Оғози «мурофиаи таҷовуз -2» ва номаи ҳамсари Зайд Саидов

Сиёсат 19.11.2013 17:19

Zayd bo dukhtarashЗайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, ки мурофиаи додгоҳияшро мазҳака хонда ва аз ҳузур дар он худдорӣ карда буд, ахиран ҳамроҳ бо вакилони мудофеъаш розӣ шудааст, ки дар мурофиаҳои минбаъда ширкат кунад. Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов ба «Озодагон» гуфтааст, ки рӯзи 8-уми ноябр баррасии парвандаи дуюми марбут ба таҷовуз ба номус шурӯъ гардида ва имрӯз 13-уми ноябри идома доштааст.

Дар парвандаи дуввуми таҷовуз ба номус, ки рӯзи 30 сентябр тавассути барномаи Ахбор-и Шабакаи аввал ва шабакаҳои дигари телевизиони давлатии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда буд, Зайд Саидов ба таҷовузи духтари ноболиғи рус муттаҳам мешавад.

Ин духтар, ки аз ӯ ҳамчун Г.Е., соли таваллудаш 1999 ном мебурданд, дар порчае аз навори рӯбарӯ созиаш бо З. Саидов иддао мекард, ки маҳз Зайд Саидов бо ин фиреб, ки ба лагер мебарадаш, ӯро ба бӯстонсарояш дар дараи Варзоб оварда, ба номусаш таҷовуз кард ва барои пинҳон доштани ин амали худ 5 рӯз дар ҳамин бӯстонсаро иҷборан нигоҳ дошт.

Шуҳрат Қудратов, вакили дифоъи З. Сайидов мегӯяд, дар мурофиаи рӯзи сешанбе аз тарафи вакилон ва айбдоркунандаҳои давлатӣ гӯиё ҷабрдида Г.Е ва шоҳиди ин ҳодиса Г.В пурсида шудаанд. Аз нишондодҳо ва посухҳояшон ба саволҳо рӯшан гардид, ки шоҳид ва ҷабрдида дурӯғ мегӯянд, - гуфтааст, вакили дифоъи Зайд Саидов.

Вакилони Зайд Саидов мегӯянд, ки муваккили онҳо иттиҳоми навбатии таҷовуз ба номусро низ комилан бепоя хонда, рад мекунад ва талоши мақомоти тафтишотӣ барои паст задани обрӯву эътибори ӯ дар чашми мардум мешуморанд.

Дар ҳамин ҳол сомонаи хабаргузории «Азия плюс» матлаби муфассале аз Парвина Аминова, ҳамсари Зайд Саидовро таҳти номи «Мой муж - не развратник» нашр намудааст, ки ӯ соири иттиҳомоти ворида ба ҳамсараш, хусусан иттиҳоми таҷовуз алайҳи Зайд Саидовро боварнакарданӣ ва тӯҳмат унвон намудааст. Хонум Аминова дар ин бора навиштааст: «Аммо иттиҳоме, ки шавҳарам ба духтарони ноболиғ таҷовуз мекардаасту дар муддати 4 сол бо яке аз онҳо ва боз ҳам дар як ҳафта 2-3 маротиба ё якчанд рӯз дар Душанбе ё дар  кадом як шаҳри дигари Тоҷикистон ҳамхобагӣ карда, назди ман ва фарзандонаш наояд ин тамоман аз ақли инсонӣ берун аст. Ин ҳақиқатро бояд аз ман бипурсанд. Охир, инро ҳамсараш надонад, кӣ медонад?! Аз ин бармеояд, ки маро солим ҳисоб намекунанд ва ё ҳуқуқҳоямро ҳамчун ҳуқуқи шавҳарам поймол мекунанд. Бо тамоми масъулият иброз медорам, шояд аз рашк аст ё дӯстдории беш, ки натанҳо ҳангоми дар Душанбе будани шавҳарам, балки дар сафарҳои хориҷиашон ҳам пайваста бо он кас ё ёварашон Абдувосит, ки доимо дар паҳлуяш мегашт, ман тамос доштам. Имкон надошт, ки шавҳарам дар Душанбе ё ноҳияҳои дигар бошанду ман надонам ва боз шаб ба хона барнагарданд. Он касоне, ки ин иттиҳомотро болои шавҳари ман бор кардан мехоҳед, кадом меъёрҳои ахлоқиро ба  ҳисоб гирифтаед? Ман бо шавҳарам тӯли як сол то ақди никоҳамон шинос будам, вале он кас то анҷоми расмият ба ҳеҷ кори ҳаром ишора ҳам намекарданд ва покию инсонгариашон меҳру муҳаббатро ба ман - духтари  хело ба сину сол аз он кас фарқкунанда бедор кард, ки ба он натанҳо розиам, балки аз ҳамсарӣ бо ин мард ифтихор дорам. Баъди ин айбдоркуниҳои ба таҷовузу ҳамхобагӣ, агар як заррае ин ҳодисаҳо ҷой медошт, шояд табиатан дар дили ман ҳамчун ҳамсар як миқдор нафрат ва нобовариро эҷод мекард, аммо ин тӯҳмату бофтаҳои беҳаёона муҳаббатамро нисбат ба шавҳарам зиёд кардааст. Агар мардед, як миқдор мардона рафтор кунед, шумо ташхис кардед, ки он кас бемор аст ё маняк ҳастанд, баракс табиати шавҳарам он тавр буд, ки дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ лаҳзаҳои нохуб ва каме майл надоштан ҳеҷ гоҳ наздик намешуданд, ӯ як инсони ботақвост ва ҳеч гоҳе  бӯи машрубро таҳаммул кардан  наметавонистанд. Ин дурӯғу тӯҳматҳо ягон зарра ба табиати инсонии шавҳарам намечаспанд, охир дурӯғу бӯҳтон ҳам андоза доштагист. Наход боре аз ҳарфи дурӯғ задану тӯҳмати ноҳақ кардан шарматон наомада бошад, наход бори гуноҳи бегуноҳро бардоштан бароятон осон бошад, наход дар ниҳоди инсоният инсофу виҷдон хотима ёфта бошад?! Агар не, ин қадар зулм, ин қадар тӯҳмат аз ҷониби шумо, ин қадар саргардонӣ, ин қадар интизории банда ва фарзандонам дар роҳи озодии шавҳарам аз барои чист?...»

Дар идомаи номаи хеш ин бону афзудааст: «…Барои истироҳати хуби фарзандон қариб 3 моҳи тобистонро мо дар бӯстонсароямон дар Варзоб мегузаронидем. Вақте дар хусуси таҷовуз, ки гӯё дар бӯстонсаро гузаштааст, огоҳӣ ёфтам, ҳуш аз сарам парид. Охир, мо қариб тамоми тобистонро дар бӯстонсаро мегузаронидем ва рӯзе набуд, ки он ҷо меҳмон намерафт, чӣ гуна ин ҷиноят содир шудааст?!»

Ин дар ҳолест, ки Зайд Саидов ду ҳафта қабл бо талаби фароҳам овардани шароит барои ташхиси ДНК барои «таҷовуз ба номус», аз идомаи ширкат дар мурофиа даст кашида буд, аммо дар мурофиаи рӯзи 8 ноябр ширкат кард. Гуфта нашудааст, ки таҳти чӣ шароите Зайд Саидов ҳозир шудааст, дар мурофиъа ширкат кунад.

Зайд Саидов рӯзи 23 октябр бо изҳори нобоварӣ ба мустақилӣ ва беғаразии Шавкат Абдулхайров - додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандааш эълон карда буд, ки дар мурофиаҳои баъдӣ иштирок нахоҳад кард. Ин эътирози Зайд Саидов баъд аз он буд, ки додгоҳ дархости ӯ ва се вакилашро дар бораи ташхиси генетикӣ дар парвандаи аввали таҷовуз ба номус ва тағйири додрас дар ин мурофиаи додгоҳӣ рад кардааст. Онҳо дархост карда буданд, ташхиси генетикӣ бояд дар яке аз давлатҳои Уврупо гузаронда шавад ва харҷи онро тарафи Зайд Саидов пардохт хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Шуҳрат Қудратов мегӯяд, ки баъди он эътироз додраси парванда бо вакилон ва худи Зайд Саидов мулоқот анҷом дода, гуфтааст, ки дар сурати муроҷиати навбатӣ онҳо дархости ҷониби ҳимоятгарро барои гузаронидани ташхиси дигарбораи ДНК ҷавоби мусбат хоҳад дод.

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов 12 сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, то ба ҳол паси дарҳои баста ҷараён дорад.

Мақомот Зайд Саидовро, ки 19 май, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, боздошт шуда буд, дар қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, сирқати амволи давлатӣ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси ду ноболиғ муттаҳам медонанд. Гуруҳи тафтишотӣ ме-гӯяд, яке аз ин ноболиғон аз Зайд Саидов фарзанд дорад ва ташхиси ДНК-и он дар яке аз лабораторияҳои хусусии Русия гузаронда шудааст, ки ба нафъи раҳбари «Тоҷикистони нав» нест. Аммо Зайд Саидов ва вакилони мудофеи ӯ ин ташхиси генетикиро ғайриқонунӣ медонанд.

Зайд Саидов вақте аз Фаронса боз гашт, ки дар Душанбе алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ бо чанд иттиҳом боз шуда буд ва имкони ҳатмии боздошти худро медонист, аммо бовар дошт, ки хоҳад тавонист аз роҳи қонунӣ аз ҳаққи худ дифоъ кунад. Ба назар мерасад, феълан низ ин умедро аз даст надодааст. 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97