Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мегӯяд, кишвараш аз ҳама равобити беҳтар дар самти муҳоҷират, бо Тоҷикистон дорад.
Ӯ гуфтааст, вазъият бо Тоҷикистон хеле печида ба назар мерасад, вале чӣ аз нигоҳи шумораи тавофуқот ва чӣ аз нигоҳи истодагарияш равобити муштарак бештар бо он ба роҳ монда шудааст.
Ба гуфтаи раҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, барои Душанбе бидуни Маскав будан бисёр мушкил хоҳад буд, тавре ки барои Маскав бидуни он аст: "Чун таърих ва ҷойгиршавии геополитикӣ чунин як ҳолатро ба миён овардааст." Ӯ афзудааст, ки ниҳоди зертобеаш назоратро аз болои муҳоҷирони корӣ ҳангоми вуруд ба ин кишвар ҷиддӣ хоҳад гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки Дмитрий Рогозин, муовини сарвазири Русия таъкид карда буд, ки шуруъ аз соли 2014 қоидаҳои вуруди муҳоҷирони корӣ аз давлатҳои пасошӯравӣ ба кишвараш вазнин шуда, онҳо бояд ҳангоми убури марзи Русия ҳам шиносномаи дохилӣ ва ҳам хориҷӣ бо худ дошта бошанд.
Константин Олегович, аз мақомоти олирутбаи давлати Русия шумо аввалин шахсе мебошед, ки ин хақиқатро эътироф кардаед. Агар чунин амалдорони баландпояи воқеъбин дар дигар сохторҳои Русия бештар мебуданд, мушкилоти зиёде дар муносибати ин ду кишвар аз байн мерафт.
Аз силсилаи Дўст гўяд табарвор...