Барои ҳазл гуфтан мумкин аст, ки дар фаҳмиши интихобот ваъдаҳои ғайримантиқӣ кумак мерасонанд; пас нашавад, ки дар шароити омори бемайлони таваллуд номзаде дар интихоботе ваъдаи ҷорӣ кардани насби ҳисобкунак дар батни занҳову андоз аз тавлиди изофаро бидиҳад. Аслиҳаи атомӣ партофта шуд, Темурбой калламанораро сохт, ки дар шароити феълӣ аз ақл берун аст, сӯзондани одам ҳам дар крематория ба таври кифоя таҷриба карда шуд, ГУЛАГ ҳам нақшаро барзиёд иҷро кард, бист миллиони Мао ҳам кам набуд. Ҳамаи ин қонунияти табииро даври худфиребона зада гузаштанд. Яъне ки агар як касро нобуд созӣ, дарҳол ҷояшро се нафар мегирад. 215 сол пеш Роберт Малтус огоҳ карда буд, ки зиёдшавии аҳолӣ пештози абадии дави олимпии равандҳои ҳаёт боқӣ мемонад. Бо роҳи сунъӣ пеши роҳи зиёдшавии аҳолиро гирифтан ин аз ҳуқуқи табиъӣ маҳрум кардани одам аст, фақат бояд интизор шуд, ки дар шароити таҳаввулоти бемислтарини ҷаҳонӣ глобализатсияи ботинии занҳо ба вуҷуд ояду асабтораи захиравии онҳо, ки барои дарки масъулият пешбинӣ шудааст, фаъолияташро ба роҳ монад. Агар ба масъала аз дигар тараф ворид шавем, гуфтан мумкин аст, ки шояд занҳо бар он андеша бошанд, ки бо тавлиди зиёд ё ҷавон мемонанд ё умри зиёд мебинанд. Агар мушоҳида ботилӣ накунад, дар меҳвари тафсири ниҳоӣ омили дигар меистад; яъне ки гӯё занҳо андешаи хурофотшудаи “вазифаи зан фақат таваллуд кардан аст”- ро сармашқи кори худ қарор додаанд, ки дар асл ин андеша бо назардошти талаботи муосир дигархелтар аст; “фарзанди кам, тарбияи зиёд бо иродаи озод”. Ба хулосаи муайян омадан ғайриимкон аст, ба ҳар ҳолат занҳо зананд, мисқоли нозашонро бояд бардошт, чунки ҳоло марҳилаи демократияи Афина нест, ки занҳо ғулом бошанд. Чунин мушоҳида мешавад, ки гӯё занҳо дар риояи ҳуқуқҳои худ ба ду шоха тақсим шудаанд; консерватизм – феминизм.
Туфонҳои калонмиқёси уқёнусӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳонишавӣ, буҳронҳо, ташкилотҳо ва фишангҳои молиявӣ, империализм, идеологияҳо, бархурдҳо, иктишоф, таълимотҳо ва ҷангҳои бузурги зериобӣ низ вуҷуд доранд. Барои он ки уқёнус худ дар худ ғарқ нашавад, баҳри муҷозот, созишдиҳӣ, паст кардан ва берун партофтани шиддати бархурдҳо ба тобиши амудӣ мехезад. Қисми зиёди сайёраро об ташкил медиҳад ва тавозуни хушкиро нигоҳ медорад, чор уқёнус чор қитъаро, боқимонда хушкиро баҳрҳо назорат мекунанд, ҷӯйу дарёҳои сунъие чун Нил ва Панама дар қатори намоёни мундариҷаи иродаи обӣ меистанд, гулугоҳҳо вазифаи дипломатияи обиро иҷро мекунанд, хулоса, давлатҳои соҳилӣ иродаи комилтари обиро доро ҳастанд ва сиёсат таҷассуми зиддиятҳои зериобӣ дар хушкист.
Принсипи тақсими ҳокимият дар организми инсонҳо дилгиркунанда ба назар мерасад: дил ва ақл - ду палатаи мухолиф ҳар яке кӯшиш мекунад, ки зимоми қонунбарориро ба даст гирад, аксар вақт қонунҳо ислоҳ ва баррасӣ нашуда тасдиқ мешаванд, пойҳо амри дилу дастҳо амри ақлро иҷро менамоянд, чашмҳо беихтиёранд, механизме вуҷуд надорад, ки ҳолатҳои номатлубро маҳкум кунад, ирода - ҳукумати марказӣ заъиф аст. Бо дарки ин ҳолат розӣ шавед, ки то он даме ки дар худи ҷанини тафаккури фардҳои ҷудогона баррасии лоиҳаи қонуни пайдошаванда, иҷроияи матлуб ва ҳокимияти марказии мақбул ташаккул дода нашавад ё ташаккул наёбад, татбиқи коршоями демократия дар ҷомеаҳои чандмиллионнафара ҳадафи олӣ дар миёни хоб ва бедорӣ мемонад.
Дар майдони байналхалқии волейболи сиёсӣ тубро аз канор Амрико таҳдидомез ҳаво медиҳад, давлатҳои НАТО онро ба ҳадаф мерасонанд, дар нуқтаҳои зарбаи шадиди тубрасидаи тарафи муқобил чуқуриҳои васеъ пайдо мешаванд, ки ҳаракати дилхоҳи бозингаронашро мушкил мегардонад, Германияву Фаронса дар як вақт холҳоро низ ҳисоб менамоянд, ки дар вақти тақсими ҷоиза ё “приз”-и бозӣ нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд ва ҳамин тавр бозиҳо идома карда, анъанавӣ мегарданд, довариро СММ бар уҳда дорад, ки бо худ ҳуштак надорад ва аслан он рамзӣ буда ба фарёдҳои ягон-ягонаш эътиборе намедиҳанд. Хулоса, дар оинаи бозиҳои таърихӣ акси ҳаштякфинал, чорякфинал ва финал – ибтидои таърих намудор шуда истодааст.
Зуҳуроти шиддатгирифтаи имрӯзаи боҳамойии ҷомеаҳо ва системаҳои иқтисодии кулли олам, ки ҷараёни маҷмуъии фарогири бисёр тарафҳои ҳаёти мост ва долларфишангияташ такя ба институтҳои молиявӣ дорад, неоколониализми ҷадиди боадабонаро таҷассум менамояд, ки киштии моро аз ду соҳили уқёнуси ҳолаташ пешгӯинашаванда бо қутбнамои фарсуда ва бе дурбин ба ҳаракат гусел менамояд ва аз мавҷудияти киштиҳои зериобии ҷосусу куҳяхҳо огаҳ намекунад, - глобализатсия номида мешавад.
“Чашми алтернативии асри нуздаҳ”- марксизм, ҳар гуна ҳаракатҳои ба руҳияи озодии асил носозгоре чун инқилоб, таъқибҳои калонмиқёси навтемурӣ (неокалламаноризм) ба "аборти таърих” оварда расониданд, ки батни олам бо ҳолати осебгирифтаи худ таи асри бист бисёр ҷомеаҳоро бо иллати “илтиҳоби сиёсӣ (политическое воспаление)” тавлид кард ва шояд беморӣ хислати ирсиро касб кардааст, ки хирургияи сиёсӣ дар таҷрибаи феълияш ба дардҳои навошно, ки сарчашма аз бемориҳои хроникӣ мегиранд, рӯ ба рӯ шуда истодааст.
Демократия ба ҳайси қатораи навъи ниҳоии таҷҳизонидашудаи таърих эътироф шудааст ва бо назардошти сатҳи баланди хидматрасониву таъмини олуфтагӣ ва коршоямии пайваста бояд аз ҳар истгоҳ мусофирони сару либосашон покизаро иҷозаи вуруд бидиҳад, то халқҳоро талқин ба худташаккулдиҳӣ диҳад, ки дар сафарҳои навбатӣ давра ба давра бемамониъат вориди қатора шаванд.
Таҷассуми ҳаракати таърих офтоб аст, ғуруб ҳам дорад, ба ҳама мутлақ, комил наметобад, ба ҷои абри сиёҳ идеологияҳое ҳаракат мекунанд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро хурофот мепиндоранд, раъду барқҳо гӯё аз табиияти хислати ҷангҳои бузурги ҷаҳонӣ ва чандқутбияти системаи сиёсии олам исботи амал менамоянд, марказҳои обу ҳавосанҷӣ манфиатҳои худро пайгирӣ менамоянд. Хулоса, ҳаракати сермаҳсули офтоб дар мушоҳида маҳдуд метобад.
Истиқлолият, амният ва давлатдорӣ шабеҳи муносибат ба майдони пахтазор аст, ки татбиқи мусбии ваколатҳои иҷроия аз маҳорати агроном дар дарк ва шинохти саривақтии касалиҳои барбоддиҳанда ва чораандешии фаврии ӯ, оброни ҳушёрхоб, механизатори барҷаста, ки пеши роҳи талафотро мегирад ва чинандаҳои моҳир вобаста аст. Фақат дар ҳоли пайдоиши касалӣ набояд майдонро ба таври умумӣ заҳрпошӣ кард. Кифоя аст, то қитъаҳои алоҳидаи ниҳолҳои касалшуда аз хок бадар карда шаванд.
Дуруст аст, ки масъулияти комил вуҷуд надорад, офтоб ҳам бемасъулиятӣ менамояд, шабро ба ҳоли худ мегузорад, лекин ният ва кӯшиши масъулиятгароӣ ин худ як равшании алтернативиест, ки аз қаъри қаторкуҳҳои зархоки тафаккури созанда бо ҷилваи хиром берун меҷаҳад ва худро ба оинаи дили шаб мезанад, ки аз ин ҷост гумони одамони бемасъулият, ки дар баъзе кишварҳо ним сол рӯзу ним сол шаб аст.
Фарҳанг, рафтор, ирода ва хислати олӣ, масъулият, ҷиддият, хушбинӣ, беғаразӣ, ҳисси эҳтиром, дарк ва ҳушёрии сиёсӣ, тавони шинохт ва идораи худ, такаббурро дар сатҳи мамониати нолоиқон бурдан, бо имконнопазирӣ муросо накардан, бо вақт рақиб будан, бо озодӣ ҳамқадам будан- вуҷуди ҳамаи ин дар инсонҳо қодиранд офтобро ба рухсатии бемуҳлат фиристанд.
Ақл мисли артиши Наполеон аст, ҷои нишасти муайян надорад, умраш қариб, ки пурра дар муҳориба мегузарад, тафовут дар он аст, ки вай бар Маскаву сармои он пирӯз меояд ва ҳукмронии абадии сулолаи ақлро фарогири сайёра менамояд, қутбнамои саҳроияш, ки аз ӯ кам нест, ирода мебошад. Ақл аст, ки озодӣ аз он илҳом ва сарчашма мегирад, хулоса хотимаи таърих аз ақл вобастагӣ ва умедвориҳои калон дорад.
Мураббиёни иҷтимоият ба халқиятҳо ҳамчун “мина”- и ногаҳон пайдокарда муносибат карда, дидаву дониста бар болояш пой гузоштанд ва фаҳми онро накарданд, ки дар ҳоли ҷунбиши пой таркиш ба амал хоҳад омад, ки “безараргардонӣ” ғайриимкон аст.
Ғафурову Айнӣ бори аввал дар таҷрибаи миллатҳои ҷафодида қаламро ҳамчун силоҳи ҳастаӣ ба «Хиросима» ва «Нигасакӣ»-и нотавонбинон дар партофти «капитулятсионӣ» ҷасурона истифода бурданд, ки силоҳи таърихии мо иродаи истифодаи ҳамин чиз будааст.
Агар муаллифи пешгуфтори асри ХХ Сараево буд, пас эҳтимолияти эҷоди асари «безавол» дар асри нав аз мулки Форс ё 38-ум параллел дар ҳоли тақризи ифротӣ ба «корҳои эҷодӣ»-яшон хоҳад буд.
Озодии мутлақро тасаввур карда наметавонам; ҳеҷ набошад, олам меъдаву озодӣ хурок аст, ки то ба даҳон ворид гардиданаш худидоракунанда аст, ки пас аз ворид шудан ба таҷзия фаро гирифта мешавад, ки сатҳи кислота ва системаи ихроҷ аҳамияти калон дорад. Дар системаи шуравӣ ҳама гуна озодӣ қайъ карда мешуд.
Муллое аз моҳии тиллоӣ пурсидааст, ки барои чи ту росту дурӯғ ба мардум ҳоҷатбарорӣ мекуниву аз дарси ахлоқ ва ҳидояти ростии дархури талаботи муосир иқтибосе ба шарҳу тафсир намекашӣ, моҳӣ дар ҷавоб мегӯяд; узр, ки дар қисми аввали масъала аъмоли ҳар дуямон як аст, лекин қисми дуюми масъала ин масъулияти худи туст.
Парвоз дар тайёраи бевиҷдониву бадбиниро боду ҳавои номусоид думболагир хоҳад буд, ки нишасташ ба меъёрҳои фурудгоҳҳои олами пасомуосирӣ ноҳамоҳанг буда, раъду барқи заминиро ба вуҷуд меорад, ки тасаввуроти “дистпетчер”-ро аз бозӣ хоҳад баровард.
Қисмати таърих шабеҳи ҳолати бегоҳирӯзии баъзе гулҳост, ки пару болашро ба баданаш ҷафс мекашад ва ҳолати мусбии пагоҳирӯзии он аз дурахши нури шахсияти озоду фавқуллода, шуъури сиёсии халқҳои бунёдкор ва кайфияти руҳии озодиҷанин вобаста аст.
Хатсайри таърих аз ду қатораи параллел ҳаракаткунанда иборат аст, ки бисёр вақт талоши аз якдигар пешбароӣ карда, ҷони мусофиронро дар хатар мегузоранд ва дар фикри “слияние” ҳам нестанд, то интизорнишастагони истгоҳи ниҳоиро хотирҷамъ кунанд.
Гӯшанишинии одамон дар асрҳои гузаштаро ҳар хел маънидод менамоянд, ки хулосаи ягона мавҷуд нест, чунки тафовути фишори носозгори баъзе ҷомеаҳоро аз фишори вазни оби уқёнус ба ҷонварҳои сатҳи поёнии об муқоиса накардаанд.
Назарияи адолати иҷтимоӣ- ин ба хурду бузург, зану мард, пиру барно, ҳомилаву бокира, нодону академик ва солиму нотоб иҷборан нӯшонидани ним литр спирт аст, ки умри сархушиаш кӯтоҳ ва дучори садама аст.
Эйнштейн ба мо назарияи нисбиятро пешниҳод кард. Пас, чун киштӣ демократия ҳам «ватерлиния» дорад, ки имкони борбардории онро дар паҳнои муайяни ҷуғрофӣ нишон медиҳад.
Сарчашмаи инкишофи гузариши сифатии инсон ба шахсияти фавқуллода ин тавлид шудан аз волидайни беғараз аст.
Утопия ҷаҳиши бузург ба антигуманизм аст.
Миллат - он доираи муттасил ташаккулёбандаи одамонест, ки аз руи хислати барҷастаашон ба ҳам омада, ном ва макони сазоворро соҳиб шудаанд, ки дар натиҷаи аз даст додани шеваҳои баёни гуногуни ибтидоияшон як шакли универсалӣ – забонро ба вуҷуд овардаанд.
Сотсиализм ва демократия ҳамон вақт бо ҳам унс мегиранд, ки шунидан синоними диданро касб кунад.
Агар муҳлати давомнокии умри инсон ба худи ӯ вогузор мешуд, ӯ аз ширу домони модар майли дил кандану берун ҷаҳиданро авло намедонист.
Бо воситаи демократияи интиқолӣ дилхоҳ кардани вазъи ҷаҳонӣ саратоншиносро ба кори кишоварзии заминҳои лалмии сермалах равон кардан аст.
Аҷаб нест, ки таърих ҳам ба мисли чор фасли сол чор чилла доштаву чиллаи тобистону зимистонаш ба ҳаёти муътадили халқҳо носозгор бошад.
Васвасаи динии ғасби ҳокимият дар ҳоли хурӯҷ силоҳи рентгениро мемонад, ки роҳёбӣ ва корбурдаш дар тибби сиёсӣ устухонбандии ҳар гуна давлатдории миллии демократиро беҷо хоҳад кард.
Дахолати қатъии давлат ба иқтисодиёт, муносибатҳои бозорӣ ва ҳаёти шахс – ин дахолати кас ба оббозӣ ва худороишдиҳии ҳамсари каси бегона дар манзили ӯст.
Аз дидани духтари зебо бесаранҷом шудан, баробари мадҳуш шудан аз дидани нархи машрубот аст.
Шахси бевиҷдон шабеҳи раққосаи ҳомилаи урён аст.
Истеъдодҳоро дида натавонистан ин дидаву дониста ба наҳорӣ ташрифорандагон бо пиёлаи зебо чойи нимҷӯшида муроот кардан аст.
Тасаввур карда наметавонам мувозинати ҳастиро, агар ҳайвонҳо ҳам шуъурнокӣ ва гароиши динӣ медоштанд.
Шояд пешорӯи рафти таърих роҳи миёнгузари пурхатар қарор дорад, ки он баъзан аз тарси “ҷаримаи нозирони тасодуфӣ” чапғалатро авлотар меҳисобад.
Имрӯз вазифаи фашизму болшевизми аввали асри ХХ-ро терроризм ва моҷароҷуии динӣ иваз карда истодааст.
Ливои асри бистуякро дар мусобиқаи олимпии равандҳо терроризм бардошт, ки мушкилоти ҷаҳониро пешгузари намози сиёсӣ карда истодааст.
Фарёди хурус шабеҳи сухани пурқимати шахсияти таърихист, ки эзоҳи бори гарони масъулияти беназири ӯ буда, диққати солими атрофиёнро мехоҳад.
Муҳаббати сиёсии гуруҳҳои иртиҷоии мансабхоҳ шабеҳи қувваи вазнинист, ки ҳарчанд дур партои ҳам тез бозмегарданд, ки вақти зиёдро мегиранд, барои он ки бисёр овора нашавӣ, онҳоро дар навбати аввал маҳв бояд кард.
Фурутанӣ ва такаббур- ин ҳарду як ҷуфт пойафзоли пошнабаланди духтари хиромонанд, ки интихоби андозаи муносиб кифоя аст.
Панҷ дақиқа бо нодон суҳбат кардан – ин панҷ сол дар болои бом деҳқонӣ кардан аст.
Рӯзе аз мавҷи радиое саволе шуд, ки чаро саг аккос мезанад. Дар рафти садо додани ҷавоби дуруст суҳбат қатъ кунонида шуд ва аз ибтидои ҷавоб маълум шуд, ки сагҳо аз ифротан ба муносибатҳои бозорӣ ғута задани радиоҳо ба шигифт меомадаанд.
Асал ҳам заҳр доштагист, чунки агар оруи асал ду бор неш мезад неши дуюмаш тасодуфан ба шахсиятҳои холис халида мешуд.
Оруи асали бешуъур ба он хотир рост рафта меояд, ки мехоҳад моҳияти масъулияти бошуъуронаро инъикос кунад.
Борони пуршиддати ногаҳонӣ дар ҳавои соф ба он хотир аст, ки як лаҳзае ҳам бошад дар андешаронии ғаразноки нотавонбинон фосила гузорад.
Абҷади таърих хотимаи онро ба миёнаҳои нимаи аввали ҳазораи сеюм партофтанист.
Малахҳо ду хел мешаванд; одӣ ва фарҳангӣ.
Фарҳанг ин мӯқалам аст, ки танқисии рангҳоро намепазирад.
Тифлро ба як пой истода тарбия бояд кард, агарчи обхезӣ дар мекӯбад, вагарна ӯ оқибат бо ду пой хоҳад зад.
Инсони нотавонбин, бетарбия, занмизоҷ мисли офтоби бенур аст, ки аз ҳасад ба дигар сайёраҳо ашки алами худро дар паси абрҳо мерезад.
Гунҷишке аз табори худ мепурсад, ки барои чи ӯ камнамову дар баландӣ парвоз мекунад, дуюмӣ мегуяд, ки чи тафовут вақте ки аз таҳқиру бадбинии фазои поёнӣ димоғ эҳсоси танқисӣ ба оксиген мекашад.
Гимнастикаи бадеӣ – ин изҳори пурпечутоби хостори муҳаббати амалӣ будан аст, ки ҳатто тамошобини ҳирфаӣ маънии ҳаракати пурасрори лентаро сарфаҳм намеравад.
Агар устурлоб баландии офтобу ситораҳоро муайян намояд, пас, ҳизбҳои сотсиал - демократӣ онҳоро дар як вақт намудор карданиянд.
Тарёки табиии шодзистӣ исрофро намепазирад, чунки бозори сиёҳаш вуҷуд надорад.
Тақдир мисли духтари нозпарварда дастнорас аст, лекин агар илоҷашро ёбӣ нозатро мебардорад.
Пул фисади шаффофияти ҳақиқат, дӯст ва виҷдонро кафолат медиҳад.
Кавдан камаш тавозунро нигоҳ медорад, чунки барои корҳои зишттаре тафаккураш яхгудоз намешавад.
Тандеми ирода- ақл барандаи таърих аст. Агарчи мутафаккирон дар гирдоби тасдиқи синонимияти иродаи умумиҷаҳонӣ ва империализм ғута задаанд, иродаи субъект дастҳо болои ҳам сари зону нанишастааст.
Оруи асал як неш дорад, одам бошад даҳто.
Инсон сию ду дандон дораду гапро бе ҳеҷ андеша мегӯяд.
Сатҳи муҳоҷират дар ҷӯлбозор муайян карда мешавад.
Чунон сухан бояд гуфт, ки ба ду тарафи муқобил писанд ояд.
Ишва – ё қабулгоҳ ё зерсохтори муҳаббати амалист.
ШАХСИЯТ - шуъои асосии хуршеди сифатҳои ибратомӯзи як табиат.
МАНФИАТ – мундариҷаи алифбои набзи фалсафаи инсонҳо, аркони талаботҳост.
ОЗОДӣ – одам зи обрӯмандӣ дорад ифтихор.
АДОЛАТ – абрӯи даҳр оинаи лоиҳаи арзишҳои(ҳуқуқҳои) табиист.
ТАЪРИХ – тафсири аломати Ъ - рисолати империализми худкома.
МИЛЛАТ – масъулият, ифтихормандии лозима, лоақал ламси афкорро (ҷаҳонбинӣ) талабад.
ХУШБАХТӢ – хушии умр шабеҳи бӯи атри хобовар таҳримаш (бойкот) имконпазир.
ИҶШС – имконияти ҷомеаи шаҳрвандӣ сифр.
ИҶШС – ибораи ҷумлабандиаш шигифти сайёра.
ИҶШС – иллатноктарин ҷомеаи шикастпазируфтаи синфӣ.
ИҶШС - империализми ҷадиди шакли сотсиалистӣ.
ҲНИТ – ҳолати номуайяни оқибати исломгароии тоҷикӣ
НАТО – номувозинатии аҳволи тамомияти олам.
НАТО - нони амрикоро таъминкунанда омад.
НАТО - нили(дарёи) Абдул Носирро обанбор.
МАГАТЭ – масъалаҳои атомиро гӯё Амрико танзимгару эзид.
АМРИКО
Амнияти оламро, ки роҳбар шудааст,
Мағрибу машриқро довар шудааст.
Рукуъу суҷудаш, ки зикри муҷозот аст,
Интиҳои таърихро номуросо шудааст.
Кунун, ки зуҳури чанд қутб мебинад,
Омодаи ҷанги сард ба қитъаи гарм шудааст.
Сарвар Наврӯзов, сиёсатшинос