Бозор Собир чаро баргашт?

Сиёсат 04.06.2013 13:08

Саволи ин ҳафтаи "Миллат": - Бозор Собир чаро баргашт?

Ato MirkhojaАто Мирхоҷа, шоир:

- Ба назарам, устод Бозор Собир ахиран дарк кард, ки роҳи интихобнамудаи ҳукумати Тоҷикистон дуруст аст. 20 соли истиқлол нишон дод, ки президентамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди Тоҷикистоне, ки қариб аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешуд, корҳои азимеро анҷом дод, ки дар таърихи ин миллат дар муддати ҳазор сол ягон сарвараш накарда буд. Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба зиёиёни ҳақиқии кишвар ва шаҳрвандоне, ки ободии Тоҷикистон мароми онҳост, мамлакатро аз чанголи навмедиву яъс ва нодориву ҳалокат наҷот доданд ва ба ҷодаи дурусти пешрафт гузоштанд. Устод Бозор, ки мисли даҳҳо нафар фарҳангсолорони фарҳехтаи мо мафтуни шириншамоилиҳои патриотҳои дурӯғини охири солҳои 90-уми асри гузашта шуда буд, ба матонат, устуворӣ, поймардӣ ва ҷасорату ватанхоҳии Эмомалӣ Раҳмон чун мард тан дод ва хулосаи дуруст баровард, ки танҳо муттаҳид шудан дар атрофи Президент ва ҳукумат тараққии баъдии кишварро таъмин менамояд, на лидеросозиҳои маҳалгароёнаву мазҳабгароёнаву мансабталошон ва на интиқодҳои баҳудаву беҳуда. Билохира ҳатто идеалитарин сохтро ҳам танқид кардан мумкин, вале ёрии мушаххас расондан ба ҳукумату давлат бидуни ғараз корест душвор. Охируламр устод Бозор Собир ба мавқеъе баргашт, ки дӯстдорони ҳақиқии Тоҷикистони азиз аз ӯ умед доштанд.

Temur VarqiТемур Варқӣ, таҳлилгар:

- Устод Бозор ҳамеша бо назару андешаҳои ғайри муқаррарӣ ва аҷиб ва инчунин бо ҷасорати хоси худ аз дигарон фарқ мекард. Ӯ ҳамвора на танҳо як шоири ошиқ ва ё лирик, балки як шоири мубориз ва ватанпараст низ будааст. Ӯ яке аз ҳокимони андеша ва ормони мардум буд. Ӯ қаблан як инсони озодидӯст буд ва пушти худро пеши касе хам накарда буд. Мо ба хотир дорем, ки ашъори ӯ ва мавқеъи шаҳрвандияш дар соли 1992 ба ҳокимон маъқул набуд ва ӯ бандӣ шуда буд. Ва бо пуштибонии ҷомеъа, расонаҳои мустақил дар кишварҳои мухталиф, ки мо журналистон муроҷиъат менамудем, Устод аз боздошт раҳо шуд ва бо аҳли хонаводааш ба Амрико рафт ва чун шахсе, ки таҳти таъқиб аст, паноҳгоҳ пайдо намуд. 

Вақте Устод интизори посух аз Амрико буд, дар Маскав ба сар мебурд ва тоҷикони бехонумон шуда ӯро дар бӯстонсарои нависандагон дар Переделкино зиёрат менамуданд. Аммо як инсон ва шоир дар тӯли зиндагӣ масири такомули боварҳо ва тасавввурот роҷеъ ба вафодорӣ, сарнавиш ва арзишҳои асосиро пушти сар мегузорад. Ва дидем, чи гуна як марде, ки ба сароҳат зидди коммунизм буд, метавонад инъитофпазир шавад ва роҷеъ ба мероси Шуравӣ, нақши халқи рус дар сарнавишти миллати тоҷик ва ҳатто нақши Ленин тағйири фикр кунад. Ҳатто нисбат ба ҳайкали Ленин, ки барои шоир пурарзиштар аз Исмоили Сомонӣ шудааст. Мо тағйири нигариши Устодро дар мавриди ду низоми сотсиалистӣ ва капиталистӣ дар намунаи қиёси бевоситаи ӯ ва зиндагияш дар ин ду низом дидем. Шояд касе инро хиёнат ба худии худ бидонад, каси дигаре ҳавову ҳавас ва ҳам метавон инро такомули ҷаҳонбинии шахсият унвон кард.

Имрӯз Устод ба Тоҷикистон омад ва бархе расонаҳо билфосила навиштанд, ки Устод барои ҳамеша ба Ватан бар гашт. Аммо худи ӯ гуфт, ки роҷеъ ба ин масъала ҳанӯз тасмим нагирифтааст.

Ман намедонам, ки Устод дар Ватан мемонад, ки қабл аз интихобот пешниҳоди бастани расонаҳои мустақили онро медиҳад ва беҳтар медонад ба кишваре бар гардад, ки он ҷо низоми бисёрҳизбӣ ҳоким аст ва бар асари рақобати раиси ҷумҳур барои хидмат ба халқ ду навбат интихоб мешавад, ба кишваре, ки расонаҳои қавӣ ва бонуфуз аз ҳуқуқҳои инсон ҳимоят мекунанд. Устод шиносномаи амрикоӣ дорад, он ҷо хонаводаи ӯ ба сар мебаранд. Ин ҳаққи комили ӯст, ки ҷои зисташро худаш интихоб кунад. Аммо ин имкон вуҷуд дорад, ки агар Устод дар Ватан бимонад, (Худо умри дарозе ба ӯ бидиҳад), аз эҳтимол дур нест, ки иттифоқи дигаре биуфтад ва ба марҳилаи дигаре аз такомули ҷаҳонбинии худ бирасад.  

MehmonshohМеҳмоншоҳ Шарифов, муҳаққиқ, Норвегия:

- Бозгашти Бозор фоли нек аст. Шояд мардуми зиёде ватани худро чун Бозор дӯст доранд, вале Бозор забони ин рӯйдодро хуб медонад ва маъниҳои ба дигарон пӯшидаро бисёр олӣ тасвир мекунад. Дар шеъри ӯ воқеияти тоҷики куҳистон, ашёи атроф ва умуман ҳастии мардум ҳарф мезанад. Ва ман боварӣ дорам мардум аз бозгашти Бозор ба ватан хурсанданд ва ин иқдоми ҷавонмардонаи роҳбари давлатро, фарқ надорад дер аст ё зуд, ҳамчун амали нек мепазиранд.

Вале ин бозгашт як зарра мушкилоти печидаи Тоҷикистонро, ки бунёдитар ва воқеитар аз ҳар гуна сиёсатбозӣ, суханбозӣ ва ҳиссиётанд, наметавонад ҳал кардан. Ин мушкилотест, ки дар пеши он Бозори Собир, ё Бозори Сабз ва ё Бозори Путовский як бозор аст. Давлати Тоҷикистон ба ислоҳоти фаврӣ ниёз дорад ва дар ин роҳ бояд бо онҳое, ки ин ислоҳотро мехоҳанд ва онро амалӣ кардан метавонанд ҳамкорӣ кунад. Бале, ин бозгашт хурсандии шоир аст ва мардуме, ки ӯро дӯст медоранд, вале мардум бозгашти Зайдуллоҳ Саидро ҳам дар ёд доранд ва ин ҳар дуро муқоиса хоҳанд кард.

Фикр мекунам сиёсатмардони мо аз он чи мегузарад, бояд дарк карда бошанд, ки масъалаи асосӣ ин шинохт ва истифодаи дурусти қудрат аст, ки он ба дониши худӣ, воқеият ва амали солим зарурият дорад, на ба ҳиссиёт ва суханбозӣ. Дар ин нуқтаи таърихӣ бояд дарк кард, ки Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ дар ҳолати "барзахӣ" ё "гузариш" ё ин ки дар антропология онро ҳолати лиминалии (liminality аз калимаи лотинии limen "остона" гирифта шудааст) ҷомеа медонад наметавонад будан. Ин ҳолат ё равандест, ки ҷомеа вақти гузаштан аз як сохти сиёсӣ- иҷтимоии шикастхурда ба ҷомеаи нави шаклгирифта аз сар мегузаронад. Дар ин муддат бояд ҷомеаи нави бо арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои нав шакл гирифта ва амалкунанда ба вуҷуд биёяд. Такя ба меҳнати муҳоҷирон ва ё "ёри"-и ҳамсояҳо оқибати хуб надорад ва беҳтарин кор он аст, ки дар дохил фазои солим барои муборизаҳои сиёсӣ, барои ҷамъшавии миллат, барои ҳуввияти ягона ва мустаҳкам кардани давлати миллӣ гузошта шавад...

Abduqaymi QaymzodАбдуқаюми Қаюмзод, журналист:

- То онҷо ки аз ахбори расонаҳо шунидам, устод Бозор Собир ин навбат бо даъвати президент Раҳмон ба ватан баргаштааст. Аз суҳбатҳои аввалини эшон низ бармеояд, ки бозгашташон маъмулӣ нест ва "масъулият"-ҳоеро бар дӯш гирифтаанд. Ин шоири номвари тоҷик дар воқеъ Устоди сухан ва беҳтарин тасвиргари калом аст ва дар адабиёти порсӣ нақше ҷовидонӣ гузоштааст. Инҷо шакке нест. Аммо ҷудо аз ин ҷойгоҳу манзалат эшон бо баёнияҳои зидду нақизи хеш дар ин авохир он муҳаббат ва эҳтиромеро, ки доштанд, ҳатто дар миёни ҳаводорони худ, агарчи аз даст надоданд, аммо хеле кам карданд. Устод як шахсе ҳаст, ки ҳеч мавқеи собиту устувори иҷтимоӣ надошт. Ва мо борҳо мушоҳида кардаем, ки як ҳарфаш ҳарфи дигарашро ҳатто баъди як ҳафта инкор кардааст. Ин бор низ маълум аст, ки афроде ва гуруҳе эшонро бо ғаразҳо ва аҳдофи муайян ба ватан баргардонидааст, ки нишонаи ин гуфта ҳамин "нахустин" ҳарфҳояшон ва "истиқбол"-и гарми ӯ аз тарафи онҳост. Хуб, ин ки ӯ дар ин марҳалаи интихоботӣ бо чи мақсаде оварда шудааст, маълум аст. Аммо ҳоло вазъ дигар аст ва на ҳарфи устод Бозор, балки худи зиндагӣ "дикта" мекунад, ки дар ин маърака мардум пушти киро бигиранд. Агар ки устод Бозор Собир то ин ки ба ҳамчунин суҳбатҳояшон идома бидиҳанд, беҳтар аст аввал бо наздикону пайвандонашон, бо мардум дидору мулоқот анҷом диҳанд ва сипас мавқеъ бигиранду ҳарф бизананд. Қаблан устод Акбари Турсон низ бо даъвати президент Раҳмон ба Тоҷикистон омад. Аммо ӯ сокит омад ва кадом пешвозгирие надошт. Чун устод Бозор пештар дар ҷиноҳи дигар буд, суистифодаи он аз ҷониби ҳукумат кори баде ҳаст.

Qodirshoi Muruvvat-Кодиршои Мурувват, муовини раиси Созмони тоҷикон ба номи Рӯдакӣ,сардабири нашрияи "Паёми Ала Тоо", Бишкек:

- Шоми 27 май дар манзили худ дар шаҳри Бишкек нишаста ва шабакаҳои телевизионии Қирғизистон ва Тоҷикистонро бо навбат нигоҳ мекардам. Чун дар ин рӯз сафари расмии Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Бишкек оғоз ёфта буд, шабакаҳои телевизионии ҳар ду кишвари ҳамсоя пиромуни музокироти дуҷониба ва санадҳои ба имзо расида гузоришҳои муфассалро пахш мекард.

Ҳамин вақт буд, ки симои нуронии устод Бозорро дар пардаи телевизиони тоҷик дидам ва воқеан аз бозгашти эшон ба ватан шод гаштам. Қабл аз ҳама аз он ризоятманд шудам, ки тоҷики мусофир ва умрдида (75 сола) ба пеши ёру диёр баргаштааст. Ва дар канори ин банда итминон дорам, ки устоди сухан бо ҳузури бевоситаи худ дар Ватан ба хуни шеъри имрӯзи тоҷик як ҷумбу ҷӯш ва таҳавуллот ворид мекунад. Аммо замоне дар расонаҳои маҷозӣ фикру андешаҳои бархе ҳамдиёронро хондам, ки бозгашти устод Бозорро аз дидгоҳи худ ба тафсир кашидаанд, ростӣ, озурдахотир шудам. Дӯстони азизам, мо тайи 20 соли истиқлолият аз шеъру сурудаҳои устод Бозор ғизои маънавӣ мегирем ва танҳо шеъри "Аз хуни Сиёвушем" чи шаҳоматро бароямон ато мекунад! Аз ин хотир мо бояд барои бузургони худ арҷ гузорем ва дунболи хурду резаҳо набошем. Дар ин дунё ҳеч кас моҳи беайб нест. Устоди зиндаёд Лоиқи ширинбаён байте дорад,  ки мефармояд:

Асли ман шеъру ғазалҳои мананд,

На ҳамин шӯру мағалҳои мананд.

Барои ҳамин мо бояд ба сурудаҳои устод Бозор Собир таваҷҷуҳ намуда ва андешаҳои сиёсии эшонро зиёд ба дил нагирем. Бозгашти устод Бозор ин навиди нек аст барои ҳамаи ҳамзабонон, чи дар дохил ва чи дар хориҷ.

Бозгашти устоди сухан ба майҳан фархунда бод!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97