Тоҷикистон ҳам аввал мешудааст, аммо…

Сиёсат 16.10.2013 22:02

bonki jahoniТоҷикистон дар дарёфти кумакҳои молӣ дар ҷаҳон зинаи аввалро ишғол мекунад.

Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаҳои пешбинии худро чоп кардааст ва мегӯяд, ки мумкин аст кумакҳои молӣ соли ҷорӣ ба кишварҳои рушдёбанда 6,3 дарсад афзоиш ёфта, ба 414 миллиард доллар бирасад. Бар асоси ин пешбиниҳо то соли 2016 ин кумакҳо ба ним триллион доллар хоҳад расид.

Бонки Ҷаҳонӣ навиштааст: Барои кишваре чун Тоҷикистон ин кумакҳо нисфи даромади нохолиси миллиро ташкил медиҳад. Барои Бангладеш кумакҳо василаи ҳимояти мардум аз фақр мебошад.

Дар соли 2012 Тоҷикистон ба андозаи 48 дарсади даромади нохолиси миллӣ кумаки молӣ гирифтааст ва дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад. Кумакҳои дарёфтии Қир?изистон 31 дарсад, Лесото ва Непал 25 дарсад ва Молдова 24 дарсади даромади нохолиси миллиашонро ташкил додааст.

Мисоли арифметикӣ барои калонсолон: 48 дар сади даромади нохолиси миллии моро кумакҳои молии гирифта шуда,  48 дарсади дигарро маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. Пас ҳисоб карда бароед, ки саҳми аҳолии кишвар дар таъмини даромади нохолиси миллӣ чанд дар сад аст.

Аз силсилаи Дўст гўяд табарвор...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97