Кобул: Сарҷамъӣ аз ин ҷо оғоз шуд

Сиёсат 27.06.2013 12:53

(суханронӣ дар мулоқоти нахустини сулҳи тоҷикон дар Кобул дар моҳи майи соли 1995)
B. Rabboni va -Устод Раббон
ӣ: "Сулҳ қалбҳоро саршор аз ишқ ва ҳамватанӣ хоҳад сохт"

"Олиҷанобони мӯҳтарам, мардуми Афғонистон муштоқона орзуманди таҳкими сулҳ ва рафъи суитафоҳумот дар кишвари ҳамсоя ва миллати бародар Тоҷикистон аст. Давлат ва мардуми Афғонистон амиқан ба усули ҳусни ҳамҷаворӣ эҳтироми мутақобиле ба истиқлол, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии кишварҳо эътиқоди росих дорад. Сулҳ зарурати ҷомеъаи мост. Яқинан шумо бо ман ҳамақида хоҳед буд, ки мавҷудияти ташаннуҷ дар кишвари бародари Тоҷикистон ба нафъи ҳеҷ ҷиноҳ ва тарафе нест.

Кишвари зебои шумо ҳатман имрӯз ё фардо ба сулҳи комил даст меёбад. Билохира мунозеъа ба поён мерасад. Чун ин хости давлат ва мардуми Тоҷикистон аст, ки дар сулҳ бародарӣ ва зиндагӣ кунанд. Бале растагорон ононеанд, ки дар роҳи сулҳ пешқадам мешаванд. Сулҳ заруратҳо ва шароити лозим дорад. Агар ҳамаи зуруф барои амри сулҳ муяссар ва мусоид бошад, аммо иродаи сиёсӣ барои рафтан ба сӯи сулҳ камбуд бошад, дар чунин сурате ташаннуҷ, тафриқа, мухосимат ва зӯрӣ тадовум меёбад. Хушбахтона, сафари шумо ба тарафи сулҳ бархурдор аз ин умдатарин ва арзандатарин шарт аст. Эъломи довталабонаи шумо дар омодагӣ барои музокира ба манзури майл ба як ҳалли доимӣ худ мубайини мавҷудияти чунин иродаи сиёсӣ назди ҳарду тараф барои тақоруб ва тафоҳуми миллӣ ва дар ниҳоят сулҳу оштӣ аст.

vahdat va sulhi TJ 4Музокироти Кобул бидуни шак мутаддовири орзумандиҳои муштараки давлати Тоҷикистон ва нирӯҳои муқобил барои таъмини сулҳ ва усули таҳофуми миллӣ дар кишвари озода ва дӯстдоштании шумо мебошад. Мо аз ин омодагиҳо ва изҳори тамоюлот ва алоқамандиҳо ба нафъи таъмини сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тӯли музокироти ҷавониби зидахл ба мушоҳида расидааст, мутаҳаззиб гардида онро нишонаи равшанӣ аз мавҷудияти имконоти мусоид ҷиҳати ҳалли қазоё дар Тоҷикистони зебо, таърихӣ ва шукӯҳманд медонем. Барои мардум ва Давлати исломии Афғонистон ва шахси худам ифтихори бузурге хоҳад буд, ки шаҳри Кобул, ин қалби пуртапиши қораи Осиё, конуни ҳусули тафоҳум барои сулҳ дар кишвари бародар ва ҳамкеш Тоҷикистон гардад.

Сулҳе, ки нури он бар тамоми акноф ва гӯшаҳои кишвари шуморо мунаввар ба сафо, бародарӣ, оромиш ва гармӣ хоҳад гардонид. Ин нуре хоҳад буд, ки дар қалбҳо хоҳад тобид ва онҳоро саршор аз ишқ, муҳаббат ва ҳамватанӣ хоҳад сохт. Наслҳои фардоро дар паҳлӯи ҳам қарор хоҳад дод то бародарона ва самимона ҳамдигарро дар тараққӣ ва пешрафти меҳанашон ёрӣ намоянд. Ҷангу ноамнӣ падидаҳои зишту номаймунеанд, ки ба иродаи неки худи инсонҳо нопадид шуда метавонанд. Ва шумо метавонед онро ба сулҳ, амният ва ваҳдати миллӣ ва бародарӣ мубаддал созед.

Дуо мекунем, ин сафари шумо сафари муқаддас ва ё мубораке бошад ва дорои натоиҷи таърихӣ. Он чи дар ин росто мо ба шумо пешкаш карда метавонем, муҳаббати холисона ва бародарона ҳаст ва орзуҳои нек. Ин эҳсосот аз қалби ҳар фарди мардуми мо бармехезад. Ба умеди муваффаққияти Шумо дар ин озмуни бузург, ба умеди оромиш ва сулҳи ҳарчи зудтар дар кишварҳоямон. Бо орзуи таҳкими ҳарчи бештар ва маҳкамтари дӯстӣ, бародарӣ, таовуни мутақобил ва ҳамсоягии нек байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исломии Афғонистон ва билохира ба умеди сулҳи пойдор дар ин минтақа ва ҷаҳон. Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ".


Emomali Rahmon  vahdatЭмомал
ӣ Раҳмон: "Кӯшиш кунем, ки ҳар як фарди тоҷикро эмин нигоҳ дорем "

"Ҷалолатмаъоб, устод, профессор Бурҳониддин Раббонӣ, ҳамаи дӯстоне, ки дар сари дастархони дӯстон ва бародарони худ нишастаем, саломи самимии тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба шумо ва ба мардуми дӯсту бародари афғон, пеш аз ҳама, ба яке аз шахсиятҳои бузург, сиёсатмадори Осиё, ҷалолатмаъоб, профессор Бурҳониддин Раббонӣ расонданӣ ҳастам ва дар шахсияти шумо ба ҳамаи ҳайати роҳбарикунандаи ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва тамоми мардуми бародари афғон. Ин сафари дуввуми мо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст.

Мо миннатдории худро барои чунин самимона пешвоз гирифтан изҳор медорем. Чунин самимона, бо қалбҳои нек на ин ки дар ҳайати роҳбарикунанда, на ин ки дар ин толорҳои зебоманзар, ҳатто мо имрӯз шоҳиди он будем, ки дар хиёбонҳои шаҳри қадимаи Осиё, шаҳри Кобул, мардуми шарафманду бузурги Кобул чи гуна нисбати бародарони худ меҳмоннавоз ҳастанд. Инро мо аз наздик ҳис кардем. Ва чунин орзуву ниятҳо нисбати бародарони худ, мардуми шарифи Тоҷикистон доранд. Аз Худованди Таъоло ва аз тамоми ҳозирин онро интизор ҳастем, ки орзуву умеди мардуми шарифи Тоҷикистон як аст.

Сулҳу салоҳ, тинҷиву оромӣ чи дар Тоҷикистон, чи дар сарҳадоти кишвари бародар ва чӣ дар ҷумҳурии бародари худ Давлати исломии Афғонистон. Ин бисёр як аҳамияти муҳими сиёсӣ дар минтақа дорад. Кошкӣ имрӯз вазъияти дохилии ҷумҳурии бародари Давлати Исломии Афғонистони мо ором мебуд. Кошкӣ имрӯз вазъияти сарҳадии байни ду кишвари бародари мо ором мебуду мо метавонистем ба ҷумҳурии якдигар рафтуомад менамудем, робитаҳои иқтисодии худро мустаҳкам мекардем, муносибатҳои тиҷоратие, ки имрӯз онҳо оғоз ёфтанд, онҳоро таҳким мебахшидем. Инро касе, ки хоҳад нахоҳад, таърих гувоҳ аст.

vahdat va sulhi TJ 5На ҷаноби Раҳмонов ва на як сиёсатмадори дигар инро инкор карда наметавонад, ки миллати тоҷик, мардуми Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ҳамхуну ҳамзабону ҳамфарҳанг буданд, дӯсту бародар буданд ва мемонанд. Ин бисёр як фоли неке ҳаст. Вақте, ки ман изҳор доштам барои танҳо сулҳу салоҳ, ба хотири ҳифзи миллати худ ва давлати тоҷикон бо роҳбарияти Ҳизби наҳзати ислом дар куҷое, ки набошад, вохӯрӣ кунем ва муноқишаҳои байни тоҷиконро бо якдигар ҳаллу фасл намоем, бо дастгирии ҷаноби олӣ, онҳо аввалин шуда аз байни роҳбарон чунин як иқдоми нек карданду изҳорот доданд, ки шаҳри Кобул омода аст барои гузаронидани чунин мулоқот. На ин ки ман, балки тамоми мардуми Тоҷикистон аз ин хушҳол буданд.

Имрӯз мо мухолифин мегӯем. Мо чиҳо нагуфтем. Якдигарро сиёҳ мекардем. Имрӯз вақти он расидааст, ки бо мухолифини худ, бо ҳамватанони худ, бо бародарони худ дар сари як миз, чой менӯшем, нон шикастем, гуфтугӯ дорем. Ин ҳам воқеаи таърихӣ ҳаст. Ин ҳама рӯзҳои таърихӣ бо шарофати ташаббуси профессор, ҷалолатмаъоб Бурҳониддин Раббонӣ ҳаст. Гарчанде, ки дар синну сол фарқияте ҳам бошад, дар як муддати кӯтоҳ, дар ду соли ахир, ки мо шинос ҳастем, рафтуомад кардем. Ман фикр мекунам, ки на танҳо ба ҳайси Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ё Раиси ҷумҳури ДИА мо муносибати хуб дорем, балки ҳамчун дӯст ва бародар дар ҳар куҷое ки бошад, чи вақте ки бошад, якдигарро иззату эҳтиром мекунем ва ин дӯстиву бародарӣ низ барои мустаҳкам шудани муносибатҳои дӯстонаи мардуми ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамхуну ҳамзабону ҳамфарҳанг кӯмак мекунад.

Ба хотири ин вохӯрӣ бисёр нафарҳое ҳастанд, ки аз роҳҳои дур бо як азобу машаққат ба ин ҷо омаданд. Мақсадашон як чиз аст, ки ин вохӯрӣ бо натиҷаи хуб ҷамъбаст шавад. Иншоаллоҳ, ин вохӯрӣ вохӯрии таърихӣ мешавад. Имрӯз ман дар бисёр хиёбонҳои шаҳри Кобул будам. Аз он сафар то ин сафар тағйироти хеле зиёдро дар ин ҷо дидам. Дар он сафар вазъият на он қадар ором буд, вале шаҳри Кобул нисбатан зеботар буд. Ва ин сафар шаҳри Кобул хеле ором аст, лекин хиёбонҳои шаҳр ба харобазор табдил ёфтаанд. Ҷанг дар кадом давлатҳое, ки сар зада бошад, дар ҳар асру замон, заррае хушбахтӣ наовардааст.

Чунин харобазорҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мушоҳида карда мешаванд. Худ ба худ савол диҳем, ки ин харобазорҳоро ғайр аз мардуми Афғонистон ва ғайри мардуми Тоҷикистон шахсе парвое дорад ва давлате барои обод кардани он ҳисса мегузорад? Фақат мардуми афғон азият мекашад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шаҳри Кобул монанди пештара аз нав гулистон шавад, обод шавад. Ва инчунин мардуми шарифи Тоҷикистон заҳмат мекашад, азоб мекашад ва он харобазорҳоеро, ки имрӯз мебинем, аз нав обод мекунад. Ба умеди ягон кишвару давлати ҷаҳон шудан даркор нест. Дар бисёр баромадҳои худ гуфтам ва имрӯз ҳам мегӯям. Нокомиҳои зиёде буданд ва имрӯз ҳам ҳастанд. Бисёр кишварҳои дуру наздик, бисёр душманҳои миллати тоҷик намехоҳад, ки дар давлати Тоҷикистон ва махсусан дар сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон тинҷиву оромӣ бошад.

Инро мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем. Ва махсусан мо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳушёриро аз даст надиҳем ва бозичаҳои дасти дигарон нашавем, ки ин оқибат зарараш ба сари мардуми худи мо меояд. Устод дар ин ҷо суханҳои бисёр хуб гуфтанд. Баъди ин суханҳои хуб сухан гуфтан ҳам мушкил аст. Лекин чи илоҷ, ки мо мушкилот дорем. Мо ваҳдатро мехоҳем, Мо сулҳро мехоҳем, Мо миллати худро сарҷамъ кардан мехоҳем. Мо мулки худро обод кардан мехоҳем. Мо мақсади мустаҳкам кардани пойдевори давлати тоҷиконро дорем. На чизи дигаре. Аз ин лиҳоз дар ин рӯзҳои таърихӣ гилагузориҳоро як сӯ гузорем. Хушбахтона, дар вақти мулоқоти нахустини мо бо домулло Сайид Абдуллоҳи Нурӣ якдигарфаҳмие шуд, ки мо гузаштаро нахостем, ки варақ занем. Ва фикри имрӯзу фардоро карда истодаем, ки чӣ гуна, ба кадом роҳ мо мардуми худро сарҷамъ кунем, мулки худро обод кунем. Хушбахтона, миннатдории худро аз номи ҳайати вакилони Тоҷикистон, ки ба ин ҷо омаданд, баён карданӣ ҳастам.

Sulh KobulБоз як бори дигар ба ҳамаи ҳайати раёсати ҳукумати имрӯза бо сардории ҷалолатмаъоб, профессор Бурҳониддин Раббонӣ гуфтанӣ ҳастам, ки ба мушкилоти худ нигоҳ накарда барои мо чунин шароиту имкониятҳо муҳаё сохтанд, ки аз худашон сар карда тамоми ҳайати ҳукумат, тамоми мардуми шарифи Афғонистон, махсусан мардуми меҳоннавозӣ шаҳри Кобул, барои меҳмоннавозӣ, барои сулҳу салоҳ, барои якдигарфаҳмӣ, барои ин чорабинӣ омода ҳастанд. Як бори дигар ба шумо, ҷалолатмаъоб, устоди мӯҳтарам, миннатдории шахсии ман ва тамоми мардуми Тоҷикистонро баён медорам. Фаромӯш накунем, ки Шумо як шахси бузург на танҳо дар ҷумҳурии Исломии Афғонистон, балки ҳамин гуна шахс дар Тоҷикистон низ ҳастед ва мардуми мо ҳамеша омода ҳастанд, ки Шуморо қадрдонӣ кунанд.

Кӯшиш кунем, ки натанҳо ҳамин як гузаргоҳи Бандар Шерхонро дошта бошем, кӯшиш кунем, ки сарҳадоти мо ором бошад, гузаргоҳҳои хеле зиёд дошта бошем, ки мардуми мо бо якдигар рафтуомади озод дошта бошанд. Бисёриҳо хешу ақрабо ҳастанд, бисёриҳо дӯстони зиёд доранд. Робитаҳои иқтисодӣ метавонанд мардуми моро, муносибатҳои моро боз мустаҳкамтар намоянд. Ончи, ки мехостам имрӯз боз як бори дигар баён кунам, аз рӯзи аввал то ба имрӯз барои сулҳ омода ҳастем. Кори дигар нест. Таърихи ҷангҳоро агар омӯхта бошем, оқибаташ сулҳ аст. Даҳсолаҳо, садсолаҳо ҷанг шуда бошад ҳам, оқибаташ сулҳ аст. Кӯшиш кунем, ки ҳар як фарди тоҷикро эмин нигоҳ дорем ва ба Ватан баргардонем. Инро ман бойгарии давлати Тоҷикистон ҳисоб мекунам.

Ташаккур ба диққататон".

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97