Дар Русия чӣ мегузарад?

Сиёсат 18.11.2013 17:13

Poez dus-masРусия. Кишваре, ки барои ҳеч як тоҷик бегона нест. Балки азизе аз мо Русияро "ватан" хондааст ва ризқи худу хонаводаи худро дар он ҷо меҷӯяд. Ба ғайр аз ин носталжии шӯравӣ сабаб шудааст, ки ҳанӯз тоҷик дар бозиҳои ҷаҳонӣ дастаи варзишии Русияро ташвиқ мекунад ва боз бисёре дигар пайвандҳое, ки Русияро бо сарнавишти мо рақам мезанад. Имрӯз ҳам, ки Русия ноором аст, пеш аз ҳама дили тоҷик беқарор аст. Ва дар баробари ватандорони рус дард мекашад. Вале дар Русия чӣ мегузарад? "Миллат" бо суолоте ба суроғи чанде аз ҳамватанон рафт, ки нисбат ба воқеъоте, ки дар Русия ҳамин ҳоло мегузарад, бетафовут нестанд: Оё ҳадаф бесуботии Русия аст ё чизи дигар? Чаро ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дуруст пас аз имзои Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия сурат гирифт? Он кори дасти кист, Кремлин ё мухолифони он? Оё он ба интихоботи Тоҷикистон рабте дорад ё хайр?

Barot YsufiБароталӣ Назаров, хабарнигор:

- Ҳадаф якест, тарсондани муҳоҷирон ва муттаҳам нишон додани кишварҳое, ки муҳоҷирон шаҳрванди он кишварҳо ҳастанд. Ҳамчунин дар ин замина намоиши ҳароси худи русҳо аст, ки "Русияи бузург"- ро ба осонӣ ба дасти мусалмонҳои муҳоҷир надиҳанд, зеро ин раванд аллакай шуруъ ба кор кардааст ва русҳо бо суръати баланд, асли нажодии худро аз даст медиҳанд. Ҳамин тавр ҳам хоҳад шуд, зеро як гурӯҳи кучаки инсонҳо наметавонанд, чаҳоряк ҳисаи заминро бо сарватҳои зери замину рӯи заминиаш бе миннат истифода бубарад ва як гурҳҳи инсонҳои дигари кураи замин барои як ваҷаб замин қурбон шаванд. Ин ақидаест, ки садсолаҳост атрофи зеҳни сокинони дигари кураи замин мечархад.

Akram SangovАкрами Санг, журналист:

- Фикр намекунам, ки амалиёти зиддимуҳоҷирӣ дар Русия ба интихоботи президентӣ ва ё ба имзорасии Созишнома оид ба мақоми будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон алоқаманд бошад. Аммо мешавад изҳор кард, ки амалиёт тарҳрезишуда буда комилан ба муқобили Кремл, паҳн кардани низоъ дар ҳудуди ин кишвар ва кӯшиши шикастани он равона шудааст. Ба назар мерасад, ки муомила, муносибот ва мушкилоти геополитикӣ ба таври идорашаванда ба домани Русияи паҳновар оварда мешавад. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Узбакистону Тоҷикистон риштаҳои нахустини банди гиреҳхурдаанд, пас аз онҳо навбати муаяйн кардани муносибат бо чеченҳо, ингушҳо, бошқирдҳо, тоторҳо, доғистониҳо бо даҳ навъи халқияташ мерасад… Аммо ин паҳлӯи масъала моро бояд ба ташвиш наорад, чунки Русия худаш тавони ҳал кардани мушкилотро дорад, барои ҳалли ин гуна масоил потенсиали кофӣ дорад. Муҳим барои мо бояд он бошад, ки дар ин шароити ба миён омада муҳоҷирони меҳнатии худро чӣ гуна ҳифз кунем, кадом тадбирҳо андешида шавад то муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин боди пуршиддати ксенофобизми русӣ паноҳ ёбанд? Шояд давраи ба Ватан баргардонидани муҳоҷирони меҳнатӣ ва ба таври мутамаддин, вобаста ба замони муосир, аз нуқтаи назари илмӣ баррасӣ ва ҳалл кардани мушкилоти муҳоҷирони корӣ фаро расида бошад?

Bek RahmoniБек Раҳмонӣ, журналисти муҳоҷир, Маскав:

- Ҳамла ба муҳоҷирини тоҷик ба ҳеч яке аз он суолоте, ки матраҳ кардед, рабт надорад. Ин аз беэҳтиромӣ нисбат ба мардуми ғайр мебошад, чунки маҳалгароӣ хоси ҷавонони имрӯзи Русия мебошад. Дигар ин ки чун ин гуна ҳодисаҳо чандин бор такрор шуд ва ҳеч вокунише, мисле сафири Озарбойҷон кард, садо надод, ин ҳатман, ки боз бештар такрор мешавад.

Umed JayhuniУмед Ҷайҳонӣ, муҳоҷир, шаҳри Маскав:

- Аз нигоҳи ман, ин рӯзҳо дар Русия "калла овардан ба ҷои салла" мегузарад. Борҳо шуда ки нируҳои бегонаситез табаҳкориҳои якчанд муҳоҷирро баҳона карда ҳангома меороянд ва муҳоҷиронро лату кӯб мекунанд. Пулис низ аз фурсат баҳрабардорӣ мекунад ва мехоҳад табаҳкориҳои худро, ки ҳамдастӣ бо сарони созмонҳои табаҳкор аз ҷумлаи онҳост, пардапӯш кунад. Аз ин рӯ, ба ҷои ҷустору дастгирии табаҳкорон, гиру дори муҳоҷиронро оғоз мекунад. Расонаҳо низ ин пардапӯшонии пулисро "пайкор бо табаҳкориҳои созмонёфта" вонамуд мекунанд ва чунон намоиш медиҳанд, ки ангор Русия якшаба ҳама дуздону одамкушону ҷинояткоронро банду баст хоҳад кард. Аз дигар сӯ, созмонҳои бегонаситез низ дар воқеъ фармонбардори ҳамин пулисанд, аз лабрез шудани косаи сабри мардум баҳрабардорӣ мекунанд ва гирдиҳамоиҳои мардумро ба торумори бозорҳо мекашонанд. Ҳадаф аз ин кор ситондани бозор аз дасти як гурӯҳи табаҳкор ва гирифтанаш ба дасти худ ё супурданаш ба дигар гурӯҳ аст. Муҳоҷирон дар ин бозӣ мӯҳрае беш нестанд ва касе низ аз ҳаққу ҳуқуқашон пуштибонӣ нахоҳад кард. Ба вижа аз муҳоҷирони тоҷик касе пуштибонӣ намекунад, зеро на ҳукумате дорем, ки ниҳодҳояш қазияро пайгирӣ кунанд ва на созмонҳои мудофеъи муҳоҷирине, ки битавонанд ин корро анҷом бидиҳанд.

Lola olimovaЛола Олимова, таҳлилгари умури байналмилал:

Он чи ки ҳоло дар Русия дар қиболи муҳоҷирони тоҷик мегузарад, падидаи нав нест. Барои дарки он ҳодисоте, ки ба вузуҳ таҳрикӣ ва суфоришӣ буданд ва қабл аз ҳама боиси осеби муҳоҷирони аз ҳама беҳуқуқтарини тоҷик мунҷар шуд, паёмбар ва ё фолкушой будан шарт нест. Ин сенарияҳо аз чанде қабл, боз дар расонаҳои ҷамъӣ бозтоб ва тақрибан дар баромади тамоми сиёсатмадорони Русия садо медоданд, ва бидуни шак ин амал ба ҳолати хориҷиситезии русҳо бетаъсир буда наметавонист. Ҳамла ба қатори Душанбе- Маскав ва шаҳрвандони мо барои якумин бор нест, ки ба вуқуъ мепайвандад. Тоҷикистон бисёр тӯлонӣ бо Русия бар сари пойгоҳи низомии 201- ум доду ситад намуд. Замон аз даст рафт ва ҳоло мебинем ин созишнома, ки бояд ба нафъи муҳоҷирони корӣ меанҷомид, баръакс ба бадтар гаштани ҳоли онҳо бас шудааст. Ман бар ин боварам, ки ин ҷо тақсири худи шаҳрвандони мо ҳам ҳаст, чун онҳо дар Русия бо рафтори номуносиб ва беадабона, дар сатҳи паст будани фарҳанги шаҳрдории худро ба намоиш мегузоранд. Моро зарур аст, ки ҷавононро дар ватани худ тарбия кунем, агар даъвои миллати бофарҳанг буданро дорем. Ҳамаи ин рӯйдодҳо дар Русия барои тарс додан ба муҳоҷирон роҳандозӣ мегардад, то дигарбора онҳо қасди онҷоро накунанд. Вале ин ҳама низ ба фоидаи Русия нахоҳад буд. Ман бисёре мардуми Шарқ ва Ғарбро медонам, ки бо ваҳшат дар ин бора ёд мекунанд ва ба ҳеч ваҷҳ ба Русия рафтан намехоҳанд, ҳатто аз убур тариқи Маскав бо ҳавопайморо қабул надоранд.

Abdulohi MuhaqiqАбдуллоҳи Муҳаққиқ, исломшинос:

- Воқеаҳои охири соҳибмулкон ва мақомоти интизомии Русия дар муносибат ба муҳоҷирони меҳнатӣ бисёр падидаи манфӣ ва нигаронкунанда мебошад. Ҳар рӯз аз чониби неофашистии урус дар каламрави Русия маълум нест, ки чанд нафар аз мардуми Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қиргизистон ба қатл расонида мешаванд, касе маълумоти саҳеҳ надорад. Кремл ва Вазирону Вакилони Думаи Русия ошкоро ҳузури муҳоҷиринро дар Русия шаддидан зери теғи интиқод гирифта, тоза намудани қаламрави Русияро аз "чурка" ва "чумо"-ҳои Осиёи Миёна як амри зарурӣ шумурдаанд. Мусаллам аст, ки кормандони мақомоти интизомии Русия бе иҷозати Идораҳои махсуси давлатии худ муҳоҷирони мехнатиро мавриди зарбу лат карор намедиҳанд ва ононро дар лагершаҳрҳои алохида нигоҳ намедоранд. Масъулини ин мақомот ошкоро ҳуқуқҳои инсонии муҳоҷирони мехнатиро поймол мекунанд. Феълан зиёда аз 17 ниҳоди давлатии Русия барои дастгир намудани муҳоҷирони меҳнатӣ шаби худро рӯз ва рӯзи худро сиёҳ мекунанд. Ҳатто мири шаҳри Маскав сареҳатан ба муқобили муҳоҷирони меҳнатӣ "ҷанги ошкоро" эълон намудааст. Тамоми макомоти интизомӣ ва шаҳрвандони Русияро барои дастгир намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, яъне дастгир ва ошкор намудани "ҷинояткорони махсусан вазнин" сафарбар намудааст. Бояд ҷилави мири шаҳри Маскав аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон кашида шавад. Магар ин фаъолиятҳои ғаразноки мири шаҳри Маскав ва депутатҳои Госдумаро муҳтарам Владимир Путин ва атрофиёни он намебинанд ва намедонанд??? Чунин мири шаҳрҳо худкома ва ифротӣ буда, ба сохтори конститутсионии Русия пеш аз беш хатар доранд. Инчунин як омили дигарро бояд ҳатман ба инобат бигирем, ки имрӯзҳо дар зери ливои муҳоҷирати меҳнатӣ бисёре аз ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои террористӣ чун "Ал-қоида", "Салафия" ва "Ҳизб- ут - таҳрир"- у "Ан-нусра" дар қаламрави Русия ячейка ва урдугоҳҳои сиёсӣ ва таблиғотии худро мустақар намуда, дар байни мусалмонони Русия ва муҳоҷирони меҳнатӣ таблиғоти идеологияи террористӣ ва экстремистии худро озодона бурда истодаанд. Аз ҳамин лиҳоз Русия ба муҷарради пеш намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз қаламрави хеш ҳамзамон аз марази саратонии созмонхои террористӣ наҷот меёбад. Тибқи як сарчашмаи хабарӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик Русия, феълан 190 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия ворид гаштаанд! Агар аз Узбакистон, Қиргизистон ва Уйғуристони Чин ва Қазокистон, Доғистон, Чеченистон, Озарбойҷон боз 500 нафарии дигар ҳар се моҳ тавассути қаламрави Русия барои дастгирии террористон ва ҷанг намудан бар зиди ҳукумати қонунии Сурия ва Миср рафта бошанд кӣ медонад. Аз ин ҷо бармеояд, ки имрӯз кишвари Русия аз ҳисоби мухоҷирони меҳнатӣ шоҳроҳи қочоқи транзитӣ ва маркази бузурги ирсоли террористони ифротгаро ва наёмникҳои зархарид ба кишварҳои Арабӣ ва Афғонистону Покистон ва Кашмир гаштааст. Русия маҷбур аст, ба муҷарради дафъ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ хатари авҷгирии амалҳои террористиро дар кишвари худ пешгирӣ намояд. Нақши саҳюнизми байналмилалӣ дар муташанниҷ сохтани вазъи босуботи муҳоҷирон дар Русия хеле зиёд аст. Аз нигоҳи банда мушкилот ва масъалаҳои мубрами мухоҷирати меҳнатӣ дар сатҳи баланди раҳбариятҳо байни давлатҳои муштарак-ул-манофеъ ҳаллу фасл карда шаванд. Масъулини муҳоҷирати меҳнатӣ феълан қодир нестанд, ки мушкилоти муҳоҷирони меҳнатиро ба таври кофӣ дар Русия ҳаллу фасл намоянд ва аз ҳуқуқҳои меҳнатии онон дар Русия ба таври лозима ҳимоят бикунанд. Неофашитонро дидан замон корманди муҳоҷирати мехнатӣ шояд як ҳафта худро пинҳон намоянд, пас куҷо ба доди мухоҷирон расида метавонанд? Шояд нуқсони асосӣ ва иллати калидӣ дар санадҳои байни давлатӣ дар мавриди мухоҷирати меҳнатӣ ҷой дорад, ки масъулини Муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дифоъ карда наметавонанд. Яъне санад ва қонунҳои ҳуқуқие, ки фаъолияти муҳоҷирати меҳнатиро ба танзим медароранд заъифанд. Бояд онҳо мавриди бозомӯзии ҷиддӣ карор бигиранд ва аз сари нав коркард бишаванд. Мо намедонем, ки чанд нафар аз масъулини Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ҳуқуқҳои дахлнопазирӣ доранд ва то чӣ андоза ба кумаки муҳоҷирон мерасанд? Рушди иқтисод ва меҳнат дар Русия аз ҳисоби мухоҷирони меҳнатӣ мебошад. Муҳоҷирони мусалмони Осиёи Миёна дар ивази маъоши ночиз сангинтарин корҳоро ба анҷом мерасонанд, дар ивази ин меҳнати ҳалолашон бояд муҳоҷирони меҳнатӣ қадрдонӣ карда шаванд, на ин ки мавриди таҳқир ва хушунат қарор бигиранд. Тақвият ёфтани шовинизми урусӣ бар зарари субот ва якпорачагии ҳудуди ҷугрофии Русия мебошад. Осебпазир гардидани дӯстии халқҳо ва инсон нашуморидани сокинони ғайри урус аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ниҳодҳои меҳварӣ ва калидии роҳбарикунандаи ҳукумати Русия афроди муғриз ва хусуматангез мақом доранд ва парокандагии Русияро мехоҳанд. Русия бо ин бозиҳои навбатияш ба таври ҳамешагӣ мехоҳад Осиёи Миёнаро мутаҳам намояд ва мавқеи абарқудратии худро аз даст надиҳад ва сокинони хиттаи Осиёи Миёна ҳамеша дастнигар ва муҳтоҷ аз Русия бошанд. Аммо намояндаҳои мардумӣ дар Тоҷикистон бояд сахт нигарон бошанд, ба Русия сафари корӣ намоянд ва бевосита аз кору рӯзгори шаҳрвандони муҳоҷирамон бохабар шаванд. Мушкилоти ононро дар сатҳи баланди давлатӣ ҳал намоянд. Дар навбати худ набояд муҳоҷирони мехнатӣ даст ба ҷиноят, авбошӣ, дӯздӣ, наркобизнес, қатлу куштор ва ғоратгарӣ бизананд. Шомили гуруҳҳои террористии Салафия ва Ансоруллоҳ дар Русия нагарданд. Ҳоло зиндонҳои Русия низ лабрез аз ҷинояткорони тоҷик мебошанд. Авзоъи сиёсӣ ва геополитикии Русия дар муносбиат ба муҳоҷирони меҳнатӣ хеле бад аст. Ин раванди шовинистии урусӣ ҳамчунин тақвият ёбад, баъид нест, ки дар тамоми кишварҳои ғайрирусӣ русбадбинӣ ва нажодпарастӣ пурзур гардида, мавқеи русҳои муқимиро танг намоянд. Ва амалҳои террористӣ, аз ҷумла, худкафонӣ ва одамрабоӣ дар қаламрави Русия зиёд бигардад ва эътибори Русия ҳамчун як қутби пурқувати ҷаҳонӣ муваҷҷеҳ ба шикаст мегардад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97