Баҳси толибон имрӯз дар минтақа аз дигар доғ шудааст. Даҳшатафкании ин гуруҳ дар ин авохир бори дигар ин зеҳниятро ба бор оварда, ки толибон оштинопазиранд ва шеваи зӯргӯӣ ва зӯроварӣ аз усули кори онҳо маҳсуб меёбад. Аммо бо ин вуҷуд андешаи гуфтугӯ бо толибон аз тариқаҳое дар зеҳнҳо ҷой дода мешавад. Ва ахиран ҳатто Ирон ҳам вориди гуфтугӯ бо толибон шудааст. Ба суроғи чанд тан аз ҳамватанони соҳибназар рафтем ва ин суолро пурсидем; "Дар мавриди мулоқоти ҳайати Толибон дар Теҳрон бо мақомоти давлатии Ирон чи назар доред? Оё бо гуруҳе, ки қатлу куштор, мактабсӯзӣ, сарбурӣ ва ҳатто инфиҷори масҷидҳоро пешаи худ қарор додааст, розӣ ҳастед, гуфтугӯ кунед?
Муҳиддин Кабирӣ,раиси ҲНИТ:
Агарчи дар шинохти Толибон аксари кишварҳо назари монанд доранд ва касе рағбати муколама бо онҳоро надорад, онҳо тавонистанд, ки вуҷуди худро дар Афғонистон болои ҳама таҳмил кунанд. Нируҳои НАТО натавонист онҳоро маҳв созад, ва муколама бо онҳо аз ноилоҷист. Чунин ба назар мерасад, ки дар ояндаи наздик як рақобат барои муколама бо толибон оғоз мешавад. Танҳо нируе, ки то имрӯз сарсахтона алайҳи толибон истод ва дар оянда ҳам хоҳад истод, эътилофи шимол аст. Метарсам, ки ба ҷои пуштибонӣ аз ин ниру, собиқ ҳампаймонҳояш онро танҳо гузошта, ҳар кадом дар алоҳидагӣ бо толибон вориди муколама мешаванд. Ҳатто, ҳукумати Кобул ҳам, агар толибон инро бихоҳанд. Ҳоло толибон ҳастанд, ки муколамаро рад мекунанд, мутаассифона, сафи хоҳишмандони гуфтугӯ бо онҳо бештар аз он аст, ки тасаввураш мекунем.
Акмал Қадамов, роҳбари ширкати ҳамлу нақли мол-WLМ дар иёлоти Иллинойси Амрико:
Гуруҳе, ки аз авоили солҳои навадуми асри гузашта бо кумаки бевоситаи Покистон дар Афғонистон ба қатлу куштор ва амалҳои бераҳмона даст дошта, ҳамчунин тарҳҳои террористиро дар хориҷи кишвар роҳандозӣ кард, набояд ба сари мизи музокирот даъват гардад. Амалиёти Амрикоро то ҳол дар Афғонистон аз он сабаб тамомношуда ва номуваффақ мешуморам, ки то охирин лонаи ин гуруҳи ваҳшро аз байн набурданд. Мақоли "зангӣ ба шӯстан нагардад сапед" мисоли он ҳаст, ки бо ин толибон сари мизи музокирот нишаст ва аз онҳо чизеро умед доштан аст. Дар мавриди даъвати толибон дар Ирон пурра хабар надорам, аммо мақомоти Қатар, ки бо толибон равобити наздик дошт, нуфузи худро ин ҳукумат дар минтақа зинае поин фуровард. Аммо агар мақомоти Теҳрон, ки бе ин ҳам имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи "рӯйхати сиёҳ"-и Ғарб қарор дорад ба чунин кор даст занад, фикр мекунам хатои ҷиддие хоҳад буд. Навобаста аз он ки ҳадафи музокирот бо ин гуруҳи ваҳш (толибон) чи бошад, ҳукумати солими ҳар кишвар набояд онҳоро ҳатто барои "як пиёла чой" даъват кунад, балки ягона роҳ бо роҳи низомӣ аз байн бурдан аст.
Дилшоди Абдураҳмон, ҷомеъашинос:
Гуфтугӯ ҳамеша яке аз роҳҳои асосиест барои ?али мушкилӣ ва манфиатҳои сиёсӣ агарчи натиҷаи дилхоҳ наёварад ва ё гуруҳе сазовор набошад, мумкин ҳамин аст, ки дар чунин сатҳ мулоқот намуданд. Теҳрон эҳтироме ба гуруҳи Толибон қоил нест, аммо дипломатияи имрӯзаи Ирон аз Амрико ?ам пешрафтатар аст ва ҳамеша дар ҳали мушкилиҳошон ирониён пешдастанд. Гуруҳи Толибон то имрӯз ҷилавашон дасти қувваҳои сиёсии гуногун аст, гумон мекунам Ирон ҳам мехоҳад, агар муваққатан бошад ҳам онҳоро ба манфиати сиёсии худ истифода намояд. Дар Ҷумҳурии Исломӣ интихоботи дар пеш истода метавонад мушкилиҳое эҷод намояд, ки боиси нигаронии режими имрӯза гардидааст ва бо фаъол намудани гуруҳи Толибон метавонанд ба душманонашон мушкилиҳои ғайричашмдошт эҷод намоянд. Барои Толибон беҳтар намудани вазъи молиявии гуруҳ онҳоро ба Теҳрон кашондааст, агар не аз амрикоиҳо дида ба ирониён душманӣ доштанд, чи шудааст, ки ро?гум заданд. Умуман душмании умумӣ бо Амрико метавонад онҳоро бо ҳам оварад ва боиси саҳифаи нави муомилоти эҳтиромонаи ин ду қувваи то имрӯз мухолиф гардад.
Неъмат Амонбеков, сиёсатшинос:
То он ҷое ки иттилоъ дорам, як идда кишварҳо бо инҳо мулоқот доранд ба мисли кишварҳои Халиҷи Форс, Амрико, яъне кишварҳои зидахл дар масъалаи Афғонистон ба хотири манофеъи худ мулоқот мекунанд. Давлати кунунии Афғонистон низ муқобили гуфтугӯ бо ин гуруҳ нест, чун як ҳаракати қавӣ дар минтақа аст, дуруст, ки ифротӣ! Пас Ирон, ки манофеъи худро дар минтақа дорад ва ба хотири хунсо кардани ҳар гуна хатари амниятӣ маҷбур аст, бо ҳар гуруҳе, аз ҷумла толибон мулоқот кунад.
Аслибегим Манзаршоева, журналист:
Ин бастагӣ ба ин дорад, ки дар доираи чӣ мулоқот сурат мегирад. Ва қабл аз ҳама тарафҳо чӣ мехоҳанд. Дар мавриди мулоқоти мақомоти иронӣ бо толибон ростӣ, иттилои дақиқ надорам. Вале ин имкон дорад, агарчӣ толибон исломиҳои тундрав ҳастанд ва онҳо ирониҳоро ва ирониҳо онҳоро хуш надоранд. Аммо чун онҳо дорои душмани муштараке бо номи Амрико ҳастанд, ин метавонад онҳоро муттаҳид кунад. Танҳо ба ҳамин хотир мумкин аст Ирон бо онҳо вориди музокира бишавад. Аз ҳар чӣ агар бигзарем, воқеият ин аст, ки нируи толибон дар Афғонистон мавҷуд аст, навобаста аз он ки онҳо нигоҳи экстремистӣ доранд, ва чи амалҳои номатлуберо муртакиб шудаву ҳоло ҳам мешаванд, бояд ба тариқае бо онҳо забон ёфт, ин ҳам дар ҳоле ки нируҳои НАТО доранд аз ин кишвар берун мешаванд.
Ман худ мухолифи ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон ҳастам, аммо мо бо Афғонистон ҳаммарз ҳастем ва барои мо низ муҳим аст, ки як Афғонистони босуботу оромро дар ҳамсоягӣ дошта бошем, аз ин рӯ агар онҳо битавонанд худро ислоҳ бикунанд ва каме муътадил бишаванд, дар ин сурат ҳеч масъалае мавҷуд нахоҳад буд.
Шокир Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, ҳуқуқшинос:
Тавре маълум аст, нируҳои НАТО бояд қаламрави Афғонистонро тарк намоянд. Минбаъд бо истифода аз ин фурсат бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ва геополитикии худ дигар созмону давлатҳо кӯшиш мекунанд, ки барнома ва лоиҳаҳои мухталифро бо мақсади таҳкими мавқеашон ба давлати Афғонистон пешниҳод намоянд. Агар қаблан Русия норозигии худро оид ба ҳузури нируҳои НАТО дар минтақа ва ба хусус Афғонистон изҳор менамуд, акнун дарк кард, ки барои нигоҳ доштани амнияти минтақа ва эҳтимолияти пешгирии таҳдиду хатарҳо маблағи хеле зиёд зарур будааст. Таҷриба аз он гувоҳӣ медиҳад, ки натиҷаи ҳамаи низоъҳои ҳарбӣ сулҳ будааст. Бинобар ин давлатҳои алоҳида ва созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ бо истифода аз тарз ва усулҳои дипломатӣ ҳамчун миёнрав дар наздик шудани мавқеи ҷонибҳо мусоидат мекунанд. Ҳамин тавр ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки навобаста аз кирдорҳои қаблан содиршуда бидуни бастани сулҳ ва расидан ба ҳусни тафоҳум сулҳу осоишро ҳамчун шарти мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон, ки ҳамзамон омили амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, тасаввур кардан мумкин нест.
Нуралӣ Давлат, муаррих:
Дар сиёсат фақат як чиз сиёсатмадоронро муттаҳид мекунад- манфиат. Толибон бо душмани Ирон, яъне Амрико меҷангад, бинобар ин, тибқи зарбулмасали маъруфи қадимӣ "Душмани душмани ман дӯсти ман аст". Аз ҳамин рӯ, мулоқоти он ду ҷониб ба ҳеч ваҷҳ наметавонад боиси ҳайрат шавад.