Кӣ дар вазифа бояд бимонад?

Сиёсат 15.11.2013 17:15

vazifa ki Саволи ин ҳафтаи нашрияи "Миллат:

Ҳукумати қаблӣ ба истеъфо меравад, ба назари шумо дар ҳайъати нави ҳукумат кадоме аз мансабдорони қаблӣ, ки шоиста ҳастанд, бояд бимонанд?

Rustam GulovРустам Гулов, блогнавис:

- Аз иваз намудани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад. Сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон чунин аст, ки ҳатто ашхоси ба хатогиҳои ҷиддӣ дастзада ва обрӯю эътибори сиёсиашонро паст гардонида ҳеч гоҳ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Аз як вазифа гирифта шуда, ба вазифаи дигар монда мешаванд. Таъиноти нав ба ҷои вазирону сардорони кумитаву хадамотҳои гуногун низ дар ҳамин ҷараён сурат мегирад. Ашхоси таъиншаванда на аз ҷиҳати саводу малакаи баланди касбӣ, балки аз ҷиҳати "худӣ" будан интихоб мешаванд. Ин тартиб аллакай чандин сол аст, ки такрор мешавад. Аз ҳамин рӯ, дар ҳукумати кунунӣ, ки ба истеъфо меравад, ягон шахси дар ҳақиқат арзандаро намебинам, чунки дар вақташ онҳо маҳз бо усули дар боло зикргардида таъин шудаанд. Аз сӯи дигар, сохтори худи ҳукумат самаранок нест ва шахсе, ки ба ин ё он вазорату кумитаву хадамот сардор таъин мешавад, ҳатто агар босавод бошад, аммо наметавонад озодона саводи худро амалӣ намояд. Аз дигаронаш умуман умед канда аст.

Bunafsha AbdurahimБунафшаи Абдураҳим, ровии радиои "Ватан":

- Ман ҷонибдори он ҳастам, ки Шукурҷон Зуҳуров, Рамазон Раҳимов, Шерхон Салимзода ва Маҳмадсаид Убайдуллоев сари вазифа бимонанд ва боқӣ иваз карда шаванд. Ба он хотир, ки инҳо каме масъулиятшинос ҳастанд, боқӣ танҳо вазифа доранду халос.

 

ShokirjonШокир Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ:

- Дар шароити Тоҷикистон аз ҳайъати ҳукумате, ки бояд ба истеъфо биравад, касеро ҳамчун шоиста номбар кардан хеле мушкил аст. Сабаби асосии чунин муносибат ва баҳо додани ман дар он мебошад, ки тақрибан ягон аъзои ҳукумат фаъол ва ташаббускор набуд ва аслан аз мустақил будан меҳаросиданд. Шояд ба назари онҳо чунин менамуд, ки фаъол буданашон боиси нигаронии доираҳои муайяни ҳукуматӣ бишавад. Албатта баъзе кӯшишҳои вазири корҳои хориҷиро қайд намудан мумкин аст, вале таҳти таъсири омилҳои беруна нагузоштанд, ки ӯ низ нияти поку холисонаашро дар робита ба авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ кунад. Як чиз аниқ аст, ки вобаста ба расидан ба синну соли нафақа сарвазир, муовини аввали вай, вазири саноат, вазири корҳои хориҷӣ, чанд нафар аз раҳбарони ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла роҳи оҳан ва бо истифода аз фишангҳои ҳукуматӣ раиси "Тоҷикматлубот" ва ғайраҳо аз вазифаҳояшон озод карда шаванд. Аммо ҷойи онҳо ва дигаронро бо истифода аз муносибатҳои хешу таборӣ ва мансубияти ҳизбию садоқатмандии шахсӣ боз ҳам шахсиятҳои дар ҷомеа на чандон шинохта шуда ишғол мекунанд. Муваффақ будан ва самарабахшии ҳокимият бештар аз давлатҳои алоҳида ва созмонҳое, ки имконияти сармоягузориро ба кишвари мо доранд вобаста аст. Бидуни шакку шубҳа тарз, усул ва шакли баргузории интихоботи президентӣ ва натиҷаи он низ ба густариши муносибат ва барқарор намудани робитаҳо таъсири худро мерасонанд.

Farkhunda SharifovaФархунда Шарифова,хабарнигор:

- Ҳамаашон бигзор ба истеъфо бираванд, ба ғайр аз Ҳамрохон Зарифӣ. ҳамагӣ солхӯрда ҳастанд ва ҷояшонро бояд ба ҷавонон холӣ кунанд. Бигзор курсиҳоро барои ҷавонони то 30 сола холӣ кунанд.

 

 

Mirzoi salimpurМирзо Салимпур, таҳлилгар:

- Дар ҳукумати кунунӣ ман Шариф Раҳимзодаро медонам, ки дар воқеъ дар ҷои худаш кор мекунад ва нафари шоистае ҳам ҳаст. Муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон низ як нафари кордон ва менеҷери хуб тавсиф мешавад. Абдуҷаббор Ширинов низ кораш дар Бонки миллӣ то ҳол муваффақ буд. Мутаассифона, дигар касе аз аъзои ҳукумат бо ягон кори чашмгире, ки дар 7 соли охир анҷом дода бошад, ба ёдам намезанад. Аммо агар суол баръакс мешуд, ки киҳо бояд бираванд, метавонистам рӯйхати ба маротиб тӯлонитареро пешатон баршумурам. Мутаассифона, албатта.

Gulnora AmirshoevaГулнора Амиршоева, сар дабири "Вечёрка:

- Ҳеч кас, лекин ягон каси беҳтар ҳам нест))).

 

 

 

Lola olimovaЛола Олимова, таҳлилгари умури байналмилал:

- Хуб мешавад, ки агар ҳукумати пештара ба истеъфо биравад, дар тамоми ҳайъат биравад. Баъзеҳо аз ҳамватанони дар талоши вазифа фаромӯш мекунанд, ки худи калимаи "вазифа" хеле маънои хосу мушаххас дорад. Вазифа ин қарз аст, қарз дар пеши мардум. Вазифадор бояд ба мардум хидмат кунад. Дар мо бошад баръакс аст, вазифадорон гумон мекунанд, ки мардум хидматкори онҳо ҳаст, ва вазифаи онҳо фақат роҳбарӣ кардан аст. Даҳсолаҳо роҳбарӣ кардан хосияте хубе надорад, чунки фикрҳо қолаб мегиранду шикастани қолабҳо душвор мешавад. Аммо мо дар асри ХХ1 зиндагӣ мекунем, дар асри иттилооту технологияҳои нав. Бояд командаҳои нав сари кор биёянд бо роҳбарони нави равшанфикр, бо маълумоти тоза. Хусусан командаҳои нав дар соҳаҳои рушди инсоният, чунончи  маориф, тандурустӣ, ва ғайра лозим ҳастанд. Ба фикри ман ҳатто агар роҳбароне, ки дар ҳукумати қаблӣ хуб кор кардаанд ва мутахассиси хубе ҳам ҳастанд, бояд онҳо ҳам ба истеъфо бираванд. Мутахассиси хуб ҳеч гоҳ бе кор намемонад, ва онҳо аз ин набояд битарсанд. Ватани зебои мо ба рушд ниёз дорад. Ба он вазифадорон як маслиҳат дорам. Аз осмон бифароянд ва бидуни муҳофиз, бидуни мошинҳои гаронбаҳо ба беморхонаву муссисаҳои таълимиву дигар бираванду бубинанд, ки халқи одӣ, чи гуна зиндагӣ дорад. Агар бихоҳанд, ки дар даҳсолаи оянда бидуни таҳдиди инқилобу низоъе зиндагӣ кунанд, бояд аввал вазифаи худашонро иҷро кунанд. Нафақат дар бораи беҳбудии худашон ва хешу таборашон фикр кунанд, балки дар бораи беҳбудии халқи одие, ки аз рӯи меҳнати онҳо вазифадорон сарватманд шудаанд. Танҳо шаҳрвандони доро метавонанд давлати дороро ташкил кунанд. Вагарна, давлати мо ҳамин гуна на танҳо дар шумори кишварҳои ҷаҳони саввум, балки ҷаҳони чаҳорум қарор хоҳад гирифт.

FarishtamohФариштамоҳ Гулова, педагог-равоншинос:

- Ҳукумати қаблӣ ба истеъфо намеравад. Ба фикри ман танҳо ҷойивазкунии кадрҳо сурат мегираду халос, яъне ҷойивазкунии кормандон,  ки танҳо мумкин аст, баъзеҳо ба нафақа бароянду халос.

 

 

Barot YsufiБарот Юсуфӣ, журналист:

- Шариф Раҳим, Ҳамрохон Зарифӣ, Рустам Менглиев, Сайидамир Зуҳуров.

 

 

 

 

Rahmatulloi RajabРаҳматуллои Раҷаб, иқтисодшинос:

- Дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҳукумати кишвар баъд аз маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб бояд ба истеъфо биравад. Тибқи хабарҳои расида, ин маросим, қарор аст, 16 ноябри соли ҷорӣ сурат бигирад. Коршиносон дар гузашта бар ин буданд, ки баъд аз интихоботи президентӣ дар мақомоти раҳбарикунандаи кишвар тағйироти ҷидии кадрӣ ба вуқуъ мепайвандад. Ҳатто, аз синну соли бархе аъзои ҳукумат ҳам ёд мешуд, ки бояд ба нафақа гусел карда шаванд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала интихоби калон надорад. Албатта ин дафъа тағйироти шумории кадрҳо назаррас хоҳад буд. Аввалан нафарони солхӯрдаро бо нафарони нисбатан ҷавон иваз мекунад ва шояд як ду нафари дигарро навобаста аз синнашон аз вазифа озод кунад. Дар интихоби кадрҳои нав ӯ маҷбур хоҳад буд аз ду роҳ якеашро интихоб кунад. Якум ба вазифаҳо одамони "худи"-ро, ки ба онҳо эътимод дорад таъйин намояд, ки дар ин ҳолат сифати тахассусии номзадҳо ба маротиб пасттар хоҳад шуд ва ин боиси боз ҳам паст шудани эътибори ҳукумат хоҳад гашт. Дувум интихоб аз рӯи сифатҳои тахассусии номзадҳо, вале ин ҳарос вуҷуд дорад, ки ин мутахассисон дар бисёр маврид метавонанд то ҳадде аз контрол бароянд ва боиси эъҷоди хатар барои ҳукумат гарданд. Ман мутмаинам, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳи якумро интихоб хоҳад кард.

Mirzonabi KHpliqzod-Мирзонабии Холиқзод, журналист:

- Танҳо ва фақат Шариф Раҳимзода вазири иқтисод ва савдои хориҷаи Тоҷикистон бояд дар кабинаи нав бимонад.

 

 


Temur VarqiТемур Варқ
ӣ, шоир:

Вазорати туризму спорт бошад бас. Дигарҳо бояд бе чуну чаро истеъфо раванд. Ин ду вазорат барои Тоҷикистони имрӯза басанда аст. Яъне агар бихоҳанд, ки мардум розӣ бошанд, бигузор танҳо се вазорат бошад. Сеюмаш вазорати сирк. 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97