Русия фикр мекунад, Чин анҷом медиҳад

Сиёсат 24.07.2013 18:08

krupnov -1Аслан одамони хушбинро аз ҳама бештар дар  миёни олимони иқисодшинос метавон дарёфт кард. Суҳбати эшон ҳамеша ба кас умеду орзуро бар зиндагии хуб бештар намуда, бовариро ба ояндаи нек қавитар мегардонад. "Мизи мудаввар"-и ба наздикӣ баргузор шуда, дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон  дар мавзӯи "Мушкилоти якҷояи рушди авруосиёии Тоҷикистон ва Русия" тақрибон бо ҳамин шеваю оҳанги умедворкунанда кори худро ба анҷом расонид.

Дар ин мизи гирд, ки коршиносони шинохта ва мутахассисон аз  Тоҷикистон ва Русия  ширкат доштанд, масъалаи "Рушди якҷояи Тоҷикистон ва Русия дар шароити буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ  ва стратегияи тараққиёти минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон" мавриди баҳс қарор гирифт. Ширкаткунандагони ин мизи гирд аз ҳар ду ҷониб бо далелҳои раднопазир исбот мекарданд, ки манфиатҳои ҳамкории иқтисодии мутақобилаи Тоҷикистону Русия барои рушду тараққиёти ин  ду кишвар хеле судманд аст. Ба андешаи коршиносону олимон наметавон розӣ нашуд. Тавре ки мегӯянд, шакарро наметавон талх гуфт. Аммо то ин ки  мо маззаи шакарро бичашем корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Мутассифона иҷрои ин корҳо дар ихтиёри олимону коршиносон нестанд. Ин корҳо сад дар сад бо хоҳиш ва иродаи дастандаркорони Кремлин ва Кохи миллат вобастагӣ дорад. Дар Русия кайҳо дарк карданд, ки ҳузур дар Тоҷикистон маънии таъсиру нуфуз доштанро дар тамоми Осиёи Миёна дорад. Ҳар давру замон қоидаву қонун ва андозаҳои худро дорад. Зиндагии начандон тулонӣ дар зери боми Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ нишон медиҳад, ки  барои таъмини рушди ҳамаҷониба доштани танҳо иттиҳодияи низомӣ чизи кофӣ нест. Барои таъмини сулҳу осоиш ва рифоҳ ва рушди ҳамаҷониба дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ низ аҳамияти зиёд дорад. Мутаассифона, инро ҳанӯз на дар Кремлин ва дигар марказҳои қабули тасмими ин кишварҳо ба хубӣ дарк карданд.

Вақте ки дар Маскав ягон иқдоми ҳамкорӣ бо Тоҷикистон пеш гирифта мешавад, ҳамоно маъракаи зиддитоҷикӣ, ки нишонаҳои бештари ҷанги сардро дорад ва одатан ба муқобили кишвари душман истифода мешавад, шурӯъ мегардад ва боз ин чиз таҳайюровар аст, ки ин доираҳои тоҷикбадбин дар кори худ муваффақ шуда, садди ин иқдоми давлати Русия мешаванд. Чунин мисолҳо дар ин  миён хеле зиёданд, ҳамаи онҳо ба ҳамагон маълум мебошанд ва овардани онҳо зарурият ҳам надорад. Аммо ба ҷои онҳо таъкиди ин нуқта хеле ба маврид аст. Ин сиёсати зиддитоҷикии дар Русия вуҷуд дошта вақте ки сухан дар бораи муносибатҳои мутақобилаи ин ду кишвар меравад, танҳо сиёсати зидди тоҷикӣ буда наметавонад, он низ дар навбати худ сиёсати зиддирусист. То он даме ки ин сиёсат дар Русия саркӯб карда нашавад, дар ин росто ба чизе муваффақ шудан ғайриимкон буда, баргузории ҳамагуна нишастҳо, ҳатто дар сатҳи давлатӣ низ  натиҷае ба бор нахоҳад овард.

Дар муносибати ин ду кишвар боз як нуқтаи тааҷҷуббарангези дигар вуҷуд дорад. Ин марҳилаи дурударози бо ном омӯзишӣ мебошад, ки дар шароити ин ду кишвар онро ба ҷуз як амали беҳуда чизи дигар наметавон ном буд, зеро ки дар замони на чандон дур Иттиҳоди Шуравӣ барои татқиқу баррасӣ ва омӯзиши имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон бештар аз як миллиард рублро сарф карда буд, ки он замон як доллар арзиши чанд тинро дошт. Дар ин марҳилаи бисёр пуррақобат, ҳамагуна мизи гирд, вохӯрию нишастҳои омӯзиширо як сӯ гузошта ба кор шуруъ кардан, ба наъфи кор аст. Дар ин мизи гирд, ки устоди Донишгоҳи славянӣ Георгий Владимирович Кашлаков ширкат дошт сухани ҳақро гуфт. Ӯ ба намояндагони ҷониби Русия бо таври ба худ хос ва бо истеҳзо хитоб намуда афзуд: "Ҷанобон, шумо алакай дер кардед, Русия дигар шарики аввали тиҷоратии Тоҷикистон нест. Ин ҷойро Чин ишғол кардааст." Дурустии суханони Георгий Владимировичро  ҳаёт исбот хоҳад кард. Тавре худи русҳо мегӯянд: "До живём, увидемся" ("Зинда бошем, хоҳем дид").

Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97