Ҳафтаи гузашта Эътилоф барои демократия ва ҷомеъаи маданӣ аз сӯи аҳзоби мухолиф таъсис шуд. Инро бархе аз таҳлилгарон ба маънои заминасозии мухолифон барои ба майдон овардани номзади ягона дар интихобот медонанд. Аммо дар воқеъ аҳзоби мухолиф то куҷо имкон ва тавони таъсиси чунин Эътилоф ва ба майдон овардани номзади ягонаро хоҳанд дошт? Оё дубора эътилофи нируҳои исломӣ, яъне ҲНИТ ва демократҳо эҳтимол дорад?
Мирзо Салимпур, хабарнигори тоҷик, ш. Прага:
Комёбии ин эътилоф ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки то куҷо Кумитаи вижаи таъсисдодаи он дар амри дифоъ аз Зайд Саидов муваффақ хоҳад шуд. Қазияи Зайд Саидов, ба назари ман, дар ин соли интихобот хеле бештар аз як қазияи иқтисодиву ҳатто сиёсӣ шудааст ва ба эҳтимоли ғолиб ҷавви ҳоким бар интихоботи моҳи ноябрро низ аз ҷумла ҳамин қазия муайян хоҳад кард. Яъне агар мақомот ба фишору эътирози ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби мухолиф тан дода, ӯро озод кунанд, мо шоҳиди як ҳавои комилан фарқкунандае дар моҳи ноябр хоҳем шуд. Вале агар ӯ дар пушти панҷара бимонаду талошҳои эътилоф ва кумитаи ташкилдодааш ба ҷое нарасад, дигар маълум аст, ки интихобот ҳам як навъ таъйиди нотариалии боз як давраи раёсати ҳамон як нафар хоҳад шуд ва эътилоф, агар ҳатто сохта ҳам шавад, наметавонад дар харитаи ин интихобот чизеро тағйир бидиҳад.
Абдуманнон Шералиев, узви раёсати вилоятии ҲНИТ дар Суғд:
Ман фикр намекунам, ки ин заминасозӣ ё ҳадди ақал заминасозии омӯхташудаву барномарезишуда аз тарафи мухолифин бошад. Аслан заминаро худи ҳукумат омода сохтаву тамоми қувваҳои мухолиф ва ниммухолифро сӯйи он "меронад". Аммо имкон ва шароити таъсиси эътилоф ва ба майдон овардани номзади ягона беш аз ҳар замоне муҳайё шудааст. Ба ҳам омадани исломиҳову демократҳо ҳам дигар ногузир шудааст. Онҳое, ки мегӯянд, ин ду қувва ба ҳам нахоҳанд омад, далелашон ин аст, ки як бор ба ҳам омаданду бурде накарданд, чун дидгоҳи мухолиф доранд. Аммо чанд омиле падид омадааст, ки онҳоро ногузир ба ҳам хоҳад овард:
1. Ҳукумат ба ҳар дуи ин қувва яксон муносибат мекунад. Пас агар зарбулмасали машҳурро каме тағйир диҳем, мешавад; "рақиби рақиби ман шарики ман аст".
2. Аз 20 соли пеш нигоҳи ҳам исломиҳову ҳам демократҳо нисбат ба ҳамдигар на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои мусалмоннишин хеле тағйир хурдааст. Яъне исломиҳо тайёранд, ки бо қонунҳои демократӣ муросо кунанд, демократҳо бошанд қавонини шариатро эътироф мекунанд.
3. Ҳарду ҳам дарк кардаанд, ки танҳо бо созмон додани як эътилофи қавӣ мешавад чизеро ба даст овард.
4. На танҳо онҳое, ки бо эътилоф сару кор доранд, балки тамоми нафарони дорои андеша дарк кардаанд, ки Тоҷикистонро танҳо як қадам аз вартаи нобудӣ ҷудо мекунад. Баъид нест, ки ба эътилоф нафарони зиёд, хеле зиёд бипайванданд...
Лола Олимова, таҳлилгари умури байналмилал:
То ҷое, ки ман хабар дорам, яке аз ҳадафҳои ин эътилоф он аст, ки ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ кафолати гузаронидани интихоботи шафофу одилонаро бигирад. Пайдо шудани ин гуна эътилоф аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фаъолияти ҳукумат иштибоҳоти зиёде дорад ва мардум хостори дигаргуниҳое ҳастанд. Аммо на бо роҳи ҷангу террор, ки инро аъзои Эътилофи нав хуб медонанд ва инро эълом ҳам дошта буданд. Мардум ҳеч гуна дигаргуниеро ҳамроҳ бо хушунат қабул надорад ва аз пушти ин гуна эътирозҳо намеравад. Ҳамакнун аз эҳтимол дур нест, ки он қувваҳои мухолифине, ки айни ҳол дар кишвар мавҷуданд, муттаҳид мешаванд ва номзади ягонаро ба интихоботи имсолаи раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ мекунанд. Ва агар иштибоҳ накунам, як ду рӯзе пеш дар кадом гуруҳе аз Фейсбук Раҳматилло Зойиров дар ин бора ҳам гуфта буд.
Ба андешаи ман, иштибоҳи асосии роҳбарияти кунунии кишвар ин аст, ки дар ҳоли аз мардум фосила гирифтан аст. Дар ин ҳол бояд бо мухолифини худ ҳамкорӣ кард, на балки аз он бояд тарсиду ҳаросид. Муттаҳид шудан лозим аст. Дар он ҷо қувваҳои солим ҳастанд, ки барои рушди кишвар суди зиёд метавонанд биоваранд. Инро бояд дарк кунанд. Ва ин ягона роҳе ҳаст, ки пеши роҳи зиддияти шадидро дар оянда гирифта метавонад.
Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ:
Ҳадафи асосии таъсис ва оғози фаъолияти Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз омода ва пешниҳоди номзади ягона дар интихоботи Президенти ҶТ дар соли 2013 васеътар мебошад, дурустараш, омода ва пешниҳоди номзади ягона дар ҳадафи ин Эътилоф ҳоло мавҷуд ҳам намебошад. Хусусан ин мавзуъ аз ҷониби ҳизбҳои мухолифин, аз ҷумла ҲНИТ ва ҲСДТ оид ба Эътилоф ҳатто гуфтугӯ нашудааст. Эътилоф на ҳамчун эътилофи сиёсӣ, балки Эътилофи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ, эътилофи нируҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои демократия (мардумсолорӣ) ва фаъол намудани институтҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Ин ҳадафҳо қисман дар Маромномаи Эътилоф, ки дар Конференсия дар рӯзи 25.05. с. 2013 қабул гардид ва хусусан мукаммал, дар Барномаи фаъолияти Эътилоф, ки моҳи июн дар конференсияи нави Эътилоф қабул мегардад, дарҷ ёфтаанд. Албатта, Эътилоф дар интихобот иштирок мекунад ва барои Эътилоф интихобот масъалаи дуюм дараҷа нест ва шуда ҳам наметавонад. Барои ҳамин Эътилоф дар ҳайати худ махсус Кумитаи ҷамъиятӣ барои интихоботи озод ва одилонаро ташкил мекунад, ки барои дар ҳақиқат озод ва одилона баргузор намудани интихоботи Президенти ҶТ ҳиссаи худро гузошта тавонад. Аммо, ин Кумита аз ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар субъектҳои интихобот мустақил буда, бо масъалаи омода ва пешниҳоди номзади ягона ба вазифаи президенти ҶТ машғул нахоҳад шуд.
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатмадорон:
Як нуктаро бояд қайд кунам, ки дар ин ҷо ду гуруҳ ҷамъ шудаанд. Як гуруҳ, яъне ҳизбҳое ки таҷриба доранд, онҳо мехоҳанд, ки равандҳои демократия ва бунёди ҷо-меъаи шаҳрвандиро боз ҳам пеш бубаранд. Гуруҳи дуюм, ки ҳаст, яъне он асосан аз намояндагони Гуруҳи ташабускори ҳизби нави "Тоҷикистони нав" ҷамъ омадаанд. Онҳо ният доранд, то дар Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандии Зайд Саидов ҷамъ шудаанд ва ҳадафи ин гуруҳ асосан иборат аст, аз он ки чи бояд кард то ҳуқуқҳои Зайд Саидов беҳтар ҳифз шавад ва ӯ зудтар ба озодӣ барояд. Ман низ ҳаминро мехоҳам.
Саъдии Маҳдӣ, устоди ДМТ:
Ростӣ, ман шахси сиёсӣ нестам ва кӯшиш мекунам аз суолҳои марбути сиёсат дурӣ ҷӯям, вале чун эътилофи дубораи наҳзатиён ва демократҳоро ба ёд овардед, солҳои 90-ум ба ёдам омад. Он солҳо низ миқдори ниҳоят ками растохезчиён ва демократҳо аз як тараф ва миқдори ба шумур зиёди наҳзатиҳо дар назди ҳайкали Ленин ҷамъ омада буданд. Он замон демократҳо фаҳмида буданд, ки барои демократия ҳоло мардум тайёр нест, барвақт аст, вале ба миқдори зиёди инҳо ва ҳангомаашон дил бой доданд, ки дар натиҷа мардум аз навоҳӣ бар зидди ишон бархост. Маънии эътилоф ин ҳамдигарфаҳмӣ, ё коалитсия аст. Эътилоф набояд бар зидди чизе ё касе равона гардад. Ман фикр мекунам, ки дар шароити имрӯза, беҳтарин эътилоф ин эътилофи тамоми ТОҶИКОН аст.
Усмон Солеҳ, мудири шуъбаи тарғиботии ҲХДТ:
Ин салоҳияту ҳуқуқҳои ҳар як ташкилоту ҳизб аст, агар бихоҳанд эътилоф кунанд. Лекин ин ҳолат ниҳоят дигар аст. Ман фикр мекунам, ки инҳо муваффақ намешаванд. Ман ҳоло инро таҳлил дорам, ба назар мерасад, ки дар он ҲНИТ ва ҲСДТ бо роҳбарии Раҳматилло Зойиров ва ҳадди ақал 20 нафари дигар, ки маълум нест киҳо ҳастанд ва то куҷо ин воқеъӣ ҳаст, шомил шудаанд. Гап дар сари ин аст, ки ҳоло фазои сиёсии имрӯз ин чизро таҳаммул намекунад. Ман фикр мекунам, ки ҳамин эътилофу ҳамин масъалаҳое, ки дар он ба миён гузошта шудаанд, ҳамон сиёсате, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон, президенти мамлакат ва дар паҳлӯи ин кас ҲХДТ бурда истодааст, ҳамаи ин ниёзмандиҳое, ки ҷомеа дорад, ҳамонро ифода карда истодаанд. Дар ин маврид ба ақидаи ман, ки ҳеч гуна эътилофе зарурат надорад. Ва ман фикр мекунам, ки он муввафақ намешавад, чунки он дастгирӣ намеёбад ва мардум ба он эҳтиёҷ ҳам надорад.
Ҳуриниссо Ғаффорзода, раиси созмони ғайридавлатии "Оштии миллӣ":
Шояд то ҳоло то он дараҷа устувор набошанд, чунки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин ҷо кам ширкат дорад.