Устод Ато:Тоҷикиамро ҳатто ба ҷонам иваз намекунам

Сиёсат 27.04.2013 15:28

Attamuhammadi NoorУстод Атомуҳаммади Нур, раҳбари далер ва сарфарози Балхи бостон, зимни баёнияи телевизионие, ки онро шабакаи "Тулуъ" нашр намуд, ба сароҳат гуфт, ки агар ҳуввияти қавмии (тоҷикӣ) мо дар рӯйи шиносномаи электронии нави Афғонистон ба рӯшанӣ дарҷ нашавад, ман аз гирифтани он парҳез мекунам ва хонаводаамро низ нахоҳам гузошт, ки он шиносномаро бигирад!

Устод Атомуҳаммади Нур гуфт, ки ин матлабро ба Ҳомиди Карзай дар ҳузури вазири хориҷа ва раиси дафтари ӯ низ баён дошта ва гуфтааст, ман намехоҳам ва наметавонам бенасаб бошам. Ӯ гуфт, ки ба Ҳомид Карзай гуфтааст, як чиз дорам, ки онро бар ивази ҳеч чизе муомила намекунам, ин ҳайсияти ман чун шахс ва ҳуввияти табории ман аст, ки ҳатто бар бадали ҷонам, онро иваз намекунам.

Устод Атомуҳаммади Нур, зикр нашудани мансубияти қавмӣ дар шиносномаҳои нави Афғонистонро барномаи қавмситезӣ унвон кард ва гуфт, ин дасисаи хатарнокест, ки дар сурати амалӣ шудан мушкилоти байниқавмиро доман мезанад.

Гуфтанист, ин барои бори нахуст аст, ки як чунин раҳбари қудратманди як қавми ғайрипашту бо чунин рӯшаниву қотеъият дар баробари дасисаи бисёр хатарноки ҳуввиятситезӣ мавзеъгирӣ мекунад. То кунун афрод ва шахсиятҳои дигар ҳам ин масъаларо матраҳ намуда буданд, аммо ба номи дигар ва усули мутафовит ва дипломатӣ.

Аммо Устод Атомуҳаммади Нур, ки феълан бонуфузтарин шахсияти шимоли Афғонистон маҳсуб мешавад, ба сароҳат эълон кард, ки Афғонистон як кишвари чандқавмист ва ин қавмҳо сармоя ва зиннати Афғонистон мебошанд ва бояд ҳуввияти ин ақвом ҳифз шавад. Ӯ ба сароҳати калима гуфт, бархе мегӯянд, ки аз номи қавм хушашон намеояд ва намехоҳанд, ки номи қавм дар шиноснома зикр шавад. Вале гуфт, ҷаноби Нур, бигузор он афрод бенасаб буда бошанд, ихтиёр доранд. Аммо тоҷикам ва бо қавми худам ифтихор мекунам ва наметавонам аз қавми худам сарфи назар кунам. 

Зимнан, мақомоти Афғонистон қасд доранд, ки дар шиносномаи нави шаҳрвандии ин кишвар ҳамаро саросарӣ тобеъияти афғон эъто кунанд. Дар ҳоле ки дар шиносномаҳои феълӣ мансубияти қавмии ҳамаи миллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷикҳо сабт шудааст. Ин иқдом ба мухолифати саросарии ақвоми ғайри пашту дар Афғонистон рӯ ба рӯ гаштааст.

Масъалаи дигаре, ки бисёр таваҷҷуҳбарангез дар ин баёнияи телевизионӣ буд, мавқеъгирии Устод Атомуҳаммади Нур роҷеъ ба интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурии Афғонистон буд. Ӯ гуфт, мо ин зеҳниятро мешиканонем, ки дар Афғонистон бояд нафари аввал ҳамеша аз як қавм, нафари дуввум аз қавми дигар ва нафари севвум аз қавми севвум бошад. Ба гуфтаи ҷаноби Нур, ин ҳам мухолифи қонуни Афғонистон ва ҳам мухолифи усули пазируфташудаи демократӣ аст.

Ӯ бори дигар эълон кард, ки довталаби мақоми раёсати ҷумҳурӣ мебошад. Ва афзуд, онҳое, ки мегӯянд, барои мақом мубориза намекунанд, дурӯғ мегӯянд. Ман гуфт ӯ, барои қудрати болотар мубориза мекунам, то ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ бирасам ва барномаҳои худро барои хидмат ба мардум пиёда кунам. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97