Дар Тоҷикистон оппозитсияи воқеъӣ вуҷуд надорад

Сиёсат 11.11.2013 16:35

Int-Z S-MUHЧанд рӯйдод ва ҳодисаҳои давраи интихобот ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он рухдода нишон дод, ки ҳукумати Тоҷикистон воқеъан дар муқобили худ оппозитсия ҳақиқӣ ва ҷиддӣ надоштааст. Ғарбро ба ҳоли худ мегузорем, дур намеравем, ҳамин Қирғизистони ҳамсояро чун мисол мегирем, агар ҳодисаи бо айби Узбакистон рӯйдода, ки боиси ба саддама дучор гардидани қатори тоҷик, ки наваскаронро мебурд, ба сари аскарон ва ё ягон ниҳоди низомии Қирғизистон дар арафаи интихоботашон рӯй медод, чӣ сару садое аз ҷониби  ҳам худи ҳукумат ва оппозитсиюни он баланд мешуд. Аввалан вазорати корҳои хориҷӣ  ба хотири аз даст нарафтани обрӯи номзади ҳизби дар сари қудрат буда дар байни интихобкунандагон бо як лаҳни шаддитар ба ҳукумати Узбакистон  муроҷиат мекард ва зудтар хисороти дар натиҷаи садама ба амал омадаро тақозо карда, ба ғайри гирифтани вагонҳои нав, барои ҳар зарардида ҷуброни молӣ дар ҳаҷми маблағи ҳангуфте талаб мекард. Зеро ба ин ҳақ ҳам дорад. Оппозисиюн низ дар навбати худ, ҳамоно аз парлумон талаб мекард, ки зудтар комиссияи парлумонӣ ташкил диҳанд ва ба ҷои ҳодиса рафта, онро таҳиқ карда натиҷашро дар парлумон ва расонаҳо баррасӣ кунанд.

Ин ҷо Тоҷикистон аст!

Аммо ин ҷо Аврупо нест, ҳатто Қирғизистон нест. Ин ҷо Тоҷикистон аст!

Дар Тоҷикистон роҷеъ ба ҳодисаи садамаи қатор бо айби Узбакистон аз ҷониби ҳукумат ва "оппозитсиюн" чи вокунише ба амал омад?! Ба истиснои ба аёдати ҷабрдидагон ва захмиён рафтани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ ва қонеъ шудан аз ваъдаи таъмир кардани вагонҳои осебдида аз ҷониби Узбакистон ягон далели дигаре барои шарҳу тасвир надорем. Ва ин ҳодиса бидуни ҳалу фасли комил аз ҷониби амалдорони айнакгумкарда, аллакай ба бойгонии таърих ворид карда шудааст.

Зайд Саид ягона қурбонии интихобот

Боз мисоли дигар. Бо истилоҳ, "дело"-и Зайд Саидов. Дар кишварҳои демократӣ оппозитсия Ҳукуматро дар остонаи маъракаи муҳимми сиёсӣ чунон ба сарзанишу маломат мегирифт, ки он маҷбур мешуд, аз идома додани ин гуна парванда даст бикашад. Дар Тоҷикистон бошад, ба ҷуз чанд рӯзноманигори бо истилоҳ  "камикадзе" ва Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва Барзу Абдураззоқову чанд зиёии воқеъбин касе барои озод кардани  ин соҳибкори ободкор ва иқдомгари таъсиси ҳизби нави сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони нав" вокуниши ҷиддие нишон надод. Гӯё ҳама саргарми интихобот буданд. Бо ин ҳама дағдағаҳо аз уҳдаи кучактарин кор дар шуруъи ин маъракаи муҳимми сиёсӣ набаромаданд ва ба навъе ҷони худро аз ин маърака халос карданд. Аммо интихобот қурбонии бузург гирифт. Зайд Саидов як соҳибкори ободкор ба кунҷи зиндон афтод ва дигар на аз "Тоҷикистони нав" дарак шуд ва на аз тоҷикистониёни куҳна.

Муҳоҷирабачаи бесоҳиби тоҷик

Пас аз ҳодисаҳои тарҳрезишудаи Брюлово вазъи муҳоҷирони кории тоҷик аз ҳарвақта дида бадтар шуд. Таҳдиди дуҷониба ҳам аз тарафи қавмгароёни рус ва пулис онҳоро маҷбур сохтааст, ки Русияро тарк кунанд ё аз ҷои истиқомати худ берун нарафта бо умеди рӯзи хуш интизорӣ бикашанд. Бар болои ин як шаҳрванди кишвари мо аз пасоянди ин хушунати созмондодашуда кушта гардид ва қаторҳои хатсайри Душанбе - Маскав ва Маскав-Хуҷанд аз ҷониби қавмгароёни рус сангборон шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо чанд нафар таблиғгарон аз ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон барои ба даст овардани овози муҳоҷирони корӣ дар шаҳрҳои Русия аз паси муҳоҷирон гаштаанд. Ба ҷои ин кор хуб мешуд, ки онҳо ба назди ҳамтоёни Русиягии худ- Ҳизби дар сари қудратбуда дар Русия "Единая Россия" рафта, мушкилоти муҳоҷиронро ҳал мекарданд. Дар ин сурат онҳо бе ягон таблиғу ташфиқи "примитив" ба тарафдории номзадашон овози худро медоданд. Оппозитсияро беҳтараш нагӯям. Шояд дар "азо" нишастаанд…  

Вакилону вазиронанд… хомӯш…

Вазорати корҳои хориҷии кишвар чаро ба даҳон об гирифтааст? Нафаҳмидем?!

57 намояндаи мардумӣ дар парлумон, ки шартномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русияро барои 42 сол тавсиб кард ва дар ин росто ваъдаи беҳбуди вазъи муҳоҷирон дода шуд, куҷо ҳастанд?! Шояд ҳамагӣ Русия барои наҷоти муҳоҷирони тоҷик рафтаанд?! Ман онҳоро дар ин шаҳр намебинам?  Аммо мебинам, ки шарту шароити зисти муҳоҷирони кории мо ҳеҷ беҳтар нашуд ва баръакс аз пештара бад гардид. Шумораи депортатсияшудагон рӯз то рӯз  бештар мешавад. Агар мо фурудгоҳи Айнӣ ва ҳатто ними ҳудуди кишварро ба ихтиёри Русия вогузорем ҳам шароити будубоши муҳоҷирони кории мо хуб нахоҳад шуд ва сиёсати гузашткарданҳо дигар барои кишвар нафъ нахоҳад дошт.

Ба ҷойи Сумангул Тағоева Зайд Саидов вокуниш кард

Чун сухан аз ҳоли бади муҳоҷирон рафт. Қиссаи талху шӯри як хонаводаи бозмонда аз муҳоҷири бенанги тоҷикро мехоҳам ёддовар шавам. "Пусть говорят" аз тақдири шӯри ин хонавода гуфту русҳо ба ҳоли он ашк рехтанд. Аммо дар Тоҷикистон ин барномаи "Пусть говорят"-ро ба манбаъи даромад табдил додаву аз беории тоҷик пул кор карда истодаанд. Аммо аз аҳволи Шаҳзодаву тифлони ӯ касе намепурсад, ҳатто аз ӯ намепурсанд, ки оё ин ҳақро ба онҳо медиҳад, ки аз бадбахтии ӯву хонаводааш истифода бубаранд. Ин зан амонати вогузоштаи шавҳари худ - се фарзанди ноболиғро дар шароити хеле сангину вазнини бехонагӣ дар як хобгоҳи умумии шаҳри Душанбе бо ахлоқ ва одоби ҳамида тарбия мекунад. Ба амри тақдир ин амали некӯи ӯ рӯи телевизиони дорои миллионҳо тамошочии Русия ба намоиш гузошта мешавад. Ин кор барои инсони хокӣ дар ҳолати хеле сангини равонӣ рух медиҳад ва ӯ бо фарзандонаш он лаҳзаҳои нангину зишткоронаро, ки аз ҷониби падари хонадон эҷод гардид, шикебоёна таҳаммул намуда, дили миллион тамошочии гуногунмазҳабу нажодро ба дард овард. Ӯ бо амали некӯяш обрӯ ва эътибори миллатро ҳифз кард. Баъди баргашти ин зани муштипар аз Маскав бо фарзандонаш касе на аз Кумитаи занон ва кор бо оилаи кишвар , на касе аз ҳукумат, на касе аз нируҳои бо ном оппозитсионӣ, на ягон рушанфикру ходими масҷид, ки ҳамеша даст бар сина зада даъво доранд, дари кулбаи фақиронаи ӯро накуфтааст. Ҳатто ба матлаби "Миллат", ки дар ҳафтаи гузашта низ, ки бо суроғаи мушаххас ишора шуда буд, вокунише нашуд.

Магар боз ҳам ҳамон Зайд Саидов, ки дар кунҷи зиндон нишастаасту аз рӯзнома ин қиссаро мехонад, дилаш ба ҳоли модар ва кӯдакони ӯ месӯзад ва аз пайвандонаш хоҳиш мекунад, ки ба ин оилаи бепаноҳ ва боифатти тоҷик дасти марҳамат дароз кунанд. Пайвандони Зайд Саидов даст ба кор шуданд ва аз мо суроғаи Шаҳзодаро пурсиданд. Ва барои писари Шаҳзода як компутери Notebook ва миқдоре маблағ ба ин хонадон ҳадя бурданд. Шаҳзода ҷуз ғами кӯдаконаш, ки амонати бузургашон медонад, на аз сиёсат хабар дораду на Зайд Саидовро мешиносад. Аммо ашки шодӣ дар чашмони маъсуми ӯву тифлони ӯро дидам, ки ҳалқа мезад, ба шарофати ҳадяе, ки Худованд аз марде ношинос, оҷиз ва дар кунҷи зиндон ба ӯ расонида буд.

Муҳоҷирон қартаи "быта"

Ин ду ҳодисае, ки печида ба сарнавишти талхи муҳоҷирони ватани мо ҳастанд, дар кишваре дигар, ба ҷуз Тоҷикистон дар арафаи интихобот ба воқеъият мепайвастанд, чӣ шӯру валваларо барпо мекард. Аммо дар мо муҳоҷирон ин қартаи "быта" аст. На ба ҳукумат лозим аст ва на ба оппозитсия. На ба номзадҳои рақиби номзади ҳизби ҳоким, ки фурсати ғаниматро аз пеши мову шумо - мардуми тоҷик мегиранд. Вагарна муҳоҷират метавонист нуктаи доғи баҳси номзадҳо бошад ва ҳамон ҳизби довталаби дорои политтехнологҳои зирак буда, ҳар яки ин руйдодҳоро пӯшиш дода, электоратро бо тарафи худ мекашид ва ҳарифони дигарро дар ҳайрат мегузошт.          

Донкихотҳои сиёсӣ

Тамоми ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии мо чун Дон Кихоти Ламанчӣ дар тахаюлоти гузаштаи торихӣ пойбанд буда, аз дарки воқеъияти рӯз ноогоҳанд ё онро нодида мегиранд. Имрӯз аксари  электорати тоҷик ба омӯзиш ва маърифати шаҳрвандӣ ниёз дорад. Бояд ҳам ҳукумат ва ҳам ҳаркату ҳизбҳо барои баланд бардоштани донишҳои худшиносӣ ва худсозии ҳар як интихобкунанда саъйу кушиш кунанд. Ба назди мардум  бояд рафт. Ба мардум саводу маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ бояд омӯзонд ва дар он сурат барномаҳо ва стратегияи ҳизбҳои худро ба онҳо пешниҳод намуд. Дар сурати омода ва худшинос набудани мардум пешниҳоди ҳамагуна барнома ва стратегия ба нокомӣ анҷомида соҳиби идея ва барномаро ба Донкихот мушобеҳ месозад. Ба гумони ғолиб даври шиорҳо ва ҳамагуна риторика кайҳо гузаштааст. ҲукуматиТоҷикистон барои он аксар маврид дар ҳали масъалаҳо ноуҳдабароӣ мекунад, ки он оппозитсияи солим ва воқеӣ надорад. Ононе ки худро оппозитсия меноманд, чи гуна оппозитсия ҳастанд, ки ҳатто аз уҳдаи ҷамъ овардани 210 ҳазор имзо набаромаданд? Барои комёб ва муваффақ шудани худ ҳукумат бояд барои ба майдон ворид гардидани оппозитсияи ҳақиқӣ мусоидат намояд.

Агар Эмомали Раҳмон президент нашавад…

Агар Эмомалӣ Раҳмон нею дигар кас президент интихоб шавад, шумо гумон мекунед, ки зиндагӣ дар кишвар кулан тағйир меёбад?! Ин гумонатон ботил аст. Шояд як дигаргунии ҷузъии камтаъсир ба амал бипайвандад. Аммо боз ҳамаи амалдорон ва мансабдорни навини сари коромада аз бепарвоӣ, бетарафӣ, бесаводӣ, нодонӣ ва гумроҳӣ, содагӣ, ва худношиносии мардум истифода карда, аз пайи таъмини рӯзгори худ мешаванд, қасру кушкҳо сохта ба писарону духтаронашон мошинаҳои гаронбаҳо харидорӣ намуда, боз аз пайи гирифтани зани дуввуму севвум мешаванд.

То он даме, ки Сафо ё Ирода ном фарди тоҷик дар деҳае фарсахҳо дур аз Душанбе дар Ванҷ ё Ғончӣ худшинос нагардаду қадру қимати раъйи  худро нашиносад ва аз вартаи бетарафӣ, бесаводӣ, нодонӣ, гумроҳӣ, содагӣ ва худношиносӣ озод нагардад, тағйирот ва дигаргуниро интизор шудан ҷанобони миллатпаноҳ  як хаёли хом асту бас.

Рӯзгор ва зиндагии ин асри пуртаззод ва серхарҷумарҷ дар назди раиси тозаинтихоби ҷумҳури кишвар вазифаҳои хеле сангинеро мегузорад. Ин азизон мавзуъи суҳбати дигар аст, ки ба он бархоҳем гашт.

Неъмат Неъматзода

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97