муфаттиш ба Додситони кулли Тоҷикистон шикоят мебаранд.

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеъи Зайд Саидов, рӯзи 19 ноябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки озмоиши "Ди-эн-эй"-и зерҳимояаш дар ширкати "БиоПапа"-и Русия анҷом шудааст. Ӯ мегӯяд: "Ман чанде қабл барои мушаххас кардани ҳуввияти фарде, ки хуни вай барои озмоиш ба ин ширкат интиқол ёфта буд, ба шаҳри Маскав рафтам. Масъулони ин ширкат мӯйи З. Саидовро, ки ман бо худ бурда будам, ташхис карданд ва бо озмоиши қаблӣ муқоиса карданд ва гуфтанд, ки дарвоқеъ хуни Зайд Саидов ва хуни кӯдаки зани даъвогар ташхис шудааст." Ба гуфтаи ин вакили дифоъ, масъулони ин ширкат санади воқеъии ташхисшударо ба ӯ пешкаш кардаанд ва натиҷаи он нишон медиҳад, ки эҳтимоли падар будани Зайд Саидов ба фарзанди зане, ки иддаъо дорад писараш фарзанди вай аст, сифрро (0) нишон медиҳад. Исқоқ Табаров падари фарзанди ин зан будани муваккилашро рад мекунад.

Вакилони дифоъи Зайд Саидов ҳамзамон нусхаи ин санадро дар ихтиёри хабарнигорон гузошта эълом доштанд, ки дар идомаи муҳокимаи додгоҳӣ ин санадро ба судя ҳамчун далел пешкаш кардаанд.

Ҳамчунин дар ин нишасти хабарӣ вакилони дифоъ навореро ба хабарнигорон пешкаш карданд, ки дар он кормандони масъули ширкати "Био Папа"-и Русия бо нишон додани санади воқеъии озмоиш, падар будани Зайд Саидовро барои кӯдаке, ки хуни вай низ ба онҳо барои ташхис ироа шудааст, ғайриимкон мехонанд.

tj saidovlawyers nФахриддин Зокиров, вакили дигари Зайд Саидов гуфт, ки ахиран мақомоти интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла масъулони Додситонии кулли кишвар дархостҳои онҳоро бепосух мемонанд, вале ӯ мегӯяд, ки имкон дорад, онҳо дар оянда яке аз масъулони ширкати "БиоПапа"-и Русия, ки озмоиши "Ди-эн-эй"-и З. Саидовро анҷом дода ба унвони шоҳид ба додгоҳ даъват кунанд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи дигари Зайд Саидов дар ин нишасти хабарӣ бо ишора ба тақаллубкории масъулон дар санад дар робита ба яке аз иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилаш, гуфт, вай мутмаин аст, ки тамоми иттиҳомоти алайҳи З. Саидов бепоя ҳастанд.

То замони чоп шудани ин матлаб талошҳои мо барои пайдо намудани мақомоти марбута барои рӯшанӣ андохтан ба ин қазия бенатиҷа анҷом ёфт. Генерал Милопар Бандишоев, муовини раиси Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ бо хабарнигори «Миллат» аз шарҳи ин масъала худдорӣ кард ва гуфт, ки мо бояд ба таври хаттӣ ба Раҳбарияти ожонсӣ муроҷиат кунем ва ба саволи худ посух дарёфт намоем.

Бояд гуфт, ки рӯзи 19 ноябр, баъд аз танафуси тӯлонӣ, додгоҳ дубора муҳокимаи парвандаи Зайд Саидовро оғоз кард. Дар охирҳои моҳи гузашта Зайд Саидов, ва вакилони ӯ ба нишони эътироз толори додгоҳро тарк карда буданд.

tj saidovlawyers1Он замон вакилони дифоъи ӯ аз додрас дархости озмоиши мустақиллонаи "Ди-эн-эй"-и Саидовро карда буданд, то робитаи падару фарзандии ӯ ва зане, ки иддаъо дорад писараш фарзанди З. Саидов аст, муайян шавад. Аммо Шавкат Абдулхайров, судяи парванда, ин дархости онҳоро рад кард ва аз ин рӯ яке аз вакилони дифоъ барои мушаххас кардани воқеъият ба Русия сафар кард.

Вакилони дифоъи Зайд Саидов ҳамчунин хабар доданд, ки Дилшод Раҳимов, шоҳиди онҳо ва бародарзодаи Зайд Саидов, ки ахиран аз аз сӯйи кормандони интизомӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шудааст, озод шуд.

Худи Зайд Саидов дар моҳи майи соли ҷорӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шуда буд. Дар моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ӯро пушти дарҳои баста оғоз кард.

Интизор хоҳем буд, ки посухи Ожонсии зидди фасод ба иддаъои вакилони дифоъ ва масъулони «Био-Папа» чӣ хоҳад буд? Накунад, ки «БиоПапа» барои ҳифзи обрӯи ширкаташ Тоҷикистонро ба додгоҳ бикашад ва обрӯрезиеро дар арсаи байналмилал барпо кунад. Худо аз шармандагӣ наҷот диҳад!

Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97