Бозии бузург дар Сух: Тошканд тоҷиконро вориди майдон кард

Сиёсат 29.01.2013 09:44

Коршиноси қирғиз: Дар қазияи Сух ҳадафҳои сиёсӣ нуҳуфта аст

images01Марс Сариев, коршиноси маъруфи масоили сиёсии минтақа бар ин бовар аст, ки ҷанҷолҳои ахири марзии байни Қирғизистон ва Узбакистон дар минтақаи Сух, бар асари дасисаҳое рух дод, ки аз қабл тарҳрезӣ шуда буд.                      

Ин таҳлилгари қирғиз ахиран дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек гуфт: Сокинони ноҳияи Сухро кадом касе, нируе ба шуруъи ин хархаша ва даргирии бемаънӣ водор намуд ва ин нируи пушти саҳна аз қазия барои худ суд бурданист. Ва дар ин ҳолат низоъи феълӣ барои хадамоти махсуси кишвари Узбакистон метавонад чун василае қарор гирад.

Сариев мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба он, ки аксари аҳолии ноҳияи Сух тоҷиктаборанд, аз ҳамон аввал ин низоъ на тобиши қирғизӣ- узбакӣ, балки рангу тоби қирғизӣ- тоҷикиро касб намуд. Кор то ҷое кашид, ки дар музокирот бо тарафи қирғизӣ аҳолӣ ва намояндагони ҳукумати ноҳияи Сух матраҳ шуданд ва мақомоти расмии Узбакистон худро дар соя гирифтанд. Гӯё, ки миёни Қирғизистону Узбакистон ҳеч мушкиле пеш наомада ва эҳтиёҷе ба чунин гуфтугуҳо вуҷуд надорад.

Ба ақидаи ин таҳлилгар, Тошканд аз ин тариқ талош намуд тамоми  масъулияти ин қазияро ба дӯши нируҳои марзбонии Қирғизистон бор кунад ва чунин тасаввуротеро эҷод намояд, ки Каримов то кунун барои ҳимояти манфиъатҳои миллӣ дасти тавоное дорад. Аз дигар тараф ҳукумати марказӣ сокинони ноҳияи Сухро дар ҳолату шароити сахт қарор дод. Зеро акнун мардуми одии ин ноҳияи тоҷикнишинро лозим меояд барои қирғизҳо ҷуброни хисорот пардозанд. Яъне, дар ивази мошинҳои шикаставу харобшуда, симчӯбҳои барқии чапашуда ва гаравгонҳои таҳқиршуда бояд маблағи ҷайби хешро бидиҳанд. Ин амал замоне сурат мегирад, ки миёни сокинони Сух низ захмиҳо ба назар мерасанд. Боз ин ки анқариб Узбакистон бо Қирғизистон дар мавриди идомаи фаъолияти ҳалқаи ягонаи нируи барқ қарордодро тамдид намуда аст.

Марс Сариев дар идомаи суҳбаташ гуфт: Қирғизистон гӯё таҳти "чатри" дифоии Русия қарор дорад ва Узбакистон аз ин раванд худро канор гирифтааст. Вале чунин ба назар мерасад, ки ин ду ҷумҳурии минтақа дар як тарафи сангар қарор доранд. Ва далели инро метавон дар ҳаракатҳои ахири Тошканд ҷиҳати хуш омадан ба мақомоти Кремл эҳсос кард. Дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви қарордоди амнияти дастҷамъӣ дар моҳи декабри соли гузашта, намояндаи босалоҳияти Русия ба Тошканд сафар анҷом дод. Ба думболи он Тошканд изҳор намуд, ки силоҳҳои сохти Русияро харидорӣ мекунад ва ҳаргиз ба Амрико иҷозаи эҳдоси пойгоҳи ҳавоӣ дар қаламрави худро намедиҳад. Дар як вақт "Газпром" ба истихроҷи газ дар яке аз конҳои бузурги Узбакистон иқдом намуд. Яъне, Узбакистон бидуни ҳузур дар фаъолиятҳои қарордоди амнияти дастҷамъӣ ба сурати ҳисобшуда ва ноаён ба ҷониби Русия майл дорад.

SUKHКоршиноси қирғиз ба ин бовар аст, ки барои Узбакистон дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз ҳар нигоҳ халал эҷод менамояд. Аз ин ҷост, ки дар равобити ин ду ҷумҳурии минтақа танишҳои хатарзо ба мушоҳида мерасанд. Роҳандозии ниругоҳи барқи обии Роғун майдонҳои пахтаи Узбакистонро ба нобудӣ мекашад. Қирғизистон ҷиҳати бунёди ниругоҳи Қамбар Ота чандон сарсахтона пеш намеравад ва қасд дорад дар ин росто ризояти Тошкандро ҳосил намуда ва сипас ба иқдоми амалӣ даст бизанад. Аммо Тоҷикистон ба ҳар василае шуда Роғунро месозад.

Марс Сариев дар поёни ин нишаст изҳор дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳамин воқеъиятҳо, Узбакистон талош мекунад  аз таъсиси ба истилоҳ "ҷабҳаи" воҳиди қирғизу тоҷик ҷилавгирӣ шавад. Тошканд мехоҳад қирғизҳо ва тоҷикон на ин ки иттиҳод накунанд, балки вориди низоъ бишаванд. Ва агар ҳам билфазл, Тошканд ҳодисаи Сухро бо дастони худ роҳандозӣ накарда бошад, боз ҳам хеле моҳирона ин вазъро ба судаш истифода намуд. Сокинони тоҷиктабори Сух ҳатто мутаваҷҷеҳ нашуданд, ки дар як бозии бузурги сиёсӣ бозичаи дасти саҳнасозон шудаанд.

Таҳияи Қодиршоҳи Мурувват  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97