Нигоҳи шумо ба оштии Ирон бо Амрико чӣ гуна аст, шумо ин гашти сиёсиро мусбат медонед ё манфӣ?
Азизхоҷа Хошоков, таҳлилгар:
- Роҷеъ ба масъалаи сулҳ дар куллӣ назари мусбат дорам, зеро ҳама гуна сулҳ аз ҷанг беҳтар аст. Вале Ирон бояд мувозиб бошад ва тибқи фармудаи Худо ба яҳуд бовар накунад, ки яҳуд ваъда карда, ҳатман фиреб мекунад.
Бек Раҳмонӣ, хабарнигор:
- Ман ба ин ҷараён хушбинам. Чунки бо нируманд шудани Ирон Тоҷикистон низ дар арсаи сиёсату иқтисодиёт пешрафт хоҳад кард. Гарчанде ки дар Тоҷикистон тарғиби тафриқаандозии мазҳабӣ аз пешрафти илму фарҳанг зиёдтар аст. Аммо бо ин вуҷуд ман хушбинам, ки он ба нафъи Тоҷикистони азиз аст.
Абдуллоҳи Муҳаққиқ, исломшинос:
Байни Ирон ва Амрико ягон нишонаи оштӣ намебинам, дар ин ҷо ду қутби ба ҳам зид дар ҳолати бархурд қарор доранд. Амрико дарк намудааст, ки дигар ҳамаи масоили имрӯзаи ҷаҳониро бо рохи зӯрӣ ва низомӣ ҳал намудан ғайри имкон аст. Нуфуси сиёсии Ирон дар минтақа хеле зиёд аст! Аз ҷониби дигар Амрико фаҳмидааст, ки Арабистон зотан бо кишвари Ирон душманӣ дорад ва мехоҳад, ки бо дасти Амрико ва ҳампаймонҳояш кишвари Иронро саркӯб намояд. Аз ҳамин лиҳоз Амрико дигар намехоҳад бозичаи дасти Араб бигардад ва дар олам ифротгароёни такфириро сари қудрати сиёсӣ биёрад. Чун ифротгароӣ ва такфиргароии гуруҳҳои тундрав, ки ононро Арабистон сарпарастӣ мекунад дар ояндаи наздик ба худи Амрико ва Аврупо хатари ҷиддӣ ба бор хоҳанд овард. Мардуми пуршарафи Ирон ба ҳамаи фишорҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, ки барояшон эҷод карданд, сабр намуда қадам ба кадам ба пешравии чашмрасе расидаанд... Лекин гом бардоштан барои расидан ба якдигарфаҳмӣ байни Амрико ва Ирон як падидаи мусбат мебошад. Зеро мардуми Амрико ҳаргиз хоҳони ҷанг нестанд. Ирон як кишвари сулҳхоҳ ва зебову ором аст. Аз назари забонӣ низ имрӯз ҳар аврупоие, ки забони порсиро медонад, сарбаландтар ва бартарӣ нисбат ба дигар аврупоиро дорад. Ва ифтихор аз донистани забони порсӣ мекунанд. Ин сиёсатро ин низоми исломӣ эҳё кард. Ва мардумаш ҳар куҷо аз иронӣ будану ироният муфтахаранд. Муқаддимаи "Оштӣ" оғоз ёфтааст, бояд тамоми масоили ба ҳам зидро бо роҳи мусолиҳа бидуни ғараз ҳаллу фасл намоянд. Чун ташкилоти СММ як ниҳоди масеҳӣ меҳвар аст, лозим меояд, ки оромонҳои мардуми исломро низ ба инобат бигирад. Озодие, ки Аврупо онро орзу мекунад, мисли ҳамҷинсгароӣ ва таблиғи зинову зинокорӣ барои кишвари Ирон ба ҷуз ҷиноят ва ҷурму гуноҳ шинохта намешавад. Ирон вақте ки соҳиби давлат ва тамаддуни байналмилалӣ буд, аз давлати Амрикою Араб ному нишоне набуд. Бад-ин хотир бояд Амрико дар асоси қонунҳои байналмилалӣ амал намояд ва монеъи рушди иқтисоди миллии Ирон нашавад. Муҳосираи иқтисодиро нисбат ба Ирон қатъ намояд. Дар ин ҳолат метавонанд, ки дар асоси дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар ба Оштии аслӣ бирасанд. Эътирофи низоми исломии Ирон аз ҷониби Амрико ин як дастоварди бузурги сиёсӣ аст. Мутмаинам, ки баъди баррасии масоили мухталиф ва барканор намудани зиддиятҳои мавҷуда байни Амрико ва Ирон дар асоси гуфтушиниди ҷонибайн монеъаҳо бартараф хоҳанд гашт ва метавонанд бо ҳам рафту омади дӯстона дошта бошанд. Сулҳу субот орзуи ҳамаи инсонҳо дар олам мебошад. Бояд Амрико ва ҳампаймонҳои онон иззат ва шарафи мардум ва кишвари Иронро эътроф ва эҳтиром намоянд!
Абдуқодир Талбаков, раиси телевизиони "Пойтахт"
Шахсан ман ин равандро мусбат медонам, зеро агар иҷозат аст, як ҳарфи суфиёна мегӯям; Эй нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ.
Раҳматуллои Раҷаб, иқтисодчӣ:
- Фикр мекунам, ин ду паҳлу дорад; ҳам мусбат аст ва ҳам манфӣ. Мусбат барои он ки Ирон дар сиёсати ҷаҳонӣ пайваст ва агар чунин аст ба зарари Русия аст, ки аз Сурия пуштибонӣ мекард, аммо аз таҳримоти иқтисодӣ раҳо мешавад.
Манфӣ ба хотири ҳамсоягон ва давлатҳои исломӣ, ки мегӯянд Ирон то ин дам аз сиёсати пешгирифтаи Амрико нороҳат буд ва ҳамеша миллати Ирон шиори "Марг ба Амрико" медод, акнун бояд бигӯяд "марг ба Исроил на, нест бод Исроил".
Мустафо Сурхов, ҷомеъашинос:
- ас аз се даҳаи сардии муносиот байни Амрико ва Ирон ин воқеан як таҳаввулоти хеле муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад ва ин таҳаввулотро ман мусбат арзёбӣ мекунам. Музокироти рӯ ба рӯ байни ду кишвари мухолиф ва дар ҳолати душманӣ қарор гирифта дар сиёсати байналмилалӣ аксари вақтҳо сулҳовар аст ва сулҳ беҳтар аз рӯёрӯӣ ва ҷанг аст. Гарчанде ин сиёсат аст ва дар сиёсат ҳар лаҳза таҳаввулот сурат мегирад ва сиёсати кишварҳо бар манофеи миллии онҳо мечархад ва дар ин лаҳза манфиати Ирон ин аст, ки як сиёсати нармтарро пеш гирад ва аз рӯёрӯӣ бо Амрико ва муттаҳидонаш мавқеашро дигар намояд ва аз дари музокирот ва оштӣ бо онҳо дар тамос шавад. Гарчанде Исроил ва кишварҳои арабӣ аз ин таҳаввулот хушбин нестанд ва ҳатто сарсахтона мухолифи муносибати дӯстонаи Ирону Амрико мебошанд, вале вақт довар аст ва нишон дод, ки ин ташаббус ва иқдоми Ирон ва мувофиқати он ба шартҳои кишварҳои 5+1 то ба куҷо хоҳад расид.
Лола Олимова, таҳлилгари умури байналмилал:
- Ман наметавонам бигӯям, ки ҳамкории Ирон ва ИМА номумкин аст, балки баръакс. Ҳудуди 35 сол аст, ки ин ду мамлакат дар ҳолати ҷанги сард қарор доранд. Ва дар ин миён Ирон ба дунё нишон дод, ки ҳатто дар шароити шадидтарин таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи он бояд рӯи Ирон ҳисоб кунанд. Инро дар ИМА ҳам хубдарк кардаанд ва дар дигар нуқоти дунё низ. Ба гумони ғолиб ИМА барои ҳаллиқазияи Сурия дар пайи ҷустуҷӯи шариконест, ки бо Русия ҳамвазн ҳастанд. Амрикомедонад, ки Ирон бо Русия шарикони дерин ҳастанд ва аммо мехоҳад Иронро баҷонибдории худ бикашад. Аммо дар дунё мухолифони сарсахти зиёде ҳастанд, кимуқобили наздикии Ирон бо Амрико ҳастанд. Ба хусус Исроил ва кишварҳои арабӣ ваниз Русия. Ҳамчунин баъид нест, ки дар дохили худи Ирон ҳам нируҳоиоштинопазире ҳастанд, ки ба ҳеч ваҷҳ ҳамкориеро бо Амрико намехоҳанд ва онро маҳкумҳам мекунанд. Албатта масъалаи наздикшавии Ирон бо Амрико бештар ҷанбаи мусбатдорад то манфӣ. Масали маъруфе ҳаст, ки бадтарин сулҳ боз ҳам беҳтар аз ҷангаст. Агар ин ду кишвар бо ҳам созиш бикунанд, ҳадди ақал нуқтае аз ин сайёра аз«нуқтаи доғ» будан наҷот меёбад. Раиси ҷумҳури Ирон Ҳасани Руҳонӣ бо ин гаштисиёсии худ воқеан ҳамаро мутаҳайир сохт. Чунин ба назар мерасид, ки ӯ якусулгарост, инак ин иттифоқи ғайриинтизор. Аз ин рӯ ҳар чиз имкон дорад, кииттифоқ биуфтад.
Рустам Гулов, блогнавис:
- Дар ҳама замон дӯстӣ аз душманӣ беҳтар аст. Хеле хуб аст, ки муносибати онҳо рӯ ба ҷараёнҳои мусбат гардонида истодааст. Шояд ки дар натиҷа Худо хоҳад маҳдудиятҳои гуногуни иқтисодӣ, ки нисбати Ирон андешида шуда буданд, тадриҷан аз байн бурда шаванд. Ин бошад ба рушди минбаъдаи Ирон ва тамоми шарикони ӯ низ таъсири мусбат мерасонад. Аз ҷумла ба Тоҷикистон
Шоираи Раҳимҷон, хабарнигор:
- Як бозии навбатии Амрикост. Тағйири сенарияи бозии навбатӣ дар сатҳи ҷаҳонист ва сад дар сад ба нафъи Амрикост. Ҳич гоҳ Барак Обама ва суханаш калидӣ набуд ва нест. Яҳуд дастгоҳи идоракунандаи ӯст. Вале Ирон Исроилро ҳич гоҳ ҳамчун давлат эътироф накардааст. Барои ҳифзи мавқеъ ва обрӯ дар минтақа, баъди воқеъоти Ливиё, Сурия, Афғонистон ва Ироқ, ки ба манфиати кулли Амрико нашуд ва ҳадафрас ҳам барои Амрико беҳтарин роҳ роҳи дӯстӣ ва оштӣ бо Ирон аст. Чунки ҳадди ақал муддате мавқеъ ҳифз мешавад.
Нафъи Ирон аз ин бозӣ дар он аст, ки бумбаст заифтар мешавад ва ин давлат метавонад иқтидори худашро хубтар ба миён бигузорад. Барак фишори шадиди яҳудиёнро бояд мунтазир бошад.
Дагихудо Дагиев, таҳлилгар:
- Аз таҷриба ва ҳикмати рӯзгор барои ҳамагон ҳувайдост, ки оштӣ беҳтар аст аз душманӣ. Ҳокист, ки баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон ин мантақа, яъне мантақае ки Ирон ҷойгир аст, яке аз мантақаҳои хеле ҳасос буда, зиёд ҳамсоя кишварҳо ва махсусан ғарб аз ингуна вазъ манфиат мебаранд. Ва муносибати нохуши Ирон баъд аз инқилоби исломӣ маҳз бар манфиати ҳамсоякишварҳои Ирон буда, ба ҳар васила мехоҳанд, ки бо дасти кишвари саввум Иронро саркӯб кунанду ба шикаст дучор созанд. Аз ин хусус, оштии Ирон бо Амрико ба манфати ҳам Ирон асту ҳам барои оромиши минтақа ва аз ин ҳам муҳимаш он аст, ки Ирон ба ҳамаи таҳдиду фишори ҳамсоякишварҳо, ҷаҳони ғарб ва махсусан Амрико нигоҳ накарда аз манфиату мавқеъ ва сиёсати баъд аз инқилобиаш даст накашиду ҷаҳони ғарб ва Амиркоро маҷбур сохт, то ки бе ҳеч шарту хоҳиши қаблӣ шеваи сиёсати кишвари Иронро бипазирад.
Мунаввар Мунавварзод, рӯзноманигор:
- Чи хуш бй, меҳрбунй ай ду сар бй!...
(Бобо Тоҳир)