SOS: ПИРАМИДА доми навбатӣ?!

Сиёсат 22.08.2013 14:12

7 BurjАхиран бо қарори Додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти ширкати шабкавии «7 бурҷ» дар қаламрави кишвар мутаваққиф шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон амри худро унвонии раҳбарияти ин ширкат ба таърихи 18 июл фиристодааст, ки дар он сабаби боз доштани фаъолияти ширкат нақзи қавонини кишвар унвон шудааст. Масъулони ин ширкат иддаъо доранд, ки тӯли дуюним соли фаъолияташ ширкат ба давлат 700 ҳазор сомонӣ андоз супурдааст. «Миллат» ба хотири рушан кардани мавзуъ бо ин суол ба суроғи чанде аз афроди соҳибназар рафт: «Шумо ба фаъолияти ширкатҳои шабакавӣ чӣ назар доред?»

 

Rustam GulomovРустам Гулов, блогнавис:

- Мушаххасан оид ба ширкати "7 бурҷ" ҳеч чиз гуфта наметавонам, чунки бори аввал дар бораи он мефаҳмам. Оид ба худи маркетинги шабакавӣ ақидаи манфӣ дорам, чунки асоси ин тиҷорат дар фиреб сохта шудааст. Фиреб дар он зоҳир меёбад, ки онҳо ҳангоми даъвати мардум ба сохтани системаи (шабакаҳои) шахсии худ оид ба чунин як қоидаи алгебра "прогрессияи геометрӣ" ҳеч касро огоҳ намекунанд. Ин прогрессия маънои онро дорад, ки дар ҳар зина миқдори шахсоне, ки ба шабака ҳамроҳ мешаванд, аз зинаи пешинааш 2 маротиба меафзояд. Ва дере нагузашта, ба чунин ҳолат мардум рӯ ба рӯ мешаванд, ки тамоми ашхос метавонанд аъзои шабака шаванд ва шахсоне, ки ҳар чи дертар ба ин шабака аъзо мешаванд, имконияти пурра кардани шабакаи шахсии худро гум мекунанд ва имконияти баргардонидани маблағи масрафкардаи худро ба пуррагӣ аз даст медиҳанд. Ин ҳолат бояд дар шартномаи тарафайн зикр гардад. Агар зикр нагардад, пас ин фиреб аст. Аз ҷиҳати дигар боз як лаҳзаи дигар низ мавҷуд аст, ки ҳатман бояд ба назар гирифта шавад.Ин ҳам он аст, ки чунин ташкилотҳо молҳои худро танҳо ба воситаи шабака мефурӯшанд ва баъзеашон фурӯши чаканаи онро ба воситаи ташкили фурӯшгоҳ ва дигар нуқтаҳои фурӯши чакана манъ мекунанд. Инчунин баъзеашон дағдағаи зиёд мекунанд, ки моли онҳо дар натиҷаи тадқиқотҳои гаронбаҳо бо маблағгузории миллионҳо доллар сохта шудааст ва инчунин ин роҳи кутоҳтарин то истеъмолкунанда аст.

Ин худ як фиреб аст, чунки агар танҳо арифметикаи одитаринро истифода барему бо назардошти он фоизҳое, ки ҳар як зинаи шабака аз фурӯши як адад моли чунин ташкилот аз худ мекунанд, ҳисоб кунем, пас ба натиҷае хоҳем расид, ки аз 100% нархи маҳсулот тақрибан 70-75% дар дохили шабака ҳамчун даромади аъзо мемонаду танҳо 25-30% барои рӯйпуш намудани хароҷоти истеҳсолӣ масраф мегардад. Пас аз ин ҷо бармеояд, ки суханони чунин ташкилотҳо, ки гӯё он маҳсулотро якбора аз истеҳсолгар ба истеъмолгар бидуни миёнарав мерасонанд, дар асл баръакс аст. Дар ин ҳолат ҳар қадар шахс дар зинаҳои болотарини шабака бошад, ҳамон қадар имконияти маблағкоркунии зиёдтар дорад ва дар зинаҳои поёнӣ наметавонад онро ба роҳ монад. Ва боз як нуктаи дигар, ин ки чунин шабакаҳои маркетингӣ дар асл барои ҷамъоварии маблағ сохта шудаанд, на ин ки дастрас намудани молу маҳсулот. Инро дарк кардан хеле зарур аст. Вобаста ба ҳамаи ин ҳолатҳо дар сурати амали фаъоли ин гуна ташкилотҳо танҳо қисми ками мардуми аъзошуда метавонад маблағе кор кунад ва ин ҳам танҳо он шахсоне, ки рӯзҳои аввал ба он аъзо шудаанд. Пас аз 2-2,5 сол аллакай дер мешавад, шахсоне, ки имконияти аъзо шудан доранд, аллакай дар ин муддат аъзо мешаванд ва пас аз ин аллакай ёфтани хоҳишмандон қариб, ки имконнопазир мегардад, инро прогрессияи геометрӣ исбот менамояд.

Таҷриба низ инро нишон медиҳад; куҷо шуд дағдағаҳои "Тянши", "Квестнет", "Марҷонфурӯшон" ва ғайраҳо - онҳо на зиёда аз 2-3 сол кор карданд ва пас аз ин хеле суст шуданд. Дар ин ҷода аксаран танҳо он корхонаҳое кор карда метавонанд, ки моли дар ҳақиқат талаботдоштаро ба фурӯш мегузоранд. Масалан, косметикаи "Фаберлик", "Нивеа", "Мэри Кей", ки ҳоло ҳам кор карда истодаанд, чунки маҳсулот доранд.

ZavqibekЗавқибек Солиҳов, хабарнигор:

- Ин гуна ширкатҳо дар ҳамаи кишварҳои дунё вуҷуд дорад. Бигирем Русияро, ки чанд сол пештар Мавроди бо номи «МММ» ширкате дошт, ки ба мардум миллионҳо рубл зарар овард. Вақте Мавроди чанд сол паси панҷара нишаст ва ба озодӣ баромад, боз ҳамин гуна як ширкати дигарро роҳандозӣ кард, ки дар натиҷа боз мардуми зиёд маблағи худро супориданд ва ҳамакнун Мавроди боз бо ин ҷурм гунаҳкор мешавад. Яъне бубинед, мардум ҳарчанд, ки кӣ будани Мавродиро медонистанд, вале боз ҳам ба ширкати ӯ пул супурданд ва фиреб хӯрданд. Ман дар ҳама ҳолат дар ин кор МАРДУМРО гунаҳкор медонам. Ин аз нодонии худи мардум огоҳӣ медиҳад. Агар инсон фаҳмишу дониши хуб дошта бошад, ҳеч гоҳ ба чунин ширкатҳо пул намедиҳад. Масалан, ҳоло Шумо гуфта метавонед, ки чанд фоизи онҳо мардуми босаводу бохираданд? Шояд як ду фоиз бошанд, вале ҳеч гоҳ як нафар инсони бофаҳм ба чунин афераҳо бовар намекунад!

KholiqnazarХолиқназар Ҷумъаев,   сокини шаҳри Душанбе:

- Ман аслан муқобили фаъолияти ҳама гуна ширкатҳои пирамидӣ ҳастам. Зеро ҳадаф аз таъсисвафаъолияти чунин ширкатҳо аз қабили "Муҳрабизнес" ва ё дигару дигар ин ба даст овардани маблағ бо роҳҳои осону ғайриқонунӣ аст. Агарчи эътироф намекунем, вале ҳатман ин ҳам як намуди қиморбозӣ аст. Ба наздикӣ дар бозори «Шоҳмансур» бо зане вохӯрдам. Мавсуф ба атрофиён даъватнома тақсим мекард. Ман ҳам як дона аз он даъватнома гирифтам. Дар он навишта шуда буд, ки рӯзи фалон, соати фалон, ба фалон ҷо ҳозир шавед. Ба Шумо ҳам кори иловагии сердаромад меёбанду ҳам саломатиатонро барқарор мекунанд. Ҳиси кунҷковиам боло гирифту рӯзи дигар дар вақти муайяншуда ба суроғаи нишондодашуда ҳозир шудам. Зани хушсимое маро қабул кард ва нахуст пурсид:-Аз чӣ шикоят доред?

Ман ҳам бе ҳеч андешае гуфтам: - Миёнам дард мекунад.

Ӯ ба ман ду доруе фармуд ва гуфт, ки ҳамонро харидорӣ кунам ва истеъмол кунам, ҳатман хуб мешавам. Вале агар ман ба ташкилоти онҳо аъзо шаваму дигарҳоро низ ба он ҷалб кунам, аз ҳар одами овардаам, 20 фоиз даромад мегирам. Вақте пурсидам, ки ман аз кадом ҳисоб аз онҳо даромад мегирам, гуфт:- Ҳаққи аъзогӣ ба ташкилоти мо 60 сомонӣ аст. Шумо ҳар нафареро, ки меоред, аз он 20 фоиз ҳам аз ҳисоби ҳаққи аъзогии ӯ ва ҳам 20 фоиз аз ҳисоби доруҳои мехаридаи ӯ даромад мегиред. Ҳамон қадар одами зиёд биёред даромади хубтар мегиред. Вақте аз ихтисоси худаш пурсидам, маълум шуд, ки муаллима будаасту даромади хуб надоштааст ва аз ин рӯ ба ҳамин кор рӯ овардааст. Ӯ чунон аз бурду бохти худ ва даромадҳояш нақл мекард, ки на танҳо ман, балки худаш ҳам бовар мекард. Вақте пурсидам, ки шумо муаллимаед, вале чи гуна бе ҳеч ташхисе ба ман дору мефармоед, гуфт: - Мо инҳоро ба ҳама мефармоем... Дар ин офис (идора) на компютер, на интернет вуҷуд надошт. Ва маълум буд, ки ин ҳам як намунае аз шакли «муҳрабизнес» беш нест. Вале аз ташрифи зиёди мардум маълум буд, ки мардуми зиёдеро ҷамъ овардаанд. Яке барои кор ва яке барои барқарор кардани саломатӣ. Ман фикр мекунам, ки фаъолияти чунин муассисаҳо бояд сахт зери назорат бошанд. Бо саломатии мардум, ки намешавад, бозӣ кард.

Abdufattoh01Абдуфаттоҳ Воҳидов, таҳлилгар:

- Дар ҷомеаҳои қафомонда мардум бо ҳар роҳ соҳиби сарват шудан мехоҳанд. Пирамидаи «Мӯҳрабизнес» ва амсоли он аз ҷумлаи ҳамон роҳҳое аст, ки чанд тани маккор бо суистифода аз боварии мардум сармояаашро меғундоранд ва пайти муносиб пайдо карда ғайб мезананд. Чунин бизнес ҳаргиз ба манфиати мардум, бахусус камбизоатон нест, зеро натиҷаи бизнес номафҳум аст ва касе ба анҷоми бомуваффақи он кафолат намедиҳад. Модоме, ки дар чунин намуди фаъолият кафолат мавҷуд нест, маълум аст, ки он фиребу найранг ва авомфиребӣ аст. Бинобар ин чунин пирамидаҳо ҳаргиз ба манфиати мардуми Тоҷикистон ҳам нестанд. Зиёда аз ин, мардуми Тоҷикистон аллакай бо фиреби чунин пирамида боре рӯ ба рӯ шудааст. Мардум бояд худаш аз таҷрибаи талхи ҳаёташ сабақ гирад. Илова бар он, ба масъалаи зуҳур намудани пирамидаҳои навбатӣ бояд мақомоти дахлдори давлатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд ва сари вақт онро пешгирӣ намоянд.

Akmal QadamovАкмал Қадамов, муҳоҷир, Амрико:

- Рушан аст, ки агар миёни аҳолӣ пурсише гузаронида шавад, аксарияти пурсидашудагон нозарур будани чунин ширкатҳо ва манъи фаъолияти онҳоро хостор хоҳанд шуд. Дар шаҳрҳои бузурги Ҳинду Чин ва Ландану Маскаву Ню- Йорк решаи чунин пирамидаҳо оғоз ёфт. Дар Амрико дар даҳсолаи гузашта чунин пирамидаҳо аз имрӯза ҳам фаъолтар буданд, аммо баъдан контрол бар онҳо зиёд гардида, аксарияташон баста шуданд. Дар Тоҷикистон мавҷудияти чунин "бизнес" аз боло контрол мегардад. Лаҷоми асосӣ ва контроли калидии чунин бизнесҳо дар шохаҳои болои ҳукумат аст. Маҳз касе дар зинаи боло ҳукумати имрӯзаи кишвар буд, ки Ҷамшед Сияевро зиндонӣ карданду имрӯз бизнесашон фаъол ҳаст. Аз ҷиҳати қонун агар бигирем, ҳам " Муҳрабизнес" ва ҳам "7 Бурҷ" бо доштани иҷозатнома ва супурдани андоз метавонанд фаъолият кунанд, аммо бунёди эътимод байни аҳолӣ албатта кори осоне нахоҳад буд. Умуман ба андешаи ман, ҳарчанд маълумоти мукаммал дар бораи ин пирамидаҳо надорам ва хоҳиши тамос ва ҳамкорӣ надорам, аммо фикр мекунам барои кишвари фақире чун Тоҷикистон чунин бизнесҳо хатаре нахоҳанд дошт. Барои соҳибони ин пирамидаҳо барор мехоҳам ва он ашхосе, ки хоҳиши ҳамкорӣ доранд бо онҳо таъкид кардан мехоҳам, ки пеш аз оғоз ҳаматарафа ва оқилона андеша карда, пасон хулосае бароранд.

 

FarishtamohФариштамох Гулова, корманди Ассотсиатсияи фароҳамгарони Интернет:

 

- Ростӣ ман аз ин гуна ширкатҳо ҳазар мекунам. Албатта ҳар як бизнес ҳақ ва имкони вуҷуд доштанро дорад, аммо намуди онро бояд ба инобат гирифт. Онҳо худро ҳамчун бизнесмен мешиносанд ва ин ҳам боиси рушди тиҷорати онҳо гаштааст, агар ба утоқи кории ҳамин "7 бурҷ" дароед, онҷо чунон одамон зиёданд, ки кас дар ҳайрат мемонад ва агар бизнес плани онҳоро бихонед, тамоман ҳайратзада мешавед ва суол ба миён меояд, ки чӣ гуна??? Одамон аз куҷо ин қадар вақт ва маблағ доранд?! Ман фикр мекунам, ки аз болои фаъолияти тамоми ин гуна ширкатҳо бояд назорат бурда шавад. То ба қадри ҳол фаъолияти онҳо дар чаҳорчӯбаи қонун бошад, то ин ки шаҳрвандони моро мисли ширкати "МММ"-и Русия натавонанд дар доми худ бикашанд. Зеро бо қатъи фаъолияти ин гуна ширкатҳо садҳо шаҳрванди кишвар метавонанд дар як лаҳза аз тамоми молу мулки худ маҳрум бимонанд. Фикр мекунам, ки мардум аз бекорӣ намедонанд, ки чӣ кор кунанд ва ҳамеша роҳи осони пулкоркуниро меҷӯянд ва ана ҳамин гуна фикрҳо онҳоро ба назди чунин ширкатҳо меорад. Чунки дар ин ширкатҳо ба онҳо даромадро дар як ҳафта то 2 ҳазор доллари амрикоӣ ваъда медиҳанд.

 

Mavjuda SМавҷуда Соҳибназарова, шореҳи иқтисодӣ:

-Асосан фаъолияти ширкатҳои пирамидӣ ин қаллобие беш нест. Ва ин фиребу найранг ва қаллобӣ асосан аз он об мехӯрад, ки шароити иқтисоди мардум хароб аст ва аксаран аз ночорӣ роҳҳои даромади иловагӣ ва пешбурди зиндагии худро мекобанд, ҳамчунин аз заъиф будани қонунгузорӣ ва набудани меъёри муайян дар он нисбат ба ин масъала зуд ба чанги қаллоб меафтанд. Масалан моҳияти аслии пирамидаи иқтисодӣ худ схемаи пулие аст, ки даромад дар он на аз ҳисоби ягон сармоягузор ба ашёи мавҷуда ё ягон намуди истеҳсолот, балки бо ҷалби амонатгузорони нав ба роҳ монда мешавад. Ин амонтагузорон, яъне одамони нав ворид шуда маблағи худро барои як доираи муайяни одамоне, ки дар боло ҳастанд, мегузаронанд, яъне онҳо аз ин ҳисоб маоши баланд мегиранд ва он нафари нав воридшуда маҷбур аст, ки барои ба зинаи болотар баромадан ва соҳиби маоши муайяне гардидан худ дигар нафарро фиреб карда, ба ин ширкат ворид кунад. Ҳар як пирамидаи иқтисодӣ фақат як муддати муайян фаъолият карда метавонад, чун имкони ҷалби амонатгузорони нав камтар мешавад ва захираҳои пирамидаи иқтисодӣ кам мешавад, дигар имкони ба даст овардани даромадҳои ҳангуфт нест, он вақт фаъолияти он қатъ карда мешавад. Албатта худи давлат ва мақомотҳои назоратӣ медонанд, ки ин қаллобӣ аст, вале пеши роҳи онро намегиранд, ба он хотир, ки аз ин ҳам ба давлат фоида аст ва ҳам ба як доираи муайяни одамон.

Мисоли ин муҳрабизнеси Ҷамшед Сияев аст. Дар ин қаллобӣ мардуми одӣ, онҳое, ки мехостанд шароити зиндагиашон каме беҳтар шавад, зарар диданд, вале гуруҳи муайяни соҳибмансабон, онҳое, ки сари вақт фаъолияти онро пешгирӣ карда метавонистанд, низ фоида диданд. Дар фаъолияти «Ҳафт бурҷ» ҳам ҳаминро мушоҳида кардан мумкин буд, аслан дар аксар кишварҳо пирамидаи иқтисодӣ зиёди зиёд фаъолият кунад, то шаш моҳ фаъолият мекунад, аммо дар Тоҷикистон, ки фасод амиқ реша давондааст, имкон доданд, ки он фаъолияти васеътарро ба роҳ монад. Афсӯс.

Abdulohi MuhaqiqАбдуллоҳи Муҳаққиқ, исломшинос:

Ҳар ширкате чун муҳрабизнес бошад,набояд дар қаламрави кишварамон фаъолият намояд. Чун онҳо аслан манбаи мардумфиребӣ ҳастанд! Истеҳсолот надоранд. Дар асоси формулаҳои маҷҳули сохта шудаи геометрӣ мардумро мефиребанд! Баъди баста гаштани «Муҳрабизнес» садҳо инсон аз зиндагии ширин маҳрум гаштанд, яъне дигар пулҳояшонро аз ҳамин ширкати сохта шуда гирифта натавонистанд. Аммо афроде, ки шайтониро медонистанд, соҳибхонаву соҳибмулк гаштанд. Таъсиси чунин Пирамидаҳо, ки асоси ҳуқуқӣ ва заминаҳои иқтисодӣ надорад бар зиёни ҷомеа буда, ба ҷуз фиреби мардум чизи дигаре нест. Бояд чунин ширкатҳо дар асоси санадҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ фаъолият намоянд, агар фаъолият карда тавонанд, то ҳар муштарӣ кафолати гирифтани ҳаққи фаъолияти худро дошта бошад.

Аз лиҳози мазҳабӣ низ фаъолияти ширкатҳои мардумфиреб машруъият надорад ва афроди мусалмон набояд дар чунин ширкатҳо худ ворид шаванд. Дар кишварҳои низомашон исломӣ иҷозати фаъолият ба чунин ширкатҳо дода намешавад. Касб ва меҳнати ҳалол асли рушди иқтисоди исломӣ аст. Мусалмони воқеъӣ ҳамон аст, ки бо роҳи фиреб рӯзгузаронӣ намекунад. Ононе, ки аз ҳисоби "Муҳрабизнес" маблағҳои зиёде низ ба даст овардаанд, ҳалол нон хӯрданд? Албатта нони ҳалол нахӯрдаанд, балки бо роҳи дурӯғин ҳаққи бародари мусалмони худро соҳиб гашта, дидаву дониста суд хӯрдааст. Судхӯрӣ дар ислом ҳаром аст! Дини ислом зидди тамоми ширкатҳои мардумфиребӣ ҳаст! Паёмбар (с) ва саҳобагон, уламои суннатӣ нони афроди порахӯр, судхӯр, рибохӯрро ҳаргиз намехӯрданд! Мутаассифона имрӯз мардумфиребӣ ва суду порахӯрӣ, ҳатто дар чашми ҳоҷиён, воизону муллоҳои шикамчарон як амали "шаръӣ" гаштааст, ки бисёр фоҷеаи нангин аст барои миллат.

SurajСураҷ Назаров, муҳоҷир, Русия:

- Чунин ширкатҳои пиромид аз аввали ташкил шудан мақсадашон мардумфиребист. Чун ки дар соҳаи тиҷорат бо пули қарз кор кардан ва чунин фоизи баланд ба саҳҳомон додан қариб номумкин аст. Фаъолияти чунин ширкатҳои мардумфиреб бе ин ҳам мардуми фақири Тоҷикистонро фақиртар мекунад ва таъсиси чунин ширкатҳои пирамид ҳеч зарурате надорад.

Akram SangovАкрам Сангов, журналист:

- Аслан чунин ширкатҳои фиребанда дар кишварҳое арзи вуҷуд мекунанд, ки вазъияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳамчунин фарҳанги муносибату муомилаи аҳолӣ ба пулу сармоя дар сатҳи паст қарор дошта бошад. Мантиқан ягон соҳибкор, бонк ё хазина бар зарари худ кор намекунад, бинобар ҳамин мешавад бо боварии комил изҳор кард, ки чунин ширкатҳое, ки шумо дар назар доред, ба авомфиребӣ ва ба даст овардани пули муфт машғуланд. Андешаи ба зудӣ ва бе мушкилӣ соҳиби пул шудан одамонро ба ин гуна ширкатҳо моил месозад. Соҳибони чунин ширкатҳо низ ба ҳамин гуна психология такя карда одамонро ба худ ҷалб мекунанд ва бо ваъдаҳои бебунёду пуч чанд тангаи доштаи онҳоро аз худ мекунанд. Албатта ин ҷиноят аст ва чунин ширкатҳо набояд дар кишвари мо фаъолият кунанд.

Humayroi BУмайрои Бахтиёр, хабарнигор:

- Назари ман ба фаъолияти ҳамчунин ширкатҳо манфӣ аст. Ин фиреби мардум аст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97