Устод Ато ва генерал Дӯстум ба Карзай ҳушдор доданд: Ҳар кор мекунем ҳар кор…

Сиёсат 15.06.2013 14:08

abdul rashid dostum and atta muhammad noorАхиран Маҷлиси намояндагони Афғонистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки дар шиносномаҳои нави шаҳрвандии ин кишвар мансубияти миллии шаҳрвандон зикр намешавад. Ин қарори порлумони Афғонистон боиси вокуниши густарда ва эътирозоти мардуми умдатан ғайри паштуни Афғонистон қа-рор гирифтааст.

Нахустин вокуниш ба ин қонунро Ато Муҳаммади Нур, волии пурнуфузи вилояти Балх нишон дод. Баъд аз даргузашти Устод Раббонӣ Ато Муҳаммади Нур, ҳамроҳ бо Салоҳиддини Раббонӣ раёсати бузургтарин Ҳизби сиёсии Афғонистон Ҷамъияти исломиро бар уҳда дорад. Ӯ қаблан гуфта буд, ки агар дар шиноснома мансубияти қавмӣ зикр нашавад, ӯ ва хонаводааш аз гирифтани ин шиноснома сарфи назар мекунанд. Аммо акнун ба лаҳни тунде дар вокуниш ба тасвиби ин қонун гуфт, ки Маҷлиси намояндагон ва ҳукумати Карзай аз хати сурх убур кардааст ва ин тасмимро қавмзудоӣ унвон кард. Дар посух ба суоли хабарнигорон, ки "Шумо акнун чӣ мекунед?", Устод Ато гуфт; "Мо ҳар кор мекунем. Инҳо хати қирмизро убур карданд ва мо барои ҳимояи қавму насаби худ ҳаре коре мекунем." Ин суханони Устод Ато, ки феълан қудратмандтарин раҳбари тоҷики Афғонистон маҳсуб мешавад, ба гуфтаи таҳлилгарон чолиш ва паёми ҷиддие ба ҳукумати Карзай аст. "Ҳар кор мекунем!", яъне метавонад ба ин маънӣ бошад, ки муборизаи мусаллаҳонаро низ сарфи назар намекунад. Гузашта аз ин ки Устод Ато дар оғози вокуниши худ гуфт, ки "аз ин қонун бӯи хун меояд."

Ба думболи Устод Ато, Абдулло Абдулло, номзади собиқи раёсти ҷумҳурӣ, ки аз қавми паштун, вале аз пайравони Аҳмадшоҳи Масъуд мебошад, низ ин қонунро маҳкум кард ва гуфт, номи миллат ва қавм бояд ҳатман дар тазкира дарҷ гардад ва аз як буҳрони миллӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ шавад.

Баъди доктор Абдулло, генерал, Абдурашиди Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии исломӣ ва аз пешвоёни қавми узбаки Афғонистон низ ин қонунро маҳкум карда ва аз Ҳомиди Карзай даъват кардааст, ки онро имзо накунад. Дӯстум дар изҳороти худ аз ҷумла таъкид кардааст: "Инкори барқасдонаи ҳукумат аз дарҷи қавмияти шаҳрвандон дар тазкираи электронӣ, ки муттаассифона бархе аз намояндагони мардум низ таҳти таъсири он қарор гирифтаанд, ҳеч тавҷеҳи қонунӣ надорад."

Ӯ афзуда: "Ваҳдати воқеъии миллӣ дар ватани азизи мо на аз тариқи инкори ҳуввиятҳои қавмӣ, балки аз тариқи шинохти комили танаввуъи қавмӣ ва эҳтиром ба ғанои этникӣ ва фарҳангии кишвар таъмин шуда метавонаду бас."

Ҳоло давлат ба ин интиқодҳо вокунише накардааст. Аммо эътирозҳои умумӣ алайҳи ин қонун дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон идома доранд.

Эътироз дар Мазори Шариф

Садҳо тан аз фарҳангиён ва ҳаводорони Ҷунбиши миллии исломии Афғонистони нисбат ба мусаввабаи ахири Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар мавриди дарҷ нашудани "қавм" дар шиносномаи электроникӣ эътироз кардаанд.

Фидомуҳаммад Фарзод, раиси Шӯрои фарҳангии Ҷунбиши миллии исломӣ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки муътаризон устодон ва донишҷӯёни донишгоҳи Балх, фарҳангиён, руҳониён ва ҳаводорони ин ҳизб дар ҳамоиши эътирозӣ дар мақари шӯрои вилоятии ин ҳизб ширкат карданд.

Муътаризон дар қатъномаи поёнии ҳамоиши худ таъкид карданд: "Доштани ҳуввият ҳаққи табиъии ҳар табаъаи кишвар аст, давлати марказӣ дар таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон мукаллаф мебошад, то ҳуқуқи табиъии эшонро ҳифз ва дар такомули он бикӯшад, на бар инҳилоли он (барҳам додани он)." Дар қатънома ҳамчунин омадааст: "Аз давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва шахси раиси ҷумҳури кишвар ҷиддан хоҳонем, ки дар мавриди дарҷи ҳуввияти ақвом ва зикри номи миллиятҳо дар тазкираи электроникӣ хости атбоъи кишварро дар назар бигирад."

Оқои Фарзод гуфт, ки муътаризон ба ҳимоят аз эътирози шуморе дигар аз фарҳангиён ва фаъолони маданӣ дар шаҳри Маймана, маркази вилояти Фориёб, хостори ислоҳи мусаввабаи маҷлиси намояндагон шуданд то замина барои зикри номи ақвом дар шиносномаҳои ҷадид фароҳам шавад.

Эътироз дар Форёб

afghan electrАз рӯзи 31 май садҳо нафар дар шаҳри Маймана, маркази вилояти Форёб ҳам дар эътироз ба мусаввабаи маҷлис барои дарҷи нашудани қавм дар шиносномаҳои ҷадид ба эътироз нишастан.

Муътаризони форёбӣ гуфтаанд то замоне ки ба хости онҳо посухи мусбат дода нашавад ба эътирозот идома медиҳанд.

Маҷлиси намояндагон рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта дар вақти баррасии маводи қонуни сабти аҳволи нуфус дар ҷаласаи пуртанише тасвиб кард, ки дар шиносномаҳои ҷадид номи ақвом дарҷ нашавад. Аммо ин мусавваба бо эътирозҳо ҳам дар дохили маҷлис ва ҳам дар берун аз он ҳамроҳ буд.

Ҳанӯз тавзеъи ин шиносномаҳо оғоз нашудааст.

Дар солҳои гузашта баҳс ин буд, ки иддае мегуфтанд барои ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон дар шиносномаашон "афғон" навишта шавад. Ва иддаи дигар тарафдори ин буданд, ки қавми шаҳрвандон дар шиноснома дарҷ шавад.

Саранҷом маҷлиси намояндагони Афғонистон тасвиб кард, ки на "афғон" ва на ҳеч калимаи дигаре, ки нишонаи қавмияти афрод бошад, дар шиноснома дарҷ нашавад. Аммои қавмияти шаҳрвандон дар бонки иттилоъоти вазорати дохила сабт хоҳад шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки гуруҳҳои миллатгаро дар ҳукумати Карзай, ки даъво доранд, дар Афғонистон қавми паштун аксариятро ташкил медиҳад, аз зикри номи қавм дар шиносномаҳо ҳарос доранд. Зеро дар он сурат маълум хоҳад шуд, ки теъдоди кадом қавм дар Афғонистон чӣ миқдор аст. Ва коршиносони умури Афғонистон мегӯянд, ба далели ин теъдоди аслии қавмҳо ошкор нашвад ва як гуруҳи қудратхоҳ барои ҳамеша бартариталабӣ кунад, ҳукуматҳои Афғонистон дар чанд даҳсолаи ахир ҳозир намешаванд, ки саршумории нуфузро дар ин кишвар анҷом диҳанд. Ҳарчанд саршумории аҳолӣ яке аз шартҳои Созишномаи Бон дар соли 2001 буд, ки зимни он Ҳомиди Карзай аз сӯи Амрико ба қудрат оварда шуд.

Тазоҳурот дар Кобул

Тазоҳурот алайҳи шиносномаҳои нав дар ҳоле дар шаҳрҳои Афғонистон сурат мегирад, ки як гуруҳе аз афрод дар хиёбонҳои Кобул алайҳи Устод Ато, Латифи Пидром, Карим Халилӣ, муовини Ҳомид Карзай гирдиҳамоӣ намуда ва онҳоро ба хидматгории кишварҳои ҳамсоя ва хусусан Ирон муттаҳам кардаанд. Ин тазоҳурот баъди он роҳандозӣ шуд, ки Устод Ато дар суҳбате ба расонаҳои амрикоӣ гуфт, ки роҷеъ ба номзадӣ дар интихобот бо Устод Сайёф ва доктор Абдулло суҳбат кардааст. Устод Ато дар ин суҳбат гуфтааст, ё худаш номзад мешавад ва ё доктор Абдулло. Ба бовари Устод Ато ва таҳлилгарони умури Афғонистон маҳз ҳамин ибтикори ӯ боис шуда, ки рақибонаш алайҳи ӯ тазоҳурот роҳ андозанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97