Душанбеву Бишкек ба ҳам оед

Сиёсат 11.09.2013 20:56

Ё вақти романтизми сиёсӣ кайҳо гузаштааст

Bishkek va dushanbeШароити ягонаи табиӣ, бештар аз 80 дар сади захираҳои оби минтақаро дар ихтиёри худ доштан, мавқеи яксони геополитикӣ, мансубияти ягона ба яке аз мазҳабҳои ислом (ҳанафӣ) ва дигар омилҳои зиёди муштараки  сиёсию иқтисодӣ барои бақои минбаъдаи худ ҳамчун кишварҳои мустақил ва нируманд дар минтақа Тоҷикистон ва Қирғизистонро водор месозад, ки дар ҳалли бисёр масъалаҳо бояд ҳамроҳ амал кунанд.

Боиси хушбинист, ки инро ҳам дар Бишкек ва ҳам Душанбе хуб дарк кардаанд ва муносибатҳои дӯстона ва иттифоқчигии ин ду кишвар рӯз аз рӯз беҳтару хубтар мегардад. Мувофиқи гузориши вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мубодилаи мол миёни ду кишвар дар шаш моҳи соли равон тақрибан ба 94 миллон доллар расидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4 маротиба бештар аст.

"Доғ"-и ҳамсоядорӣ

Аммо дар ин миён, байни ин ду кишвари воқеан муштаракулманофеъ ва ҳамсуд  масоиле вуҷуд дорад, ки ҳар чи зудтар ҳаллу фасл гардидани онҳо барои таҳкими робитаи мутақобилаи ҳар ду ҷониб бениҳоят зарур буда, сулҳу субот ва оромиро дар марзҳои ҳар ду кишвар таъмин мекунад. Миёни ин ду ҳамсоякишвар 970 километр марзи муштарак  мавҷуд аст, ки ҳанӯз 470 киллометри он аломатгузорӣ нашудааст. Мушаххас нагардидани марз борҳо боиси муноқиша ва ҷангҷоли сокинони рустоҳои марзӣ барои чарогоҳ ва замину об гардидааст. Ба вижа, барои об муноқиша кардани сокинони марзии ҳарду ҷониб, ки миқдори бениҳоят бузурги захираҳои оби минтақаро дар ихтиёр доранд, боиси коста гардидани имидҷи ҳар ду кишвар мегардад. Ба ғайр аз ин, дар ин ҷаҳони пур аз дасисаю фитна бартараф накардани ин масъала барои душманони ҳар ду кишвар як манбаъи хуби фитнасозӣ боқӣ хоҳад монд. Дар шабу рӯзи баргузории нишасти байналмиллалии об дар Душанбе, ки ҳар ду тараф қариб баробар манфиатдор мебошанд, ба вуқуъ пайвастани куштори як хонаводаи тоҷик дар деҳаи назди марзӣ, хоҳ нохоҳ аз даст доштани қувваи севвум дар ин куштор зеҳнҳоро ба зери бори шубҳаю  гумон мегузорад.

Русия чаро рӯи Душанбеву Бишкек ҳисоб намекунад?

Натиҷаи мушоҳидаҳо бар он аст, ки бештари кишварҳо ҳатто худи Русияи дар Қирғизистону Тоҷикистон пойгоҳҳои низомӣ дошта, вақти ҳалли масъалаҳои калидии миёни Тошканд, Душанбе ва Бишкек майлу рағбати хешро бештар ба Тошканд изҳор мекунад. Ин аз як тараф аз вазни хоси худро доштани Тошканд дарак диҳад, аз тарафи дигар аломати бо ҳам наомадан ва ҳамфикр набудани Душанбе ва Бишкек дар масъалаҳои муштарак аст. Дар сурати мувофиқ кардани тасмим ва нигоҳ доштани мавқеи ягона на танҳо Русия, балки дигар кишварҳо низ маҷбур  мегарданд, ки манфиати ҳарду кишварро ба эътибор бигиранд.

Вазири бандии бегуноҳ дар "ҷазираи демократия"

Масъалаи дигаре ки миёни ин ду кишвар ҳалли худро наёфтааст, қазияи Равшанбек Собиров вазири собики рушди иҷтимоии Қирғизистон ва Раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикони муқими ин кишвар мебошад. Нигарониии Душанбе аз қазияи Равшанбек Собиров сарфи назар аз расонаӣ набуданаш дар доираҳои ҳукумати кишвар вуҷуд дорад ва онҳо низ интизори ҳалли одилонаи ин қазия ҳастанд. Онҳо чи тавр бетараф буда метавонанд, дар ҳолате ки ин шахс  бегуноҳ қурбони дасиса шудааст ва инро яке аз судҳои зинаҳои аввал, суди яке аз  ноҳияҳои шаҳри Бишкек ва  комиссиюни порлумонии Қирғизистон низ эътироф карданд. Ба ғайр аз ин ӯ шахсияти маъруф ва шинохтаи тоҷиктабори Қирғизистон буда, роҳбарияти яке аз зерсохторҳои ҷамъияти тоҷикони ҷаҳон "Пайванд"-ро ба уҳда дорад. Аз  ҳама муҳим он аст, ки ӯ гуноҳеро ки ба он мутаҳам карда мешавад, худ содир накардааст. Ин гуноҳро ёвари ӯ карда буд, ки дар муҳокимаи судӣ, бегуноҳии Р. Собировро худаш изҳор дошта буд. Бидуни шубҳа ба тақдири инсони бегуноҳ бозӣ кардану онро бегуноҳ дар зиндон нигоҳ доштан ба обрӯи Қирғизистон. ки худро чун "ҷазираи демократия" дар минтақа муаррифӣ кардааст, чандон зебанда нест.       

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад…

Ба гумонам барои кишварҳои минтақа, ба хусус барои ин ду кишвар  кайҳо вақти романтизми сиёсӣ  гузаштааст. Имрӯз бояд онҳо бидуни ҳамагуна эҳсосоти сиёсӣ бар мушкилоту имкониятҳои худ расидагӣ кунанд  ва зарбулмасали машҳури тоҷикиро ки шояд варианти қирғизии он низ вуҷуд дошта бошад: "Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ аст" -ро дар вақти барномарезии сиёсати хеш аз мадди назар дур накунанд. Дар ин ҷо ёдоварӣ кардани гуфтаҳои Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақа хеле ба маврид аст. Ӯ ба наздикӣ дар як суҳбате дар мавриди нишасти об дар Душанбе гуфта буд: "Имрӯз ҳар  масъалае ки дар ин нишаст бардошта мешавад, сад дар сад ба манфиати Бишкек низ мебошад. Агар ин конфронс дар Бишкек мегузашт, мо низ он ҷо манфиати Тоҷикистонро чунин медидем". Яъне ҳар кореро, ки Душанбе вобаста  ба масъалаи об анҷом медиҳад, ба нафъи ҳам худ ва ҳам Бишкек низ аст. Пас барои чӣ мо дар ин самт ҳамкории судмандро анҷом надиҳем?! Таъсиси муассисае бо номи дипломатияи об дар Душанбе ва муассисоти дигари вобаста ба танзим ва истифодаи захираи об дар минтақа бояд бо дастгирии ҳар ду ҷониб анҷом дода шавад. Дар бисёр масоили минтақавӣ боястӣ ҳар ду кишвар аз як маркази ягонаи тасмимгирӣ истифода намоянд. Дар заминаи истифодаи захираҳои табиӣ ба вижа об, инситутҳои муштарараки тадқиқотӣ, лоиҳакашии ниругоҳи барқии обӣ, бодӣ ва офтобӣ таъсис дода шавад. Муҳофизати якҷояи марзҳо низ барои пешгирии ҳамагуна дасисаҳои беруна бояд роҳандозӣ карда шавад. Қувваҳои экстремистӣ, хусусан ворид гардидани мазҳабҳои бегонаи тундгаро ба ҳар ду кишвар таҳдиди ҷиддӣ дошта, метавонанд суботу амниятро ба таври ҷиддӣ дар минтақа халалдор созанд. Бо дигар кишварҳои ҳаммазҳаби минтақа ва Русия таъсиси маркази якҷояи исломшиносӣ дар пояи мазҳаби ҳанафӣ имрӯз барои амнияти ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҳам Русия низ зарур аст. Тайи чанд соли истиқлолияти хеш бо сари худ амал кардани чунин кишварҳои кучак мисли Тоҷикистон, Кирғизистон ва Арманистону Гурҷистон, Молдова ва ғайра дар ҳалли бисёр масъалаҳои калидӣ натиҷаи дуруст надодааст. Бояд онҳо минбаъд ин воқеъиятро дарк карда, ҳамроҳ амал кунанд. Хуб мешуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизисон дар ин ҷода гоми аввалро мебардоштанд.

Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97