Кӣ соҳибмансаби шоиста аст?

Сиёсат 08.11.2013 16:23

sohibkori boetimodкопированиеЯк созмони назарсанҷие бо номи Gallup дар мавриди мавҷуд будани фасод дар сатҳи ҳукуматҳои 129 кишвар назарсанҷӣ анҷом додааст ва тибқи тақсимбандии ин созмон кишварҳо ба се гуруҳ ҷудо шудаанд ва Тоҷикистон ба кишварҳои гуруҳи севвум дохил карда шудааст. Дар кишварҳои гуруҳи севвум озодии баён маҳдуд аст ва шаҳрвандон аз изҳори ақида то андозае худдорӣ меварзанд. Аз ин рӯ "Миллат" тасмим гирифт, ки ин ҳафта барои пайдо кардани соҳибмансабони поккор ва шоиста назархоҳӣ анҷом бидиҳад. Зеро агар дар мо озодии баён маҳдуд аст, набояд барои муаррифии соҳибмансабони покизасиришт ва шоиста монеъае мавҷуд бошад.

Хуб, биёед бубинем, ки сафи соҳибмансабони шоистаи Тоҷикистонро тайи 22 соли ахир кӣ пур кардааст.

Ба назари шумо кадоме аз соҳибмансабони баландмақоми тоҷик дасту дили покиза ба кор доранд, шумо онҳоро мешиносед (аз онҳо ном бубаред)?!

SHoira RahimjonШоира Раҳимҷон, хабарнигор:

- Ҷаноби Убайдуллоев. Бо ин хонавода вобастагӣ ва иртибот дорам ва ба ин ақидаи худам яқинам. Он чи дидаву санҷидаву хулоса кардам.

 

Bobojon SHafiБобоҷони  Шафеъ, коршиноси масоили минтақавӣ:

Бале. Дар ниходе, ки муддати 14 сол кор кардам, яъне Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон сарвари он генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаровро пок аз фасод дидам. Албатта, дар ин бора намешавад бо итминони комил ҳарф зад. Вале тули 14 сол ман чун як масъули дафтари хабарии Агенти ин гуна чизро дар шахсияти Назаров мушоҳида накардам.

Аз суи дигар генерал Назаров шахси ҳирфаист ва ба зинаҳои мансаб ба шарофати ҳамин касбияти баландаш расидааст. Гумон мекунам, раиси ҷумҳур Э. Раҳмон дар интихоби Назаров ба симмати имрӯзааш муваффақ аст ва Назаров низ сазовори боварии Президент аст. Генерал Рустам Назаров хел хуш надорад, ки дар матбуот ӯро васф кунанд, аз ин рӯ зиёд дар ин бора ҳарф намезанам. Вале гуфтаниҳое дорам, ки замонаш расад, иншооллоҳ хахам гуфт.

Nurali DavlatНуралӣ Давлатов, таърихшинос:

- Гэллап яке аз марказҳои маъруфи назарсанҷии ҷаҳон аст, ки соли 1934 таъсис ёфтааст. Дар тирамоҳи соли 1991 қабл аз интихоботи президентӣ дар тирамоҳи соли 1991 назарсанҷӣ доир карда, пирӯзии Раҳмон Набиевро пешгӯӣ карда буд.

Аммо дар тӯли 20 соли охир дар кишвари мо фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон ба таври бояду шояд дар ВАО инъикос нашуд, бинобар ин, муайян кардани он ки кадоме аз соҳибмансабони тоҷик дасту дили покиза ба кор доштанд, хеле мушкил аст.

Ба андешаи ман, шахсияте, ки дар тӯли ду даҳсолаи охир ба ин талабот ҷавобгӯ будаасту ҳаст, генерал Сайдамир Зуҳуров мебошад.

BobojonБобоҷон Қаюмов, коршинос:

Дар ҷомеъаи бастае, ки мансабдоронашро мардум на аз наздик дида тавонанду на аз тариқи расонаҳо ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд, чи гуна шоистаро аз ношоиста ҷудо кунем? Махсусан аз нигоҳи иқтисодиву фасод. Вақте маоши баландтарин дар ҷомеъа 4 000 сомонӣ ҳам бошад, ки нест, ин соҳибмансабон аз куҷо соҳиби қасру кушку мошину кару фар мешавад? Оё бо маоши мавҷуд метавонад? Аммо ман ба чанд нафар аз мансабдорон аз рӯи шоистагияшон баҳо медиҳаму эҳтиром дорам. Бобохон Маҳмадов раиси маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ, ки барои рушди марказ ва пешрафти кишвар талошҳояш қобили тақдир аст. Дигар Сайидамир Зуҳуров, раиси бахши ҳифзи сирри давлатӣ аст, ки шоистагии худро дар мансабҳои мухталиф исбот кардааст. Ҳамчунин Суҳроб Шариповро низ ҳамчун узви парлумони кишвар фарди шоиста ва сазовор мешуморам.

Албатт шояд касони дигаре ҳам бошанд, вале чун аз расонаҳо фосила мегиранд, мо шояд онҳоро нашиносем.

MijgonМижгон Ҳалимова, рӯзноманигор:

Ба андешаи ман дар 22 соле, ки ин ҳукумат қудрат меронад нафаре ба монанди Сайдамир Зуҳуров, собиқ вазири корҳои дохилӣ ва амният пайдо нашавад. Ба ростӣ намедонам дигар кадоме аз онҳоро барои кадом корашон покизакор гӯям. Боварӣ дорам агар ҳамин ҳоло ҳамаи мансабдорони тоҷик тариқи интихобот интихоб шаванд аз ҳукумати кунинӣ касе наметавонад ба ҳукумати тозаинтихоб роҳ ёбад. Чунки дар тули ин қадар сол ягон нафари онҳо, на мақомоти қудратӣ, на блоки иқтисодӣ, на соҳаҳои маорифу фарҳанг натавонистанд боварии мардумро соҳиб гарданд. Бовар дорам ба ҷуз  хешу ақрабои мансабдорони кунинӣ касе ёфт намешавад, ки мансабдорони ҳозираро ҷонибдорӣ кунад.

Bunafsha AbdurahimБунафшаи Абдураҳим, ровии радиои "Ватан":

- Ба назари ман Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохила мансабдори шоиста аст. Аз рӯи мушоҳидаҳои худ дақиқ кардам, ки ӯ шахси дар вазифаи худ самимӣ аст. Зеро, ҳар он чи аз дасташон меояд, самимона ва бо дили пок анҷом медиҳанд. Шоҳиди ҳодисаҳое будам, ки шахсан бо дастгирии худи он кас мушкили баъзе аз камбизоатон ҳал шуда буд.

Mustafo SurkhovМустафо Сурхов, ҷомеъашинос:

- Фасоди молӣ ин саратоне аст, ки дар ҷисми миллатхо ҷо гирифта, ва дорад онҳоро аз байн мебарад. Шояд агар бигӯем ки фалон кишвар новобаста аз он ки рушдёфта ва ё дар ҳоли рушд аст аз фасоди моли орӣ аст ва дар он ин мушкилот вуҷуд надорад, муболиға хоҳем кард. Дар ҳар кишвари ҷаҳон ин мушкилот вуҷуд дорад вале чуноне ки қайд гардид дараҷаи фасоди молӣ аз кишвар то кишваре фарқ мекунад. Кишварҳое, ки демократӣ ва пойбанди қонун ҳастанд албатта ин мушкилот дар онҳо камтар ба мушоҳида мерасад, вале дар кишварҳои ҷаҳони сеюм фасоди молӣ мушкилоти умдаи ҳаёти мардуми он кишварҳо ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз дар ин кишварҳо кам соҳибмансабе шояд метавон пайдо кард, ки шоиста ва покизасиришт бошад ва ман, ки соҳибмансабонро намешиносам наметавонам бидуни далел чунин қазоват кунам. Мо ки мусалмонем бояд пеш аз ҳама бо ин саратон, ки дорад ҷисми миллати моро сироят мекунад мубориза барем.

abdusalohАбдусалоҳ Расулов, омӯзгор

Саидамир Зуҳуров вазири вақти амният ва муовини сарвазир, ҳоло сардори раёсати сирри давлатӣ.

 

 

Abdulazizi voseАбдулазизи Восеъ, хабарнигор:

- Ба ҷуз ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ наметавонам касеро ном бубарам.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97